back | next |
Оё надиданд, ки мо аз он чӣ бо қудрати худ ба амал овардем барои онҳо чаҳорпоёне офаридем, ки онҳо молики он ҳастанд?
1. Инсон метавонад барои шинохтани қудрати Худо ба мавҷудоте, ки дар дастрас аст, диққат кунад.
2. Яке аз равишҳои тарбиятии Қуръон ба фикр андохтан ва огоҳ кардани инсон ба масъалаҳои атрофаш аст.
3. Офариниши чаҳорпоён (монанди гов, гӯсфанд, шутур ва ғайра) барои инсон аст.
4. Аз нишонаҳои лутфи Худованд ҳамин бас, ки инсон дар пайдоиши ҳайвонот нақше надорад, вале ба осонӣ молики онҳо мешавад.
5. Дини Ислом аст, ки асли моликиятро кабул дорад.
Ва чаҳорпоёнро барои онҳо ром кардем баеъзе аз онҳоро савор мешаванд ва баъзе дигарашонро мехӯранд.
Ва дар онҳо фоидаҳо дигаре низ (монанди пашму руған) ва нӯшиданиҳое барои мардум аст. Пас чаро бар ин ҳама неъмат шукрона намекунанд?
¥ Ҳайвоноти хонагӣ яке аз неъматҳои илоҳӣ аст, ки имкони истифода аз онҳоро барои инсон фароҳам месозад. Агар гову гӯсфанд ваҳшӣ буданд дунёи маҳсулоти ширӣ бо ҳамаи манфиатҳое, ки дорад ба рӯи инсон баста мешуд. Агар ҳамаи ҳайвонот ваҳшӣ буданд бисёре аз сафарҳо анҷом намегирифт.
¥ Бисёре аз либосҳои инсон аз ҳайвонот аст; аз пашм корхонаҳои бофандагӣ ба кор медароянд; кафши инсон аз пӯсти ҳайвонот аст; барои истифода аз пӯсти ҳайвонот корхонаи чармсозӣ ба кор медорояд ва маҳсулоти чарми истеҳсол мешавад; хӯроки инсон аз ширу гӯшти ҳайвонот аст.
¥ Нақши ҳайвонот дар кишоварзӣ бисёр муҳим аст, шудгор кардан, обкашӣ, сарф кардани алафҳои бегона, боркашӣ ва кӯбидани хирман ва фоидаҳои ҳайвонот барои башар аст.
¥ Ҳам замин ром аст (пас шумо бар рӯи он сайр кунед ва аз ризқи Худо бихӯред)[101] ва ҳам ҳайвонот, аммо инсон, ки ба ҳар ду мӯҳтоҷ аст, саркаш аст, (ҳаққо, ки одамӣ нофармонӣ мекунад).[102]
1. Ҳар чизе дорои фоида аст ва барои мақсаде офарида шудааст.
2. Гиёҳхӯриро Ислом тавсияву таъриф мекунад ва дар барои хӯрдани гӯшт низ супориш шудааст.
3. Шир неъмати махсусе аст, ки бояд барои он шукр кард. (бо ин ки шир ҷузъи манфиатҳои ҳайвонот аст, вале номи он хусусан бурда шудааст, то нишонаи аҳамияти он бошад).
4. Шукр, натиҷаи маърифат аст. Агар сарчашмаи неъматҳоро бишносем сипосгузорӣ хоҳем кард.
5. Бо савол фитратҳо ва отифаҳои хуфтаро бедор кунем.
Ва ба ҷои Худованди (ягона) худоёнеро (ба парастиш) гирифтанд ба ин умед, ки ёрӣ шаванд.
(Дар ҳоле, ки он) худоён тавони ёрии онҳоро надоранд, вале ин бутпарастон барои он бутҳо лашкари омодаанд.
Пас суханони мушрикон туро ғамгин накунад, мо он чи пинҳон медоранд ва он чиро ошкор мекунанд, медонем.
1. Ширк ва бутпарастӣ куфрони неъмат аст.
2. Бутпарастӣ бар асоси хаёлҳо аст ва ҳақиқате надорад.
3. Яке аз решаҳои парастиш, эҳсоси мададхоҳӣ ва паноҳҷӯи аст.
4. Дар гуфтугӯ бо каҷравон, сарчашмаи ақидаи онҳоро нишона бигиред.
5. Ҷазои касе, ки ба ҷои диққат дар неъматҳо ва шукри илоҳӣ ба суроғи бутҳо биравад, дӯзах аст.
6. Қиёмат намоишгоҳи расвоии инсонҳои кофир ва бутпараст аст.
7. Пайғамбарон ҳам ба рӯҳия қавӣ эҳтиёҷ доранд, бинобар ин Худованд ба онҳо дилдорӣ медиҳад.
8. Биёр вақт ба касоне, ки мақсади олӣ доранд, аз ҳар тараф ҳамла мешавад.
9. Синаи фарох ва дили ором мӯҳтоҷи кӯмаки илоҳӣ аст. Мубаллиғ бо оромбахшиҳои Худованд рӯҳия мегирад.
10. Диққат ба илм ва огоҳии Худованд беҳтарин абзори оромиш брои мӯъмин ва таҳдид барои каҷравон аст.
