back

index

next

2.  Итоат накардани мутлақ аз кофирон, мунофиқон, фасодкорон, гунаҳгорон, золимон ва ғайра.

[119]áو لا تطع الكافرين و المنافقينâ ،[120]áولا تطع آثماً او كقوراًâ [121]áو لا تتّبع سبيل المفسدينâ

3.  Итоати машрут нисбат ба падару модар; яъне агар амри фоиданок ё мубоҳ доданд лозим аст пайравӣ кунем, аммо агар кӯшиш карданд, ки фарзандро ба ғайр аз роҳи Худо даъват кунанд набояд итоат кард.

Паёмҳо:   

1.  Инсон ба таври фитрӣ ва табиӣ ба тарафи тавҳид равана аст ва дигарон барои мушрик гардонидани ӯ талош мекунанд. áَهَدَاكâ

2.  Дар баробари баён кардани куллиёт ба ҷузъиёт низ таваҷҷӯҳ дошта бошем. (Дар баробори супориш ба итоат аз падару модар ((وصّينا الانسان)) ба каҷравиҳои эҳтимолии падару модар низ таваҷҷӯҳ шудааст).

á جَهَدَاك عَلى أَن تُشرِك â

3.        Ширк ҳеҷ гуна мантиқи илмӣ надорад.

á لَيْس لَك بِهِ عِلْمٌ â

4.  Пайравии кӯ - ркӯрона дуруст нест.

á مَا لَيْس لَك بِهِ عِلْمٌ فَلا تُطِعْهُمَا  â

5.  Ҳаққи Худо аз ҳар ҳаққе, ҳатто аз ҳаққи падару модар ҳам муҳимтар аст.áفَلا تُطِعْهُمَا â

6.  Ҳар гоҳ касеро намуна барои Худо қарор медиҳем агар намунаи хубтар аз он пайдо кардем намунаи дуввумиро дар ҷои аввалӣ қарор медиҳем. áو اتبع... فَلا تُطِعْهُمَا  â

7.  Дар мавридҳои каҷравӣ итоат аз падару модар лозим нест, вале зиндагии оддиро бояд нигаҳ дошт.

á فَلا تُطِعْهُمَا  وَ صاحِبْهُمَا فى الدُّنْيَا مَعْرُوفاً  â

8.  Кори хуб ва маъруф дар ҳеҷ ҳол набояд тарк шавад. áصاحِبْهُمَا فى الدُّنْيَا مَعْرُوفاً  â

9.  То охири умр бояд бо падару модар ба некӣ рафтор кард. (Ҳатто бо падару модари мушрик). á صاحِبْهُمَا فى الدُّنْيَا مَعْرُوفاًâ

10.           Тавбакунандагони ҳақиқӣ сазовар аст, ки  намуна барои инсонҳо қарор бигиранд. á وَ اتَّبِعْ سبِيلَ مَنْ أَنَاب إِلىَّ â

11.           Гоҳе дар интихоби ақида ва рафтор дар хонавода фарқ гузоштан лозим аст; дар зиндагии дунявӣ ҳамроҳ бо падару модар, вале дар пайравӣ кардан, роҳи покон ва солеҳон. á وَ اتَّبِعْ سبِيلَ مَنْ أَنَاب إِلىَّâ

12.           Имон ба рӯзи қиёмат ӯҳдадори ислоҳи корҳо ва итоати инсон аз роҳи Худост. áإِلىَّ مَرْجِعُكُمْâ

Ояти 16

Эй фарзандам! Агар (амали ту) ҳамвазни донаи хардале ҳам бошад ва дар дили тахтасанге ё дар осмонҳо  ё дар замин нуҳуфта бошад, Худованд онро (дар қиёмат барои ҳисоб) меоварад, чун ки худованд дақиқ ва огоҳ аст.

Нуктаҳо:

¥  Хардал “خردل” гиёҳе аст аз донаҳои бисёр хурд ва сиёҳранг, ки донаҳои он ба сабаби хурдӣ зарбулмасал шудааст.

Паёмҳо: 

1.  Таваҷҷӯҳ додани фарзанд ба илм ва қудрати илоҳӣ, нишонаи ҳикмат аст. áآتينا لقمان الحكمة... يا بنیّ...â

2.  Дар мавъиза барои ҳар суфорише номи мухотабро такрор кунем. Такрори “ё бунайя” дар ин сура ва такрори “ё абатӣ” дар сураи Марям оятҳои 40 то 45, гувоҳи он аст.

