index next

Тафсири Сураи Ёсин

بسم الله الرحمن الرّحيم

Ҳамоно ин Қуръон ба маҳкамтарин роҳ ҳидоят мекунад.

Қуръони Карим аз оғози нузул то ба имрӯз ҳамеша мавриди тавҷҷӯҳи андешамандон ва мутафаккирон буда ва аз ҷиҳатҳои гуногун ба тадаббур ва тафаккур дар он пардохта ва аз ин раҳгузар а сарҳои гаронқадре аз худ ба ёдгор гузоштаанд.

Дар тӯли таърих зиёдтарин шарҳ ва тафсир ба Қуръони Маҷид навишта шудааст ва ин китоб танҳо китоби осмониест, ки бе ҳеҷ нуқсон ва зиёдие дар замин боқӣ мондааст. Оятҳояш монанди ситорагони осмон аҳли заминро ба роҳи рост роҳнамоӣ мекунад ва дар даруни оятҳои нуронии он қонуни зиндагии мусалмонон вуҷуд дорад. Барои хуб фаҳмидани Қуръон бояд оятҳои онро ба тавре баён кунем, ки барои ҳама қобили фаҳм бошад.

Бедалел нест, ки андешамандони бузурге ҳамчун Аллома Таботабоӣ муаллифи тафсири “Алмизон” ба нигориши тафсири нав аз Қуръон дар ҳар чанд сол якбор таъкид кард аст, ки ин эътироф нишон аз ғанӣ будани мафоҳими Қуръони Карим ва азамати маъонии он дорад.

сураи

Симои Ёсин

Ин сура дар Макка нозил шуда ва ҳаштоду се оят дорад ва ба номи аввалин ояташ, ки аз ҳарфҳои муқаттаа аст номгузорӣ шудааст.

Матолиби ин сура дар бораи ақоид аст. Ёд додани он ба фарзандон ва ҳадя кардани савоби қироати он ба мурдагон супориш шудааст.

Ин сура ба гувоҳии Худованд ба рисолати пайғамбари Ислом оғоз ва бо баёни рисолати се тан аз пайғамбарони илоҳӣ идома меёбад.

Дар бахше аз ин сура ба баъзе аз оятҳои азамати Парвардигор дар ҳастӣ ҳам чун нишонаҳои тавҳид ишора шуда ва дар бахши дигар масъалаҳои марбут ба охират, саволу ҷавоб дар додгоҳи қиёмат ва хусусиятҳои биҳишт ва дузах баён шудааст.[1]

   Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Нуктаҳо:

¥  Дар миёни қавмҳо ва миллатҳои гуногун одат ин аст, ки корҳои муҳим ва бо арзишро ба номи бузурге аз бузургони худ, ки мавриди эҳтиром ва алоқаи онҳост шурӯъ мекунанд, то ки он кор муборак гардад ва ба анҷом расад. Албатта онҳо бар асоси эътиқоди дуруст ё фосиди хеш амал мекунанд. Гоҳе ба номи бутҳо ва тоғутҳо (сардорҳои золим) ва гоҳе ба номи Худо ва ба дасти авлиёи Худо корро шурӯъ мекунанд. Чунончӣ дар ҷанги Хандақ аввалин кулангро Расули Худо(с) бар замин зад.[2]

áبسم الله الرّحمن الرّحيمâ сароғози китоби илоҳӣ аст. áبسم اللهâ  натаноҳо дар аввали Қуръон, балки дар аввали тамоми китобҳои осмонӣ будааст. Дар сарлавҳаи кор ва амали ҳамаи анбиё “بسم الله” қарор дошт. Вақте ки киштии Ҳазрати Нӯҳ(а) дар миёни мавҷҳои тӯфон ҳаракат кард, Нӯҳ(а) ба ёрони худ гуфт: Савор шавед, ки [3]áبسم الله مجريها و مرسيهاâ ҳаракат ва истодани ин кишти ба номи Худо аст. Ҳазрати Сулаймон(а) низ вақте маликаи Саборо ба имон овардан даъват кард даъватномаи худро ба ҷумлаи áبسم الله الرّحمن الرّحيمâ[4] оғоз кард.

