back

index

next

Паёмҳо:

1.      Худованд одил аст ва қиёмат рӯзи намоён  шудан ва ҷилва кардани адли илоҳӣ аст. (Ҳатто сахттарин азобҳо одилона аст).

2.      Асоси азоб ва подош дар қиёмат амалкарди мо дар дунёст ва заррае ба касе ситам нахоҳад шуд. (Ҷазо ва савобе, ки ҳаққи ҳар кас аст, бо савобҳое, ки Худованд аз рӯи лутфу  тафаззул медиҳад, ҳеҷ зидияте надорад).

Ояти 55

Бе шак аҳли биҳишт дар он рӯз ба корҳое машғуланд, ки аз он хушҳоланд.

Ояти 56

Онҳо ва ҳамсаронашон дар зери сояҳо бар тахтҳои зебо такя мезананд.

Ояти 57

Дар он ҷо (ҳар гуна) мева барои онон муҳаё аст  ва ҳар ончи бихоҳанд барояшон мавҷуд аст.

Ояти 58

Салом, сухани Парвардигори Меҳрубон ба онҳо аст.

Нуктаҳо:

¥      “Шуғл” ба маънои коре аст, ки инсонро ба худ машғул кунад ва чун дар ин ҷо бо танвин ва накира омадааст ба маънои машғулятҳое аст, ки ношинохта ва васфнопазир аст. “Фокиҳун” аз “факоҳат” ба маънои сухани хушҳолкунанда аст.

¥      “Ароик” ҷамъи “арика” ба маънои тахти зинатдодашуда дар ҳуҷраҳои арӯс аст.

¥      Дар биҳишт аз ҳар тараф салом аст. Худо ба биҳиштиён салом мекунад. Фариштагон салом мекунанд: (Фариштагон аз ҳар даре бар онҳо ворид мешаванд).[76] Аҳли биҳишт низ ба якдигар салом мекунанд (таҳияти онҳо дар он ҷо салом аст).[77]

Паёмҳо:

1.      Дар биҳишт бекорӣ нест. Дар биҳишт вақтҳои бекорӣ бе мақсад нест, балки дар сояи неъматҳои Худованд, биҳиштиён машғуляитҳои шодибахш доранд.

2.      Дар биҳишт ғаму андӯҳ нест. (Биҳиштиён оромиши хотир дошта ва ҳеҷ гуна нигаронӣ надоранд).

3.      Касби хуб касбе аст, ки инсон аз он розӣ ва шод бошад.

4.      Дар биҳишт зиндагии абадӣ, саломатии бемараз, ҷавонии бе пирӣ, иззати бе зиллат, неъмати бемеҳнат, бақои бефано, хушнудии бехашм ва унси беваҳшат аст.

5.      Дар биҳишт низоми хонавода аз ҳам намепошад ва танҳоӣ дар он ҷо нест.

6.      Маскани биҳишт дилписанд ва оромишбахш аст.

7.      Нишастан ба тахт ва курсӣ бар нишастан дар рӯи замин бартарӣ дорад.

8.      Дар биҳишт беҳтарин таом вуҷуд дорад, (“фокиҳатун” ба сурати накира омадааст, то аломати он бошад, ки бо меваҳои беҳтарин пазироӣ мешаванд).

9.      Дар биҳишт маҳдудият нест, (“ядъуна” ба маънои он аст, ки ҳар чи мехоҳанд ва таманно мекунанд, барояшон фароҳам аст ва орзуе дар дил надоранд, ки анҷом нашуданӣ бошад).

10.  Охират ҷисмонӣ аст, (меваву ҳамсару ва тахт нишонаи он аст, ки дар қиёмат бо ҳамин ҷисм зиндагӣ хоҳем кард).

11.  Дар канори ташвиқҳои моддӣ ташвиқҳои рӯҳӣ ва равонӣ лозим аст.

12.  Дар биҳишт ризо ва саломи боазамат аз Худованди Меҳрубон дарёфт мешавад, (раҳмати Худованд на танҳо дар дунё балки то баландии биҳишт идома дорад).

13.  Дарёфти саломи илоҳӣ бартарин орзу ва хостаи биҳиштиён аст.

Ояти59

Ва (гуфта мешавад:) эй гунаҳкорон ва муҷримон! Имрӯз (аз некӯкорон) ҷудо шавед.

Ояти 60-61

Эй фарзандони одам! Магар ба шумо супориш накардам, ки шайтонро итоат накунед, ки ҳамоно ӯ барои шумо душмани ошкор аст. Ва фақат маро бипарастед, ки роҳи рост ҳамин аст.

Ояти62

Аммо шайтон гурӯҳи зиёде аз шуморо гумроҳ кард, пас оё шумо фикр намекунед?

Нуктаҳо:

¥      Ҷудоии гунаҳкорон аз некӯкорон мувофиқи қонуни адли илоҳӣ аст, ки фармуд: мӯъмин ва кофир яксон нестанд: “Оё касе, ки боимон бошад монанди касе аст, ки фосиқ аст?! На, ҳаргиз ин ду баробар нестанд”[78], шояд ҳам мақсад аз ҷудо шудан, ҷудоии гунаҳкорон аз якдигар ва танҳо шудан ва ба дарди ҷудоӣ гирифтор шудан бошад, ҳамчун зиндони танҳоӣ дар дунё, ки гунаҳкоронро аз якдигар ҷудо мекунад.

