|
||||||
Ба номи ХудоМуқаддимаАгар инсон ба роҳнамое эҳтиёҷ дошта бошад, китоби осмонии Қуръон имом ва роҳнамо аст.[1] Агар инсон ба мураббӣ ва муаллим эҳтиёҷ дошта бошад, китоби осмонӣ мураббӣ ва муаллим аст.[2] Агар дар торикиҳо ба нур этиёҷ бошад, Қуръон нур аст.[3] Агар ҷомеа ба қонун ва адолат эҳтиёҷ дошта бошад, Қуръон китоби адл ва қонун аст.[4] Агар инсон ба умед эҳтиёҷ дошта бошад, Қуръон ҳамааш башорат ва умед аст.[5] Агар инсон ба истидлол, мантиқ ва бурҳон эҳтиёҷ дошата бошад, Қуръон далелу бурҳон аст.[6] Агар инсон ба наҷотдиҳанда эҳтиёҷ дорад, Қуръон байрақи наҷот аст.[7] Агар инсон ба тааққул ва тафаккур этҳиёҷ дошта бошад, Қуръон василаи тааққул ва тафаккур аст.[8] Агар инсон аз паи роҳи рост аст, роҳи Қуръон каҷӣ надорад.[9] Агар инсон ба панду насиҳат эҳтиёҷ дошт, Қуръон панд ва мавъиза аст.[10] Агар инсони дардманд ба дорую дармон эҳтиёҷ дошт, Қуръон беҳтарин дору ва дармон аст.[11] Агар инсон ба оромиш эҳтиёҷ дошта бошад, Қуръон, зикри илоҳӣ[12] ва танҳо оромбахши дилҳост.[13] Ва агар инсон ба тамоми баракот, камолот ва донишҳо эҳтиёҷ дошта бошад, Қуръон ҷомеи тамоми баракот, камолот, донишҳо ва сарчашмаи ҳамаи некиҳост. Бешак баҳраманд шудан аз он ҳама таъсирҳо ба шарте аст, ки инсон бихоҳад аз нур, адолат, мавъиза, дору, муаллим ва ғайра истифода кунад. Аммо агар бар чашми руҳи худ пардаи ғафлат андозад ва худро ба хоб занад аз он ҳама баракот баҳрае нахоҳад бурд. Ончи Қуръон аз мо мехоҳад, тиловат, тадаббур, амал ва таблиғ аст. Мо набояд ҳатто барои лаҳзае беҳаракат монем, Қуръон мефармояд: Эй мӯъминон! Имон оваред, - яъне ба имони худ қувват бахшед.[14] Қуръон ба сабркунандагон ваъдаи биҳишт медиҳад,[15] аз сабркунандагон мехоҳад доираи сабри худро васеъ кунанд[16] ва аз марҳалаи собирон ба марҳалаи бисёр сабркунандагон пой ниҳанд. Агар рӯзеро барои ёдгирӣ, рӯхонӣ ва ҳифзи Қуръон дар назар гирифтем бояд рӯзи дигарро барои тарҷума, рӯзи пас аз онро барои тадаббур ва рӯзи дигарро барои амал ва таблиғ қарор диҳем. Чанд сол аст, бо ирода ва алтофи илоҳӣ ситоди тафсири Қуръони Карим ташкил ва биҳамдиллоҳ қадамҳое дар саҳнаи гуногун бардошатааст, ки аз он ҷумла метавон ба мавридҳои зер ишора намуд: 1. Даъват намудони ҳазорон донишҷӯи динӣ ҷавон дар мутолиаҳо ва мусобиқаҳои тафсирӣ бо истифода аз вақтҳои таътилии мактабҳои олӣ. 2. Баргузории мусобиқоти чандсад ҳазор нафарии тафсир бо интихоби сураҳои Юсуф, Ҳуҷурот, Қасас, Исро ва сураи Луқмон барои ҳамаи мардум. 3. Пайгирии густариши баҳсҳои тафсирӣ дар садо ва симо. 4. Даъват аз уламо ва фузалои саросари кишвар барои баргузории ҷаласаҳои тафсирӣ дар минтақаи худ. 5. Додани китобҳои тафсирӣ бо нархи арзон. 6. Озод гузоштани чопи китобҳои тафсирӣ барои ҳар ниҳоде, ки мақсади моддӣ надошта бошад. Дар поён аз тамоми азизон ва дӯстоне, ки моро ёрӣ ва кумак мекунанд ташаккур менамоем, аз ҷумла: Ҳуҷаҷи Ислом Калбосӣ ва Сулаймонӣ, дар мудирияти барномарезӣ ва иҷрои мусобиқот. Ҳуҷаҷи Ислом Деҳшаҳрӣ ва Ҷаъфарӣ, дар таҳқиқ ва татбӯи тафосир. Ҳуҷаҷи ислом Мӯсавӣ, Деҳқон ва Мутавассил дар тарҳи савол тасҳеҳ ва бознигарии китоб. Албатта дар баъзе шаҳрҳо низ дӯстоне байрақи зинда кардани тафсирро ба даст гирифтаанд, ки ба ин васила аз заҳматҳои онҳо ташаккур мегардад. Вассалому алайкум Муҳсини Қироатӣ Симои сураи ЛуқмонИн сура, аз сураҳои Маккӣ[17] аст ва ба муносбати номи Луқмон, ки дар тамоми Қуръон танҳо ду бор он ҳам дар ин сура омадааст, Луқмон номида шудааст. Ин сура аз он ҳафт сурае аст, ки бо ҳуруфи муқаттааи – алиф, лом, мим - оғоз мешаванд. Муҳтавои сураи Луқмонро метавон дар ин мавридҳо хулоса намуд: Равшан сохтани азамат ва аҳамияти Қуръон дар ҳидОяти башар. Тақсими инсонҳо ба некӯкор ва мустакбир ва баёни сарнавишти онон. Баёни қисмате аз муъҷизаҳои илмии Қуръон, аз ҷумла қонуни ҷозиба ва дугонагии гиёҳон. Насиҳатҳои ҳакимонаи Луқмон ба фарзандаш. Далелҳои имон овардан ба рӯзи қиёмат. Баёни улуме, ки махсуси Худованд аст, монанди замони марг ва барпоии қиёмат.
Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон Ояти 1-2Алиф, лом, мим. Ин оёти китоби саросар ҳикмат аст. Ояти 3Ки( мояи) ҳидоят ва раҳмат барои некӯкорон аст. Ояти 4Онҳо ки намоз ба по медоранд ва закот медиҳанд ва танҳо онҳо ба охират яқин доранд. Нуктаҳо:¥ Аз маҷмуи бисту нӯҳ сураи Қуръон, ки бо ҳуруфи муқаттаа оғоз мешавад, дар бисту чаҳор маврид, пас аз он ҳуруф, азамати Қуръон тарҳ шудааст, ки баёнгари он аст, ки ин Қуръон аз ҳамин ҳуруфи алифбо, ки дар ихтиёри шумост ташкил шудааст, вале ҳеҷ касе аз шумо наметавонад монанди онро биёварад. Тамоми нависандагон, китоби худро холӣ аз нақс надида ва ба хотири нақсҳо ва камбудҳои китобашон аз хонанда узурхоҳӣ мекунанд ва аз пешниҳодот ва интиқодҳо истиқбол мекунанд; танҳо Худованд аст, ки дар бораи китоби худ ба сароҳат мефармояд: áالْكِتَابِ الْحَكِيمِâ тамоми оёташ маҳкам ва бар асоси ҳикмат аст. Китобе устувор ва халалнопазир, ки ҳеҷ айбе дар он вуҷуд надорад. ¥ Худованд дар як ҷо, Қуръонро мояи ҳидОяти муттақин мехонад [18]áهدیً للمتّقينâ ва дар ҷои дигар онро мояи ҳидоят ва башорати мӯъминон медонад, [19]áهدیً و بشری للمؤمنينâ ва дар ин сура Қуръонро сабаби ҳидоят ва башорати мӯъминон медонад áهدیً و رحمة للمحسنينâ пас Қуръон марҳалаҳои сегонаи такомулро дарбар дорад, ки онҳо иборатанд аз: мояи ҳидоят, башорат ва раҳмат аст[20]. ¥ Намоз, ҷамъкунандаи тамоми камолоти маънавӣ аст монанди: таҳорат, тиловати Қуръон, иқрор ба тавҳид ва ягонагии Худованд ва нубувват ва вилоят, зикр ва дуо, салом, қиём, рукуъ, суҷуд ва таваҷҷӯҳ ба ҳақ; ва ҷуброни ҳамаи костиҳои моддӣ аст. Дар Қуръон, маънои “закот”, беш аз он аст, ки дар фиқҳ омадааст, зеро илова бар закоти фиқҳӣ, тамоми кумакҳои молиро дарбар мегирад. Паёмҳо:1. Ҳидоят ва роҳнамоӣ бояд бар асоси ҳикмат бошад: á هُدًى آيَاتُ الْكِتَابِ الْحَكِيمِâ 2. Қуръон айни ҳидоят ва раҳмат аст: áهُدًى وَرَحْمَةًâ Калимаи “هدیً “ ва “و رحمة” дар шакли масдар омадааст, ки дар адабиёти араб нишонаи муболиға мебошад.[21] 3. Ҳидоят ва роҳнамоӣ, бояд ҳамроҳи раҳмат ва муҳаббат бошад: áهُدًى وَرَحْمَةًâ (калимаи هدیً ва رحمة дар қолаби масдар омада, ки нишони муболиға мебошад 4. Некӯкорон, омодагии қабул кардани ҳақро доранд:áهدیً للمحسنينâ 5. Намоз ва рӯза аз якдигар ҷудо шуданӣ нестанд: á يُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَيُؤْتُونَ الزَّكَاةَ â
6. Хондани намоз ва додани закот бояд равиши ҳамешагӣ бошад. (á يقيمونва وَ يُؤتونَâ маънои замони ояндаро мерасонад ва замони оянда нишонаи ҳамешагиро мефаҳмонад). 