|
||||||
Ҳаргиз Худо ва маргро фаромӯш макун, аммо хубие, ки ба мардум мекунӣ ё бадие, ки дигарон дар ҳаққи ту мекунанд, фаромӯш кун.[51] Ҳикмат, маърифат, тоатҲикмат, бинише аст, ки дар сояи маърифати илоҳӣ пайдо мешавад ва бар асоси фикр дар асрори ҳастӣ ва расидан ба ҳақ, нур ва тақво метавон ба он даст ёфт. Имом Боқир(а) фармуд: Ҳикмат ҳамон фаҳм, маърифат ва шинохти чуқур аст, шинохте, ки инсонро ба бандагии Худо ва раҳбарии осмонӣ водорад ва аз гуноҳони бузург дур созад. Имом Содиқ(а) фармуд: Сари ҳикмат, тоати Худованд аст.[52] Роғиб дар маънои ин калима мегӯяд: ҳикмат, расидан ба ҳақ ба воситаи илм ва ақл аст.[53] Паёмбар фармуд: [54] ((انا دار الحكمة عليّ بابها فمن اراد الحكمة فليأت الباب)) Дар ривоятҳои зиёде аҳли байт дарвоза ва калиди ҳикмат муаррифӣ шудаанд.[55] Арзиши ҳикматЯке аз вазифаҳои паёмбарон, таълими китоб ва ҳикмат аст.[56] áو يعلّمهم الكتاب و الحكمةâ Ҳикмат, баробари китоби осмонӣ аст ва бар ҳар кас ҳикмат дода шавад, хайри зиёд дода шудааст.[57] áيؤتی الحكمة من يشاء و و من يؤت الحكمة فقد اوتی خبيرا كثيراًâ Ба гуфтаи ривоёт; ҳикмат ҳамчун нуре аст, ки дар ҷон қарор мегирад ва асарҳои он дар гуфтор ва рафтори инсон пайдо мешавад.[58] Ҳикмат, биниш ва басирате аст, ки агар дар фақире бошад, ӯро дар ҷомеа аз сарватманд маҳбубтар мекунад ва агар дар сағир (хурдсол) бошад, ӯро бар бузургсолон бартарӣ мебахшад.[59] Ҳикмат, гумшудаи мӯъмин аст[60] ва дар бораи аз худ кардани он ба қадре супориш шудааст, ки фармудаанд: Ҳамон гуна ки луълуи қиматеро аз даруни порубҳо мегиред, ҳикматро ҳатто агар аз душман ҳам бошад, аз худ кунед.[61] Инсони ҳаким дар масоили сатҳӣ ва зудгузар намеистад, диққати ӯ ба охир ва натиҷаи корҳост. На низое бо касоне, ки аз худаш боло ҳастанд дорад ва на зердастонро таҳқир ва масхара мекунад, сухани ноогоҳона намегӯяд ва дар гуфтор ва рафтораш зиддияте ёфт намешавад. Неъматҳои илоҳиро исроф намекунад ва ба суроғи корҳои беҳуда намеравад, мардумро мисли худ дӯст дорад ва ҳар чиро барои худ бихоҳад барои онҳо мехоҳад ва ҳаргиз бо мардум ҳила намекуанд. Ҳикмат чӣ тавр ба даст меояд?Ҳикмат, ҳадяе аст, ки Худованд ба мухлисин[62] медиҳад. Дар ривоёти зиёде мехонем: “Ҳар касе, ки чиҳил шабонарӯз корҳояш холисона бошад, Худованд чашмаи ҳикматро аз дили ӯ ба забонаш ҷорӣ месозад.[63] Дар ҳадиси дигар мехонем: Касе, ки дар дунё зоҳид бошад ва молу амволи дунё ӯро фиреб надиҳад, Худованд ҳикматро дар ҷонаш қарор медиҳад.[64] Нигоҳ доштани забон, ба даст гирифтани шикам ва шаҳват, амонатдорӣ, тавозӯ ва раҳо кардани масъалаҳои бефоида, заминаҳои пайдоиши ҳикмат аст.[65] Намунаҳои ҳикматХудованд дар сураи Исроъ аз Ояти 22 то Ояти 38 дастуроте дода ва дар поён мефармояд: Ин амру наҳйҳо ҳикматҳое аст, ки Парвардигорат ба ту ваҳй кардааст, он дастурот иборатанд аз: яктопарастӣ ва дурӣ аз ширк, хубӣ ва эҳтиром ба падару модар алалхусус дар ҳангоми пирӣ, гуфтори каримона ва тавозӯи ҳамроҳ бо муҳаббат, дуои хайр барои онҳо, додани ҳаққи илоҳӣ ба авлиёи Худо, камбағалон ва дар роҳмондагон, парҳез аз исроф ва беҳуда харҷ кардан, миёнаравӣ дар сарф кардан, парҳез аз наслкушӣ ва парҳез аз амали ҷинсии ғайри шаръӣ, дурӣ ҷустан аз сарфи моли ятим дар ғайри худаш, адои ҳаққи мардум ва дурӣ аз камфурушӣ, пайравӣ накардан аз чизе, ки ба он ҳеҷ илму огоҳӣ надорӣ ва дурӣ аз роҳ рафтани мутакаббирона. Баъд мефармояд: Ин супориш намунаҳои ҳикмати илоҳӣ аст.