3.  Имони инсон ба ҳозир шудани амалаш дар қиёмат сарчашмаи ислоҳи ӯст. áإن تك مثقال جبّة... يأت بها اللهâ

4.  Хурдии “хардал”, сахтии “тахта санг”, дурӣ ва нопайдоии “осмонҳо ва замин” дар илми илоҳӣ ва ҳозир кардани амал ҳеҷ асаре надорад ва барои Худо осон аст. áيأت بها اللهâ

5.  Худованд бар ҳама чиз огоҳ ва бар ҳама чиз тавоност. áيأت بها الله... لطيف الخبيرâ

6.  Амалҳои инсон дар ин ҷаҳон аз байн намеравад. áيأت بها اللهâ

7.  Ҳисобрасии Худованд дақиқ аст, чун ӯ латиф аст.áلطيفٌ خبيرâ

Ояти 17

 

Фарзандам! Намозро барпо дор ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар кун ва бар он чӣ аз сахтиҳо ба ту мерасад истодагӣ кун, ки ин “сабр” аз корҳои воҷиб ва муҳим аст.

Нуктаҳо:

¥  Мурод аз “азм” дар ин ҷо ё қасд ва иродаи қатъии Худованд бар анҷоми ин корҳо аст ва ё лозим будани қасд ва тасмими ҷиддии инсон бар анҷоми онҳо.

¥  Бо вуҷуди ин ки дар Қуръон 28 бор дар канори намоз аз закот ёд шудааст, аммо дар ин ҷо канори намоз амри ба маъруф зикр шудааст. Шояд ба хотири он ки дар ин оят мавриди хитоб фарзанд аст, фарзандон ҳамеша сарвате надоранд, ки закот бипардозанд.

á أَقِمِ الصلَوةَ وَ أْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ â

¥        Ҳазрати Алӣ(а) фармуд: “Дар машаққат ва сахтиҳое, ки дар роҳи амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ба ту мерасад, сабр кун”.[122]

Паёмҳо: 

1.        Яке аз вазифаҳои падару модар нисбат ба фарзанд, супориш ба намоз аст.á يَابُنىَّ أَقِمِ الصلَوةَâ

2.        Поксозии даруниро бо дурӣ аз ширк ва бозсозии рӯҳиро бо намоз шурӯъ кунем. áلا تشرك...  أَقِمِ الصلَوةَâ

3.        Воҷиб будани амри ба маъруф ва намоз, махсуси дини Ислом нест, (пеш аз Ислом низ Луқмон супориш ба намоз кардааст). á يَابُنىَّ أَقِمِ الصلَوةَ وَ أْمُرْ بِالْمَعْرُوفِâ

4.        Фарзандони худро аз роҳи супориш ба намоз, мӯъмин ва худоӣ  ва аз роҳи супориши амри ба маъруф ва наҳй аз мункар шахси масъул ва иҷтимоӣ тарбият кунем. á يَابُنىَّ أَقِمِ الصلَوةَ وَ أْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ â

5.        Огоҳии фарзанди худро ба дараҷае боло барем, ки хубиҳо ва бадиҳоро бишносанд то битавонанд амру наҳй кунанд. á يَابُنىَّ - وَ أْمُرْ - وَ انْهَ â

6.        Баъд аз таваҷҷӯҳ ба мабдаъ ва охират, муҳимтарин амал, намоз аст. á أَقِمِ الصلَوةَ â

7.        Касе, ки мехоҳад дар ҷомеа амру наҳй кунад ва маҷбуран бо ҳавасҳои мардум муқобила кунад бояд ба воситаи намоз худсозӣ намояд ва худро аз имон сероб кунад. á أَقِمِ الصلَوةَ وَ أْمُرْ بِالْمَعْرُوفِâ

8.        Фарзандони худро амркунандаи ба маъруф ва наҳй кунандаи аз мункар ба бор оварем. áوَ أْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ... â

9.        Амри ба маъруф ҳамеша қабл аз наҳй аз мункар аст. á وَ أْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ وَ انْهَ عَنِ الْمُنكَرِâ Рушди некиҳо дар ҷомеа монеи пайдоиши бисёре аз бадиҳо мегардад.

10.    Дар роҳи ҳақ будан кифоят намекунад, балки лозим аст, дигаронро низ ба роҳи ҳақ даъват кунем.

áوَ أْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ وَ â Чуноне, ки дар сураи Аср мехонем:

áالّذين آمنوا و عملوا الصالحات و تواصوا بالحقّâ

11.    Дар таблиғи дин ва иҷрои фаризаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, бояд сабр ва шодии қалбӣ дошта бошем á وَ اصبرْ عَلى مَا أَصابَكâ. Наҳй аз мункар бо талхиҳо ва неш заданҳои гунаҳкорон ҳамроҳ аст мабодо ақибнишинӣ кунем.

12.    Сабр гоҳе дар муқобили мусибат аст.

