back

index

next

Паёмҳо:

1.      Ин Худованд аст, ки обро тарзе қарор додааст, ки инсон метавонад бо сохтани киштӣ ба рӯи он ҳаракат кунад ва ин аз нишонаҳои қудрати илоҳӣ аст.

2.      Маркаб ва васоили нақлиёт, ки аз заруриёти зиндагии башар аст, як неъмати хусусӣ ва нишонае аз лутфу тадбири илоҳӣ аст.

3.      Дасти Худо дар қаҳру ғазаб ҳам боз аст. Пас ба худ мағрур нашавем.

4.      Агар қаҳри Худо сарозер шавад, касе ба фарёди мо намерасад. Пас набояд эҳсоси амнияти сад дар сад дошата бошем

5.      Ҳаргиз наҷоти худро дар сабабҳои моддӣ фикр накунед.

6.      Ҳар кас аҷала дорад ва зиндтагӣ ҳадду канор дорад.

Ояти 45

Ва ҳар гоҳ ба онҳо гуфта шавад аз (ҷазоҳои дунё), ки пеши рӯи шумо аст ва аз (ҷазоҳои охират), ки аз қафои шумост битарсед, то шояд мавриди раҳмат қарор гред (пушт мегардонанд).

Ва ҳеҷ нишонае аз нишонаҳои парвардигорашон барои онҳо намеояд, магар он ки аз онҳо рӯй гардонанд.

Нуктаҳо:

¤     Дар оятҳои гузашта ба неъматҳои илоҳӣ ишора шуд, ки агар диққат кунанд ҳамаи онҳо нишонаҳое аз қудрат ва ҳикмат ва лутфи ӯст. Дар ин оятҳо мефармояд: таассуби онҳо ба қадре аст, ки на аз нишонаҳо дарс мегиранд ва на ба мавъизаҳо гӯш медиҳанд, ки ба онҳо гуфта мешавад: аз анҷоми корҳое, ки азоби дунё ва охиратро дар бар дорад парҳез кунед, то Худованд гузаштаи шуморо бибахшад ва шуморо мавриди лутфи худ қарор диҳад.

Паёмҳо:

1.      Бо амри маъруф ҳуҷҷатро ба инсонҳо тамом кунед, (яъне ҳами чизро бигӯед, то дигар баҳонае надошта бошанд).

2.      Тақво нишонаи дарёфти раҳмати илоҳӣ аст.

3.      Барои тамом намудани ҳуҷҷат барои дигарон истидлолҳои гуногунро биёваред.

4.      Нишонаҳои Худо бисёр аст, аммо мардум кам қабул мекунанд. (Нишонаро бояд дид ва ба суроғи соҳиби нишона рафт на ин ки аз он руй гардонд).

5.      Кофири сарсахт на мавъиза қабул дорад ва на ба оятҳои илоҳӣ бовар дорад.

Ояти47

Ҳар гоҳ ба онҳо гуфта шавад: Аз он чӣ Худованд рӯзии шумо карда, бахшиш кунед, касоне, ки кофир шуданд ба касоне, ки имон овардаанд мегӯянд: оё ба касоне таом диҳем, ки агар Худованд мехост худаш ба онҳо таом медод? (Ба ростӣ, ки) шумо дар гумроҳии ошкоре ҳастед.  

Нуктаҳо:

¥     Касоне, ки биниши дуруст надоранд, мехоҳанд аз зери бори масъулият гурезанд ё тамоми каҷфаҳмиҳо ва корҳои зишти худро ба гардани дигарон меандозанд:

1.      Гоҳе мегӯянд, гунаҳгор Худост агар ӯ намехост мо мушрик набудем. (Агар Худо мехост мо ва падаронамон мушрик намешудем);[70] (агар Худои раҳмон мехост мо фариштагонро намепарастидем).[71]

2.      Гоҳе мегӯянд, гунаҳгор ҷомеа аст, агар ин бузургони гумроҳ набуданд мо муъмин будем. (...Агар шумо набудед мо имон оварда будем)[72].

3.      Гоҳе мегӯянд гунаҳкор гузаштагони мо ҳастанд, (падаронамонро бар дине ёфтем ва мо за онҳо пайравӣ мекунем).[73]

Дар ин оят низ мегӯянд: Агар лозим буд Худо худаш ба фақирҳо рӯзӣ медод. Ғофил аз он ки Худованд масъулияти сер кардани фақирҳоро ба гардани сарватмандон гузоштааст.

¥     Савол: Чаро Худованд худаш фақирҳоро ризқ намедиҳад, ба мардум дастури нафақа  ва садақа  додан медиҳад?!

  Ҷавоб: Рушди инсон дар сояи гузашт ва саховату навъидӯстӣ ва дилсӯзи ва сарфаҷӯӣ ва муҳаббат аст. Агар ҳамаи мардум аз имконоти баробар бархурдор бошанд, на заминае барои ба вуҷуд омадани ин камолот боқӣ мемонад ва на бистаре барои сабру парҳезгорӣ ва қаноати маҳрумон.

Паёмҳо:

1.      Тавҷҷӯҳ ба ин ки (он чӣ дорем ризқи илоҳӣ аст на мулки мо) нафақа додан ва бахшишро осон мекунад.

