|
||||||
7. Муҳит, ҷомеа ва таърих дар интихоби роҳ таъсиргузор аст. (Инсон бояд бо нури илм, ақл ва ваҳй, ҳаракат кунад, ҳар куҷо дар муҳит, ҷомеа ва таърих каҷӣ дид аз он дурӣ ҷӯяд). á وَجَدْنَا عَلَيْهِ ءَابَاءَنَاâ 8. Мо бояд аз рӯи ақлу мантиқи солим рафтора кунем. á لَوْ كانَ الشيْطنُ ...â 9. Ҳар роҳе ғайр аз роҳи Қуръон ва Ислом бероҳа аст ва ба азоби дӯзах ба поён мерасад. á يَدْعُوهُمْ إِلى عَذَابِ السعِيرِâ 10. Оқибати пайравӣ аз фикрҳои пучи гузаштагон, дӯзах аст. áعَذَابِ السعِيرِâ
Ояти 22Касе, рӯи худро таслими Худо кунад дар ҳоле, ки некӯкор бошад, ба дастгираи маҳкаме чанг зада (ва ба такягоҳи мутмаинне такя кардааст) ва оқибати ҳамаи корҳо ба сӯи Худост. Нуктаҳо:¥ Дар Қуръон яксаду чиҳил мартаба калимҳое аз решаи “Силм” ба кор рафта ва вожаҳое ҳамчун: Салом, Ислом ва муслим аз ин мода аст. ¥ Дар Ояти гузашта хондем, ки гурӯҳе аз мардум ба гузаштагони каҷрафтори худ дил баста ва ба онон рӯ мекунанд, дар ин оят мехонем: Некон ва покон ба Худои мутаол дил мебанданд ва ба сӯи ӯ рӯй меоваранд. Дар Ояти гузашта даъвати шайтон аз мардум ва кашондани онон ба сӯи дӯзах баён шуд, ин оят роҳи наҷот аз васвасаҳои шайтонро таслими Худо шудан ва анҷоми кори нек медонад. ¥ Таслими ғайри Худо будан ғуломӣ ва асирӣ аст, вале таслими Худо будан озодӣ ва рушд аст. Чуноне, ки Қуръон мефармояд: Ростӣ агар тамоми мавҷудот таслими Худоянд, чаро мо набояд таслими ӯ бошем?[150] Қуръон мефармояд: áفَمن اّسلم فاولئك تّحَرََّوا رَشََداًâ ¥ Қуръон мефармояд: áأفقير دين الله يبغون و له اسلم مَن فی السموات و الارضâ Оё ба суроғи ғайри Худо меравед дар ҳоле ки ҳар кас дар осмонҳо ва замин аст, таслими ӯст.[151] Худованд фармони таслими башарро содир кардааст. [152]áفله اَسلِمواâ Паёмбар бояд таслими Худо бошад .[153]áاُمرت أن اكون اوّل من اسلمâ Дар ин оят низ мефармояд: áو من يُسلم وجهه الی الله و هو محسن فقد استمسك بالعروة الوثقیâ Ҳар некӯкоре, ки холисона тарафи Худо ҳаракат мекунад, ба ресмони маҳкаме чанг задааст.[154] Дар Ояти дигар мехонем: [155]áمن اسلم وجهه لله و هو محسن فله اجره عند ربّهâ Некӯкоре, ки холисона таслими Худо бошад аҷри омода дар назди Худо дорад. Ё мехонем: [156]áو مَن احسن ممّن اَسلم وجهه للهâ Чӣ касе беҳтар аст аз он ки худро таслими Худо карадааст. ¥ Инсон барои наҷот ва пирӯзии худ такягоҳҳои зиёде интихоб мекунад ва ба ресмонҳои гуногуне чанг мезанад, монанди қудрат, сарват, мансаб, насаб, дӯст ва ғайра, вале ҳамаи ин танобҳо пора мешаванд ва такягоҳҳо коромати худро аз даст медиҳанд. Танҳо чизе, ки пойдор, мондагор ва сабаби наҷот аст, чанг задан ба ресмони маҳками илоҳӣ ва таслим будан дар баробари ӯ ва анҷоми амалҳои солеҳ аст. ¥ Дар ривоёт мехонем: Раҳбарони маъсум ва Аҳли Байти Паёмбар(а)[157] ва алоқа ва дӯст доштани онон, ресмони маҳками илоҳӣ мебошад. [158] ((نحن عروة الوثقی)) [159] ((العروة الوثقی المودّة لآل محمد)) Паёмҳо:1. Таслими