[123]áو بشّر الصابرين الذين اذا اصابتهم مصيبةâ Гоҳе дар муқобили анҷоми вазифа á وَ أْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ وَ انْهَ عَنِ الْمُنكَرِ وَ اصبرْ عَلى مَا أَصابَكâ. Гоҳе дар муқобили гуноҳ чуноне, ки Юсуф дар зиндон гуфт:

 áربّ السّجن احبّ الیّ...â Парвардигоро! Зиндон назди ман беҳтар аз анҷоми гуноҳ аст, ки маро ба он мехонанд, то онҷо ки фармуд: [124]áانّه من يتّق و يصبر فانّ الله لا يضيع اجر المحسنينâ

13.    Падари ҳаким расидани сахтӣ ба фарзандашро қабул мекунад ва фармон ба сабр медиҳад, вале зарба ба мактабашро (идеология), ки хомӯшӣ  дар баробари фасод бошад ҳаргиз қабул намекунад. áوَ انْهَ عَنِ الْمُنكَرِ وَ اصبرْ عَلى مَا أَصابَكâ

14.    Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аз масъалаҳои муҳим аст ва сабр дар муқобили он чӣ дар ин роҳ ба инсон мерасад, арзиш дорад. á إِنَّ ذَلِك مِنْ عَزْمِ الأُمُورِâ

Ба муносибати супориш ба намоз ва амри ба маъруф, дар ин оят, акнун ба шарҳи мухтасаре дар бораи ин ду фариза мепардозем.

Симое аз намоз

‌        Намоз соддатарин, амиқтарин ва зеботарин иртиботи инсон бо Худованд аст, ки дар тамоми динҳои осмонӣ будааст.

‌        Намоз танҳо ибодате аст, ки супориш шудааст, пеш аз он хушсадотарин инсон бар болои баландие рафта ва бо садои баланд шиори “ҳайя алассалоҳ, ҳайя алал фалоҳ”- ро сар диҳад, бо азони худ хомӯширо бишканад ва як давра андешаи исломи ҳақиқиро эълон ва ғофилонро бедор кунад.

‌        Намоз ба дараҷае муҳим аст, ки ҳазрати Иброҳим(а) мақсади худро аз мондани зан ва фарзандаш дар саҳрои бе обу гиёҳи Макка, барподории намоз муаррифӣ мекунад на анҷоми маросими ҳаҷ.

‌        Имом Ҳусайн(а) зуҳри Ошуро барои барпо намудони ду ракат намоз, синаи худро сипари тирҳои душман кард.

‌        Қуръон ба ҳазрати Иброҳим(а) ва Исмоил дастур медиҳад, ки Масҷидулҳаромро барои намозгузорон омода ва пок намоянд. Оре намоз ба қадре муҳим аст, ки Закариё(а) ва Марям(а) ва Иброҳим(а) ва Исмоил(а) ходими масҷид ва маҳалли барпоии намоз будаанд.

‌        Намоз калиди қабулии тамоми амалҳост ва Амиралмӯъминин(а) ба раиси шаҳраш мефармояд: Беҳтарин вақти худро барои намоз қарор бидеҳ ва огоҳ бош, ки тамоми корҳои ту ба хотири намозат қабул мешавад.[125]

‌        Намоз ёди Худост ва ёди Худо танҳо оромбахши дилҳост.

‌        Намоз дар бисёре аз сураҳои Қуръон аз бузургтарин сураҳо (Бақара) то хурдтарини он (Кавсар) омадааст.

‌        Намоз, аз замони таваллуд, ки дар гӯши навзод азону такбир мегӯянд то баъд аз марг, ки дар гуристон бар мурда намоз мехонанд, ҷилва мекунад.

‌        Ҳам барои ҳодисаҳои заминӣ, монанди заминҷунбӣ ва бодҳои тарсовар ва ҳам барои ҳодисаҳои осмонӣ, монанди офтобгирифтагӣ ва маҳтоб гирифтагӣ, намози оёт воҷиб гашта ва ҳатто барои талаби борон, намози борон омадааст.

‌        Намоз инсонро аз анҷоми бисёре аз бадиҳо ва зиштиҳо нигаҳ медорад.[126]     

Дар намоз тамоми камолот ба чашм мехурад, ки мо чанд намунаи онро баён мекунем:

‌        Покӣ ва тозагиро дар мисвок задан, таҳорат, ғусл ва пок будани бадан ва либос мебинем.

‌        Ҷуръат, ҷасорат ва фарёд заданро аз азон меомӯзем.

‌        Ҳозир шудан дар саҳнаро аз ҷамъ шудан дар масҷидҳо ёд мегирем.

‌        Таваҷҷӯҳ ба адолатро дар интихоби имоми ҷамоати одил медонем.