Ояти 13Ва (ёд кун) замоне, ки Луқмон ба писараш дар ҳоли мавъизаи ӯ гӯфт: фарзандам! Чизеро шарики Худо қарор надеҳ, зеро ки ширк (ба Худо) қатъан зулми бузург аст. Нуктаҳо:¥ Мавъиза, яке аз роҳҳои даъват ба ҳақ аст ва ҳама ба ӯ эҳтиёҷ доранд, яке аз номҳои Қуръон, мавъиза аст.[66] áقد جاءتكم موعظة من رببكمâ Ва дар китобҳои ҳадис фасле маҳсуси мавъиза ба чашм мехӯрад. ¥ Дар баъзе ривоятҳо омадаст: гоҳе Паёмбар(с) ба Ҷабраил мефармуд: маро мавъиза кун.[67] Ҳазрати Алӣ(а) гоҳе ба ёронаш мефармуд: маро мавъиза кун, зеро дар шунидан таъсире аст, ки дар донистан нест.[68] Паёмҳо:1. Роҳҳои тарбияти фарзандро аз бузургон биёмӯзем: á وَ إِذْ قَالَ لُقْمَنُ لابْنِهِ â 2. Дар мавъиза бояд аввал зеҳн ва ҳуши шунавандаро ба худ ҷалб кунем: á يَبُنىَّâ 3. Панду насиҳат бояд бар асоси ҳикмат бошад: áو لقد آتينا لقمان الحكمة ... و هو يعظبهâ 4. Фарзанд ба насиҳат мӯҳтоҷ аст. Аз фарзандонамон ғофил нашавем: á قَالَ لُقْمَنُ لابْنِهِ â 5. Дар таблиғ аввал аз наздикони худамон шурӯъ кунем: á قَالَ لُقْمَنُ لابْنِهِ â 6. Яке аз беҳтарин роҳҳои дурусти тарбияти фарзанд, гуфтугӯи самимӣ бо ӯст: á وَ هُوَ يَعِظهُ يَبُنىَّ â 7. Аз вазифаҳои падар нисбат ба фарзанд, панду насиҳат аст: á قَالَ لُقْمَنُ لابْنِهِ وَ هُوَ يَعِظهُâ 8. Бо навҷавонон бояд бо забони панду андарз сухан гуфт на танқид: á وَ هُوَ يَعِظهُ يَبُنىَّ â 9. Панду насиҳат бо муҳаббат ва отифа ҳамроҳ бошад: á يَبُنىَّ â 10. Яке аз шароити таъсири панду насиҳат, эҳтиром ва шахсият додан ба гӯшкунанда аст: á يَبُنىَّ â 11. Дар роҳнамои ва насиҳат кардан, масъалаҳои аслиро дар навбати аввал қарор диҳем: áيعظه ... لاتشركâ 12. Ширк бузургтарин хатар ва асоситарин масъала аст, дар назди Худованд; ҳамаи дунё матои кам аст, [69]áمتاع الدنيا قليلâ вале ширк зулми бузург аст. áلظلمٌ عظيمâ Яъне ҳамаи дунёро ба касе бидиҳанд, ки мушрик шавад, набояд қабул кунад. 13. Панду насиҳати худро бо далел ва мантиқ баён кунем: áو لاتشرك... انّك لظلم عظيمâ Маънои ширкШирк, маънои васеъ дорад, ки равшантарини он ширк ба маънои бутпарастӣ аст ва ин навъ ширк ба фатвои фуқаҳо сабаби хориҷ шудани инсон аз дин ва муртад шудани ӯ мешавад. Ширк маънои дигаре низ дорад: Итоат кардани бечуну чаро аз ғайри Худо ва ё пайравӣ аз ҳавои нафс, ки Қуръон мефармояд: áو لقد بعثنا فی كلّ امّة رسولاً ان اعبدوا الله و اجتنبوا الطاغوتâ “Ва ҳамоно фиристодем дар ҳар уммате расуле, ки Худоро ибодат кунед ва аз золимон дурӣ ҷуед".[70] Ё мехонем: áافرأيت من اتّخذ الهه هواهâОё надидӣ касе, ки ҳавои нафси худро худои худ қарор додааст.[71] Дар Қуръон беш аз 100 бор ибораи “дуналлоҳ” ва “дунаҳу” омадааст, яъне итоат ва парастиши ғайри Худо ширк аст. Мӯъмин низ дар мавридҳое, ки ба ғайри фармонҳо ва меъёрҳои илоҳӣ амал мекунад, аз майдони тавҳид хориҷ мешавад. áو ما يؤمن اكثرهم بالله الاّ و هم مشركونâ Аксари мӯъминон, мушрик ҳам ҳастанд ва такягоҳи ғайри илоҳӣ доранд.