Худо будан, бояд бо амал ҳамроҳ бошад. á وَ هُوَ محْسِنٌ ... يُسلِمْ â 2. Некӯкор будан ба танҳоӣ басанда намекунад, ихлос дар амал ҳам лозим аст. á وَ هُوَ محْسِنٌ... يُسلِمْ وَجْهَهُ â 3. Маънавиётро бо мисолҳо ва ташбеҳ ба чизҳое, ки эҳсос мешавад (яъне модиёт) баён кунем. (Амали холисона ба ресмони маҳкам ташбеҳ шудааст). áعُرْوَةِ الْوُثْقَىâ 4. Бо дар назар гирифтани охират ва фикр дар бораи оянда роҳи худро интихоб кунем. áوَ إِلى اللَّهِ عاقِبَةُ الأُمُورِâ 5. Офариниши ҳама аз як сӯ ва ба як мақсад мебошад. áوَ إِلى اللَّهِ عاقِبَةُ الأُمُورِâ Ояти 23(Эй Паёмбар!) Ҳар кас кофир шавад куфраш туро ғамгин накунад, баргашти онон танҳо ба сӯи мост, пас мо ононро бар амалкардашон огоҳ хоҳем кард, қатъан Худованд ба ончи дар синаҳост огоҳ аст. Ояти 24Ононро дар дунё (каме) баҳраманд месозем, сипас ба азоби сахте гирифторашон хоҳем сохт. Нуктаҳо:¥ Дар Ояти 23 Хдуованд ба Паёмбар(с) мегӯяд, ки ба хотири кофир шудани гӯруҳе нороҳат нашав ва ин метавонад ба чанд далел бошад: а) Онҳо он қадар арзиш надоранд, ки ту барои онҳо ғамгин шавӣ. б) Ғаму андӯҳ барои куфри онон туро аз корҳои дигар манъ мекунад. в) Куфри онҳо ба ту зарар намерасонад г) Ту дар таблиғ ва мавъизаи онҳо кӯтоҳӣ накардӣ, то нигарон бошӣ. д) Чун кофирон ба сӯи мо бармегарданд ва роҳе барои гурез надоранд, ҷои ғаму андӯҳ нест. ¥ Аз муқаддам шудани калимаи ((الينا)) бар калимаи ((مَرجعهم)) истифода мешавад танҳо марҷаъ ӯст ва аз калимаи “марҷаъ” низ истифода мешавад, ки мабдаъ ҳам ӯст, зеро “марҷаъ” яъне руҷуъ ба он чизе, ки дар оғоз буда аст. Ба илова ((اِلَينا مرجعهم)) ҷумлаи исмия ва нишонаи қатъӣ ва ҳатмӣ будани маод аст. Паёмҳо:1. Муқоисаи байни инсонҳои бад ва хуб яке аз роҳҳои шинохт ва интихоб аст. áوَ مَن يُسلم وجه... وَ مَن كَفَرَ â Матои куфру дин бе муштарӣ нест, Гурӯҳе ин гурӯҳе он писанданд. 2. Паёмбар(с) дилсӯзи ҳама буд ва ҳатто аз каҷравӣ ва куфри мухолифон низ, ранҷ мекашид. á فَلا يحْزُنك كُفْرُهُ â 3. Анбиё ба тасаллӣ ва дилдории илоҳӣ эҳтиёҷ доранд. á فَلا يحْزُنك كُفْرُهُ â 4. Куфри мардум дар сарнавишти худашон таъсир дорад. áفَلا يحْزُنك كُفْرُهُ ... إِلَيْنَا مَرْجِعُهُمْâ 5. Кофирон шод набошанд, зеро баргашти пӯст ба даббоғӣ (чардгарӣ) аст. á إِلَيْنَا مَرْجِعُهُمْâ 6. Бозгашти ҳамаи инсонҳо танҳо ба сӯи Худованд аст. á إِلَيْنَا مَرْجِعُهُمْâ 7. Ду чиз сабаби дилхушӣ ва аз байн рафтани нигаронии мӯъмин аз каҷравии дигарон мешавад: яке таваҷҷӯҳ ба илми Худованд ва дигарӣ таваҷҷӯҳ ба охират. áفَلا يحْزُنك كُفْرُهُ إِلَيْنَا مَرْجِعُهُمْâ (Ҳоло, ки донистем Худованд ҳама чизро медонад ва бозгашти ҳама ба сӯи ӯст, пас ҷои ҳеҷ нигаронӣ нест). 8. Дар қиёмат, инсон амалҳои худро гузориш медиҳад. áفَنُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُواâ 9. Таваҷҷӯҳ ба расвоии рӯзи қиёмат метавонад монеи қодир шудани инсонҳо бошад.á فَنُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُواâ 10. Неъматҳои дунявӣ набояд моро фиреб надиҳад, зеро ки дар муқобили неъматҳои ухравӣ кам ва ночиз ҳастанд. á نُمَتِّعُهُمْ قَلِيلاًâ 11. Арзиши корҳоро бо дар назар гирифтани охири онҳо ҳисоб ва китоб кунем. á نُمَتِّعُهُمْ قَلِيلاً ثمَّ نَضطرُّهُمْ إِلى عَذَابٍ غَلِيظٍâ 12. Куфри имрӯзи кофирон интихобӣ аст, áوَ مَن كَفَرَâ вале ба дӯзах рафтани онҳо маҷбурӣ аст. áنَضطرُّهُمْâ 13. Дороии моддӣ нишонаи саодат нест. á نُمَتِّعُهُمْ قَلِيلاً ثمَّ نَضطرُّهُمْ إِلى عَذَابٍ غَلِيظٍâ Ояти 25Ва агар аз онон савол кунӣ: Чӣ касе осмонҳо ва заминро офаридааст? Ҳатман хоҳанд гуфт: Худо. Бигӯ: Ситоиш аз они Худост, вале аксари мардум намедонанд. Нуктаҳо:¥ Монанди ин таъбир дар ҷои дигари Қуръон низ омадааст, аз ҷумла оятҳои 61 ва 63 сураи Анкабут, 38 Зумар, 9 Зухруф, ки нишон медиҳад, мушрикон холиқияти Худоро инкор намекарданд. Каҷравӣ ва хатои онҳо дар ин буд, ки бутҳоро ҳангоми ибодат ва орзуи шафоат, шарики Худо медонистанд[160], дар ҳоле, ки худашон онҳоро аз сангу чӯб тарошида буданд. ¥ Имом Боқир(а) ҷавоби мушриконро дар ин оят нишонаи фитрӣ будани тавҳид донистанд.[161] Паёмҳо:1. Холиқ будани Худованд бар мушрикон низ пӯшида нест. áلَيَقُولُنَّ اللَّهُ قُلِ الحَْمْدُ للَّهِ â 2. Мушрикон ба каҷравии худ иқрор доранд. á لَئن سأَلْتَهُم ... لَيَقُولُنَّ اللَّهُ â 3. Ҳамаи офаридаҳо аз они ӯст, пас танҳо ӯро ҳамд гӯем. á قُلِ الحَْمْدُ للَّهِ â 4. Ҳамди Худовандро ба забон оварем. á قُلِ الحَْمْدُ للَّهِâ 5. Каҷравии мушрикон ҳамеша бархоста аз нодонии онҳост. á بَلْ أَكثرُهُمْ لا يَعْلَمُونَâ Ояти 26Ончи дар осмону замин аст аз они Худост ҳамоно Худованд бениёз ва сутудааст. Паёмҳо:1. Фақат Худованд холиқ ва молики офаридаҳост. á للَّهِ مَا فى السمَوَتِ وَ الأَرْضِ â ва танҳо ӯст, ки муҳтоҷи касе нест, ӯ сазовори ҳамд гуфтан аст. á إِنَّ اللَّهَ هُوَ الْغَنىُّ الحَْمِيدُâ 2. Супориш ба ҳамд ва ситоиши Худованд дар Ояти гузашта ба хотири мӯҳтоҷ будани ӯ нест. áقل الحمد لله... هو الغنیّ الحيدâ Ва агар ҳамаи дарахтони рӯи замин қалам шаванд ва дарё ва аз паси он ҳафт дарё ба кӯмак оянд (ва табдил ба ранг шаванд то калимоти Худоро бинависанд), калимоти Худо ба поён нарасад, ҳамоно Худованд шикастнопазир ва ҳаким аст. Нуктаҳо:¥ Дар Ояти 109 сураи Каҳф низ мехонем: Бигӯ: Дарё барои навиштани калимаҳои Парвадигорам табдил ба ранг шавад, дарё поён мегирад пеш аз он ки калимаҳои Парвардигорам тамом шавад, ҳарчанд монанди он дарёи авваш (дарёҳои дигарро) ба кӯмак овардем. ¥ Шояд мурод аз áسبْعَةُ أَبحُرٍâ касрат бошад ва адад хусуияте надошат бошад. Яъне агар оби ҳамаи дарёҳо ҷамъ шавад, боз ҳам наметавонанд ҳамаи неъматҳои илоҳиро бинависанд. Паёмҳо:1. Мактаби анбиё инсонро аз содданигарӣ ва маҳдудбинӣ бурида ва ба бениҳоят васл мекунад. á وَ لَوْ أَنَّمَا ...