‌        Таваҷҷӯҳ ба арзишҳо ва камолотро аз касоне, ки дар сафи аввал меистанд ба даст меоварем.

‌        Рӯй овардан ба сӯи қибларо эҳсос мекунем. Оре, Яҳудиён ба сӯе ва Масеҳиён ба сӯи дигар маросими ибодии худро анҷом медиҳанд ва мусулмонон бояд мустақил бошанд ва ба ҳамин хотир ба фармони Қуръон, Каъба қиблаи мустақилли мусулмонон мешавад, то мустақил будан барои онон ҳифз шавад.

‌        Риоят кардани ҳуқуқи дигаронро дар ин мебинем, ки ҳатто як тори риштаи дуздӣ набояд дар либоси намозгузор бошад.

‌        Таваҷҷӯҳ ба сиёсатро онҷо эҳсос мекунем, ки дар ривоёт мехонем: Намозе, ки бо қабул кардани вилояти имоми маъсум набошад қабул нест.

‌        Таваҷҷӯҳ ба назмро дар сафҳои муназзами намози ҷамоат ва таваҷҷӯҳ ба шуҳадоро дар тарбияти Карбало ва таваҷҷӯҳ ба тозагии муҳитро дар супоришҳое, ки барои покӣ ва тозагии масҷид ва масҷидҳо дода шудааст, мебинем.

‌        Таваҷҷӯҳ ба Худоро дар тамоми намоз ва таваҷҷӯҳ ба рӯзи қиёматро дар (молики явмиддин), таваҷҷӯҳ ба интихоби роҳро дар (иҳдина сиротал мустақим), интихоби ҳамроҳони хубро дар (сироталлазина анъамта алайҳим), парҳез аз каҷравон ва ғазабшудагонро дар (ғайрил мағзуби алайҳим валаззоллин) таваҷҷӯҳ ба нубувват ва Аҳли Байти Паёмбар(а) – ро дар ташаҳҳуд ва таваҷҷӯҳ ба покон ва солеҳонро дар (ассалому алайно ва ало ибодуллоҳисолиҳин) мебинем.

‌        Таваҷҷӯҳ ба таоми покро он ҷо мебинем, ки дар ҳадис омадааст: Агар касе машруботи масткунандаро мехӯрад то чиҳил рӯз намозаш қабул намешавад.

‌        Ороиши зоҳириро дар он ҷо мебинем, ки супориш кардаанд аз беҳтарин либос, атр ва зинат дар намоз истифода кунем ва ҳатто занҳо васоили зинатии худро ҳамроҳ дошта бошанд.

‌        Аҳамият ба ҳамсарро он ҷо мебинем, ки дар ҳадис мехонем: Агар миёни зану шавҳаре кина бошад ва ё якдигарро озор диҳанд ва бадзабонӣ кунанд, намози ҳеҷ кадом қабул нест.

Инҳо гӯшае аз асарҳо ва диққатҳое буд, ки дар зери намоз ба онҳо мутазаккир мешавем. Имом Хумайнӣ(р) фармуд: Намоз як корхонаи инсонсозӣ аст.

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Амр ба маъруф, яъне супориш ба хубиҳо ва наҳй аз мункар, яъне нигоҳ доштан аз бадиҳо.

Анҷоми ин ду амри муҳим эҳтиёҷ ба синни хосе надорад, чун Луқмон ба фарзандаш мегӯяд:

á يَابُنىَّ أَقِمِ الصلَوةَ وَ أْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ ...â

Амр ба маъруф нишонаи ишқ ба дин, ишқ ба мардум, алоқа ба саломатии ҷомеа ва нишонаи озодии сухан, ғайрати динӣ, пайвастагии дӯстона байни мардум ва нишонаи фитрати бедор ва назорати умумӣ ва ҳозир шудан дар саҳна аст.

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар сабаби шавқи некӯкорон, огоҳ кардани инсонҳои нодон, ҳушдор барои пешгирӣ аз хилоф ва ба вуҷуд овардани як навъ тартиби иҷтимоӣ аст.

Қуръон мефармояд: Шумо мусулмонон беҳтарин уммат ҳастед, чун амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед.[127] Ҳазрати Алӣ(а) мефармояд: Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ба фаидаи ҳамаи мардум аст.[128] Чуноне ки дар ҳадиси дигар мехонем: Касе, ки аз  бадиҳо пешгирӣ  накунад, монанди касе аст, ки маҷрӯҳеро дар роҳ раҳо кунад то бимирад.[129]

Паёмбароне ҳамчун ҳазрати Довуд(а) ва ҳазрати Исо(а) ба касоне, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар намекунанд, лаънат фиристодаанд.[130]

Ҷанг кардани Имом Ҳусайн(а) барои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар буд.

