back index  

Дар поёни ин баҳс чанд ояти содда ва кӯтоҳро ёдоварӣ мекунем, аз ҷумла:

ö      Ҳамон гуна, ки шуморо дар оғоз ба вуҷуд овард, дубора зинда мекунад.[120]

ö      Эй инкоркунандагони рӯзи қиёмат! Шумо, ки аз офариниши нахустин огоҳӣ доред, пас чаро панд намегиред ва боз таассуб меварзед?[121]

ö      Бояд инсон бингарад, ки аз чӣ халқ шудааст? Аз обе ҷаҳанда халқ шудааст, ки аз миёни камар  ва қафаси сина берун меояд. Оре, Худое, ки шуморо аз чунин обе офарид, метавонад инсонро баргардонад ва дубора зинда кунад.[122]

ö      Оё Худое, ки шуморо аз нутфа офарид неметавонад мурдагонро дубора зинда кунад?[123]

ö      Магар мо за хилқати аввал хаста шудем, (ки қодир ба офариниши растохез набошем), вале бо ин ҳама далелҳои равшан аз офариниши нав дар шакку шубҳа афтодаанд.[124]

ö      Оё мушоҳида намекунанд Худое, ки осмонҳо ва заминро офарид, метавонад монанди онҳоро биёфаринад?[125]

ö      Оё касе, ки рӯзи қиёматро бовар надорад ба ёд надорад, ки мо аз аввал ӯро афридем дар ҳоле ки ҳеҷ набуд?[126]

Чун бинои ин навиштор бар хулосагӯӣ аст, бинобар ин аз намунаҳои дигаре, ки дар Қуръон омадааст ва аз моҷароҳое монанди достони Асҳоби Каҳаф, ки бедор шудани  чанд ҷавонмарди худошинос баъд аз 309 сол хоб аст, сарфи назар мекунем.

     

Ояти 81

Оё касе, ки осмонҳо ва заминро офарид  наметавонад, ки мисли онро биёфаринад? Оре, (метавонад) ва ӯ офаридагори бисёр доност.

Нуктаҳо:

₯      Инсон мураккаб аз ҷисм ва рӯҳ аст, ҷисми инсон бо марг аз байн меравад ва дар ҳоли ҳаёт низ дар ҳоли тағйир аст, вале рӯҳ ва шахсияти инсон собит аст ва тағйир намекунад. Дар қиёмат рӯҳи инсон ҳамон рӯҳи дунявӣ аст, вале ҷисми иснсон дар қолибе монанди ҷисми дунявии ӯ мебошад.

Паёмҳо:

1.      Гоҳе бояд саволро бо савол ва ё чанд ҷавоб, посух дод.

2.      Савол роҳе аст барои бедор кардани виҷдонҳо.

3.      Дар гуфтугӯ бо инкоркунандагон аз масъалаҳои хурд оғоз кунем, то ба масъалаҳои бузург бирасем, (аввал нутфа, баъд дарахти сабз ва онгоҳ офариниши осмонҳо).

4.       “Чун ки сад омад, навад ҳам пеши мост”. Касе, ки осмонҳо ва заминро офарид метавонад инсонҳоро ҳам биёфаринад.

5.      Кори ӯ халқ кардан аст, чӣ дар дунё ва чӣ дар қиёмат.

6.      Далел барои рӯзи қиёмат илова бар ҳикмат ва адолати илоҳӣ, қудрат ва илми ӯст.

Чун чизеро ирода кунад фармонаш ин аст, ки бигӯяд: “бош” пас бе ҳеҷ мушкилие мавҷуд мешавад

Ояти 83

Пас пок аст касе, ки ҳокимаят ва моликияти ҳама чиз ба дасти ӯст ва ба сӯи ӯ боз гардонида мешавед.

Нуктаҳо:

₯      Аз он ҷо, ки имон ба рӯзи қиёмат бояд бисёр ҷиддӣ ва қавӣ бошад, ҳар гуна шубҳазудоӣ аз он бояд тавре анҷом гирад, ки заррае халал дар зеҳн боқӣ намонад. Худованд дар ҷавоби касе, ки устухони пӯсидаро орд кард ва ба замин рехт ҷавоб дод, ки охири он ин оят аст: “Бигӯяд: “бош” пас бе ҳеҷ мушкилие мавҷуд мешавад”.