ما نفدت كلمات اللهâ 2. Калимаҳои илоҳӣ қобили шумориш нестанд. á ما نفدت كلمات اللهâ name="_Toc192523171">1. Неъматҳои Худованд. [162]áقل لو كان البحر مداداً لكلمات ربِّی لنفد البحر...â 2. Равишҳои илоҳӣ. [163]áو لقد سبقت كلمتنا لعبادنا المرسلين انّهم لهم المنصورونâ ва [164]áو لولا كلمة الفصل لقضی بينهمâ 3. Офаридаҳои хусусии Худованд. [165]áإنّما المسيح عيسی ابن مريم رسول الله و كلمنهâ 4. Ҳодисаҳое, ки инсон ба онҳо санҷичда мешавад. [166]áو اذا ابتلی ابراهيم ربّه بكلماتâ 5. Оёти илоҳӣ. Дар бораи ҳазрати Марям мехонем. [167]áو صدّقت بكلمات ربّهاâ 6. Сабабҳои пирӯзии ҳақ бар ботил. [168]áو يريد الله ان يحقّ الحقّ بكلماته و يقطع دابر الكافرينâ, [169]áو يمح الله الباطل و يحقّ الحق بكلماتهâ Аз ҷамъи матолиби гузашта ба даст меояд, ки мақсуд аз “калиматун” танҳо лафз нест, балки мқсуд суннатҳо, махлуқот, хост ва лутфи илоҳӣ аст, ки дар офариниш ҷилва мекунад. Бнобар ин агар ҳамаи дарахтон қалам ва ҳамаи дарёҳо бо ҳам ҷамъ шаванд, наметавонанд калимаҳои илоҳиро бинависанд, яъне наметавонанд офаридаҳои Худо, алтофи илоҳӣ, суннатҳоеро ки дар тӯли таърих барои инсонҳо ва ҳамаи мавҷудот вуҷуд дошатааст бинависанд.((((و الله العالم 7. Дар ривоят мехонем: Имом Козим(а) фармуд: Калиматуллоҳ мо ҳастем, ки фазоили мо қобили дарк ва шумориш нест.[170] Оре авлиёи Худо аз тарафи зоти муқаддаси ӯ сабаби файз ҳастанд ва ҳар лутфу камоле аз роҳи он бузургворон ба дигарон мерасад. Ояти 28Офариниш ва дубора зиндакардани шумо дар рӯзи қиёмат (назди Худо чизе) ҷуз монанди (афариниш ва зинда кардани) як тан нест, ҳамоно Худованд шунаво ва биност. Нуктаҳо:¥ Решаи шак кардан ва тардид намудан дар асли охират; гоҳе тӯлонӣ будани замон аст, ки чӣ гуна мурдагон пас аз гузашти замони тӯлонӣ, дубора зинда мешванд, гоҳе худи мурдагон аст, ки чӣ гуна устухонҳои пӯсида пароканда ва дар ҳам омехта аз ҳам ҷудо мешаванд ва гоҳе аз рафтор, кирдор ва афкор аст, ки пас аз зинда кардани дубораи мурдагон чӣ гуна ба ҳисоби ин ҳама инсон, расидагӣ хоҳад шуд? Худованд дар ин оят бо як ҷумла ҷавоби ҳамаи ин шубҳаҳоро медиҳад, ки зинда кардани ҳамаи шумо бо офариниши як нафар баробар аст ва замон дар он таъсире надорад. Ӯ замзамаҳои шуморо мешунавад ва мебинад ва тамоми рафтор ва кирдоратонро медонад ва ба ҳисоби ҳама мерасад. Паёмҳо:1. Дар илму қудрати илоҳӣ кам будан ва зиёд будан, замон ва макон, пинҳон ва ошкор таъсире надорад. áمَّا خَلْقُكُمْ وَ لا بَعْثُكُمْ إِلا كنَفْسٍ وَاحِدَةٍ â Ояти 29Оё надидӣ, ки Худованд ҳамеша шабро дар рӯз ва рӯзро дар шаб дохил мекунад ва Хуршеду Моҳро дар зери қудрати худ нигоҳ дошта ҳар як то замони муайяне дар ҳаракатанд? Ҳамоно Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед огоҳ ҳаст. Нуктаҳо:¥ Кӯтоҳ ва дароз шудани шабу рӯз он ҳам оҳиста – оҳиста дар парвариши мавҷудоте, ки ба торикӣ ва ё равшании зиёде эҳтиёҷ доранд нақши муҳимме дорад. ¥ Дар ин оят кӯтоҳ ва дароз шудани шабу рӯз ва дар хидмат қарор гирифтани Хуршеду Моҳ ба воситаи