¥  Ҳазрати Алӣ(а) фармуд: áبسم اللهâ сабаби баракати корҳо ва тарки он сабаби нофарҷомӣ аст. Ҳамчунин он ҳазрат ба шахсе, ки ҷумлаи áبسم اللهâ –ро менавишт фармуд: Онро некӯ бинавис.[5]

¥  Бар забон овардани áبسم اللهâ дар шурӯи ҳар коре супориш шудааст; дар хӯрдан, хобидан, нӯшидан, савор шудан бар маркаби мусофират ва бисёр корҳои дигар. Хатто агар ҳайвоне бе зикри номи Худо кушта шавад истифодаи гушти он ҳаром аст. Ва ин рамзи он аст, ки хӯроки инсонҳои ҳадафдор ва ягоннапараст низ ба хотири Худо бошад.

Дар ҳадисе мехонем: áبسم اللهâ- ро фарамӯш накун ҳатто дар навиштани як байт шеър. Ҳамчунин ривоёте дар аҷри касе, ки аввалин бор “бисмиллоҳ”-ро ба кӯдак ёд бидиҳад варид шудааст.[6]

Савол: Чаро дар шурӯи ҳар коре áبسم اللهâ супориш шудааст?

Ҷавоб: “Бисмиллоҳ” нишонаи мусулмонӣ аст ва бояд ҳамаи корҳои ӯ ранги илоҳӣ дошта бошад. Ҳамон гуна, ки маҳсулот ва молҳои сохти як корхона аломати он корхонаро дорад, хоҳ ба сурати ҷузъӣ бошд ё куллӣ. Масалан як корхонаи чинисозӣ нишонаи худро рӯи тамоми зарфҳо мезанад, хоҳ зарфҳои калон бошад ё зарфҳои хурд. Ё ин ки байрақи ҳар кишваре ҳам дар идораҳо, мактабҳои он кишвар ва ҳам дар киштиҳои он кишвар, дар дарёҳо, овезон аст ва ҳам бар рӯи мизи идории кормандон гузошта шудааст.

¥  Дар Мустадраки Ҳоким омадааст: Рӯзе Муовия дар намоз áبسم اللهâ нагуфт мардум ба ӯ эътироз карданд, ки  "اسرقتَ أم نَسَيتَ" оятро дуздидӣ ё фаромӯш кардӣ!?[7]

Имомони маъсум таъкид мекарданд, ки áبسم اللهâ - ро дар намоз баланд бигӯянд. Имом Боқир(а) дар мавриди касоне, ки áبسم اللهâ дар намоз намехонанд ва ё онро ҷузъе аз сура намешуморанд мефармуд: [8]áسَرقوا اكرم آيةâ Беҳтарин ояти Қуръонро дуздидаанд”.

Дар тафсири Қуртубӣ аз Имом Содиқ(а) нақл шудааст: áبسم اللهâ тоҷи сураҳост”. Фақат дар оғози сураи Бароат (сураи Тавба) бисмиллоҳ наомадааст ва ин ба фармудаи Ҳазрати Алӣ(а) ба хотири он аст, ки áبسم اللهâ калимаи амон ва раҳмат аст ва эълони дурӣ ҷустан аз куффор ва мушрикин бо ошкор кардани муҳаббат ва раҳмат созгор нест.[9]

Симои “Бисмиллоҳ”

1.  áبسم اللهâ нишонгари ранги илоҳӣ ва баёнгари ҷиҳатгирии тавҳидӣ аст.[10]

2.  áبسم اللهâ рамзи тавҳид аст ва ба ёд овардани  номи дигарон ба ҷои он рамзи куфр аст ва наздик кардани номи Худо ба номи дигарон нишонаи ширк. (На дар канори номи Худо номи дигареро бибарем ва на ба ҷои номи ӯ номи дигареро ба ёд биёварем)[11].