₯      Иҷро шудани фармон ва иродаи илоҳӣ замон намехоҳад, балки мисли як нигоҳ аст, “Фармони мо фақат як фармон аст, он ҳам чашм бар ҳам задане аст”.[127]

₯            Худованд ҳатто этиёҷ ба гуфтани климаи “бош” надорад, зеро ин худ як эҳтиёҷе аст ва дар шаъни ӯ нест, бинобар ин мурод аз калимаи “бош” ҳамон ирода ва ҳукми ӯст. Ба фармудаи ҳазрати Имом Алӣ ( [128]

Паёмҳо:

1.      Барои Худованд офариниши ҳама чиз баробар аст.

2.      Худованд дар офариниш на васила мехоҳад на кӯмак ва на касе, ки монеъҳоро бартараф кунад.

3.      Миёни иродаи Худо ва анҷоми кор ҳеҷ фосилае нест

4.      Чӣ гуна Худовандро дар барпоии қиёмат оҷиз медонед? Ӯ аз ҳар аҷзу нотавонӣ пок аст.

5.      Ҳам моликияти ҳастӣ ба дасти ӯст ва ҳам бозгашти ҳама чиз ба сӯи ӯст.

6.      Марг нобудӣ ва нестӣ нест, балки ҳаракат ва бозгашт ба тарафи Худост.

7.      Худованд аз ин ки мавҷудеро беҳадаф ва бефоида биёфаринад пок аст.

Валҳамду лиллоҳи раббил оламин


[1]. Тафсири “Маҷма-ул-баён”.

[2]. Биҳор, ҷ 20, саҳ. 218.

[3]. Ҳуд (11) ояти 41.

[4]. Намл (27) ояти 30.

[5]. Канз – ул – уммол, ҳадиси 29558

[6]. Тафсири Бурҳон, ҷ. 1, саҳ. 43.

[7]. Мустадрак, ҷ 3, саҳ. 233.

[8]. Биҳор, ҷ. 75, саҳ. 20

[9]. Тафсири Маҷмаулбаён ва Фахри Розӣ

[10]. Имом Ризо(а) мефармояд: “Бисмиллоҳ” яъне нишони бандагии Худоро ба худ мегузорам. Тафсири “Нуруссақалайн”.

[11]. На фақат зоти ӯ,  балки  номи ӯ аз ҳар ширке пок аст.  "ΣΘΝ ΗΣγ ΡΘψ˜ ΗαΗΪαی" ҳатто шурӯи кор ба номи Худо ва Муҳаммад(с) мамнуъ аст. Исбот-ул-ҳудот, ҷ 7, саҳ. 482.

[12]. Қасас (28) ояти 88.

[13]. Тафсири Роҳнамо.

[14]. Шояд маънои ин ки мегӯянд: Тамоми Қуръон дар сураи “Ҳамд” ва тамоми сураи ҳамд дар “Бисмиллоҳ” ва тамоми “Бисмиллоҳ” дар ҳарфи “бе” хулоса мешавад, ин бошад, ки офариниши ҳастӣ ва ҳидояти он ба дасти ӯст. Чунонки рисолати Паёмбари Акрам(с) бо номи ӯ оғоз гардид. .”Бихон ба номи Парвардигорат”.

[15]. Тафсири “Маҷмаулбаён”.

[16]. Ҳуд (11) ояти 56.

[17]. Бақара (2) ояти 209.

[18]. Оли Имрон (3) ояти 164.

[19]. Фурқон (25) оят 67.

[20]. Исроъ (17) ояти 110.

[21]. Наҳҷ-ул-балоға.

[22]. Марям (19) ояти 51.

[23]. Марям (19) ояти 15.

[24]. Бақара (2) ояти 43.

[25]. Нисо (4) ояти 135.

[26]. Моида (5) ояти 8.

[27]. Фатҳ (48) ояти 9.

[28]. Бақара (2) ояти 25.

[29]. Бақара (2) ояти 250.

[30]. Анфол (8) ояти 65.

[31]. Биҳор, ҷ. 2, саҳ. 272.

[32]. Кофӣ, ҷ. 5, саҳ. 28.

[33]. Ғофир (40), ояти 71.

[34].Аъроф (7) ояти 157.

[35]. Бақара (2), ояти 6.

[36]. Аъроф (7) ояти 193.

[37]. Исроъ (17) ояти 14.

[38]. Ҷосия (45) ояти 28.

[39]. Буруҷ (85) ояти 22.

[40]. Ҳуд (11) ояти 17.

[41]. Бақара (2), ояти 124.

[42]. Тафсири Нур -ус- сақалайн.