Худованд, сухан гуфта шуда, сипас ба ҳаракати ҳар як барои вақти муайяне ишора шуда ва онгоҳ дар охири оят омадааст: Худованд ба он чи шумо инсонҳо анҷом медиҳед, огоҳ аст, яъне мақсади ҳамаи ҳастӣ ва тағйироти гуногун дар низоми офариниш, амали инсонҳост, пас бояд коре кунем, ки ризои Худо дар он бошад. Абру боду Маҳу Ххуршеду фалак дар коранд, То ту ноне ба каф орию ба ғафлат нахӯрӣ. Ҳама аз баҳри ту саргаштаву фармонбардор, Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ. ¥ Бисёре аз хитобҳои Қуръон ба Паёмбар(с) фақат ба худи он ҳазрат нест, балки ҳамаи мардумро дар бар мегирад. Масалан ба Паёмбар(с) мефармояд: “Агар ҳар як падар ё модар ё ҳар дуи онон назди ту ба пирӣ расанд ба онҳо уф нагӯ ва аз барои онҳо дилтангиатро ошкор насоз”,[171] дар ҳоле, ки медонем, Паёмбари азиз падар ва модари худро дар кӯдакӣ аз даст дода ва онон зинда набуданд то назди ҳазрат ба пирӣ бирасанд. Дар ин оят низ гарчи хитоби áالم ترâ ба Паёмбари Ислом(с) аст, вале охири оят, ки мефармояд: áإنّ الله بما تعملون خبيرâ нишон медиҳад, ки оят тамоми мардумро дар бармегирад. Паёмҳо:1. Каму зиёд шудани дарозии шабу рӯзро набояд як кори тасодуфӣ фикр кунем, балки кори илоҳӣ дорои барнома аст. 2. Офтоб низ ҳаракат дорад. á الشمْس وَ الْقَمَرَ كلٌّ يجْرِىâ 3. Ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ, замонбандӣ шудааст. á كلٌّ يجْرِى إِلى أَجَلٍ مُّسمًّى â 4. Тағйироти шабу рӯз ва дар хидмат қарор гирифтани Офтобу Моҳ, ба хотири баҳрагирӣ ва истифодаи инсон аст. áأَنَّ اللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ(â (Амалҳо ва рафтори инсонҳо бояд дорои ҳадаф ва мақсад бошад). Ин ҳама далел бар он аст, ки Худованд ҳақ ва он чи ғайр аз ӯ мехонанд, ботил аст ва ҳамоно Худованд баландмартаба ва бузург аст. Нуктаҳо:¥ Аз Ояти 24 то 30 даҳ сифат аз сифатҳои илоҳӣ баён шудаст: Ғанӣ, Ҳамид, Азиз, Ҳаким, Самиъ, Басир, Хабир, Ҳақ, Алӣ, Кабир ва дар ҳар оят ба нуктае ишора шудааст, масалан дар Ояти 25 холиқияти Худованд баён шудааст. áخلق السّماواتâ, дар ояи 27 ба неъматҳои илоҳӣ ишора шудааст áما نفدت كلمات اللهâ ва дар Ояти 28 қудрати комили Парвардигор, офариниш ва охирати инсон баён шудааст. áما خَلقُكم و لا بَعثُكمâ ¥ Фақат Худованд ва он чи аз ҷониби ӯст ва ё вобаста ба ӯ бошад, ҳақ аст ва ҳар чи ғайр аз ӯ ва вобаста ба ғайри ӯ бошад, ботил ва нопойдор аст. Паёмҳо:1. Решаи ҳамаи корҳо ва сифатҳои Худованд дар офариниш, пойдор будани ӯст. áذَلِك بِأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْحَقُّâ 2. Ҳақ ва ботил шарти интихоб аст на пайравии кӯр - кӯрона, таблиғ, тамаъ ва ё таҳдид. á ذَلِك بِأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْحَقُّ وَ أَنَّ مَايَدْعُونَ مِن دُونِهِ الْبَاطِلُ â 3. Дар баёни ҳақиқат шакку тардид надошта бошем. Бо қатъ ва яқин ҳақро баён кунем. (Дар ин оят се бор калимаи “أنّ” ба кор рафтааст, ки нишонаи таъкид аст).