[72] Дар ривоят омадааст, ки ин гуна ширк, аз ҳаракати мурча дар шаби торик бар санги сиёҳ пинҳонтар аст. Бинобар ин ширк, танҳо бутпарастӣ нест, балки вобастагӣ ба ҳар қудрат, мақом, мол, ҳуҷҷат, қабила ва ҳар коре, ки барои Худо набошад ширик аст. Таъсир ва натиҷаи ширк1- Аз байн рафтани амалҳоШирк, корҳои хуби инсонро аз байн мебарад, ҳамон тавре, ки оташ, дарахтони сабзи як ҷангалро аз байн мебарад. Қуръон, хитоб ба Паёмбар(с) мефармояд: “Агар мушрик шавӣ, тамоми амалҳоят нобуд мешавад“.[73] 2- Парешонхотирӣ ва гигаронӣМақсади як шахси Худопараст ва муваҳҳид розӣ кардани Худои яктост, ки зуд розӣ мешавад, аммо касе, ки ба ҷои Худо дар фикри розӣ кардани дигарон бошад, ҳемеша гирифтори парешонхотирӣ ва хавотирӣ аст. Зеро адади мардум зиёд аст ва ҳар кадом хостаҳои ҳархела доранд. Ҳазрати Юсуф(а) дар зиндон ба дӯстони мушрики худ фармуд: áءارباب متفرّقون خير ام الله الواحد القهّارâ Оё чанд сарпарасту арбоб беҳтар аст ё як Худои ягона?[74] Қуръон мефармояд: “Масали касе, ки аз Худо ҷудо мешавад, монанди касе аст, ки аз осмон партофта мешавад ва тӯъмаи паррандагони гуногун мешавад ва ҳар зарраи ӯ ба макони дуре партофта мешавад“. [75]áو من يشرك بالله فكانّما خرَّ من السماء فتخطفه الطير او تهوي به الرّيح في مكان سحيقâ Оре, ягонапарастӣ ва бандагии холиси Худованд қалъаи мустаҳкаме аст ки, инсонро аз беҳуда аз байн рафтан, ба ҳар кас дил бастан, гирди ҳар кас чарх задан, ба ҳар кас умед доштан, таъриф аз ҳар кас ва тарсидан аз ҳар кас, нигаҳ медорад. Дар ҳадис мехонем: ((كلمة لااله الاّ الله حصنی فمن دخل حصنی أمِنَ من عذابی))“Тавҳид қалъаи мустаҳкаме аст, ҳар кас дар он дохил шавад, аз азоби Худованд дар амон хоҳад буд”. 3- Ҷудоӣ ва тафриқаДар ҷомеаи тавҳидӣ, меҳвари ҳама чиз Худованд аст, раҳбар, қонун ва роҳро Худо муаян мекунад ва ҳама гирди ҳамон меҳвар мечарханд, вале дар ҷомеаи ширколуд ба ҷои Худои танҳо золимон, майлҳо ва роҳҳои зиёде вуҷуд дорад ва мардумро дучори ихтилоф ва тафриқа менамояд. Қуръон мефармояд: [76]áو لا تكونوا من المشركين من الّذين* فرّقوا دينهم â“Аз мушрикон набошед, аз касонеаҳ аст, ки (ба хотири майлҳои шахсӣ ва назариёти пешсохта) сабаби тафриқа мешаванд. 4- Хорӣ ва зиллат дар қиёматҚуръон мефармояд: áلا تَجعل مع الله الهاً آخَرَ فتُلقی فيی جهنّم مَلوماً مَخذولاًâ “Бо Худои якка ва ягона, маъбуди дигаре қарор надиҳед бо маломат, хорӣ ба дӯзах андохта мешавед”.[77] Нишонаҳои ширкЯке аз нишонаҳои ширк баҳонаҷӯӣ дар бробари қонуни илоҳӣ аст. Қуръон ба баъзе аз онҳо ишора намуда мефармояд: v Оё ҳар гоҳ паёмбар қонуне овард, ки бо майлу хостаи шумо мувофиқ набуд, такаббур менамоед? [78] áلِما كَتَبَ علينا القِتالâ v Ҳамин ки фармони ҷиҳод мерасид, мегуфтанд: чаро ба мо дастури ҷанг ва ҷиҳод додед? [79]áلما كتب علينا القتال â v Вақте, ки таом барои гуруҳе аз Банӣ Исроил расид, гуфтанд: Чаро ин таом? [80]á لن نَصبِرَ علی طعام واحدâ v Ҳар гоҳ Худованд мисоле мезад, мегуфтанд: чаро ин мисол? [81]áماذا اراد اللله بهذا مثلاًâ Нишонаи дигари ширк, беҳтар донистани авлоду насаб, молу мансаб ва... бар иҷрои дастури Худо аст. Дар ояи 24 сураи Тавба мехонем: Агар падарон, фарзандон, бародарон, ҳамсарон, авлод, сарват, тиҷорат ва хона назди шумо аз Худо ва Расул ва ҷиҳод дар роҳи ӯ маҳбубтар бошад мунтазири қаҳри Худо бошед. Ширк ба дараҷае хатарнок аст, ки бо вуҷуд он ки Қуръон чаҳор бор дар канори тавҳид, ба некӣ кардан ба падар ва модар супориш кардааст, аммо агар падар ва модар фарзанди худро ба ибодати ғайри Худо даъват кунанд, Қуръон мефармояд: Набояд аз онҳо итоат кунад.