[43]. Зухруф (43)ояти 4.

[44]. Тафсири Роҳнамо.

[45]. Қасас (28) ояти 9.

[46]. Анъом (6) ояти 91.

[47]. Биҳор, ҷ. 55, саҳ. 322.

[48]. Кофӣ, ҷ. 8, саҳ. 198.

[49]. “Аттайрату ширкун” Мизон – ул - ҳикма

[50]. “Лайса минно ман татайяр” Мизон – -ул- – ҳикма.

[51]. Мизон-ул-ҳикма.

[52]. Биҳор, ҷ. 77, саҳ. 153.

[53]. Оли Имрон (3) ояти 171.

[54]. Анфол (8) ояти 3.

[55]. Аъроф (7) ояти 157.

[56]. Биҳор, ҷ. 72, саҳ. 265.

[57]. Биҳор, ҷ 2 саҳ. 235.

[58]. Мӯъминун (23) ояти 3.

[59]. Анъом (6) ояти 67.

[60]. Кофӣ, ҷ. 3, саҳ. 208.

[61]. Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 201.

[62]. Ҳуд (11) ояти 78.

[63]. Гуфтори моҳ, саҳ. 80.

[64]. Кофӣ, ҷ 2, саҳ. 639.

[65]. Тафсири маҷмуъ – -ул- – баён ва Нуру – ус – сақалайн.

[66]. Тафсири Намуна.

[67]. Тафсири Намуна.

[68]. Тафсири Намуна.

[69]. Дугонагӣ: завҷ будан; ҷуфт будан; иборат аз нару мода будан.

[70]. Анъом (6) ояти 148.

[71]. Зухруф (43)ояти 20.

[72]. Сабо (34) ояти 31.

[73]. Зухруф (43)ояти 22.

[74]. Тафсири Нур – ус – сақалайн.

[75]. Фурқон (25) ояти 60.

[76]. Раъд (13) ояти 23.

[77]. Юнус (10) ояти 10.

[78]. Саҷда(32) ояти 18.

[79]. Аҳзоб (33) ояти 23

[80]. Муфрадоти Роғиб.

[81]. Васоил, ҷ. 18, саҳ. 79.

[82]. Анъом (6) ояти 112.

[83]. Сураи Ҳиҷр, ояти 42.

[84]. Иброҳим (14) ояти 22.

[85]. Бақара (2), ояти 268.

[86]. Моида (5) ояти 91.

[87]. Анъом (6) ояти 43.

[88]. Ҳуд (11)ояти 114.

[89]. Барои шарҳ ба китоби “Маод”-и муаллиф муроҷиат шавад.

[90]. Исроъ (17) ояти 36.

[91]. Саҷда (32) ояти 20.

[92]. Тафсири Намуна.

[93]. Тафсири Намуна.

[94]. Тафсири Намуна.

[95]. Тафсири Намуна.

[96]. Рум (30) ояти 19.

[97]. Бақара (2) ояти 28.

[98]. Анфол (8) ояти 24.

[99]. Бақара (2) ояти 179.

[100]. Тафсири Нур-ус- сақалайн.

[101]. Мулк (67) ояти 15.

[102]. Алақ (96) ояти 6.

[103]. Тафсири Нур-ус-сақалайн.

[104]. Тафсири Роҳнамо.

[105]. Тавба (9) ояти 68.

[106]. Ёсин (36) ояти 78.

[107]. Бақара (2) ояти 44.

[108]. Сод (38) ояти 26.

[109]. Моида (5) ояти 13.

[110]. Фотир (35) ояти 9.

[111]. Қоф (50) ояти 11.

[112]. Ёсин (36) ояти 78 – 79.

[113]. Баъзеҳо номи он пайғамбарро чизи дигар гуфтаанд, вале маъруф ҳамон Узайр аст.

[114]. Бақара (2) ояти 259.

[115]. Бақара (2) ояти 270.

[116]. Исроъ (17) ояти 49.

[117]. Исроъ (17) ояти 51.

[118]. Рум (30) ояти 27.

[119]. Зилзол (99) ояти 1.

[120]. Аъроф (7) ояти 21.

[121]. Воқеа (56) ояти 62.

[122]. Ториқ (86) ояти 5 – 8.

[123]. Қиёмат (75) ояти 40

[124]. Қоф (50) ояти 15.

[125]. Исроъ (17) ояти 99.

[126]. Марям (19) ояти 67.

[127]. Қамар (54) ояти 50.

[128]. Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 186.

back index