2.      Куфр сабаби худдорӣ аз инфоқу садақа аст.

3.      Кофир розиқ будани Худоро масхара мекунад.

4.      Яке аз баҳонаҳои инсонҳои бахил барои кӯмак накардани дигарон “хости илоҳӣ” аст.

5.      Садақа додан нишонаи имон аст, (зеро тарки садақа аз хусиятҳои кофирон шуморида шудааст).

6.      Кори инсон ба ҷое мерасад, ки куфр ва бахилиро роҳи дуруст ва имону садақа доданро роҳи хато мешуморд.

Ояти 48

(Кофирон) мегӯянд: Агар рост мегӯед ин ваъда (яъне қиёмат) кадом вақт барпо мегардад?

Ояти 49

Онҳо ба ҷуз як садои (маргбор)-ро интизор намекашанд, ки онҳоро фаро хоҳад гирифт дар ҳоле, ки ба ҷангу ҷидол саргарманд.

Ояти 50

  Пас дар он ҳол на тавони васияте доранд, на метавонанд ба тарафи хонаводаҳояшон баргарданд.

Паёмҳо:

1.      Кофирон далеле барои инкори қиёмат надоранд ва танҳо бо баён кардани ин савол, ки қиёмат чӣ замоне аст онро масхара мекунанд.

2.      Муайян набудани замони воқеае далел бар воқеъ нашудани он нест.

3.      Барпоии рӯзи қиёмат ваъдаи илоҳӣ аст.

4.      Кофирон пайғамбарон ва мӯъминонро дурӯғгӯ мепиндоранд.

5.      Қиёмат хабар намекунад, ин ҳама ғафлат ва масхара кардан чаро?

6.      Қиёмат, ки биёяд на забон тоби сухан дорад ва на по тавони гурехтан.

7.      Барпоии қиёмат баъди як садои маргбор аст.

8.      Поёни дунё ва оғози қиёмат дар ҳоле хоҳад буд, ки мардум гирифтори ҷанҷолу кашмакаши рӯзонаанд.

9.      Вобастагиҳо ва дилбастагиҳо дар дунё корсоз нест ва бо барпоии қиёмат ҳамаи онҳо шикаста мешавад.

Ояти 51

Ва дар сур дамида шавад, пас ногоҳ онҳо аз     гурҳо (бархоста) шитобон ба сӯи парвардигорашон меоянд.

Ояти 52

Гуянд: Вой бар мо чӣ касе моро аз хобгоҳамон хезонд? Ин ҳамон аст, ки Худои Раҳмон ваъда дод ва пайғамбарон рост гуфтанд.

Ояти 53

Ғайр аз як содо набуд, ки ногаҳон ҳама назди мо ҳозир шуданд.

Нуктаҳо:

¥     “Аҷдос” ҷамъи “ҷадаса” ба маънои қабр “янсилуна” ҷамъи “наслон” ба маънои рафтани бо суръат ва “марқад” исми макон аз “риқод” ба маънои маҳалли истироҳат, ки дар инҷо ба маънои қабр аст.

¥     Дар Қуръон ду намуд дамидан дар сур баён шудааст; яке барои аз байн рафтани дунё ва яке барои барпоии қиёмат. Манзур аз нафхи сур дар ин оят дамида шудан дар сур барои бори дуюм ва зинда шудани мурдагон аст. Оре, на мирондан барои Худо мушкил аст ва на зинда кардан, ӯ бо як садо мемиронад  ва бо як садо ҳамаро зинда мекунад .

¥     Имом Боқир(а) мефармояд: ҷумлаи “ҳозо мо ваадар - раҳмону ва садақал мурсалун” сухани фариштагон ба аҳли қиёмат аст.[74]

Паёмҳо:

1.      Оғози қиёмат бо садои ваҳшатноке аст, ки бо дамида шудан дар сур шунида мешавад.

2.      Маод (рӯзи қиёмат) ҷисмонӣ аст ва баданҳо аз ҳамин қабрҳо хориҷ мешаванд.

3.      Зинда шудани инсонҳо дар қиёмат бисёр тез ва ба осонӣ хоҳад буд.

4.      Ҳаракати шитобон нишонаи ҳаяҷони мардум дар қиёмат аст.

5.      Қиёмат рӯзи ҳасрати кофирон аст.

6.      Қиёмат саҳнаи бедорӣ иқрор ва эътироф аст.

7.      Барпоии қиёмат ва ҳисобрасӣ ба хотири Раҳмон будани Худо аст.

8.      Кофирон он чиро дар дунё инкор мекарданд дар он рӯз мебинанд. (Дар дунё ҳамин, ки номи Раҳмон бурда мешуд мегуфтанд: Кист Раҳмон?[75] Вале дар он рӯз бо чашмони худ мебинанд. Ин он чизе аст, ки Худои раҳмаон ваъда карадааст).

9.      Дар қиёмат ҳама мардум дар як ҷо ҳозир мешаванд.

10.  Ҳозир шудан дар қиёмат бо ихтиёр нест.

Ояти 54

Пас дар чунин рӯзе бар ҳеҷ кас ҳеҷ ситаме намешавад. Ва ғаёри он чӣ амал кардед ҷазо дода намешавед.

back

index

next