back

index

next

Имкони рӯзи қиёмат

Дар тӯли таърих ҳеҷ кас далели илмӣ бар набудани рӯзи қиёмат наовардааст. Танҳо чизе, ки мухолифони рӯзи қиёмат мегӯянд он аст, ки магар мешавад инсони мурдае, ки зарраҳояш пӯсида ва пахш шудааст бори дигар зинда шавад? Оё ин мумкин аст?

Ҷавоби ақл ва Қуръон он аст, ки бешакку тардид ин кор шуданӣ аст, чун аввалан далеле барои инкори он нест ва дуввуман дар ҳар шабонарӯз намунаҳое аз зинда шудани мурдагонро бо чашми худ мебинем.

Гарчи далелҳои мо аз Қуръон аст, вале Қуръон фикр ва ақли моро даъват ба андеша мекунад ва мегӯяд: “Оё касе, ки намунаҳои корашро рӯзу шаб дар ҳар фасл ва сол мушоҳида мекунед боз ҷое барои дурӣ ҷустан ва инкор ваъдаи ӯ вуҷуд дорад?”

Имом Ҷавод(а) мефармояд: Хобидан ва бедор шудан беҳтарин намунае аст, ки мурдан ва зинда шуданро барои мо қобили дарк мекунад. Оре,  марг монанди як хоби тӯлонӣ ва амиқ аст.

Баҳор ва тирамоҳи дарахтон намунаи дигаре аз зинда шудан ва мурдани гиёҳон аст, дар сураи Фотир мехонем: Худо аст, ки бодҳоро мефиристад, абрҳоро барангезад ва онҳоро ба минтақаҳои мурда равон мекунад ва пас аз боридан, он диёри мурдаро зинда мекунад, сипас мефармояд: Зинда шудани инсонҳо монанди зинда шудани дарахтон ва гиёҳон аст.[110]

Дар ҷои дигар мефармояд: Мо ба воситаи борон замини мурдаро зинда кардем, ҳамчунин аст хориҷ шудани шумо дар қиёмат.[111]

Бинобар ин нумунаҳои зинда шудан дар офариниш ва ҷаҳони ҳастӣ ҳар рӯзу шаб ва ҳар солу фасл дар баробари чашми мост ва масъалаи зинда шудани мурдаро барои мо содда ва мумкин нишон медиҳад.

Намунаҳои дигар барои имкони рӯзи қиёмат

Қуръон барои исботи ин ки зинда шудани мурдагон кори маҳоле нест намунаҳои зиёдеро баён мекунад аз ҷумла:

а): Шахсе устухони пӯсидаеро аз девор канд ва бо фишори даст онро орд кард (ва бо ғурур) ба Расули Худо гуфт: Кист, ки дубора ин устухони пӯсида ва орд шударо зинда кунад? Худованд ба пайғамбараш мефармояд: Ба ӯ бигӯ: Ҳамон Худое, ки бори аввал ӯро офаридааст баъд аз пӯсидан ва орд шудан ҳам метавонад онро дубора халқ кунад.[112]

Агар созандаи чизе бигуяд, ки ман қитъаҳои маҳсули худро аз якдигар ҷудо карда ва дубора ба ҳам пайваст мекунам, сухани беҳудае нагуфтааст, чун сохтан аз боз кардан  ва дубора бастан муҳимтар ва душвортар аст.

б): Ҳазрати Узайр(а)[113] дар сафаре аз канори сарзамини харобшудае мегузашт аз рӯи тааҷҷуб (на инкор) пурсид: Чӣ гуна Худо инҳоро пас аз марг зинда мекунад? Худованд ҳамон ҷо ҷони ӯро гирифт ва баъд аз сад сол зинда кард ва аз ӯ пурсид: Чӣ қадар дар ин ҷо мондӣ? Он пайғабар гуфт: Як рӯз ё нисфи рӯз.

Худованд фармуд: Ту сад сол аст, ки ин ҷо ҳастӣ ба харе, ки савор будӣ ва таоме, ки ҳамроҳ доштӣ нигоҳ кун ва қудрати Худоро дарёб, ки чӣ гуна хар мурда, пӯсида ва муталошӣ шудааст, вале таоме, ки бояд баъд аз як ду рӯз хароб шавад, сад сол аст, ки солим нигаҳдорӣ шудааст, ҳоло барои ин ки зинда шудани мурдагонро бо чашми худ бинӣ нигоҳе ба ҳамин устухонҳои пусидаи хар кун, ки пеши чашми ту онро аз замин бардошта ва гӯшт, пӯст ва рӯҳро ба ӯ бармегардонем, то барои ояндагон дарс ва ибрате бошад.

Он Ҳазрат замоне ки зинда шудани хар ва солим мондани таоми садсоларо дида гуфт: Медонам, ки Худо бар ҳар коре қудрат дорад.[114]

в): Ҳазрати Иброҳим(а) аз канори дарёе мегузашт ҷасаде дид, ки қисате аз он дар дарё ва қисмати дигари он дар хушкӣ аст ва ҳайвоноти дарёӣ ва саҳроӣ ва парандагон бар сари он рехта ва ҳар заррае аз онро як навъ ҳайвоне мехӯрад.