[82] Ангезаҳои ширкМардум ё ба хотири қудрат ба суроғи касе мераванд, ки Қуръон мефармаяд: [83]áلن يخلقوا ذباباً و لو اجتمعوا لهâ »Онҳо наметоавонанд ҳатто пашшае биёфаринанд, агарчи ҳама барои ин кор ҷамаъ шаванд«. Ё ба хотири луқмаи ноне ба суроғи ину он мераванд, ки Қуръон мефармояд: [84]áلا يملكون لكم رزقاًâ »Онҳо соҳибаи ризқу рӯзӣ нестанд, то ба шумо ризқу рӯзӣ диҳанд« Ё ба хотири расидан ба иззату обрӯ ба суроғи касе мераванд, ки Қуръон мефармояд: [85]áفإنّ العزة لله جمعاًâ »Иззату обурӯ фақат аз Худост«. Ё ба хотири наҷот аз мушкилот даври касе ҷамъ мешаванд, ки Қуръон мефармояд: [86]áفلا يملكون كشف الضرّ عنهمâ »Онҳо наметавонанд мушкилоти дигаронро ҳал кунанд.« Ва дар ҷои дигар мефармояд: [87]áعباد امثالكمâ »Онҳо ҳам мисли шумо бандагони Худо ҳастанд.«Чаро шумо беҳтарин офаринандаро раҳо мекунед ва ба дигарон майл доред. [88]áتذرون احسن الخالقينâ Мубориза бо ширкАввалин паём (хабар) ва мақсади тамоми анбиё, мубориза бо ширк ва даъват ба бандагии холисонаи Худованд аст. [89]áو لقد بعثنا في كلّ اُمّة رسولاً اَنِ اعبدوا الله و اجتنبوا الطواغوتâ «Мо дар ҳар уммате расуле барангехтем, ки: «Худои якторо бипарастед ва аз тоғут дурӣ кунед». Тамоми гуноҳон бахшида мешавад ба ғайр аз ширк. [90]áاِنَّ الله لا يغفر اَنْ يُشرَكَ به و يغفر ما دُون ذلكâ Анбиё вазифадор буданд бо равшании комил аз тамоми навъҳои ширк дурӣ ҷуянд.[91] Шарик қарор додани барои Худованд мамнӯъ аст, гарчи фарзҳои он хеле кам бошад. Агар 99% кор ва амал барои Худованд ва танҳо як фоизи он барои ғайри Худо бошад, тамоми кор ва амал ботил аст. Чуноне ки Қуръон мефармояд: [92]áو اعبدوا الله و لاتشركوا به شيئاًâ «Ва Худоро бипарастед. Ва ҳеҷ чизро ҳамтои Ӯ қарор надиҳед». На танҳо бутҳо ва золимҳо, балки анбиё ва авлиёи илоҳӣ низ набояд шарики Худованд қарор гиранд. Худованд ба ҳазрати Исо(а) мефармояд: Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки ман ва модарамро шарики Худо қарор диҳед? [93]áأََانت قلتَ للناس اتّخذونی و امّی الهين من دون اللهâ Шарик донистан барои Худованд дурӯғ, тӯҳмат ва гуноҳи бузург аст. [94]áو مَن يشرك بالله فقد افتری اثماً عظيماًâ Ширк ба қадре бад аст, ки Худованд мефармаяд: Паёмбар ва мӯъминин ҳақ надоранд барои мушрикон, ҳатто агар аз хешовандонашон бошанд, талаби мағфират намоянд. [95]áما كان للنبیّ و الّذين آمنوا اَن يستغفروا للمشركين و لو كانوا اولی قُربيâ Ислом бо далел ва санад ва мантиқ бар зидди ширк мубориза мебарад ва мефармояд: Ғайри Худо чӣ офарида, ки шумо ба он дил бастаед? [96]áما ذا خلقوا من الارضâ Марг ва ҳаёти шумо ба дасти кист? Иззат ва зиллати шумо ба дасти кист? Оре, раҳо кардани Худованд, ки қудрат ва илми бепоён дорад ва ба суроғи касоне ва чизҳое рафтан, ки ҳеҷ коре аз дасташон намеояд, бузургтарин зулм ба инсоният аст. Асири ҷимод ва инсон шудан ва такя ба санъат кардан ва кӯмак аз оҷиз хостан, хирадмандона нест. Яке аз мақсадҳои нақли достонҳо ва таърихи гузаштагон дар Қуръон, решакан кардани рагҳои ширк аст. Ва мо инсонро дар бораи падар ва модараш супориш кардем, модараш ӯро ҳамл кард, дар ҳоле, ки ҳар рӯз нотавонтар мешуд, (ва шир додан) ва аз шир гирифтанаш дар ду сол аст, (ба ӯ супориш додем, ки) барои ман ва падарат ва модарат сипос гузор, ки бозгашти (ҳама) фақат ба сӯи ман аст.