7. Дини Ислом дини пуррае аст, масъулиятҳои он низ пурра ва ҳаматарафа аст. Масъулияти баданӣ: намоз молӣ; закот ва қалбӣ: яқин. á الصَّلَاةَ, n الزَّكَاةَ, يُقتُونَ â 8. Робита доштани бо Худо (иқомаи намоз) ва робита доштани бо мардум (додани закот), ҳамроҳ бо имон ба қиёмат арзишманд аст. áوَهُم بِالْآخِرَةِ هُمْ يُوقِنُونَâ Ояти 5Онҳо бар ҳидояте аз парвадигорашон ҳастанд ва ҳам онҳо растагоронанд. Нуктаҳо:¥ Аз ин оят истифода мешавад, ки наҷот ёфтан бар асоси тавфиқ ва ҳидОяти Парвадигор ҳосил мешавад, ки албатта он низ дар сояи талош ва кӯшиш ба инсон дода мешавад, чуноне ки дар ҷои дигар мехонем: [22]áاِنّ الّذينَ جاهدوا فينا لَنَهديَنّهم سِبلنا و اِنّ الله لَمَع المحسنينâ“Онҳое, ки дар роҳи мо талош ва кӯшиш кардаанд, мо роҳро ба онон нишон додем ва ҳамоно Худованд бо касоне аст, ки корҳои хуб мекунанд”. Паёмҳо:1. Касоне, ки корҳои хуб анҷом медиҳанд аз ҳидОяти илоҳӣ баҳраманд ҳастанд. áأُوْلَئِكَ عَلَى هُدًى مِّن رَّبِّهِمْ â 2. Ҳидоят яке аз корҳои муҳимми Парвардигор аст. á هُدًى مِّن رَّبِّهِمْ â 3. Тавфиқи корҳои хайр, лутфи Худованд аст: áللمحسنين ... هدیً من ربّهمâ 4. Наҷот ёфтан, махсуси касоне аст, ки аҳли намоз, закот ва яқин ба охират бошанд. áوَأُوْلَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَâ Ояти 6Ва баъзе аз мардум, харидори суханони беҳуда ва пуч ҳастанд, то ба ҳамон беилмияшон (дигаронро) аз роҳи Худо гумроҳ кунанд ва онро ба масхара гиранд; барои онҳо азоби хоркунанда дар пеш аст. Нуктаҳо:¥ Калимаи “лаҳв” ба маънои чизе аст, ки инсонро аз мақсади муҳиммаш нигоҳ медорад. Лаҳв – ул – ҳадис ба сухани беҳудае гӯянд, ки инсонро аз ҳақ нигоҳ дорад, монанди ҳикояҳои хурофӣ ва достонҳое, ки инсонро ба фасод ва гуноҳ мекашад. Ин бероҳагӣ гоҳе ба хотири муҳтавои сухан аст ва гоҳе ба хотири асбоб ва мулозимоти он аз қабили оҳанг ва умури ҳамроҳи он.[23] ¥ Шахсе ба номи Назр ибни Ҳорис аз Ҳиҷоз ба Эрон сафар мекард, афсонаҳои Эронӣ – монанди афсонаҳои Рустам ва Исфандиёр ва саргузашти подшоҳонро омӯхта ва барои мардуми араб нақл мекард ва мегуфт: агар Муҳаммад барои шумо достони қавми Од ва Самудро мегӯяд, ман низ қиссаҳои аҷамро нақл мекунам. Ин оят нозил шуд ва кори ӯро равиши бероҳагӣ донист. Баъзе аз муфассирон дар шаъни нузули ин оят гуфтанд: Касоне ҳастанд, ки канизҳои овозхонро мехариданд то барояшон суруд бихонанд ва аз ин роҳ мардумро аз шунидани Қуръон ба воситаи Паёмбар нигаҳ медоштанд, ки Ояти боло дар бадгӯии чунин шахсоне нозил шуд.[24] Ин оят ба яке аз муҳимтарин чизи гумроҳкунанда, ки сухани ботил аст, ишора намудааст. Дар оятҳои дигаре аз Қуръон ба баъзе дигар аз чизҳое, ки мардумро гумроҳ мекунанд ишора шудааст, ки баъзе аз инҳо иборатанд: а) Тоғут[25], гоҳе ба таҳқир[26] ва гоҳе ба тарсонидан мардумро бероҳа мекунанд[27]. б) Шайтон, ки бо васвасаҳояш инсонро гумроҳ мекунад[28]. в) Олим ва ҳунарманди гумроҳ, ки бо истифода аз дониш ва ҳунараш дигаронро гумроҳ мекунад.[29] г) Қудратмандон ва сарватмандон, ки бо истифода аз қудрат ва сарват мардумро аз роҳи ҳақ мегадонанд.[30] д) Гӯяндагон ва хонандагон, ки мардумро саргарм карда ва ононро аз хақ ва хақикат боз медоранд.[31] Паёмҳо:1. Сармоягузори барои мубориза ва таҳоҷуми фарҳангӣ бар зидди ҳақ, собиқаи дурудароз дорад: á وَ مِنَ النَّاسِ مَن يَشترِى لَهْوَ الْحَدِيثِâ 2. Ҳарчӣ дар муқобили ҳукумат қарор гирад, беҳуда ва монеи расидан ба камол аст.