Вақте ин манзараро дид аз Худо пурсид: Рӯзи қиёмат чӣ гуна мурдагонро зинда мекунӣ? (Дар ҳоле, ки зарраҳои ин мурда дар дарёву саҳроу фазо пахш шудааст ва ҳар қисмати баданаш ҷузви бадани ҳайвоне гардидааст?) Худованд аз Иброҳим(а) пурсид: Оё имон ба рӯзи қиёмат ва қудрати ман надорӣ? Гуфт: Дорам, вале агар ба чашмони худ бинам оромиши дил пайдо мекунам.

Оре, истидлол ва мантиқ фақат мағз ва фикрро ором мекунад, вале таҷриба ва мушоҳида дилро итминон мебахшад.

Худованд ба Иброҳим(а) фармуд: Чаҳор навъ парандаро бигир ва пас аз куштан гушташонро ба ҳам биомез ва бар қулаи чанд кӯҳ бигузор ва сипас як - як он парандагонро садо кун ва бин чӣ гуна зарраҳои омехташуда аз ҳам ҷудо шуда ва дар канори ҳам қарор мегирад ва ба шакли парандаи аввал сохта мешавад.

Ҳазрати Иброҳим(а) хурӯс, кабутар, товус ва зоғро гирифта кушт, гӯшташонро кӯбида ва дар ҳам омехт ва бар сари даҳ кӯҳ гузошт, сипас ҳар яке аз он парандаҳоро садо зад. Тамоми зарраҳои гӯшти онҳо, ки бар сари баландии кӯҳе буд, ба ҳам пайваст шуданд ва дар баробари чашмони ӯ ба шакли ҳамон чаҳор парандаи комил даромаданд.[115]

Оре, Худованд барои инсонҳое монанди ҳазрати Иброҳим(а), ки дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна қабул шудаанд, марҳалаи болотаре дорад ва онҳоро ба санҷишгоҳи махсуси худ дар низоми ҳастӣ мебарад, вале барои касоне монанди мо, ки аз зинаҳои аввал ҳам боло нарафтаем, аз мақоми шуҳуд, ҳузур, меъроҷ, малакут (ботини олам) ва яқин хабаре нест.

Бинобар ин васвасаҳои мункирони рӯзи қиёмат  дар ду чиз аст:

Аввал ин ки оё мешавад устухони пӯсида зинда шавад? (Мегӯянд: Оё ҳангоме ки мо устухонҳои пӯсида ва пароканда шудем, дигар бор офариниши тозае хоҳем ёфт?!)[116]

Дуввум ин ки фарз мекунем, ки зинда шудани устухонҳои пӯсида мумкин бошад, ин корро  чӣ касе анҷом хоҳад дод? (Мепурсанд: Чӣ касе дубора моро бармегардонад? Ба онҳо бигӯ: Ҳамон Худое, ки бори аввал шуморо офарид).[117]

Касоне, ки ин қадар ба ҳам пайвастани аҷзои муталошии мурдагонро ва зинда шудани онҳоро маҳол медонанд, чаро дар асли офариниш шакке надоранд? Асли офариниш аз дубора офридан мушкилтар аст! Агар як коргари соддаи хиштсоз бигуяд, ки ман хишти худамро реза - реза мекунам ва дубора аз нав, аз ҳамон хок, хишти дигаре месозам, оё ин қадар тааҷҷуб мекунад? Агар касе, ки ҳавопаймо месозад, бигӯяд: Ман ин ҳавопайморо боз мекунам ва дарҳам мерезам ва дубора месозам, оё бояд дар сухани ӯ шак кард? Ҳаргиз, зеро боз кардан ва бастан ба маротиб аз сохти аввал осонтар аст ва касе, ки кори мушкилеро анҷом дод, кори осонтарро ҳам метавонад анҷом диҳад. (Гарчӣ назди Худо ва қудрати бепоёни ӯ ҳеҷ чиз мушкил нест.)

Ба суроғи Қуръон меравем, ки дар ин замина мефармояд: “Ӯ худое аст, ки халқ ва офаринишро ба вуҷуд овард ва сипас онро боз меофаринад ва бозофаридан ҳатто дар назари шумо осонтар аст”.[118]

Боз ҳам чанд мисоли соддаи дигареро биёварем, ки чӣ гуна аз зарраҳои пахш шуда ва беҷон мавҷудоти ҷон дор ва беҷон сохта мешавад:

1. Гов алаф мехӯрад ва аз зарраҳои алаф шир берун меояд.

2. Инсон пораи ноне мехӯрад ва аз даруни он ашк, хун, устухон, мӯй, нохӯн, гӯшт ва ғайра сохта мешавад.

3. Чӣ гуна қабул мекунед, ки дастгоҳи ҳазмкунандаи гов битавонад ширро аз алаф берун кашад ва шумо битавонед бо ҳаракат додани машк зарраҳои пахш шудаи чарбиро ҷамъ намоед, аммо ҳамин, ки мешунавед Худо заминро ҳаракат медиҳад, (ҳангоме, ки замин ба сахтарин зилзилаи худ ба ларза дарояд),[119] ва зарраҳои устухонҳои пӯсидаи маро аз ҳар ҷое, ки бошад як ҷо ҷам&1098; мекунад, қабул намекунанд

back

index

next