back | next |
1. Ҳар мурдае, ки дар қиёмат аз гур бармехезад монанди донае аст, ки аз замин мерӯяд.
2. Барои исботи ҳаққонияти сухани худ ба намунаҳо ва мисолҳо истидлол кунем.
3. Беҳтарин далел барои умуми мардум он аст, ки доимӣ, умумӣ, инкорнопазир, содда ва ҳамаҷоӣ бошад.
4. Беҳтарин роҳи имон ба рӯзи зинда шудан баъд аз мурдан, диққат кардан дар офаридаҳо аст.
5. Ҳаёт ва зиндагӣ ва фасли баҳор ва рӯидани гиёҳон аз муҳимтарин далелҳои тавҳид аст.
6. Бахши зиёде аз ғизои инсонро донаҳои гиёҳон ташкил медиҳад, ки диққат дар онҳо роҳе барои худошиносӣ аст.
Ва дар он (замини зинда шуда) боғҳое аз дарахтони хурмо ва ангур қарор додем ва дар он чашмаҳоеро ҷушону равон сохтем.
То аз меваҳои он ва он чи дастонашон ба амал овардааст бихӯранд, пас оё шукронаву сипосгузорӣ намекунанд?
¥ Дар Қуръон аз миёни меваҳо номи ангур ва хурмо зиёдтар ба кор рафтааст ва ин ё ба хотири нақши ғизоии ин ду мева аст ва ё ба хотири дар дастрас будани онҳо ё гуногунии навъҳои онҳо ва баҳрагирӣ аз хушку тари он ду ва ё ба хотири чизи дигар.
¥ Ду калимаи “нахил” ҷамъи “нахл” ва “аъноб” ҷамъи “инаб” ба шакли ҷамъ ба кор рафтааст, чун ҳар як аз хурмо ва ангур дорои навъҳои зиёде ҳастанд.
¥ Мумкин аст лафзи “мо” дар “мо амилатҳу” мавсула бошад ва мумкин аст нофия бошад, яъне башар дар он ҳеҷ дасте нодорад.[68]
1. Дар миёни ғизо ҷои аввалро ғаллот доранд ва баъд меваҳо .
2. Худованд дарахтон ва меваҳоро барои инсон офаридааст.
3. Вазифаи инсон дар баробари неъматҳо, шинохтани Худо ва шукр кардан аст. (Худованд замини мурдаро зинда мекунад ва гиёҳону меваҳоро дар дар ихтиёри инсон мегузорад, то инсон бихӯрад ва шукр кунад).
4. Истеҳсоли маҳсулоти гуногун аз меваҳо мавриди қабули Қуръон аст.
5. Баёни неъматҳо сабаби эҷоди рӯҳи шукргузорӣ дар инсон аст.
6. Инсони ношукрро Худованд накуҳиш кардааст.
Пок аст Худованде, ки тамоми завҷҳоро офарид: завҷҳое, ки замин мерӯёнад, завҷҳое, ки дар худи шумо мардум аст ва завҷҳое, ки инсонҳо онро намедонанд.
¥ Яке аз муъҷизаҳои илмии Қуръон баёни қонуни дугонагӣ[69] дар ҳама чиз аст; гиёҳон, инсонҳо ва он чӣ ки мардум дар он замон намедонистанд ва имрӯз медонанд. Дар асри нозил шудани Қуръон мардум бо дугонагӣ дар нахли хурмо ошно буданд, аммо имрӯз муайян шудааст, ки масъалаи дугонагӣ дар олам умумият дорад, ҳатто зарроти ҷимодот низ аз ду бахш ташкил шудааст.
1. Ташаккури мо аз Худо нишонаи рушди мост, ӯ эҳтиёҷе ба шукри мо надорад.
2. Қонуни дугонагӣ дар махлуқотро ба зоти илоҳӣ сироят надиҳем, ӯ якто ва бемонанд аст.
3. Офариданҳо ва офридаҳо нишонаи қудрат, ирода ва ҳикмати ӯст на нишонаи эҳтиёҷ ва вобастагии ӯ.
4. Пайдоиши дона ва мева аз роҳи қонуни дугонагӣ аст.
5. Дар дунё мвҷудоте аст, ки дугонагии онҳо барои башар ношинохта аст.
Ва нишонаи (дигар) барои онҳо шаб аст, ки мо рӯзро (монанди пӯст) аз он меканем, пас дар торикӣ фуру мераванд.
Ва офтоб ба (сӯи) қароргоҳи худ равон аст, ин низоми тақдири Худованди доност.
Ва барои моҳ манзилгоҳҳе муайян кардаем, то ба шакли шохаи хурмои хушкида дар хурмо баргардад.
На офтоб иҷоза дорад, ки ба ба моҳ расад ва на шаб иҷозат дорад, ки ба рӯз пешӣ гирад. Ҳар кадом дар мадори муайяне шиноваранд.
¥ “Урҷун” ба он қисмат аз шохаи хурмо гуфта мешавад, ки ба дарахт часпида аст ва пас аз гузашти замон ба сурати қавс меояд. Замоне ки моҳ манзилгоҳи бистуҳаштгонаро тай мекунад ба сурати ҳилоли борику зард ранг ва равшаниаш кам мегардад, ки дақиқан монанди шохаи хурмои зард шудааст. Ҷолиб ин аст, ки моҳ дар шабҳои аввал ба шакли қавсе аст, ки ду сараш ба самти болост ва дар шабҳои охир дақиқан баръакс аст, яъне ду сари қавс рӯ ба поён ва монанди шохаи хурмо мешавад.