(Тааҷҷуб аз касоне, ки ҳукумати беминнати Паёмбари Ислом(с) партофтанд ва аз қафои харидани чизхои беҳуда аз касони ба аҳамаият мебошанд: áلكِتابِ الحَكِيم - لَهْوَ الْحَدِيثِâ 3. Василаи мухолифони роҳи Худо, мантиқ ва ҳукумат нест, суханони беҳуда ва бепоя аст: áمَن يَشترِى لَهْوَ الْحَدِيثِ لِيُضِلَّ عَن سبِيلِ اللَّهِâ 4. Хариди асбобҳои беҳуда ва корҳое, ки инсонро аз камол нигаҳ медорад, нишонаи ҷаҳолат ва нодонист: áيَشترِى لَهْوَ الْحَدِيثِ... بِغَيرِ عِلْمٍâ 5. Касе, ки кори бад мекунад ҷазои бад дода мешавад ва касе, ки кори нек мекунад подоши нек дода мешавад ва ин нишонаи адолат аст. Онҳо, ки ҳақро бо масхара паст мешуморанд, азобашон зиллатбор аст: á لهَُمْ عَذَابٌ مُّهِينٌ.... يَتَّخِذَهَا هُزُواً â Дурӣ аз сухан ва маҷлиси ботилАз дидгоҳи Ислом оҳангҳое, ки муносиб бо маҷлисҳои фисқу фуҷур ва гуноҳ бошад ва нафси шаҳвониро таҳрик намояд, ҳаром аст, вале агар оҳанг нафси шаҳвониро таҳрик накунад, аксари фуқаҳо мегӯянд: шунидани он ҷоиз аст. Имом Боқир(р) фармуд: ғино ва мусиқӣ ва мусиқӣ аз қисми гуноҳоне аст, ки Худованд барои он ваъдаи оташ додааст, баъд ин оятро тиловат фармуд: »Ва баъзе аз мардум, харидори суханони беҳудаанд ..«. [32]. Бинобар ин ғино ва мусиқӣ ва мусиқӣ аз гуноҳи кабира аст, зеро гуноҳони кабира ба гуноҳе гуфта мешавад, ки дар Қуръон барои он ваъдаи азоб дода шудааст. ﴿و اجتَنِبُوا قَولَ الزّور﴾ “Аз сухани ботил дурӣ кунед”[33]. Имом Содиқ(а) фармуд: Мурод аз “қавли зур” овозхонӣ ва ғино ва мусиқӣ аст.[34] Аз Имоми Содиқ ва Имом Ризо(р) низ нақл шудааст, ки яке аз шохаҳои “сухани беҳуда” дар сураи Луқмон, ғино ва мусиқӣ мебошад. Дар ривоёт мехонем:[35] Ғино ва мусиқӣ руҳи нифоқро парвариш медиҳад ва фақру бадбахтӣ меоварад. Занони овозхон ва касе, ки ба онҳо музд медиҳад ва касе, ки он пулро харҷ мекунад, мавриди лаънат қарор гирифтаанд, ҳамон гуна ки омӯзиши занони хонанда[36] ҳаром аст. Хонае, ки дар он ғино ва мусиқӣ бошад, аз марг ва мусибати дарднок дар амон нест, дуо дар он хона мустаҷоб намешавад ва фариштагон дар он хона дохил намешаванд.[37] Асар ва натиҷаи ғино ва мусиқӣ1 -Ривоҷ додани фасоди ахлоқӣ ва дур шудан аз руҳи тақво ва рӯй овардан ба шаҳват ва гуноҳ то он ҷое, ки яке аз бузургони Бани Умайя (бо он ҳама олудагӣ) инро қабул дорад, ки ғино ва мусиқӣ ҳаё ва шармро кам ва шаҳватро зиёд мекунад, шахсияти инсонро аз байн мебарад ва ҳамон кореро мекунад, ки арақ мекунад. Баъзе инсонҳо аз роҳи нӯшидани арақ ва ё истеъмоли ҳероин ва ғайра метавонанд худро вориди дунёи бехаёлӣ ва бепарвоӣ кунанд, баъзе ҳам аз роҳи шунидани суханони ботил ва шаҳватовари як сароянда ғайрати худро нодида мегиранд ва дар дунёи бепарвоӣ зиндагӣ мекунанд. 2- Ғафлат аз Худо, ғафлат аз вазифа, ғафлат аз бечорагон, ғафлат аз оянда, ғафлат аз имконот ва истеъдодҳо, ғафлат аз душманон, ғафлат аз нафс ва шайтон. Инсони имрӯз бо ин ҳама пешрафт дар илм ва техналогия, дар оташе, ки аз ғафлати ӯ сарчашма мегирад, месӯзад. Оре, ғафлат аз Худо, инсонро то марзи ҳайвоният, балки поёнтар аз он пеш мебарад.