Нуктаҳо:¥ Калимаи ”وَهن” (ваҳн) ба маънои тазъифи (камранг кардани) шихсият аст. ¥ Доираи хубиҳо бузургтар аз доираи инфоқ (садақа) аст. Хубӣ ҳар навъ муҳаббат ва хизматро дарбар мегирад. Вале нафақа ва хайр кардан бештар дар кӯмакҳои молӣ ба кор меравад. Дар Қуръони Карим некӣ ба падару модар дар канори тавҳид қарор дода шудааст. [97]áو قَضی ربّك الاّ تعبدوا اِلاّ ايّاه و بالوالدين احساناًâ ¥ Дар ҳамин Ояти 14 аввал дар бораи некӣ ба падару модар супориш шудааст ва баъд ба замони ҳомилагии модар ишора кардааст, то ин ки виҷдони ахлоқии инсонро бедор кунад ва ба ӯ ёдоварӣ кунад, ки гузаштаҳоро фаромӯш накунад. Ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки модараш ӯро ҳамл кард ва аз шираи ҷонаш ба ӯ дод ва ба хотири амният ва осоиши ӯ, аз хоб, хӯроки худ рӯй гардонд, ҳеҷ кас розӣ нест, ки чунин машаққатҳо ва заҳматҳоро ба ӯҳда бигирад. Чун ҳаққи модар бештар дар ҳолати аз байн рафтан аст ва ё ҳаққи ӯ беш аз падар аст, Худованд супориши махсус намудааст. ¥ Падару модар нисбат ба фарзанд ҳаққе дар баробари якдигар доранд. Дар Ояти гузашта насиҳати падар нисбат ба фарзанд баён шуд ва дар ин оят некӣ ва ташаккури фарзанд нисбат ба падару модар. Паёмҳо:1. Аз сухани ҳақ пайравӣ кунем чӣ панд, насиҳати бандаи Худо бошад áلقمانâ ва чӣ васияти Худованди Мутаол. áوصّيناâ 2. Ҳамаи инсонҳо дар ҳар мартаба ва дараҷа ва шароите бошанд қарздори падару модар ҳастанд. á وَ وَصيْنَا الانسنَ â (áالانسانâ калимаи »инсон« ҳамаи мардумро дарбар мегирад). 3. Эҳтироми падару модар ҳаққе аст инсонӣ, на фақат исломӣ. Ҳатто ба падару модари кофир бояд некӣ кард. áوَ وَصيْنَا الانسنَ بِواَلِدَيْهِ â 4. Он ки заҳмати зиёд мекашад бояд номаш ҷудогона бурда шавад. áوالديه - امةُâ яъне модар. 5. Дар фармонҳои умумӣ бояд истидлол низ умумӣ бошад. (Зеро мухотаб ҳамаи инсонҳо ҳастанд ва бордории модарон матраҳ аст, ки ҳамаи мардумро дар бар мегирад ва ҳар инсоне модар дорад). áحَمَلَتْهُ أُمُّهُ â 6. Ба баҳонаи он ки ҳомилагӣ вазифаи табии модар аст, набояд аз ташаккур кардан ва некӣ намудан ба ӯ, бе аҳамиятӣ кунем. (Ҳомилагӣ амри табиӣ аст, вале мо масъуляит дорем, ки ба модар эҳтиром гузорем ва аз заҳматҳои ӯ қадрдонӣ кунем. áحَمَلَتْهُ أُمُّهُ â). 7. Ёде аз гузашатаҳо кунем, то рӯҳияи шукургузорӣ дар мо зинда шавад. áحَمَلَتْهُ أُمُّهُ â 8. Даврони ҳомилагӣ ва шир додан, ба вуҷуд оварандаи ҳуқуқи модар бар фарзанд ва муҳимтарин давраи шаклгирии шахсияти фарзанд аст. á حَمَلَتْهُ أُمُّهُ ... و فصالهâ 9. Ҷудо кардани кӯдак аз шир метавонад дар мобайни ду сол бошад ва воҷиб нест, ки баъд аз ду солагӣ бошад. (Калимаи “фисол” ба маънои ҷудо кардани кӯдак аз шир аст “фи омайн” нишонаи он аст, ки дар даруни ду сол низ метавон кӯдакро аз шир ҷудо кард гарчӣ беҳтар аст ду сол тамом шавад). 