[131]((انّما خرجت لطلب الاصلاح فی امّة خدّی اريد ان آمر بالمعروف و انهی عن المنكر))

Дар ҳадис мехонем: Ба воситаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар тамоми воҷибот анҷом мешавад.[132]

Қуръон мефармояд: Агар дар маҳфиле оёти илоҳӣ масхара шавад, маҳфилро ба хотири норозӣ будан тарк кунед, то баҳс иваз шавад.[133]

Инсон бояд ҳам дар дил аз анҷоми гуноҳ нороҳат бошад ва ҳам бо забон онро наҳй кунад ва ҳам бо иҷрои қудрат ва қонун монеи анҷоми он шавад.

Агар касеро ба кори хубе даъват кардем дар аҷри корҳои хуби ӯ низ шарик ҳастем, вале агар дар муқобили фасод, каҷравӣ ва гуноҳ, хомӯш нишинем оҳиста – оҳиста фасод рушд мекунад ва инсонҳои фосид ва фасодкунанда бар мардум ҳоким хоҳанд шуд.

Хомӯшӣ ва бепарвоӣ дар муқобили гуноҳ сабаб мешавад, ки гуноҳ кардан оддӣ шавад, гунаҳкор ҷуръат пайдо кунад, мо сангдил шавем, шайтон розӣ гардад ва Худо бар мо ғазаб намояд.

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ду вазифаи илоҳӣ аст, вале баъзеҳо гумоноҳои нодурусте доранд ва мегӯянд:

Гуноҳи дигарон коре ба мо надорад, озодии мардумро аз байн набарем, ман аҳли тарс ва хиҷолат ҳастам, бо як гул баҳор намешавад, Исо ба дини худ Мӯсо ба дини худ, моро дар як қабр қарор намедиҳанд, дигарон ҳастанд, гӯсфандро аз пои худ овезон мекуананд бузро аз пои худ, ман чаро амр ба маъруф кунам? Бо наҳй аз мункар дӯстон ва наздиконамро аз даст медиҳам ва монанди инҳо, ки наметавонанд, ин вазифаро аз души мо бардоранд.

Албатта амри ба маъруф ва наҳй аз мункар бояд огоҳона, дилсӯзона, оқилона ва ҳадди ақал махфиёна бошад.

Гоҳе бояд худамон бигӯем, вале он ҷо ки сухани мо асар надорад вазифа соқит намешавад, балки бояд аз дигарон бихоҳем онон бигӯянд.

Ҳатто агар муддати кӯтоҳе метавон аз фасод пешгирӣ кард бояд пешгири кард ва агар бо такрор метавон ба натиҷа расид, бояд такрор кард.  

Ояти 18

 

Ва рӯи худро аз мардум (бо такаббур) бар магардон ва дар замин мағрурона роҳ марав, чун Худованд ҳеҷ мутакаббир ва фахр кунандаро дӯст намедорад.

Нуктаҳо:

¥  “Тасъир” як навъ беморие аст, ки шутур ба он гирифтор мешвад ва гарданаш каҷ мешавад. Луқмон ба фарзандаш мегӯяд: Ту бар асоси такаббур мисли шутури бемор гарданатро ба мардум каҷ накун.

¥  “Мараҳ” ба маънои хурсандии зиёд аст, ки дар асари мол ва мансаб ба даст меояд.

“Мухтол” ба касе гӯянд, ки бар асоси хаёл ва гумон худро бузургтар аз дигарон медонад ва “фахур” ба маънои фахркунанда аст.

¥  Такаббур ҳам масхараи мардум аст ҳам заминасози рушди кинаҳои нав ва ҳам бедоркунандаи кинаҳои дарунии гузашта. Дар ҳадис мехонем: Ҳар кас  мутакаббирона дар замин роҳ меравад замин ва ҳар мавҷуде, ки зеру рӯи он аст ӯро, лаънат мекунанд.[134]

Паёмҳо: 

1.      Бо мардум бо кушодарӯӣ рафтор кунем. á لا تُصعِّرْ خَدَّك â

2.      Такаббур манъ аст, ҳатто дар роҳ рафтан.

