back

index

next

90;а сабаби ибрате барои каҷравон ва сабаби дилгармии худопарстон аст.)

3.      Тарбияткунанда ва мубаллиғ бояд бо таърих ошно бошад ва онро ба мардум бигӯяд.

4.      Бар ҷомеа усул ва қавонини тағйирнопазире ҳоким аст, ки сарнавишти инсонҳо ва ҷомеаҳоро бар асоси он метавон муъайян кард. Оре, суннатҳои илоҳӣ тағйирнопазир аст ва бо гуногун будани қавмҳо, афрод, замон ва макон, фарқ намекунад.

5.      Беҳтарин мисол мисоли вақеӣ ва айнӣ аст на хаёлӣ.

6.      Дар нақл намудани достон ибратҳо муҳим аст, номи деҳа, нажод, забон ва чанд нафар будан муҳим нест.

7.      Пайғамбарон ба суроғи мардум мерафтанд ва мунтазир набуданд, то мардум ба суроғи онҳо биёянд.

Ояти14

Онгоҳ ду нафар (аз пайғамбарони худ)-ро ба сӯи онҳо фиристодем, пас дурӯғгӯяшон гуфтанад, сипас бо шахси сеюмӣ (он дуро) пуштибонӣ кардем, пас гуфтанд: Ҳамоно мо (аз тарафи Худо) ба пеши шумо фиристода шудаем.

Ояти15

Кофирон гуфатнд: Шумо ҳама мисли мо инсон ҳастед ва Худои Раҳмон чизе (бар шумо) нозил накардааст шумо дар ин иддао ҷуз дурӯғ намегӯед.

Ояти 16

Пайамбарон гуфтанд: Парвардигори мо медонад, ки мо ба пеши шумо фиристода шудаем.

Ояти 17

Вазифаи мо ғайр аз таблиғи ошкор ва равшан чизи дигар нест.

Нуктаҳо:

¥      Баъзе инсонҳо ба вуҷуди Худо эътиқод доранд, вале масъалаи нубувватро қабул намекунанд ва мегӯянд Худованд ба мо ақл додааст ва эҳтиёҷ ба ваҳй надорем. Сабаби ин эътиқод дуруст нашинохтани Худо аст. Чунонки дар ояти дигар мефармояд: “Касоне, ки гуфтаанд Худованд китоберо бар ҳеҷ башаре нозил накардааст Худоро он гуна ки бояд мешинохтанд, нашинохтаанд”. [46]

Паёмҳо:

1.      Гоҳе бояд даъват ба ҳақ ва амр ба корҳои хуб ба сурати гурӯҳӣ бошад.

2.      ЯкравӣЛаҷоҷт(яъне фаҳмидани ҳақиқат ва қабул накардани он) дарди бедармон аст, (ҳатто пайғамбаронро дуруғгу кардан).

3.      Агар душман ба шуомо туҳмат зад, даст аз кор ва мақсад накашед ва бо нафрат (бад дидан) худро тақвият кунед.

4.      Гоҳе чанд пайғамбар ҳамзамон ба тарафи як қавм фиристода мешаванд.

5.      Чанд нафар будани мубаллиғон вобаста ба эҳтиёҷи ҷомеа мебошад. (Чизи муҳим дар амри ба маъруф, натиҷа аст ва барои расидани ба натиҷа бояд мубаллиғон зиёдтар шаванд).

6.      Дар мудирият вақте касеро ба коре мефиристем раҳояш накунем, балки ӯро пуштибонӣ ва тақвият кунем.

7.      Бисёр будани инсонҳои шоиста сабаби иззат аст.  

8.      Барномарезон ва мудирони фарҳангӣ бояд аз натиҷаи кори мубаллиғон бохабар бошанд.

9.      Иззат ва хорӣ ба дасти Худост, гарчи касе ё чизе восита шавад.

10.  Дар мудирият ҳамеша нерӯи захира дошта бошем.

11.  Кофирон ақл ва андешаи худ ва камолоти пайғамбаронро нодида гирифта ва ҳама чизро бо диди зоҳирӣ менигаранд.

12.  Баъзеҳо таклиф ва амру нҳйро мухолифи раҳмати илоҳӣ медонанд ва гумон мекунанд маънои раҳмат озодии беқайду шарт ва раҳо будани инсон аст.

13.  Дар баробари инкорҳои пай дар пайи душман дили худро бо ёди Худо оромиш диҳем.

14.  Вазифаи пайғамбарон равшангарӣ ва таблиғи огоҳибахш аст ва зомини натиҷа нестанд, таблиғ бояд равшан ва равшангар бошад.

Ояти 18

 (Кофирон ба пайғамбарон) гуфтанд: Мо (ҳузури) шуморо ба фоли бад гирифтаем (вуҷуди шумо шум аст ва сабаби бадбахтии мо) ва агар аз суханҳоятон даст набардоред қатъан шуморо сангсор хоҳем кард ва аз тарафи мо азоби дардноке ба шумо хоҳад расид.

Ояти19

(Пайғамбарон дар ҷавоб) гуфтанд: (агар шумӣ ва бадбахтие вуҷуд дорад) шумии шумо аз (амали) худи шумост. Оё агар панд дода шудед (ва касе шуморо насиҳат кард) (бояд фоли бад бизанед)? Балки шумо қавми исрофкоред.  

