back

index

next

 а, ки ба Паёмбари азиз(с) – шоир , коҳин, соҳир ва маҷнун мегуфтанд – Худованди Ҳаким бо савганд ба Қуръони ҳикматомез бар рисолати Паёмбар таъкид мекунад.

  Худованд этиёҷ ба қасам хӯрадан надорад ва рози қасамҳои Қуръон мумкин аст таъкид бар матлаби хос ва ё нишондиҳандаи азамат ва аҳамияти он масъала бошад.

Паёмҳо:

1.  Дар Қуръон матлаби суст ва ботил роҳ надорад ва тамоми он маҳкам ва   устувор аст. áوَالْقُرْآنِ الْحَكِيمِâ

2.  Қасам ба Қуръон аз тарафи Худованд баёнгари азамат ва бузургии он аст. áوَالْقُرْآنِ الْحَكِيمِâ  (Қуръон китоби бо азамат ва муқаддасе аст, ки Худованд ба он савганд хурда аст)

3.  Дар баробари ҳуҷуми тӯҳматҳои нораво ҳимоятҳои дуруст ва ҳамаҷониба зарурат дорад. ﴿لَمِنَ الْمُرْسلِينَ ﴾

Оре, рисолати паёмбарон дар тӯли таърих ҷараёне аст, ки ба Паёмбари Ислом хотима меёбад.

4.  Мардони Худо дар тӯли таърих танҳо нестанд ва дар канори тамоми фиристодагони Худованд ҳастанд.

5.  Роҳи Паёмбар ҳамон роҳи Худост. Дар сураи Ҳуд мехонем: إِنَّ ربِّ علی صراطâ مستقيم﴾  дар ин сура низ мехонем ﴿إنَکَ... علی صراط مستقيم﴾ (Роҳи мустақим роҳи ӯ ва расули ӯст.) [16]

6.  Барои муваффақият се чиз лозим аст: а): Барномаи мутқан ва мутстаҳкам. ﴿الْقُرْءَانِ الحَْكِيمِ﴾ б): Муҷрӣ ва раҳбари огоҳ. ﴿لَمِنَ الْمُرْسلِينَ ﴾  в): Роҳу равиши муҳкам. áصرط مستقيمâ

7.  Решаи мактаб ва ақида бояд муҳкам бошад. ﴿الْقُرْءَانِ الحَْكِيمِ﴾(ҳам Худованд ҳаким аст [17]﴿إنَ الله عززيز حکِيم﴾ ва ҳам Қуръон ҳаким аст ﴿الْقُرْءَانِ الحَْكِيمِ﴾ ва ҳам Паёмбар омӯзгори ҳикмат аст. [18]﴿يعلمهم الکتاب و الحکمة﴾

Дар ҷустуҷуи роҳи рост

Роҳи рост чӣ роҳе аст? Мумкин аст ҳаркас бо ҳар салиқа ё паёравӣ аз гузаштагон, тоғутҳо (сардамдорони золим) ё васвасаҳои шайтонӣ, роҳи худро дуруст бидонанд. Вале ҳақиқат кадом аст? Роҳи дуруст ҳамон дини дуруст аст, ки бояд онро бишносем. Ҳамон гуна ки соҳиби хона беҳтар аз дигарон адреси хонаро медиҳад, офаридагор беҳтар аз дигарон роҳи ростро нишон медиҳад.

Дигарон моро барои худашон мехоҳанд, вале дар роҳномоии Худованд моро барои худамон мехоҳад.

Дигарон хато, саҳв, маҳдудият ва ҳавас доранд ва мумкин аст роҳеро, ки нишон медиҳанд иштибоҳ бошад, вале дар Худованд хато, саҳв ва ҳавою ҳавас нест.

Роҳи ростро ҳам бояд шинохт, ҳам бояд тай кард ҳам бояд аз он хориҷ нашуд ва ҳам дигаронро ба он роҳ бояд даъват кард.

Интихоби роҳи рост ҳам дар фикр аст ва ҳам дар амал ва гуфтор. Ҳам дар корҳои фардӣ ва шахсӣ роҳи дурустро бояд шинохт ҳам дар корҳои иҷтимоӣ.

Зиёдаравӣ ва бепарвоӣ хориҷ шудан аз роҳи рост аст, ҳатто ибодат ҳам ҳадду андоза дорад.