á لا تَمْشِ فى الأَرْضِ مَرَحاً  â

3.      Аз чизҳое, ки сабаби хушнудии Худованд аст барои эҷод кардани шавқ ва аз нохушнудии ӯ барои тарки бадиҳо ва гуноҳон истифода кунем. á إِنَّ اللَّهَ لا يحِبâ

4.      Ба гумонҳо, хаёлот ва баландпарвозиҳо худро гирифтор насозем. á مخْتَالٍâ

5.      Дар назди мардум ба хотири моли дунё фахр накунем. á إِنَّ اللَّهَ لا يحِب كلَّ مخْتَالٍ فَخُورٍâ

Тавозӯъ

Дар ин оят Луқмон ба фарзандаш мегӯяд: Дар замин мутакббирона роҳ нарав ва дар сураи Фурқон аввалин нишонаи бандагони хуби Худо ҳаракати мутавозеонаи онҳост. [135]((وَ عِبادُ الرّحمن الَّذِينَ يَمْشُونَ عَلَی الارْضِ هَوناً))

Яке аз сирҳои намоз, ки дар саҷдаи он, баландтарин нуқтаи баданро (ҳадди ақал дар ҳар шабонарӯз 34 бор дар 17 ракъат намози воҷиб) рӯи хок мегузорем, ки дурӣ аз такаббур, ғурур ва тавозӯъ дар баробари Худованд аст.

Гарчӣ тавозӯъ дар баробари тамоми инсонҳо лозим аст, аммо дар баробари падару модар, устод ва мӯъминон лозимтар аст. Тавозӯъ дар баробари мӯъминон аз нишонаи барҷастаи аҳли имон аст. [136]áاذّلة علی المؤمنينâ 

Бар хилофи талаби мутакаббирон, ки пешниҳоди дур кардани фақиронро аз паёмбарон доштанд, он бузургворон мефармуданд: “Мо ҳаргиз фақиронро раҳо намекунем”. [137]áو ما انا بطارد الّذين آمنواâ

Инсони заиф ва нотавон, ки аз хок ва нутфа офарида шуда ва дар оянда мурдоре беш нахоҳад буд, чаро такуббур мекунад?

Магар илми ками ӯ бо фаромӯшӣ осеб намебинад?

Магар зебоӣ, қудрат, шӯҳрат ва сарвати ӯ аз байн намеравад?

Магар беморӣ, фақр ва маргро дар ҷомеа надидааст?

Магар тавоноии ӯ нобудшуданӣ нест?

Пас барои чӣ таккабур мекунанд?

Қуръон мефармояд: Муктакаббирона роҳ наравед, ки замин шикоф намешавад, гарданкашӣ накунед, ки аз кӯҳҳо баландтар намешавед.[138]

Намунаҳое аз тавозӯи авлиёи илоҳӣ

1.        Шахси аввали офаринише, ки Паёмбари Акрам(с) аст, вақте дар масҷид менишаст ҳеҷ фарқе бо дигарон надошт ва касоне, ки вориди маҷлис мешуданд, ҳазратро намешинохтанд ва мепурсиданд: Кадом яке аз шумо Паёмбар ҳастед.[139]((ايّكم رسول الله))

2.        Дар сафаре, ки барои омода кардани таом ҳар кас кореро ба ӯҳда гирифт, Паёмбар(с) низ кореро ба ӯҳда гирифт ва фармуд: Ҷамъ кардани ҳезум бар ӯҳдаи ман.[140]

3.        Ҳамин ки Паёмбар(с) диданд барои нишастани чанд нафар гилем нест, ҷелаки худро доданд то чанд нафаре рӯи ҷелаки он ҳазрат биншинанд.[141]

4.        Пӯшидани либоси оддӣ, савор шудан бар хари бе полон, шир ҷӯшидан, ҳамнишини бо ғуломон, салом кардан ба кӯдакон, поргӣ кардани кафш ва либос, қабул кардани даъвати мардум, ҷорӯб задани хона, даст додан ба тамоми инсонҳо, хӯрдани ҳар гуна таоме, ки дигарон омода мекарданд аз ахлоқи ҳазрат буд.[142]

5.        Баъзе аз мусалмонҳо хостанд ба эҳтироми Имоми Содиқ(а) ҳаммомро  холӣ кунанд, ҳазрат иҷозат надод ва фармуд: Ҳоҷат ба ин кор нест, зиндагии мӯъмин соддатар аз ин эҳтиромҳост.[143]

6.        Ҳарчӣ сахтгирӣ карданд, ки дастархони Имом Ризо(а) аз ғуломон ҷудо бошад, ҳазрат қабул накард.[144]

7.        Шахсе дар ҳаммом, Имом Ризо(а) – ро  нашинохт ва аз ӯ хост, ки пушти ӯро бимолад, ҳазрат худашро шинос накарда бо фурӯтанӣ талаби ӯро қабул кард. Ҳамин, ки он шахс ҳазаратро шинохт, шурӯъ ба узрхоҳӣ кард, ҳазрат ӯро дилдорӣ доданд.[145] 

Аз нишонаҳои тавозӯъ, қабул кардани пешниҳод ва эроди дигарон ва нишастан дар поинтар аз ҷое аст, ки дар шаъни туст.