¥ Аз ин оятҳо бурҳони назм ба даст меояд, ки яке за бурҳонҳои исботи вуҷуди Худованд аст.
¥ Диққат додани мардум ба ҳаракати офтобу моҳ ва пайдоиши шабу рӯз тағйироте, ки дар моҳ дида мешавад шиновар будани кураҳо дар осмон, мадори кураҳо ба ҳам бархурд накардани кураҳо ва андозагирӣ ва назми дақиқ ва ҳакимона, илова бар он, ки нишонае аз Офаридагори доно ва тавоност нишонаи таваҷҷӯҳи Ислом ба илми ҳайат ва эҷоди шароит ва заминаи муносиб барои таҳқиқоти донишмандон дар тӯли таърих мебошад.
¥ Дар ин ду оят ҳам ба низоми соли шамсӣ ва ҳам ба низоми соли қамарӣ ишора шудааст. Ҳаракати замин ва хуршед ва низоми соли шамсӣ ба дараҷае дақиқ аст, ки сонияҳои гузаштани солро ба соли дигар низ эълон мекунанд, ҳатто гузаштани садҳо сол баъд ва бештар аз онро.
¥ Тамоми ҳастӣ дар ҳаракатанд, замин ба гирди хуршед мечархад, ки аз он фаслу солҳо ба вуҷуд меояд ва замин ва манзумаи шамсӣ ва маҷмӯаи кураҳои осмонӣ ба гирди меҳвари муайян дар ҳаракат ҳастанд, ки ситорашиносон ин нуқтаро ситораи Вего меноманд.
1. Шаб аз нишонаҳои қудрат ва ҳикмати илоҳӣ аст. (Вақте, ки торикии шаб фаро мерасад қадри нуру рушноӣ шинохта мешавад.)
2. Як барномаи тағйирнопазир дар тӯли таърих, он ҳам бе ҳеҷ гуна нуқсоне нишонаи вуҷуди ҳисобгари ҳаким ва алим аст.
3. Пайдоиши шабу рӯз тасодуфӣ нест, кори Худост.
4. Мадори ҳаракати офтобу моҳ ба гунае тарроҳӣ шудааст, ки ҳаргиз ба якдигар бархурд намекунанд ва дар эҷоди шабу рӯз халале ворид намешавад.
5. Бар хилофи назарияе ки мегӯяд хуршед ҳаракат намекунд, Қуръон офтобро дорои ҳаракат медонад он ҳам ҳаракати ҳадафдор.
6. Дар назми ҳоким бар ҳастӣ касе наметавонад халал эҷод кунад.
7. Ташбеҳҳои Қуръон куҳна шуданӣ нест. Моҳ дар бахше аз замон ба қавси шохаи хурмо ташбеҳ шудааст.
8. Ҳамаи кураҳо дар мадори худ ҳаракат мекунанд. Ҳаракати кураҳо дар мадори худ бо суръати зиёд аст. (“юсаббиҳуна” яъне шино бо суръати зиёд).
Ва нишонаи (дигар) барои онҳо он аст, ки мо фарзандонашонро дар киштиҳои пур аз бор савор кардем.
Ва барои онҳо маркабҳои дигаре монанди он (аз қабили асп, шутур ва ғайра) офаридем.
Ва агар бихоҳем онҳоро ғарқ мекунем ба тарзе, ки на фарёдрасе барояшон бошад ва на (аз дарё) наҷот дода шаванд.
Магар ин ки бори дигар раҳмати мо шомили ҳолашон шавад ва то мудати (дигаре аз зиндагӣ) бархурдор бошанд.
¥ Баҳрагирӣ аз киштиҳо ва ҳайвонот борҳо дар Қуръон ба унвони неъматҳои илоҳӣ зикр шудааст, вале дар ин оят ба унвони васила барои кашонидани бор омадааст, то инсон бо ақли худ неъматҳои илоҳиро дарк кунад
¥ Ҳамин имрӯз ҳам агар киштиҳои нефткаш ва борӣ ва гандумкаш ва... дар уқёнусҳо ҳаракат накунанд зиндагии башар фалаҷ мешавад. Илова бар он интиқоли борҳои вазнин аз тариқи дарё арзонтарин роҳ аст.
¥ Баъд аз оятҳои гузашта, ки ҳаракати кураҳои осмонӣ дар он зикр шуд дар ин оятҳо ба зикри ҳаракати киштиҳо дар дарё мепардозад, ки баёнгари он аст, ки ҳаракати кураҳои осмонӣ бо ҳаракати киштиҳо дар дарё шабоҳат дорад.
¥ Инсон набояд ба тавоноиҳои худ мағрур шавад, зеро ӯ бисёр осебпазир аст ва танҳо паногоҳи ӯ Худованд аст. Ҳамон тавре, ки имрӯз низ башар бо тамоми пешрафтҳои ҳайратоваре, ки дорад қуввати муқобила бо ҳодисаҳои табииро надорад.
back | next |