back

index

next

6;дори Паёмбар барои онҳо бетаъсир аст.

1- Куффор:

 ﴿إِنَ الذِيَنَ كَفَرُوا سَوَاءٌ عَلَيْهِمْ أَأَنذَرْتَهُمْ أَمْ لَمْ تُنذِرْهُمْ لاَ يُؤْمِنُونَ﴾касоне, ки кофир шуданд барои онҳо фарқе надорад, ки онҳоро аз азоби илоҳӣ битарсонӣ ё натарсонӣ, имон нахоҳанд овард.[35]

 2-Мушрикҳо:

﴿سَواءٌ عَلَيكُم ادعوتهم ام انتم صامتون﴾ барои шумо фарқе намекунад чӣ онҳоро даъват кунед ва чӣ хомӯш бошед?!.[36] Мурод аз "хашияр – раҳмона билғайб" (ошкоро ва пинҳон аз Худои Раҳмон битарсад) ё тарс аз Худо дар дарун аст ё тарс аз Худо дар ҷойҳои пинҳон аз чашми мардум ва ё тарс аз Худо ба хотири додгоҳи қиёмат, ки аз корҳои ғайбӣ аст.

¥      Ҳар гоҳ инсон дар баробари шахсияти бузурге қарор гирад ҳайбат ва шавкати ӯ сабаб мешавад, ки дар инсон ҳолате пайдо шавад, ки ба он “хашият" гӯянд ва ин бо ҳолати тарсе, ки ба хотири азоб аст, фарқ мекунад.

Паёмҳо:

1.      Касе, ки роҳи истифода аз василаи шинохтро таътил кардааст чизе ба ӯ таъсир намекунад: ﴿سَواءٌ عَلَيهِم...﴾

Бар сияҳдил чӣ суд хондани ваъз,

Наравад мехи оҳанин дар санг.

2.      Қадами аввал дар тарбият, қабул кардан ва наздикшудани тарбиятшаванда аст вагарна аз тарбияткунанда коре сохта нест. ﴿سَواءٌ عَلَيهِم...﴾

3.      Ҳисоби тамом шудани ҳуҷҷат аз ҳисоби таъсир гузории сухан ва таъсир қабул кардани мардум ҷудост, (бо ин ки дар мавриди гурӯҳе эҳтимоли таъсир нест, вале пайғамбар барои онҳо ҳуҷҷатро тамом мекунад ва ҳушдор медиҳад).

 ﴿سَواءٌ عَلَيهِم...﴾

4.      Қуръон мояи зикр аст ва пайравӣ аз он ёдовари фармӯш шудаҳо ва бедоргари фитрати хуфтаи инсон аст. ﴿إتّبع الذِكر﴾

5.      Раҳмати густардаи илоҳӣ набояд сабаби бепарвоии мо шавад. ﴿خَشِی الرحمنَ﴾

6.      Нишонаи имон ва хашияти ҳақиқӣ парво доштан дар дарун аст. ﴿وَخَشِيَ الرَّحْمَن بِالْغَيْبِ﴾

7.      Мӯъминон дар пешгоҳи Худованд тарсе омехта бо азамат (хашият) доранд. ﴿وَخَشِيَ الرَّحْمَن بِالْغَيْبِ﴾ (Худованди Раҳмон тарсе надорад , балки муъмин аз анҷоми вазифа  ва хурд будани худ дар баробари азамати Худо метарсад.)

8.      Тарс ва умед дар канори ҳам лозим аст. (дар ҷумлаи ﴿خَشِيَ الرَّحْمَن ﴾ ҳам хашият аст ва ҳам раҳмат.)

9.      Тарс аз Худо дар хилват ва дарун муҳим аст, на дар зоҳир ва ҳузур дар назди мардум. ﴿وَخَشِيَ الرَّحْمَن بِالْغَيْبِ﴾

10.  Нишон додани хашият ва Худотарсӣ ба дигарон  мардуд аст (қобили қабул нест). ﴿وَخَشِيَ الرَّحْمَن بِالْغَيْبِ﴾

11.  Ҳушдорҳои анбиё бар касоне таъсир мегузорад, ки гуши шунаво ва қалби омода доранд.﴿إِنَّمَا تُنذِرُ مَنِ اتَّبَعَ الذِّكْرَ ﴾

12.  Вазифаи пайғамбарон ҳам тарсонидан ва ҳушдор аст ﴿انّما تنذر...﴾ ва ҳам умеду башорат ﴿فَبَشرهُ﴾ (мубаллиғони динӣ низ бояд ҳам мардумро битарсонанд ва ҳам умедвор кунанда бошанд яъне ин ду сифатро бояд дошта бошанд.