[38] áاولئك كالانعام بل هم اضل اولئك هم الغافلوâ Имрӯз истеъморгарон барои машғул кардани насли ҷавон аз ҳамаи имконот аз ҷумла ривоҷ додани оҳангҳои беарзиш аз роҳи асбобҳои ҳархела ва амвоҷ, барои расидани ҳадафи истеъмории худ истифода мекунад. 3- Асари зиёнбори мусиқӣ бар асаби инсон, бар касе пушида нест. Дар китоби таъсири мусиқӣ бар руҳ ва асабҳо, нукоти муҳиме аз баёни зиндагӣ ва оқибати бади навозандагони асбобҳои мусиқӣ ва гирифтории оноҳо ба бемориҳои гуногуни руҳӣ ва сактаҳои ногаҳонӣ ва бемориҳои қалбӣ ва ҳаракатҳои номуносиб зикр шудааст, ки барои аҳли фаҳм ҷои андеша ва фикр аст.[39] Хонандаи азиз!Худованд, ҷаҳонро барои башар ва башарро барои комил шудан ва рушд ёфтан ва наздик шудан ба маънавиёт офарид. Ӯ ҷаҳони ҳастиро мутеи мо намуд ва фариштагонро барои чораандешии корҳои мо вазифадор кард. Анбиё ва авлиёро барои ҳидОяти мо фиристод ва онон то сарҳади марг ва шаҳодат пеш рафтанд. Фариштагонро амр кард то ин ки Одам(а)ро саҷда кунанд, руҳи илоҳиро дар инсон дамид ва беҳтарин сурат ва сиратро ба инсон ато кард, қобилияти рушди беандозаро дар ӯ ба амонат гузошт, ӯро бо ақл, фитрат ва истеъдодҳои гуногун муҷаҳаз намуд ва танҳо дар офариниши ӯ, ба худ офарин гуфт.[40] áفتبارك الله احسن الخالقينâ Оё ин гули сари сабади ҳастӣ бо ин ҳама имтиёзоти моддӣ ва маънавӣ бояд худро дар ихтиёри ҳар кас қарор диҳад? Имом Козим(а) фармуд: »Ба ҳар садое гӯш диҳӣ ғуломи ӯ ҳастӣ. Оё ҳайф нест, ки мо ғуломи як сарояндае бошем?« Оё шумо мехоҳед рӯи навори магнитафон ҳар садое навишта шавад? Пас чӣ гуна мо ҳар садоеро руи навори мағзамон менависем? Умр, фикр ва мағз, амонатҳое аст, ки Худованд ба мо додааст то дар роҳе, ки худаш мушаххас кардааст сарф кунем ва агар ҳар яки ин амонатҳоро дар он роҳе, ки Худо нахостааст сарф кунем ба он амонат хиёнат кардаем ва дар қиёмат бояд ҷавобгӯ бошем. Қуръон ошкоро дар сураи Исроъ мефармояд: áانّ السمع و البصر و الفؤاد كلّ اولئك كان عنه مسؤلاâ гӯш, чашм ва дил мавриди савол қарор мегиранд.[41] Оре инсон бояд нигаҳбони чашму гӯш ва дили худ бошад ва иҷозат надиҳад ҳар садо ва нидое дохили он шавад.[42] Ислом барои бартарф кардани хастагӣ ва эҷоди хушҳолӣ роҳҳои муносиб ва солимеро барои мо нишон дода аст; моро ба сайру сафар ва шино, корҳои фоидаовар, хабар гирифтан, гуфтугуҳои илмӣ ва додани таҷриба, иртибот бо бузургони ҳастӣ ва ёди ӯ, ки танҳо оромбахши дилҳост, супориш кардааст. Чаро худро фирефтаи лаззатҳо кунем, ки охираш, зиллат ва оташ бошад. Ҳазрати Алӣ(а) мефармояд: ((لا خير في لذّة من بعدها النّار)) дар лазате, ки поёнаш дӯзах аст хайр нест.[43] ((مَن تلذّد المعاضي الله اَورثه الله ذلاًّ)) Ҳар кас бо гуноҳ ва аз роҳи он лаззатҷуи кунад, Худованд ӯро хору залил намояд.[44] Ояти 7Ва ҳар гоҳ оёти мо бар ӯ хонда шавад, мустакбирона руй баргардонад, чунон ки гуё онро нашунида, гуё дар гӯшҳои у сангин аст, пас ӯро ба азоби дарднок хабар деҳ.
