back

index

next

1179;иб (дар фикри) корҳои худ аст”, яъне аз худаш ҳисоб пас мегирад.

Оре! Агар мо аз дарун муроқиби худ бошем ва мардум аз берун муроқиби мо бошанд ва дар навбати аввал низоми сиёсӣ ва ҳукуматӣ ташвиқкуанандаи хубиҳо ва монеи бадиҳо бошад, беҳтарин уммат хоҳем буд. Қуръон мефармояд: “Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки дар миёни мардум пайдо шудед, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред”.

Чаро ман Худоеро напарастам, ки маро офаридааст ва ҳамаи шумо ба сӯи ӯ бозгардонида мешавед?

Ояти 22

Ва чист маро, ки напарастам онеро ки маро офаридааст ва ҳама ба сӯи ӯ бозгашт мекунед.

Ояти 23

Оё ба ҷои ӯ худоёнеро қабул кунем, ки агар Худованди Раҳмон иродаи газанде (бадие) ба ман намояд шафоати онҳо камтарин фоидае ба ман надорад ва маро озод намекунад?

Ояти 24-25

Дар ин ҳол ман дар гумроҳии ошкор хоҳам буд. (Эй мардум! Бидонед) ман ба Павардигоратон имон овардам, пас (шумо низ сухани маро) бишнавед (ва имон оваред).

Ояти 26

(Оқибат ӯро шаҳид карданд) ба ӯ гуфта шуд: Ба биҳишт дохил шав. Гуфт: Эй кош қавми ман медонистанд.

Ояти27

Ки парвардигорам маро бахшид ва аз гиромидоштагон қарор дод.

Нуктаҳо:

¥      Бар асоси аҳодис нафаре, ки барои фиристодагони илоҳӣ ба шаҳри Антокия омад Ҳабиби Наҷҷор буд, ки аз ӯ ба “соҳиби Ёсин” низ таъбир шудааст ва оқибат дар ин роҳ ба шаҳодат расид ва дар қатори “Мӯъмини Оли Фиръавн”, ки ба ҳимояти Ҳазрати Мусо(а) бархост, шуморида шудааст.[65]

¥      Имрӯза шаҳри Антокия, ки миёни Ҳалаб ва Искандария воқеъ аст ва ҷузъи хоки Туркия мебошад, пас аз “Байтулмуқаддас” дуввумин шаҳри мавриди таваҷҷӯҳи масеҳиён аст.

Паёмҳо:

1.      Касоне, ки дар баробари офаридгори худ бандагӣ накунанд, дар додгоҳи виҷдон маҳкуманд.

2.       Яке аз равишҳои амр ба маъруф мухотаб қарор додани худ аст.

3.      Рӯй гардонидан аз Худо ва мушрик шудан ҷои интиқод ва савол дорад, на тавҳид ва худопарастӣ, ки фитрӣ аст.

4.      Яке аз роҳҳои даъвати дигарон баёни эътиқодоти мантиқии худ аст.

5.      Яке аз иллати ибодат ташакур аз валинеъмат аст.

6.      Таваҷҷӯҳ ба мабдау маъод сарчашмаи тавҳид ва бандагӣ аст. (касе шоистаи парастиш аст, ки офариниши ҷоҳон ва идора кардан ва бозгашти он ба дасти ӯст).

7.      Марг поёни зиндагӣ нест, бозгаш ба тарафи Худост.

8.      Муқоиса аз беҳтарин роҳҳои омӯзиш аст. Худо маро офаридааст, вале бутҳо бароям заррае фоида надоранд.

9.      Ғайр аз Худо ҳеҷ кас кореро наҷом дода наметавонад.  

10.  Сахтиҳоеро, ки инсон мебинад бо иродаи Худованд ва дар мадор ва доираи раҳмати ӯст.

11.  Барои таваҷҷӯҳ ба Худованд кофӣ аст шароити сахт ва фавқулоддаро дар пеши худ муҷассам созем.

12.  Барои наранҷонидани отифаҳои мардум аз худ мисол бизанем.

13.  Гоҳе гумроҳиҳо иллати махфӣ ва пинҳоне надоранд, балки гумроҳии ошкор аст монанди бутпарастӣ.

14.  Дар муқобили гумроҳии равшан даъвати ошкор лозим аст.

15.  Беҳтарин роҳи даъват амал аст.

16.  Шаҳодат дар роҳи ҳимоят аз раҳбарони осмонӣ ва амри ба маъруф, гузаштаи дуру дароз дорад

17.  Миёни шаҳодат ва биҳишт фосилае нест.

18.  Мардони Худо ҳатто баъд аз марг ва шаҳодат низ дар фикри ҳидояти мардум ҳастанд.

19.  Ҳаёт ва биҳишти барзахӣ пеш аз биҳишти асосӣ аст

20.  Шаҳодат сабаби мағфират аст.

21.  Аввал гузашт ва мағфират ва баъд каромат. (Аввал Худо инсонро мебахшад онгоҳ ӯро дар ҷавори раҳмати худ ҷой медиҳад).

Ояти 28

Ва мо (баъд аз шаҳодати он марди Худо) ҳеҷ лашкаре барои ҳалоки қавми ӯ нафиристодем ва асосан равиши мо пеш аз ин ҳам чунин набуд, (ки барои азоби аҳли замин лашкаре аз осмон бифиристем).

