back | next |
¥ “Тамс” ба маънои аз байн бурдани асари чизе аст.
¥ Агар ин ду оятро идомаи ду ояти гузашта дар бораи азоби кафирон дар қиёмат бидонем, баёнгари нотавонии кофирон ва ҷстуҷӯи роҳи биҳишт ва ҳайрат ва саргардонии онҳо дар саҳрои маҳшар аст. Аммо аксари муфассирон ин ду оятро ихтисос ба азоби дунявии кофирон донистаанд ва онро навъе таҳдид барои аз даст додни қувваи биноӣ ва ёфтани роҳи хона ва касбу кор донистаанд.[93]
1. Фикр накунед, он чӣ доред бояд дошта бошед ё ҷовидона хоҳед дошт, аз қаҳру ғазаби илоҳӣ ва тағйири неъматҳо ғофил набошед.
2. Илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ бояд кард. Пеш аз нузули азоб бояд аз баҳонаҷӯӣ ва саркашӣ даст бардошт.
3. Ҳар маконе метавонад зарфи қаҳри Худо бошад.
4. Агар қаҳри Худо биёяд касе тавони таҳаммул надорад.
5. Суннати Худованд озод гузоштани инсонҳо аст, то аз роҳи дидан ва шунидани ҳақоиқ имон биёваранд, на он ки инсонҳо маҷбурӣ имон оваранд. (Ҳарфи “лав” нишонаи он аст, ки қонуни Худованд маҷбур ва замингир кардани мардум нест).
Ва ҳар касеро умри дароз диҳем ӯро дар офариниш баръакс мекунем, (ҳофизааш ба фаромӯшӣ супорида мешавд, қудраташ кам мешавад ва қоматаш хам мегардад) оё таақул намекунанд?
¥ Дар оятҳои гузашта Худованд фармуд: Агар бихоҳем чашмро нобино ва шаклҳоро дигаргун мекунем, ин оят намунае аз ин дигаргуниро дар бораи пирон баён мекунад.
¥ “Нунаккисҳу” аз “танкис” ба маънои баръакс кардан аст ва мурод аз он бозгашти инсон ба ҳолати кӯдакӣ аст. Илмаш ба ҷаҳл ва фаромӯшӣ табдил мешавад, қудраташ рӯ ба заъф меравад ва зуд меранҷад, ҳассосияташ зиёд ва ашкаш равон мешавад.
Фурсати тиллоии ҷавониро аз даст надиҳед, ҳамеша шодобу ҷовон нахоҳед буд ва қудрат ва тавонии шумо ҳамешагӣ нест.
¥ Дар ҳадис мехонем: Панҷ чизро пеш аз панҷ чиз ғанимат бидон: ҷавониятро қабл аз пирӣ, саломатиатро қабл аз беморӣ, сарвантмандиатро қабл аз фақирӣ, зиндагиатро қабл аз марг, фароғататро қабл аз гирифторӣ.[94]
Чунин гуфт рӯзе ба пире ҷавоне,
Ки чун аст бо пирият ҷавонӣ?
Бигуфто дар ин нома ҳарфе аст мубҳам,
Ки маънияш ҷуз вақти пирӣ надонӣ.
Ту баҳ к-аз ҷавонии хеш гӯӣ,
Чӣ мепурсӣ аз давраи нотавонӣ?
Матоъе, ки ман ройгон додам аз даст,
Ту гар метавонӣ мадеҳ ройгонӣ.
1. Умри дароз ба дасти Худо аст.
2. Қонуни Худованд ин аст, ки пирӣ ҳамроҳ бо шикастагӣ бошад.
3. Инсон ҳам бояд ба фикри аз даст рафтани неъматҳо бошад ва ҳам ба фикри заиф шудани онҳо.
Ва мо ба ӯ (пайғамабар) шеър наёмӯхтем ва сазовори ӯ низ нест. (Ончи ба ӯ омӯхтем) ҷуз сабаби зикр ва Қуръони равшан нест.
¥ Яке аз туҳматҳое, ки ба Пайғамбари Акрам(с) мезаданд илова бар соҳир ва коҳин ва маҷнун будан, тӯҳмати шоъир будан буд, дар ҳоле ки шеър бархоста аз тахайюл аст, ба хилофи ваҳй. Гарчи Қуръон дорои ҷумалоти мавзун ва қафиядор ҳамчун шеър аст, аммо решаи аслии шеър, ки тахайюл аст, дар Қуръон роҳе надорад. Албатта дар мавриди шеър ва шоирӣ тундравӣ ва беинсофӣ шудааст ва таваҷҷӯҳе ба шоирҳои мусулмон нашудааст, дар ҳоле ки шеър дар ҷои худ созанда ва асаргузор аст ва илова бар он ки шоирони мусулмон ҳамчун Ҳисон ва Фараздақ ва Диъбил мавриди таваҷҷӯҳ ва инояти имомон маъсум(а) будаанд, аз он бузургворон маҷмуае аз шеърҳо низ ба дасти мо расидааст.[95]
¥ Қуръон ғайр аз зикр чизи дигаре нест. Зикри қудрат ва қаҳри Худо, ёди бахшиш ва мағфирати ӯ, ёди суннатҳо ва қанунҳои ӯ, ёди пайғамбарон ва авлиёи ӯ, ёд аз таърихҳои пурибрат, ёде аз сабабҳои иззат ва суқуту аз байн рафтани умматҳо, ёде аз некӯкорон ва ҳидоятшудагон, ёде аз табоҳкорону гунаҳкорон ва кофирону фосиқон ва золимону ситамгарон ва оқибати онҳо, ёде аз ихлосҳо, бахшишҳо, шуҷоатҳо, садақаҳо, сабрҳо ва поёни неки он, ёде аз кушторҳо, шиканҷаҳо, озорҳо, тӯҳмтҳо, таҳқирҳо, ҳақкушиҳо ва нотавон карданҳо ва оқибати шуми мустакбирон, ёде аз амру наҳйҳо ва мавъизаву ҳикматҳо, ёде аз офаридаҳои осмонӣ ва заминиву дарёӣ, ёде аз ояндаи таърих ва пирӯзии ҳукумати ҳақ ва пур шудани ҷаҳон аз адолат ва маҳкумияти зулму ситам, ёде аз барзах ва рӯзи қиёмат ва ҳодисаи қабл аз қиёмат ва чӣ гунагии саҳнаҳои қиёмат ва хатарҳои дузах ва неъматҳои биҳиштӣ. Оре, тамоми Қуръон ба гунае тазаккур ва ёдоварӣ аст.
