back index  

á فَلا تَغُرَّنَّكمُ الْحَيَوةُ الدُّنْيَا وَ لا يَغُرَّنَّكم بِاللَّهِ الْغَرُورُâ

7.   Аслу насаб дар қиёмат ҳеҷ кореро анҷом дода наметавонанд. áلا يجزی والد – و المولودâ (Вақте ки падар ва фарзанд ба фарёди якдигар намерасанд, ҳисоби дигарон равшан аст).

8.  Тарс аз қиёмат монеи фиребхӯрдагии инсон аз дунё мешавад .á اخْشوْا يَوْماً ... وَ لا يَغُرَّنَّكم بِاللَّهِ الْغَرُورُ â

Қиёмат, рӯзи танҳоӣ

Худованд ҳаким аст ва Худои ҳаким офаридаи худро нобуд намекунад. Дунё хонае аст, ки созандааш онро хароб мекунад, то бинои беҳтаре бисозад. Бинобар гуфтаи ривоёт марг тағйири либос, тағйири хона ва муқаддимае барои ба камол расидан ва идомаи зиндагӣ мебошад.

Ба илова адолати Худованд вуҷуди қиёматро барои инсон зарурӣ мекунад, зеро мо хубон ва бадонеро мебинем, ки дар дунё ба подошу кайфар нмерасанд, бинобар ин Худованди одил бояд ҷои дигареро барои он подош ва кайфари онҳо қарор диҳад.

Гарчи гоҳ – гоҳ  ҷазоҳои бад ва аҷрҳо мушоҳида мешавад, вале ҷойгоҳи бисёре аз подоши қиёмат аст, зеро дар баъзе мавридҳо имкони додани ҷазои ҳар амал дар дунё вуҷуд надорад. Масалан касе, ки дар роҳи Худо шаҳид шудааст, дар дунё вуҷуд надорад, то подош бигирад ва ё касе, ки бисёре аз инсонҳоро куштааст, дар дунё як ҷазо дода мешавад.  

Илова бар он ки ранҷу ҷазои хилофкор дар дунё ба тамоми хешу табори бегуноҳаш низ таъсир мекунад, пас бояд аҷру ҷазо дар ҷое бошад, ки ба дигарон таъсир накунад.

Ҷамъ шудани аъзои пӯсидашудаи мурдагон низ кори маҳоле нест. Ҳамон тавре, ки зарраҳои равған, ки дар машки дуғ дар асари такон хурдани машк дар як ҷо ҷамъ мешавад Худованд низ бо сахт такон додани замин узвҳои пӯсидаи мурдагонро як ҷо ҷамъ мекунад.

[173]áاذا زلزلت الرض زلزالها و اخرجت الارض اثقالهاâ Бигзарем, ки худи мо низ аз як чиз офарида шудем, ки ин чиз низ аз зарраҳои хокӣ буда, табдил ба гандум, биринҷ, сабзӣ ва ғайра шуда ва ба шакли ғизои падару модар ва сипас нутфа ва оқибат ба шакли инсони комил даромадааст.

Ончи дар ин оят мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст, саҳнаи дилхароше аст, ки падар наметавонад коре барои фарзанди худ анҷом диҳад. Дар ҷойҳои дигари Қуръон саҳнаҳое баён шудааст, ки агар он оятҳоро як ҷо нигоҳ кунем ғурбат, зиллат ва ваҳшати инсонро дарк хоҳем кард:

Дар он рӯз на мол ба фарёди инсон мерасад ва на фарзанд. [174]áيوم  لا ينفع مال و لا بنونâ

Дар он рӯз дустони наздик ва самимӣ аз ҳоли якдигар намепурсанд. [175]áو لا يسئل حميم حمياًâ

Дар он рӯз пушаймонӣ ва узрхоҳӣ фойда надорад. [176]áو لا يؤذن لهم فيعذرونâ

Дар он рӯз хешовандоӣ ва ошноӣ фоидае надорад. [177]áفلا انساب بينهم يومئذâ

Дар он рӯз сабабҳо ва василаҳо бекор мешаванд. [178]áتقطّعت بهم الاسبابâ

Ба ҳар ҳол он рӯз рӯзи ғурбат ва танҳоии инсон аст.

Ояти 34

Фаҳмидани фарорасии (рӯзи қиёмат) махсуси Худо аст ва ӯст, ки боронро нозил мекунад ва он чиро дар раҳмҳост медонад ва ҳеҷ кас намедонад, ки фардо чӣ ба даст меаварад ва ҳеҷ кас намедонад, ки дар чӣ сарзамине мемирад, ҳамоно Худованд доно ва огоҳ аст.

Нуктаҳо:

¥  Огоҳӣ ба замони воқеъ шудани маргу қиёмат махсуси Худост. Агар инсонҳо бидонанд, ки марги онҳо дур аст ва қиёмат ба ин зудӣ барпо намешавад, мағрур шуда ва бештар ба гуноҳ олуда мешаванд ва агар бидонанд, ки қиёмат ба зудӣ барпо мешавад ваҳшат карда ва даст аз кору фаъолият мебардоранд, бинобар ин мо, ки замони маргамонро намедонем, бояд ҳамеша омода бошем.

¥  Огоҳӣ аз навзодон дар шиками модарон  махсуси Худост. Гарчи дастгоҳҳо ва озмоишҳои илмии имрӯз нишон медиҳад, ки ҷанин писар аст ё духтар, аммо илми Худованд азалӣ аст ва маҳдуд нест ки илова бар ин огоҳӣ ба (он чӣ ки дар шикмаҳо аст), танҳо марбут ба духтару писар будани ҷанин нест, балки истеъдодҳо, ҳолатҳо, руҳияҳо ва садҳо донистании дигарро низ дар бар мегирад, ки бо ҳеҷ дастгоҳ ва озмоиш ва имконоти башарӣ қобили дастёбӣ нест.

¥  Ҳазрати Алӣ(а) мефармояд:

 "عرفتٍ الله بِفَسْخِ الحزائم و حلّ العقود" Худоро бо шикастани хостаҳо ва тағйири додани тасмимҳо шинохтам.[179]

¥  Ҳазрати Алӣ(а) зайли ин оят фармуданд:"مِن قَدَم الی قَدَم", яъне инсон, ки қадам мебардорад аз қадами ояндаи  худ хабар надорад.  

Паёмҳо: 

1.  Илми башар маҳдуд аст ва қобили муқоиса бо илми номаҳдуди Худованд нест. áوَ مَا تَدْرِى نَفْسٌ... يَعْلَمُâ

2.  Барномарезӣ ва тартиб додани корҳо лозим аст, аммо қудрати зиёд дар кор аст, ки инсон намедонад фардо чӣ мешавад. áوَ مَا تَدْرِى نَفْسٌ مَّا ذَا تَكسِب غَدًاâ

3.  Ҳеҷ кас ба замону макони марги худ огоҳ нест.

á وَ مَا تَدْرِى نَفْسٌ بِأَى أَرْضٍ تَمُوت â (Агар дар ривоёт мехонем, ки фалон валии Худо макон ё замони марг ё шаҳодати худро медонист огоҳӣ ва илме аст, ки аз тарафи Худованд ба ӯ дода шудааст вагарна ба таври мустақил ҳеҷ кас хабар надорад).

4.  Ба гуфтаи ҷодугарон, фолбинон, кафбинон ва пешгӯён дар мавриди ояндаи худ бовар накунем.

á مَا تَدْرِى نَفْسٌ مَّا ذَا تَكسِب غَدًا  â

5.  Инсоне, ки на аз марги худ хабар дорад ва на аз мавқеияти шахсии худ чаро мағрур аст? á ...مَا تَدْرِى نَفْس â

Парвадигоро!

Қуръонро нури мо, қонуни мо, умеди мо,

мантиқи мо, сабаби тааққул ва тафаккури мо, мавъизаи мо, шифои мо, оромиши мо ва наҷоти мо қарор бидеҳ.

Омин ё раббал оламин

 



[1]. Аҳқоф (46) ояти 12. Паёмбари  Акрам(с) фармуданд: Ҳамоно Қуръон имом аз ҷониби Худост.  Биҳор, ҷ / 65, саҳ. 393.

[2]. Бақара (2) ояти 2.

[3]. Нисо (4) ояти 174.

[4]. Биҳор, ҷ / 22, саҳ. 315.

[5]. Исро (17) ояти 9.

[6]. Нисо (4) ояти 174.

[7]. Саҳифаи Саҷҷодия, дуои / 42

[8]. Юсуф (12) ояти 2.

[9]. Фуссилат (41) ояти 42.

[10]. Юнус (10) ояти 57.

[11]. Биҳор, ҷ / 92. 

[12]. Ҳиҷр (15) ояти 9.

[13]. Раъд (13) ояти 28.

[14]. Нисо (4) ояти 136.

[15]. Бақара (2) ояти 155.

[16]. Иброҳим (14) ояти 5.

[17]. Яъне дар Макка нозил шудааст.

[18]. Бақара (2) ояти 2.

[19]. Намл (27) ояти 2.

[20]. Тафсири  Намуна зайли оя.

[21]. Гоҳе  мегуянд: фалонӣ ширинсухан аст ва гоҳе мегӯянд  фалони шакар аст, ки ин таъбир баёнгари он аст, ки тамоми вуҷуд ва ҳаракатҳо ва калом ва нигоҳаш ширин аст.

[22]. Анкабут (29) ояти 69.

[23]. Тафсири  Ал - мизон, зайли оят.