Ояти 29

Фақат як садо буд, (садои такондиҳанда ва маргбор), ки ногаҳон ҳама хомӯш шуданд.

Нуктаҳо:

¥      Дар оятҳои гузашта достони марде баён шуд, ки ба танҳоӣ ба ҳимоят аз пайғамбарони илоҳӣ қиём кард ва фарёд зад ва дар ин роҳ шаҳид шуд. Ин оят дар мақоми баёни ҳалокати кофирони сарсахте аст, ки пайғамбаронро такзиб (туҳмат) карданд ва ин марди Худоро куштанд.

¥      “Хомид” аз “хамуд” гирифта шуда ба маънои хомӯш шудани шуълаи оташ ва дар ин оят ба маънои ҳалокат ва мурдан аст.

Паёмҳо:

1.      Фариштагон маъмурон ва иҷрокунандагони қаҳр ё меҳри илоҳӣ ҳастанд ва фуруд омадани онҳо ё наёмадани онҳо ба амри Худованд аст.

2.      Қаҳри Худо ногаҳонӣ аст ғофил набошем.

3.      Гоҳе ба хотири такзибу туҳмат ва рехтани хуни як мӯъмини бегуноҳ ва як муҷоҳид ва мубаллиғи динӣ, мардуми як минтақа нобуд мешаванд. (Онҳо илова бар такзибу туҳмат ва куштани як мӯъмин, чанд пайғамбарро низ кушта буданд).

4.      Қударатҳое, ки дирӯз солеҳонро шиканҷа карда ва мекуштанд, имрӯз бо як садои ногаҳонӣ нобуд шуданд.

5.      Бо хости Худованд якбора бо тамоми ҷангу ҷанҷолҳо ва ҳаёҳуҳо хомӯш мешавад.

Ояти 30

Эй дареғ бар бандагон! Ки ҳеҷ пайғамбаре ба онҳо наёмад, магар онки ӯро масхара мекарданд.

Паёмҳо:

1.      Инсоне, ки метавонад бо тарафдории ҳақ фарёдгари ҳақ бошад ва бо пайравӣ аз пайғамбарон саодатманд шавад, чӣ гуна  бо якравию таассуб худро гирифтори Худо мекунанд?

2.      Чӣ ҳасрате аз ин болотар, ки инсон дарҳои ҳидоятро ба хотири ғурур ва лаҷоҷту таасуб ба рӯи худ бибандад.

3.      Огоҳӣ аз ҳодисаҳои талхи таърих инсонро бедор мекунад. Масхара кардани пайғамбарон равиши доимии кофирон дар тӯли таърих аст.

4.      Тамоми пайғамбарон масхара шудаанд. (Пас мубаллиғони динӣ аз захми забон ва нешу нӯши дигарон дилсард нашаванд).

5.      Масхара кардани авлиёи илоҳӣ ҳасрату пушаймонии абадӣ ва бузургеро дар бар дорад.

Ояти31

Оё надиданд чи бисёр мардумонеро пеш аз онҳо ҳалок кардем ва онҳо ба сӯи ин кофирон бар намегарданд?

Ояти32

Ва ҳамаи онҳо (дар рӯзи қиёмат) назди мо  ҳозир карда мешаванд.

Нуктаҳо:

¥      Калимаи “қарн” ҳам ба замони тулонӣ гуфта мешавад ва ҳам ба мардуме, ки дар як замон зиндагӣ мекунанд.[66]

Паёмҳо:

1.      Касоне, ки дар таърих таҳқиқ накунанд ва аз саргузашти дигарон ибрат нагиранд дар ҳолати интиқод қарор мегиранд.

2.      Суннатҳову қонунҳои илоҳӣ дар таърих тайирнопазир аст ва сарнавиштҳо ба якдигар шабоҳат дорад ва дидани як саҳна метавонад намунаи саҳнаи дигар бошад.

3.      Нақли таърих сабаби тарсонидани гунаҳкорон ва тасаллии ҷуяндагони роҳи ҳақ аст.

4.      Натиҷаи масхара кардани пайғамбарон ҳалокат аст.

5.      Ҳангоми фаро расидани қаҳри илоҳӣ роҳе барои баргашт ва ҷуброну ислоҳ нест. Пас фурсатҳоро аз даст надиҳем.

6.      Ҳалок шудани кофирон поёни корашон нест, балки оғози азоби онҳост.

7.      Тамоми мардум дар Қиёмат як ҷо ҳозир карда мешавад.

Ояти 33

Ва замини мурда, ки мо онро зинда кардем ва донае аз он рӯёнидем, ки аз он мехӯранд, барои онҳо нишонае аст. (Яъне нишонаи ин аст, ки Худованд метавонад инсонҳоро баъд аз марг зинда кунад).

Нуктаҳо:

¥      Дар ояти гузашта хонем, ки ҳамаи мардум дар рӯзи қиёмат зинда шуда, назди Худованд ҳозир хоҳанд шуд. Ин оят фасли баҳор ва рӯидани гиёҳонро далели зинда шудани мурдагон медонад.

¥      Қисмате аз донаҳои гиёҳӣ сарфи ғизои инсон ва қисмате сарфи ҳаёвонот ва ё барои масрафи ғайри хурокӣ, монанди тайёр кардани ранг ва дору истифода мешавад.[67]

Паёмҳо:

back

index

next