3.  áبسم اللهâ рамзи боқӣ маондан ва давом аст, зеро ҳарчи ранги Худоӣ надошта бошад фонӣ аст.[12]

4.  áبسم اللهâ рамзи ишқ ба Худо ва таваккул ба ӯст. Ба касе, ки Раҳмон ва Раҳим аст ишқ меварзем ва корамонро бо таваккул ба ӯ оғоз мекунем, бурдани номи ӯ сабаби ҷалби раҳмат аст.

5.  “بسم الله” рамзи хориҷ шудан аз такаббур ва рӯшан намудани оҷизии худ ба даргоҳи илоҳӣ аст.

6.  áبسم اللهâ  қадами аввал дар роҳи бандагӣ ва убудият аст.

7.  áبسم اللهâ сабаби гурехтан аз шайтон аст. Касе, ки Худоро ҳамроҳ дошт шайтон наметавонад таъсир гузорад.

8.  áبسم اللهâ сабаби муқаддас шудани корҳо ва бима (суғурта) кардани онҳост

9.  áبسم اللهâзикри Худост, яъне, ки Худоё ман туро фаромӯш накардаам.

10.  áبسم اللهâ баёнгари ангеза ва майли мост, яъне Худоё мақсадам ту ҳастӣ на мардум, на золимон ва ҷилваҳову ҳавасҳо.

11.  Имом Ризо(а) фармуд: Исми аъзами илоҳӣ аз сиёҳии чашм ба сафедии он наздиктар аст. [13]

12.  á بسم الله الرّحمن الرّحيمâ дар аввали сура рамзи он аст, ки матолиби сура аз ҷойгоҳи ҳақ ва мазҳари раҳмат нозил шудааст.

13.  á بسم الله الرّحمن الرّحيمâ дар аввали китоб, яъне ҳидоят танҳо ба кӯмаки ӯ таҳаққуқ пайдо мекунад.[14]

14.  áبسم اللهâ каломе, ки сухани Худо бо мардум ва сухани мардум бо Худо бо он оғоз мешавад.

15.  Раҳмати илоҳӣ ҳамчун зоти ӯ абадӣ ва ҳамешагӣ аст. áالله الرّحمن الرّحيمâ

16.  Баёни раҳмати илоҳӣ дар қолибҳои гуногун нишонаи асрори раҳмат аст. (Ҳам қолиби “رحمن” ҳам қолаби “رحيم”) áالرّحمن الرّحيمâ

17.  Шояд овардани калимаи “رحمن” ва “رحيم” дар оғози китоб нишонаи ин бошад, ки Қуръон ҷилвае аз раҳмати илоҳӣ аст. Ҳамон гуна ки асли офариниш ҷилваи лутф ва раҳмати ӯст. áالرّحمن الرّحيمâ

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Ояти

Ё син.Савганд ба Қуръони (маҳкам) ва ҳикматомӯз.

Ояти

Ки ҳамоно ту аз паёмбаронӣ; бар роҳи рост ҳастӣ.

Нуктаҳо:

¥  Ба гуфтаи ривоёт “يسن” номи мубораки Паёмбари Ислом(с) аст.[15] Дар баъзе дуоҳо низ Худоро бо ин номи Паёмбар қасам медиҳем.

¥  Калимаи “حكيم” метавонад ба маънои зулҳикмат (дорои ҳикмат) бошад ва ё ба маънои маҳкам, монанди ояти аввали сураи Ҳуд, ки мефармояд áاُحكمت آياتهâ “оятҳои Қуръон маҳкам аст”.

¥  Дар баробари тӯҳматҳои ҳархел 

  index next