[24]. Тафсири намуна, зайли оят.

[25]. Ҳар одами саркаш ва таҷовузгар, раҳбар ва пешвои гумроҳӣ ва залолат, тоғут гуфта мешавад.

[26]. Зухруф (43) ояти 54

[27]. Шуаро (26) ояти 29.

[28]. Нисо (4) ояти 60.

[29]. Тоҳо (20) ояти 75.

[30]. Аҳзоб (33) ояти 68.

[31]. Ҳамин ояти мавриди баҳс.

[32]. Луқмон (31) ояти 6.

[33]. Ҳаҷ (22)  ояти 30.

[34]. Калимаи «зур» ба маънои ботил, дуруғ ва дур шудан аз ҳақ аст ва ғино яке аз шохаи он аст.

[35]. Ин ривоятҳо дар бобҳои ҳурм будани ғино ва мусиқӣ дар  “Макосиби муҳаррама” ва китобҳои ривоӣ омадааст. 

[36]. Ин ҷо ба маънои сароянда.

[37]. Мизон – ул – ҳикма.

[38]. Аъроф (7) ояи 179.

[39]. Тафсири Намуна, ҷилди 17, саҳ. 19-27.

[40]. Мӯъминун (23) ояти 14.

[41]. Исроъ (17) ояти 36.

[42]. Биҳор, ҷилди 67, 25.

[43]. Девони Имом Алӣ(а), саҳ. 204.

[44]. Ғурар – ул – ҳикам, 3565.

[45]. Кавсар (108) ояти 1 – 2.

[46]. Иброҳим (14) ояти 7.

[47]. Тафсири Ал – Мизон, зайли оят.

[48]  Тафсири Нур – ус – сақалайн, зайли оят.

[49]. Тафсири Кашшоф, зайли оят.

[50]. Тафсири Канз – уд- дақоиқ, зайли оят.

[51]. Тафсири Руҳу – ул – баён, зайли оят.

[52]. Амолии Садуқ, саҳ. 487.

[53]. Муфрадот.

[54]. Ал - умда, саҳ. 295.

[55]. Биҳор, ҷилди 23, саҳ. 244.

[56]. Бақара (2) ояти 129, Оли Имрон (3) 164 ва Ҷумъа, 2.

[57]. Бақара (2) ояти 269.

[58]. Биҳор, ҷилди 14, саҳ. 316.

[59]. Биҳор, ҷилди 67, саҳ. 458.

[60]. Наҳҷ - ул – балоға, ҳикмати 80.

[61]. Биҳор, ҷилди 2, саҳ. 97 ва 99.

[62] . Мухлисин ба касоне гуфта мешавад, ки тамоми корҳояшонро ба хотири Худо анҷом медиҳанд.

[63] . “Ҷамеъ – ул – ахбор” - и Садуқ, саҳ. 94.

[64] . Биҳор, ҷилди 73, саҳ.48.

[65] . Мизон – ул – ҳикма.

[66] . Юнус (10) ояти 57.

[67] . Мавоизи Садуқ, саҳ. 92.

[68] .  Даҳ гуфтор, шаҳид Мутаҳҳарӣ, саҳ. 224.

[69] . Нисо (4) ояти 77.

[70] . Наҳл (16) ояти 36.

[71] . Ҷосия (45) ояти 23.

[72] . Юсуф (12) ояти 105.

[73] .Зумар (39) ояти 65.

[74] . Юусуф (45) ояти 39.

[75] . Ҳаҷ (22) ояти 31.

[76]. Рум (30) ояти 31-32.

[77] . Исро (17) ояти 38.

[78] . Бақара (2) ояти 87.

[79] . Нисо (4) ояти 77.

[80] . Бақара (2) ояти 61.

[81] . Бақара (2) ояти 26.

[82]. Анкабут (29)  ояти 7 ва Луқмон (31) ояти 15.

[83]. Ҳаҷ (22) ояти 73.

[84]. Анкабут (29)  ояти 17.

[85]. Нисо (4) ояти 139.

[86]. Исро (17) ояти 56.

[87]. Аъроф (7) ояти 194.

[88]. Соффот (37) ояти 135.

[89]. Наҳл (16) ояти 36.

[90]. Нисо (4) ояти 48 ва 116.

[91]. Ҳуд (11) ояти 54.

[92]. Нисо (4) ояти 36.

[93]. Моида (5) ояти 116.

[94]. Нисо (4) ояти 48.

[95]. Тавба (9) ояти 113

[96]. Фотир (35) ояти 40.

[97]. Исро (17) ояти 23.

[98]. Кофӣ, ҷ 2, саҳ. 161.

[99]. Марям (19) ояти 14 ва 32.

[100].  Мизон – ул – ҳикма.

[101]. Аъён – уш – шиа, ҷ/ 1, саҳ. 607.