10. Ба дӯш гирифтани сахтӣ дар роҳи анҷоми вазифа, сарчашмаи пайдоиши ҳақ аст. Касоне, ки бо вуҷуди нотавон будан ва дармондагӣ бори масъулиятро бар дӯш мекашанд, ҳаққи зиёде ба инсон доранд. á وَهْناً عَلى وَهْنٍ â 11. Ташаккур кардан аз падару модар аз ҷойгоҳи болое назди Худованд бархӯдор аст. Баъд аз шукри Худованд ташаккур аз падару модар зикр шудааст. á أَنِ اشكرْ لى وَ لِوَلِدَيْكâ 12. Оқибати ҳамаи мо бозгашт ба сӯи Худост, аз ташакур накардан нисбат ба падар ва модар битарсем. á إِلىَّ الْمَصِيرُâ 13. Имон ба рӯзи қиёмат ангезаи амали солеҳ аз ҷумла некӣ ба падар ва модар аст. á إِلىَّ الْمَصِيرُâ 14. Ҳаққи Худованд аз ҳаққи падару модар пеш аст, (яъне агар вақти намоз буд падар ё модар дар ҳамин вақт барои анҷоми коре амр мекунад, аввал амри Худо, ки анҷоми намоз аст ба ҷо биаёрем баъд амри падару модар). áأَنِ اشكرْ لى وَ لِوَلِدَيْكâ Ташаккур аз падару модар моро аз Худованд ғофил накунад. Дар поёни паёмҳои ин оят ба таври хулоса ба ду бахши некӣ ба падару модар ва шукри Худованд, ишораи кӯтоҳе дорем. Некӣ кардан ба падару модарДар оятҳои 83 сураи Бақара, 36 сураи Нисо, 151 сураи Анъом ва 23 сураи Исро дар бораи некӣ ба падару модар супориш шудааст, вале дар сураи Луқмон, некӣ ба падару модар ба сурати васияти илоҳӣ баён шудааст. Дар бисёре аз ҷойҳои Қуръон ташаккур аз падару модар дар канори ташаккур аз Худо зикр шудааст ва дар баъзе аз мавридҳо низ ба заҳматҳои сахти мадор ишора шудааст. Ҷойгоҳи падару модар ба қадре боло аст, ки дар Ояти баъд мефармояд: Агар падару модар кӯшиш карданд туро ба тарафи ширк бибаранд ва туро мушрик кунанд, аз онҳо итоат накун, вале боз ҳам рафтори неки худро бо онон қатъ накун. Яъне гоҳе набояд аз онҳо итоат кард, вале набояд онҳоро тарк кард. Оре, эҳтиром ба падару модар аз ҳуқуқи инсонӣ аст, на аз ҳуқуқи исломӣ, аз ҳуқуқи доимӣ аст на аз ҳуқуқи ғайри доимӣ. Дар ривоятҳо мехонем, ки некӣ ба падару модар дар ҳама ҳолат лозим аст, хуб бошанд ё бад, зинда бошанд ё мурда. Паёмбарро дидаанд, ки хоҳари разоии худро аз бародари разоии худ бештар эҳтиром мекунад, далели онро пурсиданд, ҳазрат фармуд: Чун ин хоҳар ба падару модари худ эҳтиром мекунад.[98] Дар Қуръон мехонем, ки ҳазрати Яҳё(а) ва ҳазрати Исо(а) ҳарду амр шуда буданд, ки ба падару модари худ эҳтиром бигузоранд.[99] Паёмбари Акрам(с) фармуд: Баъд аз намози аввали вақт коре беҳтар аз эҳтироми падару модар нест.[100] Дар Карбало падареро шаҳид карданд ва фарзандаш ба ёрии Имом бархост. Имом Ҳусайн(а) ба фарзанд фармуд: Баргард чун модарат доғи шавҳар дидааст, шояд тоқати доғи туро надошта бошад. Ҷавон гуфт: Модарам маро ба майдон фиристодааст.[101] Васеъ будани маънои падару модарДар фарҳанги Ислом, ба раҳбари осмонӣ, муаллим ва мураббӣ низ падар гуфта мешавад. Дар рӯзҳои поёнии умри Паёмбар(с), ки ҳазрат дар бистари беморӣ буданд, ба Алӣ(а) фармуд: Ба миёни мардум бирав ва бо овози баланд бигӯ: Лаънати Худо бар касе, ки оқи волидайн бошад, Лаънати Худо бар ҳар ғуломе, ки аз сарвараш гурезад. Лаънати Худо бар ҳар касе, ки ҳаққи коргарро надиҳад. Ҳазрати Алӣ(а) дар миёни мардум ин ҷумлаҳоро гуфт ва баргашт. Баъзе аз асҳоб ин ҷумлаҳоро содда пиндоштанд ва пурсиданд: Мо дар бораи эҳтиром ба падару модар ва сайид ва коргар пештар ин гуна суханонро шунида будем, ин хабари тозае набуд, ки Паёмбар аз бистари беморӣ барои мо бифристад. Ҳазрат фаҳмид, ки мардум хабари ӯро нафаҳмиданд, бори дигар ҳазрати Алиро фиристод ва фармуд: Ба мардум бигӯ: Мақсадам аз оқи волидайн, оқ кардани раҳбари осмонӣ (паёмбар) аст. Ё Алӣ! Ман ва ту падари ин уммат ҳастем ва касе, ки аз мо итоат накунад, оқи мо мешавад. Ман ва ту сарвару бузурги ин мардум ҳастем ва касоне, ки аз мо мегурезанд, ба қаҳри Худо гирифтор мешаванд. Ман ва ту барои ҳидОяти ин мардум коргар шудаем ва касоне, ки ҳаққи аҷирро надиҳанд мавриди лаънати Худо ҳастанд. Ончи дар боло гузашт мулоҳиза мефармоед, ки гарчӣ некӣ ва итоат аз падару модар як маънои маъруф ва расмӣ дорад, вале дар фарҳанги Ислом, масъала аз ин бузургтар аст. Шукри ХудовандХудованд эҳтиёҷ ба ибодат ва ташаккури мо надорад ва Қуръон борҳо ба ин ҳақиқат ишора намуда ва фармудааст: Худованд эҳтиёҷ ба шумо надорад.[102] Вале диққати мо ба ӯ сабаби иззат ва рушди худи мост ҳамон тавре, ки офтоб эҳтиёҷ ба мо надорад ин мо ҳастем, ки хонаҳои худро рӯ ба тарафи офтоб месозем ва аз нур ва равшании он истифода мекунем. Яке аз таърифҳое, ки Худованд дар Қуръон аз паёмбарон дорад доштани рӯҳияи шукргузорӣ аст. Масалан дар бораи ҳазрати Нӯҳ(а) бо он ҳама сабр ва тоқате, ки дар баробари бевафоии ҳамсар, фарзанд ва мардум дошт Худованд аз шукри ӯ ёд карда ва ӯро шокир меномад. [103]áكان عبداً شكوراًâ Борҳо Худованд аз ношукрии аксари мардум шикоят кардааст. Албатта бояд тавфиқи шукри Худовандро аз Худо хост, ҳамон тавре, ки ҳазрати Сулаймон(а) аз ӯ чунин дархост кард; [104]áربّ اوزعنی أن أشكر نعمتك الّتی انعمت علیّâ Мо аксаран фақат ба неъматҳое, ки ҳар рӯз ба онҳо сару кор дорем таваҷҷӯҳ мекунем ва аз бисёр неъматҳо ғофил ҳастем. Аз ҷумла ончи аз роҳи ниёгон ва варосат ба мо расидааст ва ё ҳазорон бало, ки дар ҳар лаҳза аз мо дур мешавад ва ё неъматҳои маънавӣ монанди имон ба Худо ва авлиёи ӯ ва ё бад дидан ва дур шудан аз куфр ва фисқ ва гуноҳ, ки Худованд дар Қуръон аз он чунин ёд кардааст: [105]حبّب اليكم الايمان و زيّنه فی قلوبك و كرّه اليكم الكفر و الفسوق و العصيان Илова бар он чӣ баён кардем, қисмате аз дуоҳои маъсумин таваҷҷӯҳ ба неъматҳои илоҳӣ ва шукр ва сипоси онҳост, то рӯҳи шукргузориро дар инсон зинда кунанд ва қувват бахшад. Шукри илоҳӣ гоҳе ба забон ва гуфтор аст ва гоҳе ба амал ва рафтор. Дар ҳадис мехонем: Ҳар гоҳ неъмате аз неъматҳои илоҳиро ёд кардед ба шукронаи он рӯ ба замин гузошта ва саҷда кунед ва ҳатто агар бар асп савор ҳастед пиёда шуда ин корро анҷом диҳед ва агар наметавонед, рӯи худро бар қоши зини асп бигзоред ва агар ин корро ҳам наметавонед рӯйро бар кафи даст гузошта ва Худоро шукр кунед.[106] Намунаҳои шукри амалӣ1. Намоз: Беҳтарин намунаҳои шукри Худованд аст. Худованд ба паёмбараш мефармояд: Ба шукронаи ин ки мо ба ту “кавсар” ва хайри зиёд додем намозро барпо кун. [107]áإنّا اعطيناك الكوثر فصلّ لربّك و انحرâ 2. Рӯза: Паёмбарони илоҳӣ ба шукронаи неъматҳои Худованд рӯза мегирифтанд.[108] 3. Хизмат ба мардум: Қуръон мефармояд: Агар бесаводе аз босаводе дархости навиштан кард ӯро ноумед накунад ва ба шукронаи савод, номаи ӯро бинависад. [109]áو لا يأب كاتِبٌ أن يكتب كما علّمه اللهâ Дар ин ҷо нома навиштан хизмат ба мардум ва навъе шукри неъмати савод дониста шудааст. 