11. Душманон пинҳон ва ошкор бар зидди мӯъмини мубориза мебаранд.
Оё инсон надид (ва наяндешид), ки мо ӯро аз нутфае (ночиз) офаридем? Ва ӯ чунон бақудрат шудааст, ки) ба мо ошкоро душманӣ мекунад.
Ва барои мо масале зад ва офариниши худро фаромӯш карда гуфт: Чӣ касе ин устухонҳоро ки пӯсида аст зинда хоҳад кард?
Ҳамон касе, ки бори аввал онҳоро офарид (бори дигар) онро зинда хоҳад кард ва ӯ бар ҳар махлуқи огоҳ аст.
Ҳамон касе, ки барои шумо аз дарахти сабз оташ офарид, пас ҳар гоҳ хоҳед аз он оташ меафрӯзед.
¥ Яке аз мушрикон пораи устухони пӯсидаеро дар пеши Пайғамбар(с) бо дастонаш орд кард ва бар замин рехт ва гуфт: Чӣ касе ин устухонҳои пӯсидаро зинда мекунад? Ин оятҳо дар ҷавоби ин гуна шубҳа ва савол нозил шуд.[103]
¥ Мақсуд аз дарахт дар ин оят ду навъ чӯби оташзо ба номи “марх” ва “ғаффор” аст, ки арабҳо бо задани яке ба дигаре шарора ба вуҷуд меоваранд, монанди гугирдҳои имрӯзӣ.[104]
¥ Рушан кардани оташ аз дарахти сабз мисоле аст, ки авом мефаҳманд ва донишмандон низ ба хотири захира шудани энергия дар дарахт роҳи илмии онро ба даст меоваранд.
¥ “Душамании ошкори инсон бо ҳақ” ҳам нишонаи қудрати Худованд аст, ки аз нутфаи ночиз инсони бо ирода, бошуур ва қудратманд офарида ва ҳам нишонаи фаромушкорӣ ва ғурури инсон аст, ки аз соҳибнеъмати худ рӯй гардонида ва бо қудрате, ки Худованд дар ихтиёри ӯ қарор додааст ба ҷангу ҷидол бо ӯ мепардозад.
¥ Худованд дар оятҳои зиёди Қуръон инсонро дар чанд кори асосӣ мавҷуди фаромӯшкор муаррифӣ мекунад. Аз ҷумла:
1. Офаридгори худ: (Худоро фаромӯш кардаанд).[105]
2. Офариниши худ: (Офариниши худро аз ёд бурдааст).[106]
3. Шахсияти худ: (Ва худро фаромӯш мекунед).[107]
4. Рӯзи ҳисоб. (Онҳое, ки аз роҳи Худо дур шаванд ба он сабаб, ки рӯзи ҳисобро фаромӯш кардаанд, азоби сахт доранд).[108]
5. Панд ва мавъизаи дилсӯзона: (Ва аз он панд, ки ба онҳо дода шуда буд, баҳраи худро фаромӯш кардаанд)[109].
1. Агар инсон ба ёди заъфу нотавонии худ бошад, ҳаргиз гуноҳу саркашӣ намекунад.
2. Диққат ба офариниши инсон аз нутфа, имон ба рӯзи қиёматро қавӣ мекунад.
3. Бадтар аз ҷанг бо ҳақ он аст, ки ин ҷанги шадид ва ошкор бошад. Хеле бад аст, инсон бо ҳаққу ҳақиқат ошкоро душманӣ кунад.
4. Душмании инсон бо Худо дур аз интизор ва ҳайратовар аст. (Калимаи “изо” барои кори ғайри мунтазира ба кор меравад).
5. Нақл ва баёни афкори ботил ва пуч барои ҷавобгӯӣ ба он мулкиле надорад.
6. Баъзе аз эродҳо дар мавриди қудрати Худованд ба хотири диққат накардан ба намунаҳои мушобеҳ ва фаромӯш кардани офариниши худ аст.
7. Инкоркунандагони рӯзи қиёмат далел надоранд онҳо намехоҳанд бовар кунанд.
8. Озодӣ дар Ислом ба қадре, аст, ки инкоркунандагони Худо ва рӯзи қиёмат бо камоли ҷасорат дар баробари раҳбари мусулмонон ошкоро сухани худро мегӯянд.
9. Савол кардан монее надорад ва чизе, ки бад аст ангезаи мутаасситбона ва мағрурона аст.
10. Решаи баъзе аз эродҳои эътиқоди муқоисаи минёни қудрати инсон бо Худованд аст.
11. Шубҳаҳои эъдиқодӣ бояд ҷавоб дода шавад.
12. Ҳаёти баъд аз марг ҷисмонӣ аст.
13. Зинда шудани мурдагон ба ду чиз эҳтиёҷ дорад: Қудрати Худо дар офаридани дубораи инсонҳо ва илми ӯ ба зарраҳои пахш шудаи инсонҳо дар хок. Ин оят ба ҳар ду ишора мекунад: ((Бори дигар) онро зинда хоҳад кард) нишонаи қудрати ӯ (ва ӯ бар ҳар махлуқе огоҳ аст), нишонаи илми ӯст.
back | next |