Нуктаҳо:¥ Калимаи “وَقْرَ” ба маънои вазнинӣ аст. Ба касоне, ки шахсият доранд ва вазнин ҳастанд бовиқор гӯянд. ¥ Аз ин оят истифода мешавад, ки инсони мутакаббир, ҳатто ҳозир ба шунидани сухани ҳақ намебошад. Чӣ расад ба он ки онро бишнавад ва дар он андеша кунад ва агар мантиқӣ набуд напазирад. Паёмҳо:1. Шунидани суханони беҳуда ва ботил, омодагии қабул кардани ҳақро аз инсон мегирад. áلهو الحديث... وَلى مُستَكبراً â 2. Баъзе инсонҳо, аз ҳар забоне оёти илоҳиро бишнаванд боз ҳам гӯш намекунанд. á وَ إِذَا تُتْلى عَلَيْهِ ءَايَتُنَا وَلى مُستَكبراً â Гӯш агар гӯши туву нола агар нолаи ман, Он чи албатта ба ҷое нарасад фарёд аст. 3. Рӯҳияи истикборӣ монеъ аз қабул кардани ҳақ ва ҳақиқат аст. á وَلى مُستَكبراً â 4. Гӯш надодан ба сухани ҳақ, нишонаи истикбор ва такаббур аст.á مُستَكبراً كَأَن لَّمْ يَسمَعْهَاâ 5. Мустакбиронро таҳқир кунед. á كَأَنَّ فى أُذُنَيْهِ وَقْراًâ 6. Яке аз роҳҳои таблиғ ва тарбияти Қуръон, истифода аз мисолҳо аст. á كَأَن... كَأَنâ 7. Касе, ки ҳақро қабул накунад, монанди касе аст, ки ҳарду гӯши ӯ кар бошад. á كَأَنَّ فى أُذُنَيْهِ وَقْراً â Ояти 8
Ҳамоно касоне, ки имон оварда ва амали солеҳ анҷом додаанд, барои онон боғҳои пурнеъмат (биҳишт) аст. Ояти 9Дар он ҷавидонаанд, ваъдаи илоҳӣ ҳақ аст ва ӯст шикастнопазир. Нуктаҳо:¥ Дар оятҳои гузашта баён шуд, ки баъзеҳо бо сухонони лағву беҳуда, кӯшиш мекунанд то ин ки пайравони ҳақро гумроҳ кунанд, онҳо доштани руҳияи истикборӣ ва гӯш надодан ба оёти осмонӣ, муъминонро масхара мекунанд. Худованди Мутаол дар ин оят мӯъминонро бо хабар додан ба неъматҳои биҳишт, дилдорӣ медиҳад. Паёмҳо:1. Биҳишт, махсуси аҳли имон ва амали солеҳ аст: á.... إِنَّ الَّذِينَ ءَامَنُوا وَ عَمِلُوا الصلِحَتِ لهَُمْ جَنَّت â 2. Таҳқир ва масхараи мустакбиронро бо ваъдаҳо ва хабарҳои илоҳӣ барои мӯъминони ҳақиқӣ ҷуброн кунем: á.... لهَُمْ جَنَّت..... إِنَّ الَّذِينَ ءَامَنُوا â 3. Имон ва амали солеҳ шарти баҳрагирӣ аз лутфи илоҳист: áءَامَنُوا وَ عَمِلُوا الصلِحَتِ لهَُمْ جَنَّت النَّعِيمِâ 4. Такаббур ва руй гардонидани мухолифон, зудгузар аст, вале подоши аҳли имон абадӣ аст: á خَلِدِينَ فِيهَا â 5. Ваъдаҳо ва аҷрҳои илоҳиро бояд бовар бикунем ва ҷиддӣ бигирем: á وَعْدَ اللَّهِ حَقًّا â 6. Қудрат ва ҳикмати илоҳӣ, пуштивонаи ваъдаҳояш мебошад: áوَعْدَ اللَّهِ حَقًّا وَ هُوَ الْعَزِيزُ الحَْكيمُâ 7. Қудрат ва иззати Худованд бар пояи ҳикмати ӯ амалӣ мешавад. (Оре, имрӯз амалкарди бисёре аз қудратмандон, ҳакимона нест): áالْعَزِيزُ الحَْكيمُâ
Ояти 10