Ислом барои ҳар коре роҳи дурустеро нишон додааст то ҷое, ки кӯмак ба маҳрумон (камбағалон)[19] ё баланду паст кардани садо ҳангоми намоз[20] ё дар миқдори ташвиқ[21] ва эрод ба миёнаравӣ супориш кардааст. Дар хӯроку пӯшоку хона, дар алоқа ба афрод ё дунё, дар қасос ва интиқом ҳатто дар бархурд бо мухолифон ва душманони Ислом, ба парҳез аз зиёдаравӣ ва бепарвоӣ амр карда  ва ба миёнаравӣ фармон додааст.

Дар Қуръон ва ривоёт намунаҳои зиёде омадааст, ки дар онҳо ба миёнаравӣ таъкид намуда ва аз зиёдаравӣ ва бепарвоӣ наҳй шудааст. Ба мавориди зайл таваҷҷӯҳ кунед:

v  Паёмбар ҳам рисолати умумӣ дорад[22]وَ کانَ رسولاً نَبيًا﴾ ﴿ ва ҳам хонаводаи худро даъват мекунад [23]﴿وَ کانَ يَأمر الهله بَالصلاة﴾

v  Ислом ҳам ба намоз супориш мекунад, ки иртибот бо холиқ аст ﴿أَقَيموا الصّلاة﴾ ва ҳам закотро тавсия мекунад, ки иртибот бо мардум аст.  [24]﴿آتوا الزکاة﴾

v  На муҳаббатҳо шуморо аз гувоҳии ҳақ мунҳариф (бе роҳа) созад [25]﴿شهداء لله و لو علی انفسکم﴾ ва на душманиҳо шуморо аз адолат дур кунад﴿وَ لايجرِمَنَّکم شَنئان﴾[26]

v  Мӯъминон ҳам баъзеҳоро аз худ дур мекунанд ﴿أشِدّاء علی الکفَّار﴾ ва баъзеҳоро ба худ ҷазб мекунанд ﴿رُحماء بينَهُم﴾[27]

v  Ҳам имон ва боварии қалбӣ лозим аст ﴿آمنوا﴾ ва ҳам амали солеҳ ﴿عَملوا الصالحات﴾[28]

v  Ҳам ашк ва дуо ва дархости пирӯзӣ аз Худо лозим аст ﴿رَبَّنا افرغ علَينا صبراً﴾[29] ва ҳам сабурӣ ва пойдорӣ дар сахтиҳо. ﴿عشرون صابرون يغلبوا مأتين﴾[30]

Ҳамон гуна ки шаби ошӯро Имом Ҳусейн(а) ҳам муноҷот мекард ва ҳам шамшер тез мекард.

v  Рузи Арафа ва шаби иди Қурбон зоири хонаи Худо дуо мехонад ва рӯзи ид бояд дар қурбонгоҳ ба хун ошно шавад.

v  Ислом моликиятро қабул мекунад [31]﴿النّاس مسلطونَ علی اموالهم﴾, вале иҷозати зарар задан ба дигариро намедиҳад ва онро маҳдуд месозад. [32]

Оре, Ислом дини яктарафа нест, ки танҳо ба як тараф таваҷҷӯҳ кунад ва тарафи дигарро фаромӯш кунад, балки дар ҳар коре эътидол ва миёнаравӣ ва роҳи ростро дастур медиҳад.

Ояти 5 , 6

Қуръон аз тарафи Худованди ғолибу меҳрубон нозил шудааст, то қавмеро ҳушдор диҳӣ, ки падарони онҳо ҳушдор дода нашуда буданд ва ба ҳамин хотир онҳо дар ғафлат фурӯ рафтанд.

Паёмҳо:

1.  Сарчашмаи нузули Қуръон иззат ва раҳмат аст ва касе, ки ба он чанг занад ба иззату раҳмат мерасад.

2.  Нузули китобҳои осмонӣ нишонаи муҳаббат ва меҳрубонии Худованд аст.

3.  Нузули китоби осмонӣ нишонаи қудрати Худованд аст. ﴿ تَنزِيلَ الْعَزِيزِ الرَّحِيمِ ﴾ (ӯ асареро халқ кардааст, ки ҳеч кас тавони овардани ҳатто ояе мисли онро надорад).