4. Қаноат: Паёмбари Акрам(с) фармуд: Қонеъ бош, то шокиртарини мардум бошӣ.[110])) ((كن قاَنِعاً تكن اشكر الناس 5. Навозиши ятим: Худованд ба Паёмбараш мефармояд: Ба шукронаи ин ки ятим будӣ ва мо ба ту сарпноҳ додем, пас ятимро аз худ дур накун. [111]áفامّا اليتيم فلا تقهرâ 6. Кӯмак ба мӯҳтоҷон ва бекасон: Худованд ба паёмбараш мефармояд: ба шукронаи ин ки муҳтоҷ будӣ ва мо туро сарватманд намудем фақиреро, ки ба суроғат омад аз худ марон. [112]áو امّا اليتيم فلا تقهرâ 7. Ташакур аз мардум: Худованд ба паёмбараш мефармояд: Барои ташаккур ва эҷоди шавқ дар дили закотдиҳандагон барои онҳо дуруд бифирист, чун дуруди ту оромбахши онҳо аст. [113]áو صلّ عليهم انّ صلاتك سَكَنٌ لهمâ Ташаккур аз мардум ташаккур аз Худованд аст ҳамон тавре, ки дар ривоят омадааст: Касе, ки аз махлуқ ташаккур накунад аз Хдованд шукргузорӣ накардааст. [114] Талхиҳо ҳам шукр мехоҳадҚуръон мефармояд: áعسی أن يكرهوا شيئاً و هو خير لكم و عسی أن تحبّوا شيئاً و هو شرّ لكمâ Чӣ бисёр чизҳое, ки шумо дӯст надоред, вале дар ҳақиқат ба фоидаи шумо аст ва чӣ бисёр чизҳое, ки шумо дӯст доред, вале ба зарари шумост.[115] Агар бидонем дигарон мушкилоти зиёде доранд. Агар бидонем, мушкилот таваҷҷӯҳи моро ба Худованд зиёд мекунад. Агар бидонем, мушкилот ғурури моро мешиканад ва сангинии дили моро бартараф мекунад. Агар бидонем, мушкилот моро ба ёди дардмандон меандозад. Агар бидонем, мушкилот моро ба фикри талош ва эҷодкорӣ меандозад. Агар бидонем, мушкилот арзиши неъматҳои гузаштаро ба мо ёдоварӣ мекунад. Агар бидонем, мушкилот каффораи гуноҳон аст. Агар бидонем, мушкилот сабаби ба даст овардани подошҳои охират аст. Агар бидонем, мушкилот сабаби шиносоии сабри худ ва сабаби шиносоии дӯстони ҳақиқӣ аст. Ва агар бидонем, мумкин буд мушкилоти зиёде ва ё сахттаре барои мо пеш ояд, хоҳем донист, ки талхиҳо низ дар ҷои худ ширин аст. Оре, барои кӯдак хурмо ширин ва пиёз ва қаланфур тез ва нохушоянд аст, аммо барои падару модар, ки рушд ва биниши бештаре доранд, ҳар ду хушоянд аст. Ҳазрати Алӣ(а) дар ҷанги Уҳуд фармуд: Ширкат дар ҷиҳод аз мавридҳое аст, ки бояд шукри онро анҷом дод. [116]((و لكن من مواطن البشری و الشكر)) Ва духтари ӯ ҳазрати Зайнаб(с) дар ҷавоби ҷинояткорони Бани Умайя фармуд: Дар Карбало ғайр аз зебоӣ чизе надидам. [117]((ما رأيت الاّ جميلاً)) Ба яке аз авлиёи Худо гуфта шуд: Ҳаққи ташаккур аз Худовандро ба ҷо овар. Ӯ гуфт: Ман аз ташаккур ва сипоси ӯ нотавонам. Хитоб омад: Беҳтарин шукр ҳамин аст, ки иқрор кунӣ ман тавони шукри ӯро надорам. Саъдӣ мегуяд: Аз дасту забони кӣ барояд К-аз уҳдаи шукраш ба дар ояд Банда ҳамон беҳ, ки зи тақсири хеш, Узр ба даргоҳи Худо оварад. Вар на сазовори Худовандияш Кас натавонад, ки ба ҷо оварад. Ва агар он ду (падар ва модар) кӯшиш карданд чизеро, ки ба он илм надорӣ шарики ман созӣ, аз онон фармон мабар, вале бо онон дар дунё ба некӣ рафтор кун ва роҳи касеро пайравӣ кун, ки ба сӯи ман омадаас. Пас бозгашти шумо ба сӯи ман аст, ман шуморо ба он чӣ амал мекардед огох хоҳам кард. Нуктаҳо:¥ Дар Қуръон се навъ итоат дорем: 1. Итоати мутлақ нисбат ба Худованд, паёмбар ва соҳибони амр.[118]áاطيعوا الله و اطيعوا الرّسول و اولی الامر منكمâ
|