[102]. Намл (27) ояти 40, Луқмон (31) ояти 12 ва Зумар (39) ояти 7.

[103]. Исроъ, ояти 3.

[104]. Намл (27) ояти 19, “авзиънӣ” яъне ба ман илҳом ва ишқу алоқа нисбат ба шукри неъматҳоят марҳамат фармо.

[105]. Ҳуҷарот (49) ояти 7.

[106]. Кофӣ, боби шукр, ҳадиси 25

[107]. Кавсар (108) ояти 1-2.

[108]. Васоил, ҷ / 10, саҳ. 446.

[109]. Бақара (2) ояти 282.

[110]. Мустадрак, ҷ / 11, ҳадиси 12676.

[111]. Зуҳо (93) ояти 9

[112]. Зуҳо (93) ояти 10.

[113]. Тавба (9) ояти 102.

[114]. Уюн – ул – ахбор, ҷ / 2, саҳ. 24.

[115]. Бақара (2) ояти 216.

[116]. Наҳҷулбалоға, хутбаи 156.

[117]. Биҳор, ҷ / 45, саҳ. 116.

[118]. Нисо (4) ояти 59.

[119]. Аҳзоб (33) ояти 1.

[120]. Инсон (76) ояти 24.

[121]. Сод (38) ояти 26.

[122]. Тафсири “Маҷмаъ – ул – баён”.

[123]. Бақара (2) ояти 154 – 155.

[124]. Юсуф (12) ояти 90.

[125]. Наҳҷулбалоға, номаи 27.

[126]. Анкабут (29) оят 45.

[127]. Оли Имрон (3) ояти 110.

[128]. Наҳҷул балоға, ҳикмати 252.

[129]. Канз – ул – уммол, ҷ / 3, саҳ. 170.

[130]. Моида (5) ояти 78.

[131]. Биҳор, ҷ / 44, саҳ. 328.

[132]. Кофӣ, ҷ / 5, саҳ. 55.

[133]. Нисо (4) ояти 140 ва Анъом (6) ояти 67.

[134]. Тафсири Нур – ус – сақалайн.

[135]. Фурқон (25) ояти 63.

[136]. Моида (5) ояти 54.

[137]. Ҳуд (11) ояти 29. 

[138]. Исро (17) ояти 38.

[139]. Биҳор, ҷ / 47, саҳ. 47.   

[140]. Биҳор, ҷ / 47, сираи Паёмбар(с).

[141]. Биҳор, ҷ / 16, саҳ. 235.

[142]. Биҳор, ҷ / 16, саҳ. 155, ҷ / 73, саҳ. 207

[143]. Биҳор, ҷ / 47, саҳ. 47

[144]. Кӯдаки фалсафӣ, ҷ / 2, саҳ. 457.

[145]. Биҳор, ҷ / 49, саҳ. 99.

[146]. Тафсири Нур – ус – сақалайн, зайли оят.

[147]. Тафсири Нур – ус – сақалайн, зайли оят.

 

[148]. Наҳл (16) ояти 125.

[149]. Мулло Садро дар китоби Асфори худ гӯяд: Нобуд бод он фалсафае, ки бо китоб ва суннат мухолифат кунад.

[150]. Ҷин (3) ояти 14.

[151]. Оли Имрон (3) ояти 83.

[152]. Ҳаҷ (22) ояти 34.

[153]. Анъом (6) ояти 14.

[154]. Луқмон (31) ояти 22.

[155]. Бақара (2) ояти 112.

[156]. Нисо (4) ояти 125.

[157].  Биҳор, ҷ / 26, саҳ. 260.

[158]. Биҳор, ҷ / 26, саҳ. 260.

[159]. Биҳор, ҷ / 24, саҳ. 85.

[160]. Зумар (39) ояти 3.

[161]. Тафсири Нур – ус – сақалайн, зайли оят ва “Тавҳиди Садуқ”, саҳ. 230.

[162]. Каҳф (18) ояти 109.

[163]. Соффот (37) ояти 171 – 172.

[164]. Шуро (42) ояти 21.

[165]. Нисо (4) ояти 181.

[166]. Бақара (2) ояти 124.

[167]. Таҳрим (66) ояти 12.

[168]. Анфол (8) ояти 7.

[169]. Шуро (42) ояти 24.

[170]. Тафсири Нур – ус – сақалайн, зайли оят.

[171]. Исроъ (17) ояти 23.

[172]. () ояти

[173]. Зилзол (99) ояти 1 – 2.

[174]. Шуро (42) ояти 88.

[175]. Маориҷ (70) ояти 10.

[176].  Мурсалот (77) ояти 36.

[177].  Мӯъминун (23) ояти 101.

[178].  Бақара (2) ояти 166.

[179]. Наҳҷулбалоға, ҳикмати 250.

back index