¥      Калимаи “аҳд” ҳар гоҳ ба ҳарфи “ило” биёяд ба маънои васият ва супориш аст. Танҳо гурӯҳе аз мӯъминон ба аҳди Илоҳии худ амал кардаанд. “Аз миёни мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба он чи бо Худо аҳд бастанд, содиқона вафо карданд. Баъзе аз онҳо ба шаҳодат расиданд ва баъзе аз онҳо дар (ҳамин) интизоранд (ҳаргиз ақидаи худро) тағйир надоданд”.[79]

¥      “Ҷибиллан касиран” ба ҷамъияти зиёде гуфта мешавад, ки ҳамчун куҳ азамат дошта бошанд.[80]

¥      Манзур аз ибодати шайтон итоати шайтон аст, чунон ки дар ҳадис мехонем: Ҳар кас дар гуноҳ аз касе итоат кунад, бандагии ӯро кардааст.[81]

Паёмҳо:

1.      Қиёмат рӯзи ҷудоии гунаҳкорон аз дигарон аст.

2.      Қиёмат рӯзи сарзаниши гунаҳкорон аст.

3.      Ҷазои илоҳӣ пас аз итмоми ҳуҷҷат аст.

4.      Инсон аз ду ҳол хориҷ нест, ё бандаи Худо аст ё бандаи шайтон.

5.      Душман будани шайтон ошкор аст. (Фикре, ки сангу чӯбро ба ҷои Худо барои инсон ҷилва медиҳад нодуруст будани он ошкор аст).

6.      Роҳи росте, ки ҳар шабонарӯз дар намоз аз Худо мехоҳем (Иҳдинас – сиротал мустақим) ҳамон итоат ва ибодати ӯст. (Ибодат кунед маро ин аст роҳи рост).

7.      Муҳимтарин иллатаи ибодати Худованд интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ аст.

8.      Аз сарнавишти фиребхӯрдагон ибрат гирем.

9.      Андеша кардан дар сарнавишти талхи қурбониёни фиреби шайтон, роҳи наҷот аз васвасаҳо ва домҳои ӯст.

10.  Касе, ки аз фикру андешаи худ истифода накунад сазовори сарзаниш аст.

Гуфтугуе дар бораи шайтон

õ      Савол: Оё шайтон вуҷуд дорад?

Ҷавоб: Дар вуҷуди шайтон шакке нест, чун ҳам Худованд аз вуҷуди он хабар додааст ва ҳам ҳар кас метавонад бо таҷриба ва таваҷҷӯҳ ба васвасаҳое, ки дар умраш шудааст ба вуҷуди он пай бибарад. Яъне агар қасд кунем намозе бо ҳузури қалб ва комил бихонем, наметавонем ва ин далел бар он аст, ки ғайр аз мо мухолифи дигаре низ вуҷуд дорад, ки моро аз таваҷҷӯҳ ба Худованд боз медорад.

õ      Савол: Чаро Худованд шайтонро офарид?

Ҷавоб: Шайтон монанди дигар мавҷудот монанди инсон, фариштагон ва ҷин мавҷуде буд, ки ба ибодат машғул буд, вале дар як санҷиши илоҳӣ фармони Худоро инкор кард ва ба хотири ҳисси нажод парастӣ назар ба ин ки нажоди ӯ аз оташ ва бартар аз инсон аст, ки аз хок офарида шудааст ва ба хотири такаббур ва таассуб ва ҳасад, илова бар амал накардан ба фармони Худованд ба ҷои узрхоҳӣ ва  тавба, рӯй гардонд. Бинобар ин Худованд ӯро бад наёфаридааст, балки шайтон бад амал кардааст ва бо он ки метавонист тавба кунад, аз Худованд умри дароз то қиёмат барои гумроҳ кардани мардум талаб кард. Худованд ҳам, ё ба хотири подоши ибодатҳои гузашта ё санҷидани инсон барои муддати дароз, ба ӯ муҳлат дод ва дар муқобили васвасаҳо ва илҳомоти шайтонӣ инсонро бо фиристодани пайғамбарон муҷаҳҳаз сохт ва дар баробари лағзишҳои инсонӣ дари тавбаро ба рӯи ӯ кушод.

õ      Савол: Оё Иблис ва шайтон яке аст ё ду мавҷуданд?

Ҷавоб: Иблис номи махсуси ҳамон мавҷуде аст, ки дар баробари фармони Худованд саркашӣ намуд, вале калимаи шайтон номи махсуси ӯ нест ва ба ғайр аз ӯ низ гуфта мешавад. Масалан дар аҳодис ба мавҷудоти зараррасон ва озоррасон гуфта мешавад: партовро аз хона берун кунед, чунки дар он шайтон ҷамъ мешавад, ки шояд манзур аз шайтон микробҳо ва олудагиҳо аст. Ва  дар Қуръон ба баъзе аз инсонҳо шайтон гуфта шудааст. (Барои ҳар пайғамбаре душмане аз шайтонҳои инс ва ҷин қарор додем).[82]

õ      Савол: Сиёсати шайтон чист?

Ҷавоб: Дар Қуръон чандин бор ба калимаи “хутувотишшайтон” бархурд мекунем, ки ин калима ҷам&1098;и “хутва” ба маънои қадам аст. Сиёсати шайтон нуфузи (дохил шудан) қадам ба қадам аст, масалан аввал инсонро ба нигоҳ кардан водор мекунад ва ӯро алоқаманд мекунад, дар қадами дуюм ӯро ба фикр медорад ва дар қадами баъд ӯро ба амал кардан мекашонад.

back

index

next