Ояти 31
Оё намебинӣ, ки киштиҳо дар сояи неъмати Худованд дар дарё ҳаракат мекунанд то Худованд қисмати нишонаҳои қудрати худро ба шумо нишон диҳад? Ҳамоно дар ин (ҳаракати киштиҳо) барои мардуми босабр ва сипосгузор, нишонаҳое аст. Нуктаҳо:¥ Ҳаракати киштӣ дар дарё натиҷаи ҷамъе аз неъматҳои илоҳӣ аст, аз
ҷумла: ¥ Дар Қуръон сабр ва шукр дар мавридҳои бисёре дар канори ҳам омадаанд ва шояд иллаташ ин бошад, ки масъалаҳое, ки дар атрофи инсон мегузарад ё тибқи мурод аст, ки ҷои шукр дорад ё хилофи майли инсон аст, ки ҷои сабр дорад, пас инсон ҳамеша бояд ё дар ҳоли сабр бошад ё дар ҳоли шукр, вагарна дар ҳоли куфрон ва ғафлат хоҳад буд. Паёмҳо:1. Илова бар нишонаҳои осмонӣ ба нишонаҳои заминӣ низ таваҷҷӯҳ кунем. (Дар оятҳои гузашта ба осмон, моҳ ва офтоб ишора кард, дар ин оят ба замин, дарё ва киштӣ). á... أَ لَمْ تَرَ أَنَّ الْفُلْك â 2. Дар даъват ба сӯи Худо ва баёни неъматҳо, таблиғ ва роҳнамоӣ аз масъалаҳои табиӣ ва дар дастраси мардум истифода кунем. á...أَ لَمْ تَرَ أَنَّ الْفُلْكâ 3. Ба офаридаҳо нигоҳи сатҳӣ накунем á أَ لَمْ تَرَâ, зеро офаридаҳо нишонаҳои Илоҳӣ ҳастанд. áلِيرِيَكمâ 4. Ҳаркати киштӣ дар об аз неъматҳои пур рамзу рози илоҳӣ аст. áتجْرِى فى الْبَحْرِ بِنِعْمَتِ اللَّهِâ 5. Агар мехоҳем нишонаҳои зиёдтаре аз қудратнамоии Худоро дарк кунем ва баҳраҳои фаровонтаре аз неъматҳои илоҳӣ барем, бояд ҳавсалаи зиёде аз худ нишон диҳем (“Саббор” яъне сабри зиёд). Бояд талош кунем, ки аз неъматҳо беҳтарин истифодаро барем ва ҳамеша сипосгузор бошем. (Шакур яъне шукри зиёд). Ояти 32Ҳар гоҳ мавҷе (хурӯшон дар дарё), монанди абрҳои (осмон) ононро бипӯшонад, Худоро бо тоати холисона мехонанд, пас чун Худованд оноҳоро ба хушкӣ (расонад) ва наҷот диҳад, баъзеҳо роҳи адолатро пеш мегиранд(ва баъзеҳо роҳи беадолатиро) ва касе ғайр аз паймон шиканони носипос оёти моро инкор намекунад. Нуктаҳо:¥ “Зулал” ҷамъи “Зуллатун” ба маънои абре аст, ки соя меафканад ва бисёр вақт дар ҷое ба кор меравад, ки мавзӯи нохушоянд дар миён бошад. “Муқтасид” ба маънои миёнаравӣ дар корҳо ва вафо ба аҳду паймон аст. ¥ Калимаи “Хаттор” сиғаи муболиға ба маънои бисёр паймоншикан аст, чун мушрикон ва гунаҳкорон ҳамеша дар гирифториҳо рӯ ба сӯи Худо меоварданд ва аҳду паймон мебастанд, аммо пас аз бартараф шудани ҳодиса, боз паймоншиканӣ мекарданд, Худованд онҳоро “хаттор” номидааст. ¥ Имони гурӯҳе аз мардум доимӣ ва пойдор аст, вале имони гурӯҳе мавсимӣ аст, яъне фақат ҳангоме ки сабабҳо ва василаҳои моддӣ қатъ шавад ин гурӯҳ ба Худо рӯ меоранд. Монанди чароғ, вақте ки қувваи барқ хомӯш мешавад ҳама ба суроғи чароғ мераванд. Паёмҳо:1. Инсон фитратан худошинос аст, лекин васила ва асбоби моддӣ, монанди парда рӯи фитратро мепӯшонад ва ошкор шудани ҳодисаҳо ва хатарҳо ин пардаро канор мезананд. á غَشِيهُم... دَعَوُا اللَّهَ â 2. Дороии моддӣ сабаби ғафлат аст, вале хатарҳо ва тангдастиҳо сабаби таваҷҷӯҳ, тазаррӯъ, ихлос ва аз байн рафтани ғурур мешавад. á إِذَا غَشِيهُم ...دَعَوُا اللَّهَ ...â 3. Ноумед шудан аз асбоби оддӣ, яке аз роҳҳои расидан ба ихлос аст. áمخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَâ 4. Инсон дорои ихтиёр ва ирода аст. áفَمِنْهُم مُّقْتَصِدٌâ (Баъзеҳо баъд аз наҷот ёфтан аз мушкилот ва сахтиҳо дар роҳи ҳақ боқӣ мемонанд, вале баъзеҳо ба роҳи каҷ ва ширк бармегарданд ва ин нишондиҳандаи озодии ирода ва ихтиёри башар аст). 