Нуктаҳо:

¥      Фоли бад яке аз хурофоте аст, ки дар қадим буда ва имрӯз низ дар шарқу ғарб ҳаст ва ҳар минтақа ва қавме ба чизе фоли бад мезананд. Ислом онро ширк дониста ва бо ҷумлаи   ﴿الطيرة شرک﴾[47] бар он хатти бутлон кашида ва ҷойгузини онро тавккул бар Худованд дониста аст [48]﴿کفّارة الطيرة التوکّل﴾

¥      Фоли бад таъсири шум ва баде дорад, аз ҷумла: Гумони бад ба дигарон, манъ шудан аз корҳо, ба худ нокомиро раво дидан ва эҳсоси нотавонӣ кардан. Бадтарини он фоли бад ба муқаддасот ва авлиёи илоҳӣ аст.

Паёмҳо:

1.      Дар баробари ҳар сухани гумроҳкунанда бояд шуҷоона посухи равшан дод.

2.      Такзиб (дуруғгӯ гуфтан), таҳқир ва таҳдид аз равишҳои муборизаи кофирон аст.

3.      Фоли бад аз одоб ва русуми ҷоҳилӣ аст.

4.      Касе, ки фикри дурусту мантиқ надорад ба хурофот даст мезанад.

5.      Каҷфикрӣ муқаддимаи амали нодуруст аст.

6.      Куфр сабаби сангдилӣ ва ҷасорат ба пайғамбарон аст.

7.      Кофирон, ки дар баробари мантиқ ва равиши паёмбарон мантиқе надоранд, баъд аз такзиб (дуруғгӯ хондан) даст ба таҳдид мезананд.

8.        Кори пағамбарон аз байн бурадни ғафлат ва огоҳ кардани мардум ба фитрати солим аст.

9.      Яке аз шохаҳои исроф саркашӣ ва туғён аст.

10.  Решаи бадбахтиҳо саркашӣ ва исроф аст на имони ба Худо ва пайғамбарон.

Фоли бад

“Тайра” яъне фоли бад задан, як навъ хурофот аст.

Фоли бад, гумони бад аст, ки ҳеҷ пуштивонаи ақлӣ надорад ва дар ҳадис як навъ ширк ва куфр шуморида шудааст.[49] Аз расули Худо нақл шудааст: “Касоне, ки ба ин навъ фол гирифтор ҳастанд, аз мо нестанд”.[50]

Фоли бад сабаби дилсардӣ ва хастагӣ аст. Аксари гирифторони ин мараз афроде тарсу ва заиф ҳастанд, ки ба Худо таваккул надоранд. Дар ҳадис мехонем, ки фоли бадро бо таваккул бар Худо ҷуброн кунед ва ҳар гоҳ ба он гирифтор шудед бо дилгармӣ ба кори худ идома диҳед.[51]

Дар муқобили фоли бад фоли нек аст, ки сабаби умед ва дилгармӣ аст ва Пайғамбар(с) фоли хубро дӯст медошт.[52]

Аз онҷо ки фоли бад аз қадимулайём дар миёни бисёре аз қавмҳо ба сурати як хурофот буда аст ва акнун низ вуҷуд дорад, чанд калимае дар бораи хурофот баён мекунем.

Хатарҳои хурофот

Хурофот метавонад дар ақида ва ягонапарастии инсон таъсир гузорад [53]﴿انّ الله فقير﴾, ҳамин ки ин оят нозил шуд: “Кист ба Худованд қарз диҳад то Худованд ба ӯ подоши чанд баробар бидиҳад”, гурӯҳе (ба ҷои он ки бигӯянд таъбир ба қарз гирифтан навъе ташвиқ барои инфоқи мардум аст) гуфтанд: Худованд фақир аст ва ба қарз гирифтан аз мо ниёз дорад.

Фариштагон аз ин хурофот ва тӯҳмати башар дар амон намондаанд, зеро мардуми ҷоҳилият онҳоро духтарони Худо мепиндоштанд.

Ибодат ҳам бо хурофот як ҷо шуд, то он ҷо ки дар канори хонаи Худо ба ҷои намоз каф мезаданд ва (ҳуштак) мекашиданд.[54]

Насли башар дар тӯли таърих ба хотири хурофот бисёр товон додааст. Замоне духтаронро зинда ба гӯр мекарданд ва чи хонаводаҳое ба хотири хурофотҳо аз байн рафтаанд.

Хурофот дар бистари ҷаҳл, нодонӣ, одобу русуми ғалат, афкори нобаҷои ниёгон, таблиғоти дурӯғин, ҳилаҳои истеъморгарон, соддагии мардум, дур будан аз уламои раббонӣ ва надоштани такягоҳи эътиқодӣ рушд мекунад.

Яке аз вазифаҳои пайғамбарон аз байн бурдани хурофот аст, ки афкори мардумро ҳамчун ғулу занҷир қуфл кардааст.[55]

Агар хурофот ба номи дин бошад, як навъ бидъат аст, ки дар ҳадис мехонем: “Эҳтиром ба бидъатгузор хароб кардан ва нобудии Ислом аст”.[56]

Вазифаи мо чист?

Ҳар гоҳ бо масъала, фикр, шиор, пешниҳод ё о 

back

index

next