13.  Касе, ки сазовори башорати (хабари нек) биҳишт аст, ки таҳти таъсири ҳушдори пайғамбарон қарор гирифтааст ва пайрави он аст  ﴿ تُنذِرُ مَنِ اتَّبَعَ الذِّكْرَ...فَبَشِّرُه... ﴾

14.  Қуръон китоби ёд ва ёдоварӣ ва дармони ғафлат аст. ﴿الذِّكْرَ ﴾

15.  Натиҷаи пайравӣ аз Қуръон хашияти илоҳӣ аст. ﴿ مَنِ اتَّبَعَ الذِّكْرَ وَخَشِيَ الرَّحْمَن بِالْغَيْبِ﴾

Ояти12

Дар ҳақиқат мо мурдагонро зинда мекунем ва ончиро аз пеш фиристодаанд, (яъне аъмол) ва таъсирашонро, (яъне натиҷаи аъмол) менависем ва ҳар чизеро дар (китоб) ва пешвои равшан ҳисоб карадаем.

Нуктаҳо:

¥      Он чи аз инсон сар мезанад дар номаи аъмоли ӯ навишта мешавад ва дар қиёмат ба шакли китобе дар ихтиёри ӯ қарор мегирад. Дар Қуръон аз се намуна китоб ном бурда шудааст:

1.      Китоби шахсӣ. [37]﴿اقرء کتابک﴾

2.      Китоби умматҳо [38]﴿کلّ امّة تدعی الی کتابها﴾

3.      Китоби ҷомеъ ﴿کلّ شيئ احصيناه فی امام مبين﴾ [39]﴿فی لوح محفوظ﴾

¥      Дар Қуръон калимаи “امام” ҳам ба китоб гуфта шудааст, [40]﴿و من قبله کتاب موسی اماما﴾ ва ҳам ба инсонҳо [41].﴿انّی جاعلک للنّاس اماماً﴾ Дар аҳодис ҳазрати Алӣ(а) ба унвони яке аз намунаҳои “имоми мубин” муаррифӣ шудааст, ки ҳамаи илмҳо дар назди ӯст.[42]

¥      Аксарияти муфассирин мурод аз “امام مبين”-ро лавҳи маҳфуз донситаанд, ки дар Қуръон ба он “ام الكتاب” [43] гуфта шудааст ва аз онҷо, ки ин китоб дарбаргирандаи тамоми донистаниҳо аст ва ҳама чиз ва ҳама кас тобеи муқаддароте аст, ки дар он навишта шудааст, ба он “امام” гуфтаанд.[44]

Паёмҳо:

1.      Дар баробари ақоиди гумроҳкунанда ва инкоромези кафирон, бо сароҳат ва қотеият сухан бигӯед.

2.      Ҳама мурдагон дар қиёмат зинда мешаванд ﴿نحی الموتی﴾ ва зинда шудани мурдагон ба дасти Худои Ҳайю Қайюм аст.

3.      Номаи аъмоли инсон ҳатто пас аз марги ӯ то қиёмат боз аст.

4.      На фақат амалҳои инсон, балки ҳамаи таъсироти он низ нвишта мешавад ва дар ҳисоби қиёмат дар назар гирифта мешавад ﴿نکتب ما قدّموا و آثارهم﴾ (хоҳ таъсири хайр, монанди вақф ё садақаи ҷория ва омӯхтани илм ба мардум ва... бошад, ё таъсири бад мисли таъсиси марказҳое, ки дар он гуноҳ анҷом мешавад).

5.      Гузориши амалҳои мо зудтар аз худи мо ба қиёмат мерасад.

6.      Мо дар қиёмат бо Худо сару кор дорем.

