Тарҷумаи манзуми сураи Бақара (оятҳои 1 то 24)

(Ҳасани Роҳатии Сабзаворӣ)

Сароғози ҳар кор номи Худост,

К-аз ӯ меҳру бахшиш ҳама халқрост.

Алиф, Лом, Мим аст дар ибтидо

(Кас огаҳ набошад аз он ҷуз Худо.) (1)

Китобе, ки набвад дар он шакку райб,

Ҳидоят кунад муттақинро зи ғайб; (2)

Касоне, ки имон ба ғайб оваранд,

Бихонда намозу бар он боваранд;

Аз ончи Худо ризқу рӯзӣ наму 76;,

Бибахшанд онон ба эҳсону ҷуд; (3)

Касоне, ки имон ба ваҳй оваранд,

Ба Қуръон дилу ҷони худ биспаранд;

Пазиранд ончи ки аз ибтидо,

Расида ба пайғамбарон аз Худо;

Яқин карда онҳо ба рӯзи ҷазо,

Ба он ҷону дил баста дар арсаҳо. (4)

Зи сӯи Худовандгори ҷаҳон,

Ҳидоят шуда ҷумла дар он замон.

(Бад-ин гуна аз лутфи Донои роз)

Ҳама растгоранду ҳам сарфароз. (5)

Касоне, ки кофир шуда дар ҷаҳон,

Мусовӣ бувад баҳрашон ин замон.

Диҳӣ пандашон ё нагӯӣ ту он,

Надорад тафовут бидуни гумон.

Наёранд имон ба зоти Худо,

(Макун хаста худро ту, эй Мустафо!) (6)

Худо мӯҳр кардааст дилҳояшон,

Фикандаст парда ба чашмонашон.

Зада низ Парвардигори ҷаҳон,

Яке мӯҳр бар гӯши он кофирон.

Бувад баҳри онҳо зи сӯи Худо

Азобе, ки сахт аст дар он саро. (7)

Гурӯҳе зи куффор[1] гуфта чунин,

Ки: “Дорем имон ба ҳашру ба дин.”

Валекин наёварда имон ба он,

Дурӯғе бувад к-он намуда баён. (8)

Намуданд куффор дар он замон

Барои худ ин гуна занну гумон,

Ки найранг оварда баҳри Худо.

Фиребанд он мӯъминонро ҷудо,

Ба ҷуз худ касеро надода фариб.

Нафаҳманд онон чӣ бошад насиб? (9)

Гирифтори бемории дил шуданд,

Ҳақ афзуд онро чу ғофил буданд.

Дурӯғин шумурданд Парвардигор

Азобе бувад баҳрашон барқарор. (10)

Чу гӯи ба онҳову орӣ ба ёд:

“Набояд намоед ҳаргиз фасод!”

Бад-ин гуна посух диҳанд он касон,

Ки: “Ҷӯем ислоҳу созиш аз он.” (11)

Ҳамоно ки ин кофирон дар ҷаҳон

Фасод оваранду надонанд он. (12)

Чу гуфта ба куффор дар ин замон,

Ки: “Мӯъмин шуда мисли он мардумон.”

Бидода ҷавобе, ки: “Чун аблаҳон

Биёрем имон ба рабби ҷаҳон?”

Ту огоҳ бош, эй Расули Худо!

Ки аблаҳӣ кардаанд ин нидо.

Валекин набошанд аз он бохабар,

(Ту гӯи ки ҳастанд бас кӯру кар.) (13)

Ба ҳангоми бархӯрд бо мӯъминон,

Бигӯянд: “Дорем имон ба дин”.

Вале чун ба халват раванду ниҳон,

Бигиранд назди шаётин макон.

Бигӯянд: “Мо бо шумоем з-он

Тамасхур намоем он мӯъминон.” (14)

(Валекин Худованди донои панд)

Кунад кофиронро ҳама ришханд.

Гузорад Худо то ки осӣ шаванд,

Чу ҳайрон шуда роҳи туғён раванд. (15)

Хариданд онон ба он дини пок,

Тариқи залолат, ки орад ҳалок.

Набурданд суде зи савдояшон,

Натиҷа набахшида он бегумон.

Ҳидоят нагашта ба сӯи Худо

(Шуда ҷумла аз роҳи Эзад ҷудо) (16)

Ту ҳоли дурӯён чунин мешумор

Кунанд оташе рӯшан андар канор,

Ки ёбанд з-он мушкил онҳо наҷот

Раҳо гашта аз зулмат андар ҳаёт.

Вале чун кунад оташ атрофро

Ҳама рӯшану ҳам шавад бармало,

Фиристад Худо тундбоде шадид,

Шавад хомӯш оташ чу тӯфон расид.

Намояд раҳо ҷумла он мардумон

Ба торикиву зулмате ончунон,

Ки чашми касе нест бино дар он

Набинанд чизе, ки бошад аён, (17)

Ки онҳо кару кӯру гунганд ҳон

Зи роҳи хато барнагашта бадон. (18)

Ва ё он, ки бороне аз осмон

Шабе тира ҳамроҳи тундар чунон

Бирезад ба рӯи сари мардуме,

Ки тарсанд аз марг дар ҳар даме.

Гузоранд ангушт дар гӯши хеш,

Ки то нашнаванд он садои пареш.

Худованд дорад ба он кофирон

Иҳота, надонанд он мункирон. (19)

Ҳамон барқ к-аз осмон меҷаҳад,

Рабояд чу чашмону зулмат диҳад.

Чу ҷустан кунад барқ як лаҳза он,

Яке гом бардошта он замон.

Чу хомӯш гардад, таваққуф кунанд,

Набинанд роҳе, ки гоме зананд.

Худо гар ки хоҳад аз он мардумон,

Бигирад ҳама гӯшу ҳам чашмашон.

Ҳамоно, ки зоти Худовандгор

Бувад қодир ӯ бар ҳама чизу кор. (20)

Аё мардумон дар ҳама рӯзгор!

Парастиш намоед Парвардигор;

Худое, ки ӯ офарида башар,

Ҳама мардумони ҷаҳон сарбасар

Ба тақвову парҳез шояд шумо

(Шуда мойилу рафта роҳи Худо;) (21)

Касе к-ӯ намудаст бистари замин

Ҳам он осмон карда сақфе чунин;

Фиристодааст об аз осмон

Бипарварда бас меваҳо он замон;

Шуда ризқу рӯзӣ шуморо чунин

Нагардед мушрик ба рӯи замин;

Ба ҳоле ки донед онро тамом,

Шудед огаҳ аз дину аз ҳар маром. (22)

Ба мардум зи сӯи Худо шуд хитоб,

Ки: “Доред шакке агар дар китоб;

Дар онҳо, ки нозил шуда аз Худо

Ба пайғамбараш Аҳмади Мустафо,

Яке сура оред монанди он,

Гувоҳони худро бихонед ҳон!

Намоед даъват кунун ҳар гувоҳ,

Ки бошад ба ғайр аз Худову илоҳ.

Агар ростгӯву агар содиқед,

Гувоҳӣ бар он иддио оваред. (23)

Чунин гар накардед онро шумо

Нахоҳед карду набошад раво,

Битарсед з-он оташе ҳамчунон,

Ки сангу баданҳост ҳезум бар он;

Фароҳам шуда баҳри он кофирон,

Бисӯзанд онҳо ҳамеша дар он.” (24)

Давом дорад...


[1] Мурод аз куффор дар ин ҷо мунофиқонанд. Дар Қуръон таъбир гурӯҳе аз мардумон аст, на куффор.