5. Бо ҳамроҳи имон ҳамеша адолат аст. Ба ҷои он ки бифармояд áفمنهم مؤمنونâ фармуд: áفمنه مقتصدâ. 6. Паймоншиканӣ ва носипосӣ, инсонро ба куфр мекашонад. áوَ مَا يجْحَدُ بِئَاياَتِنَا إِلا كلُّ خَتَّارٍ كَفُورٍâ ИхлосИхлос он коре аст, ки сад фоиз барои Худо бошад. То онҷо ки ҳатто агар як фоизаш ё камтар аз он ҳам барои ғайри Худо бошад ибодат ботил аст ё мушкил дорад. Агар ҷои намозро барои ғайри Худо интихоб кунем масалан дар ҷое биистем, ки мардум моро бинанд ва ё филмбардор моро нишон диҳад. Агар вақти ибодатро барои ғайри Худо интихоб кунем, масалан намозро дар аввали вақт бихонем, то таваҷҷӯҳи мардумро бар худ ҷалб кунем. Агар шакл ва намуде, ки дар он намоз мехонем барои ғайри Худо бошад, масалан ҷелаке мепӯшем, гардан каҷ мекунем, дар садои худ тағйире эҷод кунем ва мақсадамон ғайри ризои Худо бошад, дар ҳамаи ин мавридҳо намоз ботил аст ва ба хотири риёкорӣ гуноҳ ҳам кардаем. Ва ба иборати дигар, ихлос он аст, ки майлҳо ва хостаҳои нафсонӣ, золимона ва гароишҳои сиёсӣ ва хостаҳои ину онро дар назар нагирем, балки мақсади мо танҳо як чиз бошад ва он итоат аз фармони Худо ва анҷоми вазифа аст. Дар ҳақиқат расидан ба ихлос ба ғайри кӯмаки илоҳӣ мумкин нест. Қуръон дар Ояти 32 сураи Луқмон мефармояд: Ҳангоме ки мавҷе монанди абрҳо онҳоро фаро гирад, Худоро холисона мехонанд, аммо замоне, ки онҳоро ба хушкӣ наҷот дод, (танҳо) баъзеҳо роҳи адолатро интихоб мекунанд (ва ба имони худ вафодор мемонанд). Роҳҳои ба даст овардани ихлос1. Таваҷҷӯҳ ба илму қудрати Худованд Агар таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки мавҷудот бо хости Худованд халқ мешаванд ва бо хости ӯ ҳама чиз аз байн меравад. Агар бидонем, ӯ ҳам сабабсоз аст ва ҳам сабабсӯз яъне дарахти хушкро сабаби хурмои тоза барои ҳазрати Марям қарор медиҳад ва оташеро, ки сабаби сӯзонидан аст, барои ҳазрати Иброҳим(а) гулистон мекунад, ба ғайри ӯ мутавассил намешавем. Садҳо оят ва достон дар Қуръон мардумро ба мушоҳидаи қудратнамоии Худованд даъват кардаанд, то шояд мардум даст аз ғайри ӯ бикашанд ва холисона ба сӯи ӯ бираванд. 2. Таваҷҷӯҳ ба баракатҳои ихлос Инсони мухлис фақат як мақсад дорад ва он ризои Худост ва касе, ки мақсадаш фақат ризои Худо бошад парвое ба таърифи ину он надорад, аз маломатҳо наметарсад, аз танҳоӣ тарс надорад, аз роҳаш ақибнишинӣ намекунад, ҳаргиз пушаймон намешавад, ба хотири эътибор надодани мардум кинагир намешавад, ноумедӣ дар ӯ вуҷуд надорад, дар паймудани роҳи ҳақ коре ба каму зиёд будан надорад. Қуръон мефармояд: Муҷоҳидони мухлис тарсе надоранд, ки душмани Худоро бикушанд ё дар роҳи Худо шаҳид шаванд. Имом Ҳусайн(а) дар ҳангоми сафар ба Карболо фармуд: Мо ба Карбало меравем хоҳ шаҳид шавем хоҳ пирӯз, мақсад анҷоми вазифа аст. 3. Таваҷҷӯҳ ба лутфи Худо. Роҳи дигаре, ки моро ба ихлос наздик мекунад ёде аз лутфи Худованд аст. Фаромӯш накунем, ки мо набудем, аз хок ва маводди ғизоии нутфа сохта шудем ва дар торикиҳои шиками модар қарор гирифтем ва марҳалаҳои комил шуданро яке пас аз дигарӣ тай кардем ва ба сурати инсони комил ба дунё омадем. Дар он замон ҳеҷ чиз намедонистем ва фақат як ҳунар доштем ва он макидани шири модар буд. Ғизои комиле, ки тамоми эҳтиёҷи баданро таъмин мекунад, шири модар буд бо ҳамроҳи меҳри модарӣ, модаре, ки бисту чаҳор соата дар хизмати мо буд. Оё ҳеҷ виҷдони бедоре иҷозат медиҳад, ки баъд аз расидани ин ҳама неъмату қудрату огоҳӣ аз тарафи Худо, сарсупурдаи дигарон шавад? Чаро худро бар дигароне, ки бар мо ҳаққе надоранд ва на лутфе ба мо кардаанд бифрӯшем? 