(Худованд) осмонҳоро бесутуне, ки онро бинед офарид, дар замин куҳҳое бияфканд, ки шуморо наларзонад ва дар он аз ҳар ҷунбандае халқ кард ва аз осмон, обе фурӯ фиристод, пас дар замин (анвои гуногуне) аз ҷуфтҳои (гиёҳон) некӯ ва пурарзиш офаридем. Нуктаҳо:¥ Гарчӣ ба ҳар мавҷуде метавон аз чанд ҷихат нигарист, вале ҳамеша ҳар чизе дар як ҷиҳат ва аз як гуша, аҳамият ва барҷастагии махсусе дорад. Дар ин оят хусусиёти муҳимми осмонҳо ва кураҳо, муаллақ будани онҳо ва пояҳои ноаёни онҳост. Хусусиёти муҳимми кӯҳҳо, мустаҳкам ва пешгирӣ аз ларзиши замин аст. ҷиҳати муҳимми ҳайвонот, ҳархела ва бисёр будани онҳо дар замин ва хусусияти муҳимми гиёҳон, дугонагӣ ва пурарзиш будани онҳо аст. ¥ Дар ин оят ба чанд намуна аз мӯъҷизаҳои илмии Қуръон дар замоне, ки башар ҳатто тасаввур ва гумони онро низ надошт, ишора шудааст: яке ишора ба сутунҳои ноаён барои маҳкам будани кураҳо ва ҷирмҳои осмонӣ. Яъне қувваи ҷозиба ва неруи марказгурез, ду қудрате, ки рози гардиши кураҳо дар мадори худ ҳастанд. Мӯъҷизаи дигар, ишора ба муҳофизати замин аз ларзиш, ба воситаи мустаҳкам будани кӯҳҳо ва ҳамчунин ишора ба қонуни дугонагӣ дар гиёҳон мебошад. Паёмҳо:1. Надидан, далел бар набудан нест. (Осмонҳо сутун дорад гарчӣ мо онро намебинем): á بِغَيرِ عَمَدٍ تَرَوْنهَا â 2. Қабл аз ҳар чиз, мустаҳкам будан ва оромиш ҳамроҳи зиндагӣ аст: á أَن تَمِيدَ بِكُمْ â 3. Назме, ки дар замин мушоҳида мешавад ба хотири инсон аст: á أَن تَمِيدَ بِكُمْ â 4. Аз лутфи илоҳӣ, пахш будан ва парокандагии манобеи мавриди эҳтиёҷ дар тамоми кураи замин аст: á وَ بَث فِيهَا â 5. Об, неъмати бузург ва боаҳамият аст. (“моан”, накира ва бо танвин омадааст, ки нишонаи азамат аст). 6. Ба гиёҳон ва муҳити зист каримона бингарем, ки Худованди Карим, дар Қуръони Карим онҳоро карим хондааст: á مِن كلِّ زَوْجٍ كَرِيمٍâ Ин офариниши Худост, пас ба ман нишон диҳед, ки маъбудон ғайри ӯ чӣ офаридаанд? Оре, ситамгарони мушрик дар гумроҳии ошкоранд. Паёмҳо:1. Дар баҳс ва гуфутугӯ, аз намунаҳои айнӣ истифода кунем. á هَذَاâ 2. Аввал роҳи ҳақро баён кунем ва баъд аз мухолифат бо ҳақ, бо онҳо мубориза кунем. á هَذَا خَلْقُ اللَّهِ فَأَرُونى مَا ذَا â 3. Яке аз роҳҳои худошиносӣ, муқоиса миёни қудрати ӯ ва қудрати дигарон аст. á هَذَا خَلْقُ اللَّهِ فَأَرُونى مَا ذَا خَلَقَ الَّذِينَ مِن دُونِهِ â 4. Танҳо ба иддао гӯш надиҳем, далел ва санад ва намуна бихоҳем. á فَأَرُونىâ 5. Сарсахтӣ дар баробари ҳақ, зулм аст. á بَلِ الظلِمُونَ â (Ин ҳама осори (Худо) - ро мебинанд, вале бо Худо ва роҳи ҳақ душманӣ доранд). 6. Касоне, ки ба суроғи ғайри Худо мераванд, ҳам гумроҳанд ва ҳам золим. á بَلِ الظلِمُونَ فى ضلَلٍ â 7. Гумроҳии ширк бар касе пушида нест. áضلَالٍ مُّبِينٍâ
Ояти 12Ва мо ба Луқмон ҳикмат додем, ки шукри Худоро ба ҷой овар ва ҳар кас шукр кунад, ҳамоно барои худ шукр кардааст; ва ҳар кас куфрон кунад (бидонад ба Худо зарар намерасонад, зеро) бешак Худованд бениёз ва сутудааст.