7.      Инсон танҳо зомини амалҳои худ нест, балки масъули паёмадҳои он низ аст ﴿و آثارهم﴾.

8.      Дастгоҳи ҳисобкунандаи Худованд дақиқ ва фарогир аст.

9.      Тамоми мавҷудот таҳти назар ҳасатанд ва ҳама чиз ва ҳар коре ба равшанӣ навишта мешавад.

Навиштани асарҳо

Қуръон мефармояд: ﴿نکتب ما قدّموا و آثارهم﴾ яъне на танҳо мо амалҳои бандагон, балки асарҳеро, ки он амалҳо ба дунбол  доранд менависем. Барои тавзеҳи ин матлаб мисолеро баён мекунем: агар беадабе вориди маҷлиси арусӣ шуд ва ҷараёни барқро қатъ кард ва дар торикӣ ҳодисае руй дод, масалан одамҳо аз зина афтиданд, зарфҳо шиксатанд ва пойафзолҳо гумшуданд, баъзеҳо аз ин торикӣ сӯиистифода карданд, маҷалис вайрон шуд ва хешовандони арӯсу домод аз меҳмонон шарманда шуданд, инҳо асари як амали соддаи хомӯш кардани барқ аст. Дар ин ҳодиса бо дасгирии ин шахси хатокор оё набояд дар муҳокима тамоми фасодҳое, ки дар он торикӣ руй додааст дар гардани ӯ зада шавад?

Ин мисол барои таъсири амали бад буд. Дар як мисоли дигар дар мавриди асари хубиҳо тавҷҷӯҳ кунед:

Дар Қуръон ду калима “ло тақтулу” “накушед” аз забони як мард ва як зан содир шудааст; яке ҳамсари Фиръавн буд, ки дид шавҳараш қасди куштани Мусоро дорад гуфт: “ло тақтулуҳу”[45] ва бо ин баён ва наҳй аз мункар Мусоро наҷот дод. Асари ин амали хуб ин шуд, ки Мусо(а) пайғамбари бузургворе шуд ва Бани Исроилро аз шарри Фиръавн наҷот дод, (ин асарҳои хуби амали як зан буд).

Мавриди дигар замоне буд, ки бародарони Юусуф(а) қасди куштани Юсуфро доштанд. Яке аз бародарон онҳоро манъ кард ва бо гуфтани “ло тақтулу” (накушед) сари роҳи кушта шудани Юсуфро гирифт ва онҳо Юсуфро дар чоҳ андохтанд.

Зинда мондани Юсуф асарҳое дошт ва он ин ки дар оянда Юсуф(а) ба ҳукумат расид ва бо тадбир ва барномаи моҳирона ҷомеъаро аз қаҳтию гурусангӣ наҷот дод (ин асари хуб аз наҳй аз мункар низ навишта мешавад).

Ва ин ҳамон чизе аст, ки Қуръон мефармояд: ﴿نکتب ما قدّموا و آثارهم﴾ 

Ояти 13

Барои онҳо асҳоби қаряро (шаҳре) мисол бизан, ки фиристодагони Худо ба сӯи онҳо омаданд.

Нуктаҳо:

¥      Аз ин оят, то ҳабдаҳ ояти дигар саргузашти чанд анбиё нақл шудааст, ки вазифадори ҳидояти мардуми минтақаи худ буданд.

¥   Дар тафосир гуфатаанд, ки мурод аз “қаря” дар ин оят минтақаи Антокия аст, ки аз шаҳрҳои қадими Рум буда ва акнун қисмате аз хоки Туркия ва аз шаҳрҳои тиҷории он мебошад.

¥      Аз ҷамъи ин ҳабдаҳ оят бармеояд, ки мардуми ин шаҳр бутпараст буданд ва пайғамбарон барои даъвати онҳо ба ягонапарастӣ ва мубориза бо ширк омада буданд.

Паёмҳо:

1.      Яке аз вазифаҳои пайғамбарон нақл кардани саргузашти пешиниён аст.

2.      Таърихи гузаштагон беҳтарин дарс барои ояндагон аст. (Баёни сарнавишти мардуми гузаш  

back

index

next