4.  Агар оятҳои ин китобро инкор кунед бо қудрати шикастнопазири Худо рӯ ба рӯ мешавед  ﴿العزيز﴾ ва агар дар баробари оятҳои Худо таслим шавед аз раҳматаш сероб хоҳед шуд. ﴿الرحيم﴾

5.  Ҳушдорҳои Қуръон бархоста аз иззат ва раҳмати Худост.  لِتُنذِرَ ﴾ ﴿الرحيم 

6.  Асос ва пояи таблиғ ва ҳушдор додан бояд таълими Қуръон бошад. ﴿ تَنزِيلَ الْعَزِيزِ الرَّحِيمِ لِتُنذِرَ ﴾

7.  Ҳушдор додан яке аз равишҳои таблиғ аст, ки мубалиғон бояд бо он ошно бошанд. ﴿لِتُنذِرَ قَوْمًا﴾

8.  Ҳушдор додан ва бедор кардани инсон яке аз муҳимтарин ҳадафҳои омадани паёмбарон аст. ﴿لِتُنذِرَ قَوْمًا﴾

9.  Тарсонидан ва ҳушдор ба мардум як суннати илоҳист. ﴿لِتُنذِرَ مَا أُنذِرَ... آبائُهُمْ﴾ (гарчӣ бо вуҷуди он боз ҳам мардум ғофиланд).

Ҳушдор ва тарсонидан

Дар миёни тамоми алоқаҳо алоқа ва муҳаббати инсон нисбат ба худ бисёр қавӣ аст ва лизо башар бахши муҳимме аз сарвату сармоя ва вақти худро сарфи ҳимоят аз худ мекунад, то мабодо ба ӯ ва он чи ба ӯ тааллуқ дорад осебе бирасад. Будҷаҳои аслиҳа, беҳдошт (тозагӣ), корҳои амниятӣ, сохтани сохтмонҳои бетонии маҳкам, зидди зилзила, либосҳои махсус, сангарҳо, қалъаҳо, дижҳо, мошинҳои зидди тир, ҳифозатҳо, ҳаросатҳо, посбонҳои хиёбонӣ, биёбонӣ, марзӣ ва минтақаӣ, гушае аз чораандешӣ ва баномаҳои инсон барои пешгирӣ аз хатароте аст, ки мақом ва шахсияти инсонро таҳдид мекунад. Аммо хатароте, ки мақом ва шахсияти инсонро таҳдид мекунад бисёр аст. Дар миёни хатарҳо ҳар чи хатар муҳимтар ва тулонитар бошад, бояд ҳушдор нисбат ба он ҷиддитар ва бодавомтар бошад.

Ба илова инсон душманони диданашаванда низ дорад, масалан: ҷаҳлҳо, ғафлатҳо, ҳавасҳо, худбохтагиҳо, майлҳо ва ишқҳои нораво аз як тараф ва васвасаҳои иблис ва шайтонҳои аз ҷин ва инс аз тарафи дигар душманони башар ҳастанд ва беҳтарин ҳушдордиҳандагон паёмбарон ҳастанд. Зеро пешрафтҳои илмӣ ва технологӣ на аз ҳавасҳо ва ғафлатҳо ва ишқҳо пешгирӣ кардааст ва на аз васвасаҳои иблисӣ.

Ба суроғи ақл биравем, то бубинем чӣ мегӯяд, ба як мисол диққат кунед: Фарз кунед, ки ҳазор нафар барои мақсаде ба мошинҳои худ савор мешаванд ва масъулини роҳ ва пулис ҳушдорҳое медиҳанд. Як гурӯҳ аз мусофирон эҳтиёҷот ва кӯмакҳои аввалияи худро мегиранд ва дигарон дасти холӣ ҳаракат мекунанд. Агар дар роҳ ба кӯмакҳои аввалия этиёҷ набуд чандон зараре накардаем фақат каме чизҳои зиёдатӣ занҷир ва монанди онро ҳамл кардаем ва ин зараре ба ҷое намезандад. Вале агар дар роҳ ба ҳар як аз васоил ва кӯмакҳои аввалия эҳтиёҷманд шудем бо дасти холӣ чӣ хоҳем кард

back

index

next