Паёмҳо:1. Неъмати хусусӣ шукри хусусӣ металабад: áءَاتَيْنَا لُقْمَنَ â Чунон ки Худованд дар баробари неъмати хусусӣ - Кавсар - ба Паёмбари Ислом(с), аз ӯ шукри хусусӣ мехоҳад. áانّا اعطيناك الكوثر فصلّ لربّك و انحرâ[45] 2. Аввалин фармон ба ҳазрати Мӯсо(а) баъд аз нубувват, фармони намоз ва аввалин фармон баъд аз додани ҳикмат ба Луқмон, фармони шукргузорӣ аст. á أَنِ اشكُرْ للَّهِ â 3. Шукри неъматҳои Худованд, ба фоидаи худи инсон аст. á وَ مَن يَشكرْ فَإِنَّمَا يَشكُرُ لِنَفْسِهِ â Чунон ки дар ҷои дигар мехонем áلئن شكرتم لأزيدنّكمâ.[46] 4. Ҳар гуна дороӣ арзиш нест, дороие арзишманд аст, ки аз ҳар офат дур бошад. áغَنىٌّ حَمِيدٌâ 5. Худованд ҳамид аст, хоҳ инсонҳо ӯро ҳамд кунанд, хоҳ накунанд. áغَنىٌّ حَمِيدٌâ Симои Луқмони ҲакимДар тафсири Ал – Мизон баҳсе дар бораи ҷаноби Луқмон омадааст, ки бахше аз онро нақл мекунем: Паёмбари Акрам(с) фармуд: Луқмон, паёмбар набуд, вале бандае буд, ки бисёр фикр мекард ва ба Худованд имони воқеӣ дошд. Худоро дӯст медошт Худованд инз ӯро дӯст медошт ва ба ӯ ҳикмат ато кард. Имом Содиқ(а) мефармояд: Луқмон, ҳикматро ба хотири молу ҷамол ва хешу табор дарёфт накарда буд, балки ӯ марди парҳезгор, тезбин, бошарм ва дилсӯз буд. Агар ду нафар бо ҳам ҷанг мекарданд ва кина ва адовате байни онҳо пайдо мешуд миёни онҳо оштӣ барқарор мекард. Луқмон бо душманони зиёде менишаст. Ӯ бо ҳавои нафси худ мубориза мекард...[47] Ӯ дорои умри дароз, ҳамасри ҳазрати Довуд(а) ва аз хешони ҳазрати Аюб(а) буд. Ӯ миёни ҳаким шудан ва ҳоким шудан ихтиёр дошт ва ҳикматро ихтиёр кард. Аз Луқмон пурсиданд: Чӣ гуна ба ин мақом расиди? Гуфт: Ба хотири амонатдорӣ, садоқат ва сукут дар бораи ончи ба ман вобаста набуд.[48] Гарчи Худованд ба ӯ китоб надод, вале ҳамсони он, яъне ҳикматро омӯхт. Рӯзе мавлои Луқмон аз ӯ хост то беҳтарин узви гусфандро барояш биёварад. Луқмон забони гӯсфандро овард. Рӯзи дигар гуфт: бадтарин узви онро биёвар. Луқмон боз ҳам забони гӯсфандро овард. Чун мавлояш далели ин корро пурсид Луқмон гуфт: Агар забон дар роҳи ҳақ ҳаракат кунад ва сухани ҳақ бигӯяд, беҳтарин узви бадан аст, ваграна бадтарин узв хоҳад буд.[49] Бузургӣ ва азамати Луқмон ҳамин бас, ки Худо ва Расули ӯ ва Имомони маъсум(а) пандҳои ӯро барои дигарон нақл кардаанд. Порае аз насиҳатҳои Луқмон Агар дар кудакӣ худро адаб кунӣ, дар бузургӣ аз он баҳраманд мешавӣ. Аз танбалӣ ва касолат бипарҳез, қисмате аз умратро барои омӯзиш қарор бидеҳ ва бо касоне, ки сарсахт (гардан ғафс) ҳастанд гуфтугӯ ва ҷанҷол накун. Бо донишмандон муҷодила макун, бо фосиқ рафиқ машав, фосиқро ба бародарӣ магир ва бо ашхоси муттаҳам, ҳамнишин машав. Фақат аз Худо битарс ва ба ӯ умедвор бош. Тарс ва умед нисбат ба Худо дар дили ту яксон бошад. Бар дунё такя накун ва дил мабанд ва дунёро ба монанди роҳе дар назар бигир. Бидон, ки дар қиёмат аз ту дар бораи чаҳор чиз мепурсанд: аз ҷавонӣ, ки дар чӣ роҳе сарф кардӣ, аз умрат, ки дар чӣ роҳе аз байн бурдӣ, аз мол ва дороият, ки аз чӣ роҳе ба даст овардӣ ва онро дар чӣ роҳе харҷ кардӣ. Ба ончи дар дасти мардум аст чашм мадуз ва бо ҳамаи мардум бо аҳлоқи хуб бархӯрд кун. Бо ҳамсафарон бисёр машварат кун ва тӯшаи сафари худро байни онҳо тақсим кун. Агар бо ту маслиҳат карданд, дилсузии худро холисона ба онҳо ошкор кун. Агар аз ту кумак ва қарзе дархост карданд, бидеҳ ва ба сухони касе, ки синни у бештар аз синни туст, гӯш бидеҳ. Намозатро дар аввали вақт бихон, намозатро ҳатто дар сахтиарин шароит бо ҷамоат бихон.[50] Агар дар намоз будӣ қалами худро ҳифз кун. Агар дар ҳоли таом хурдан будӣ, ҳалқи худро ҳифз кун. Агар дар миёни мардум ҳастӣ, забони худро нигоҳ дор.
|