4. Таваҷҷӯҳ ба хости Худо Агар бидонем, ки дилҳои мардум ба дасти Худост ва ӯ гардонандаи дилҳост, корро барои Худо анҷом медиҳем ва ҳар куҷо эҳтиёҷ ба ҳимоятҳои мардумӣ доштем аз Худо мехоҳем, ки муҳаббат ва маҳбубият ва ҷойгоҳи лозимро дар дили мардум ва афкори умумӣ насиби мо бигардонад. Ҳазрати Иброҳим(а) дар биёбонҳои гарму сӯзони Ҳиҷоз пояҳои Каъбаро боло бурд ва аз Худованд хост дилҳои мардумро ба сӯи авлодаш моил гардонад. Ҳазорон сол аз ин ҳодиса мегузарад ва ҳар сол миллионҳо нафар ошиқона ва пурҳаяҷонтар аз парвона гирди он хона тавоф мекунанд. Чӣ бисёр касоне, ки барои розӣ кардани мардум худро ба обу оташ мезананд, вале боз ҳам мардум онҳоро дӯст намедоранд ва чӣ басо касоне, ки парвое ба мардум, моддиёт, ном, мансаб надоранд, дил ба Худо супурдаанд ва холисона ба вазифаи худ амал мекунанд, аммо дар чашми мардум низ аз бузургӣ ва каромати хоссе бархӯрдоранд. Бинобар ин бояд мақсад ризои Худо бошад ризои мардумро низ аз Худо бихоҳем. 5. Таваҷҷӯҳ ба боқӣ мондани кор Коре, ки ба хотири Худо анҷом шуд боқӣ ва побарҷо мемонад, зеро ранги Худо ба худ гирифта ва кор агар барои Худо набошад дер ё зуд аз байн меравад. Қуръон мефармояд: “Ҳеҷ оқиле боқиро аз нобудшаванда боло намедонад ва бо он иваз намекунад.[172] 6. Муқоисаи аҷру подош Дар аҷру подоши мардум маҳдудиятҳои гуногун вуҷуд дорад. Масалан агар мардум бихоҳанд аҷр ва подоши як паёмбарро диҳанд, беҳтарин либос таом ва хонаро дар ихтиёри ӯ қарор медиҳанд, ҳол онки тамоми ин неъматҳо маҳдудият доранд ва барои касони ноаҳл низ пайдо мешавад. Но аҳлон ҳам метавонанд аз неъмат, зинат, кох, боғ ва маркабҳои зебои шахсӣ, истифода кунанд. Аммо коре, ки барои Худо анҷом шуд, подоши бе поён дар интизор он аст, подошҳои моддӣ ва маънавӣ. Дар ин ҷо низ агар дуруст фикр кунем ақл ба мо иҷозат намедиҳад, ки подошҳои бепоён ва ҷомеъро бо подошҳои маҳдуди башарӣ иваз кунем. Ояти 33Эй мардум, аз парвардигоратон битарсед. Аз рӯзе, ки ҳеҷ падаре масъулияти (амалҳои) фарзандашро қабул намекунад ва ҳеҷ фарзанде ба ҷои падараш қабули масъулият намекунад. Ваъдаи Худованд ҳақ аст, пас зиндагии дунё шуморо фиреб надиҳад ва (шайтони) фиребкор шуморо нисбат ба Худо фиреб надиҳад. Нуктаҳо:¥ Калимаи “ло яҷзи”, ҳам ба маънои ҷазо ва кайфару подош аст ва ҳам ба маънои басандагӣ ва ба ӯҳда гирифтан, ки дар инҷо мақсуд маънои дуввум аст. “Ғарур” сиғаи муболиға ба маънои бисёр фиребанда аст, ки мисдоқи равшани он шайтон аст ва ба ҳар чизе ё касе гуфта мешавад, ки инсонро фиреб медиҳад. Паёмҳо:1. Ҳама бояд аз Худо тарс дошта бошем ва аз ҳар гуна каҷравиҳои ақидатӣ, ахлоқӣ ва амалӣ бипарҳезем. á يَأَيهَا النَّاس اتَّقُوا رَبَّكُمْ â 2. Беҳтарин тӯша барои рӯзе, ки ҳатто падару фарзанд ба доди якдигар намерасанд, тақвост. á اتَّقُوا رَبَّكُمْ وَ اخْشوْا يَوْماً لا يجْزِى وَالِدٌ... â 3. Хатари қиёмат ҷиддӣ аст, чун ҳушдорҳои пушти сари ҳам омадааст, (ду бор амр ва ду бор наҳй дар оят омадааст: “إتّقوا – اخشوا – لا تغرّنّكم – لا يغرّنّكم). 4. Рӯзи қиёмат рӯзи бузурге аст. (калимаи “يوماً” накира ва бо танвин омадааст, ки нишонаи азамат ва бузургӣ аст). 5. Дар қиёмат ҳар кас гирифтори амали худаш аст ва кори каси ба ӯҳдаи касе дигар нест. áلا يجزی ... شيئًاâ 6. Он чизе, ки инсонро аз қиёмат ғофил мекунад, дунё ва шайтони фиребанда аст.
|