Ояти 19

Дар роҳ рафтан (ва рафтор) маиёнарав бош ва овозатро баланд накун, зеро ки нохуштарин садоҳо садои харҳо аст.

Нуктаҳо:

¥  Имом Ҳасан(а) мефармояд: Зуд роҳ рафтан арзиши мӯъминро кам мекунад.[146]

¥  Дар ҳадис мехонем: Дар даъвати мардум ба сӯи Худо ва тиловати Қуръон, баланд кардани садо мушкил надорад.[147]

¥  Дар супоришҳои Луқмон, нӯҳ амр, се наҳй ва ҳафт далел барои ин амр ва наҳйҳо омадааст:

Нӯҳ амр:

1.  Некӣ ба падару модар.

2.  Ташаккур аз Худо ва падару модар.

3.  Ҳамсӯҳабат шудан бо некӣ бо падару модар.

4.  Пайравӣ аз роҳи мӯъминон ва тавбакорон.

5.  Барпо доштани намоз.

6.  Амр ба маъруф.

7.  Наҳй аз мункар.

8.  Муносиб ҳаракат кардан.

9.  Баланд сухан нагуфтан.

Аммо се наҳйи:

1.  Наҳй аз ширк.

2.  Наҳй аз рӯйгардонӣ аз мардум.

3.  Наҳй аз роҳ рафтан бо такаббур.

Аммо ҳафт далел:

1.  Чун шукргузории инсон ба фоидаи худи ӯст, пас шукргузор бошед.((و من يشكر فانّما يشكر لنفسه))

2.  Чун ширк зулми бузург аст, пас ширк ба Худо наёваред. ((إنّ الشرك لظلمٌ عضيم))

3.        Чун бозгашти ҳама ба сӯи ӯст ва бояд ҷавобгӯ бошед, пас ба падару модар эҳтиром бигузоред. ((الیَّ المصير))،

 ((الیَّ مرجعكم))

4.  Чун Худованд бар ҳама чиз огоҳ аст, пас дар фикри амалҳои худ бошед. ((ان الله لطيف خبير))

5.  Чун тоқат овардан аз корҳо боаҳамият аст, пас сабркунанда бошед. ((انّ ذلك من عزم الامر))

6.        Чун Худованд мутакаббиронро дӯст намедорад, пас такаббур накунед. áانّ الله لا يحبّ كلّ مختال فخورâ

7.        Чун бадтарин садоҳо садои харҳост, ки баланд аст, пас садои худро баланд накунед. ((انّ انكر الاصوات لصوب الحمير))

Паёмҳо: 

1.        Ислом дини комиле аст ва ҳатто барои роҳ рафтан дастур ва барномае дорад. á وَ اقْصِدْ فى مَشيِكâ

2.        Дар дини илоҳӣ ақоид ва ахлоқ дар канори ҳам омадааст. áلا تشرك بالله... و اقصد فی مشيكâ

3.        Миёнаравӣ, дурӣ аз заиёдаравӣ ва танбалӣ ва оҳиста роҳ рафтан, супориши Қуръон аст.á وَ اقْصِدْ فى مَشيِك â

4.        На фақат дар роҳ рафтан, балки дар тамоми корҳо миёнаравиро риоят кунем. á وَ اقْصِدْ فى مَشيِكâ

5.        Садои худро паст кунем, аз фарёди беҳуда бипарҳезем ва сухани нарм ва ором дошта бошем.

á وَ اغْضض مِن صوْتِك  â

6.        Фарёд кашидан ва баланд кардани садо як чизи нописанд ва бад дидашуда аст.

á وَ اغْضض مِن صوْتِك  إِنَّ أَنكَرَ الأَصوَتِ لَصوْت الحَْمِيرِâ

      

Ояти 20

Оё надидед, ки Худованд он чиро дар осмонҳо ва ончиро дар замин аст хидматгузори кард ва неъматҳои зоҳирӣ ва ботинии худро барои шумо сарозер намудааст, вале баъзе аз мардум бо бесаводӣ ва бе ҳеҷ ҳидояте ва беҳеҷ китоби равшангаре  дар бораи Худованд ба ҷанг ва ҷанҷол мепардозанд.

Нуктаҳо:

¥  Исобоғ“اِسباغ” ба маънои андохтан ва паҳн кардан аст.

¥  Дар ин оят ба ду хел неъмат ишора шудааст, неъмати зоҳирӣ монанди: саломатӣ, рӯзӣ, зебоӣ ва монанди инҳо ва неъмати ботинӣ монанди: имон, маърифат, боварӣ, хулқи некӯ, кӯмаки ғайбӣ, илм, фитрат, вилоят ва ғайра.