1. Дар Қуръон беарзиш будани шеърро барои ҳама баён накардааст, балки шоир будани Пағамбар(с)-ро инкор кардааст.
2.Худованд аз пайғмбарон дар баробари тӯҳматҳо пуштибонӣ мекунад.
3. Надонистани шеър барои мубаллиғ зараре намезанд.
4. Рушдҳои нобаҷо ва фазоҳои фарҳангии ғалат шуморо мутазалзил накунад. (Дар змони Пайғамбар(с) масъалаи шеър аҳамияти зиёде дошт ва шеъру шоирӣ дар аввали кор буд. Ин оят азамати шеърро шикаст).
5. Табъи шеър аз сӯи Худованд аст.
6. Муаллими пайғамбар Худованд аст.
7. Ҳар илме барои ҳар кас сазовор нест.
8. Қуръон сабаби тазаккур ва ёдоварӣ аст.
9. Муҳтавои Қуръон мутобиқ бо фитрати инсон аст ва Қуръон виҷдони инсон ва фитрати ғуборолуди ӯро бедор мекунад.
10. Қуръон каломи равшан ва қобили фаҳм ва истидлол аст.
(Ин Қуръон барои ин аст, ки) то ҳар кас зинда (дил) аст ҳушдораш диҳад ва (ҳуҷҷатро бар кофирон тамом кунад) ва гуфтори Худо дар бораи онҳо муҳаққақ гардад.
¥ Ҳаёт чанд навъ аст:
1. Ҳаёти наботӣ. (Худованд заминро (бо рӯидани гиёҳон) зинда мекунад.[96]
2. Ҳаёти ҳайвонӣ. (Шумо мурда будед пас ӯ шуморо зинда кард).[97]
3. Ҳаёти фикрӣ. (Пайғамбар(с) шуморо ба чизе даъват мекунад, ки (дилҳои мурдаи) шуморо зинда мекунад).[98]
4. Ҳаёти иҷтимоӣ. (Ҳаёт (сиёсӣ ва иҷтимоии шумо, ки дар сояи амният ба даст меояд) дар қисос ва интиқом ба ҳақ аст).[99]
5. Ҳаёти қалбӣ ва рӯҳӣ. Қуръон касонеро, ки дорои дилҳои зинда ва рӯҳҳои поку омодаанд ҳушдор медиҳад. Оре, мӯъминон инсонҳои зиндадил ва бархурдор аз ҳаёти воқеӣ ва кофирон ҳамчун мурдагон аз ҳаёти ҳақиқӣ маҳрум ҳастанд.
6. Бар асоси аҳодис манзур аз “ҳайян” инсони оқил аст.[100]
7. Масъалаи қаҳру ғазаби ҳатмии Худованд бар кофирон, ки дар ин оят бо ҷумлаи гуфтори Худованд дар бораи кофирон муҳаққақ гардад) омадааст дар сураи Зумар ояти 71 низ баён шудааст.”Вале фармони азоби илоҳӣ бар кофирон яқин шудааст”.
8. Сарчашмаи огоҳиҳо ва панду насиҳатҳои Қуръон илми илоҳӣ аст. Ҳушдорҳои Қуръон гуногун аст, маъруф ва ҳакимона аст. Ҳушдорҳои Қуръон ҳамроҳ бо башорат (хабари хуш) ва шеваҳои навин аст. Ҳушдорҳои Қуръон ҳамроҳ бо намунаҳои айнӣ дар замину замон аст.
1. Ҳаушдорҳои Қуръон сабаби тазаккур ва бедорӣ аст.
2. Нишонаи зиндадилӣ қабул кардани ҳушдорҳои Қуръон аст.
3. Ҳидоят шудан аз аз тариқи Қуръон махсуси қавму нажоди хоссе нест, (балки ҳама метавонанд ҳидоят шаванд).
4. Мақсад аз ваҳй ва беъсати паёғамбарон бедорӣ ва ҳушёрии зиндадилон ва итмоми ҳуҷҷат бо мурдадилон аст.
5. Дар сангдилон ҳатто сухани Худо асар надорад.
6. Кофирон ва касоне, ки ҳақро қабул накунанд монанди мурдагон ҳастанд, (зеро “кофирон” дар ин оят дар муқобили “зиндадилон” омадааст).
7. Ваъдаи қаҳри илоҳӣ барои кофирон сухани қатъӣ аст.
back | next |