¥  Шояд битавон гуфт мақсад аз илм дар ин оят истидлоли ақлӣ ва мақсад аз ҳидоят, ҳидоятҳои фитрӣ ва мақсад аз китоб, ваҳйи илоҳӣ аст, ки баъзе касон бе ҳеҷ далеле аз роҳи ақл, на фитрат ва на ваҳй дар бораи Худо сухан мегӯянд ва изҳори назар мекунанд.

Паёмҳо: 

1.  Бетаваҷҷӯҳӣ ба офаридаҳо ва нақши онҳо дар зиндагии башар сабаби сарзаниш аст. áَألَمْ تَرَوْاâ Саъдӣ мегӯяд:

Ин ҳама нақши аҷиб бар дару девори вуҷуд,

Ҳар ки фикрат накунад нақш бувад бар девор.

2.  Тамоми офаридаҳо ҳадафдор ва ба хотири баҳрагирии инсон аст. á سخَّرَ لَكُمâ

3.  Исон метавонад ончиро, ки дар замин ва осмон аст дар зери қудрати худ дароварад. á سخَّرَ لَكُمâ

4.  Неъматҳои илоҳӣ, ҳам зиёд ва фаровон аст á وَ أَسبَغَ â ва ҳам гуногун аст á ظاهِرَةً وَ بَاطِنَةًâ ва ҳам дар дастрасии бандагон аст. áعَلَيْكُمâ

5.  Набояд аз неъматҳои ботинии Хдованд ғофил шавем ва ба онҳо бетаваҷҷӯҳ бошем. á أَ لَمْ تَرَوْا... بَاطِنَةً â

6.  Бо вуҷуди зиёдӣ ва фаровонии неъматҳо, инсон дар бораи Худо ҷанҷол мекунад ва ин як навъ куфрони неъмат аст. á أَسبَغَ عَلَيْكُمْ نِعَمَهُ... يجَدِلُ فى اللَّهِ â

7.  Ҷанҷоли мантиқӣ хуб аст,[148]áو جاهد لهم بالّتی هی احسنâ вале ҷидоле, ки пуштибонии илмӣ надошта бошад ва дур аз ҳидОяти илоҳӣ ва мухолиф бо китоби Худо бошад, беарзиш аст.[149] á يجَادِلُ فى اللَّهِ بِغَيرِ عِلْمٍ وَ لا هُدًى وَ لا كِتَابٍ مُّنِيرٍâ

8.  Дар ҷаҳонбинии илоҳӣ ақл, фитрат ва ваҳй манбаи мӯътабар шинохта шудааст на ғайри он. á عِلْمٍ ، هدیً، كتاب منيرâ

Ояти 21

Ҳар гоҳ ба онон гуфта шавад “он чиро Худо нозил кардааст пайравӣ кунед”. Гӯянд: “Балки мо он чиро, ки падаронамон пайравӣ кардаанд, пайравӣ хоҳем кард”. Оё агар шайтон ононро ба азоби сахт даъват кард (боз ҳам бояд аз ӯ пайравӣ кунанд)? 

Нуктаҳо:

¥  Калимаи “қил” нишонаи асабонияти сахти кофирон аст, яъне ҳар сухани ҳаққе аз ҳар гӯяндае бошад, онон сарсахтӣ мекунанд ва қабул намекунанд ва коре ба гӯянда надоранд. ((قِيلَ لهم))

Паёмҳо: 

1.   Намунаи даъвои нораво, пайравии кӯр - кӯрона аз афкори гузаштагон аст. áيجادل فی الله بغير علم... قَالُوا بَلْ نَتَّبِعُ مَا وَجَدْنَا عَلَيْهِ ءَابَاءَنَا â

2.  Пйравӣ аз ваҳй ва он чи аз ҷониби Хдованд аст, лозим аст. á اتَّبِعُوا مَا أَنزَلَ اللَّهُâ

3.  Бо даъвати каҷравон ба сӯи ҳақ вазифаи худро нисбати онҳо адо кунем. á قِيلَ لهَُمُâ

4.  Барои инсон ду роҳ вуҷуд дорад: А: Роҳи Худо

 áما انزل اللهâ Б: Роҳи шайтон á الشيْطنُ يَدْعُوهُمْ إِلى عَذَابِ السعِيرِâ

5.  Ақоиди гузаштагон дар сарнавишти насли оянда таъсиргузор аст. á وَجَدْنَا عَلَيْهِ ءَابَاءَنَا â

6.        Пайравӣ ва таассуби кӯр - кӯрона манъ аст. áوَجَدْنَا عَلَيْهِ ءَابَاءَنَا... او لوكانâ (Таассуби норавои хешовандӣ монеи ҳақпазирӣ ва рушди андеша аст.)

back

index

next