Сураи Зуҳо

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 11 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Қасам ба рӯз дар он ҳангом, ки офтоб барояд (ва ҳама ҷоро фаро гирад),

2  Ва қасам ба шаб дар он ҳангом, ки ором гирад,

3  Ки Худованд ҳаргиз туро вонагузоштааст ва мавриди хашм қарор надодааст.

4  Ва ҳатман охират барои ту аз дунё беҳтар аст.

5  Ва ба зудӣ Парвардигорат он қадар ба ту ато хоҳад кард, ки хушнуд шавӣ.

6  Оё ӯ туро ятим наёфт ва паноҳ дод?!

7  Ва туро гумшуда ёфт ва ҳидоят кард,

8  Ва туро фақир ёфт ва бениёз намуд,

9  Ҳол, ки чунин аст, ятимро таҳқир накун,

10  Ва саволкунандаро аз худ марон,

11  Ва неъматҳои Парвардигоратро бозгў кун.

Сураи Шарҳ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 8 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Оё мо синаи туро кушода насохтем,

2  Ва бори вазнини туро аз ту барнадоштем?!

3  Ҳамон боре, ки сахт бар пушти ту вазнинӣ мекард.

4  Ва овозаи туро бланд сохтем.

5  Ба яқин бо (ҳар) сахтӣ осонӣ аст,

6  (Оре) ҳатман бо (ҳар) сахтие осонӣ аст.

7  Пас ҳаногме, ки аз кори муҳимме фориғ мешавӣ ба (кори) миҳимми дигаре бипардоз,

8  Ва ба сӯи Парвардигорат тавҷҷӯҳ кун.

Сураи Тин

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 8 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Қасам ба анҷир ва зайтун (ё қасам ба сарзаммини Шом ва Байтулмуқаддас),

2  Ва қасам ба «Тури синин»,

3  Ва қасам ба ин шаҳри амн (Макка),

4  Ки мо инсонро дар беҳтарин сурату низом офаридем,

5  Сипас ӯро ба поинтарин марҳала бозгардонидем,

6  Магар касоне, ки имон оварда ва амалҳои солеҳ анҷом додаанд, ки барои онҳо подоши тамом нашуданӣ аст.

7  Пас чӣ чиз сабаб мешавад, ки баъд аз ин ҳама (далелҳои равшан), рӯзи ҷазоро инкор кунӣ?!

8  Оё Худованд беҳтарини ҳукмкунандагон нест?!

Сураи Алақ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 19 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Бихон ба номи Парвардигорат, ки (ҷаҳонро) офарид,

2  (Ҳамон касе, ки) инсонро аз хуни бастае халқ кард.

3  Бихон, ки Парвардигорат (аз ҳама) бузургвортар аст,

4  Ҳамон касе, ки ба василаи қалм таълим намуд,

5  Ва ба инсон он чиро намедонист ёд дод.

6  Чунин нест, (ки шумо мепиндоред), ба яқин инсон саркашӣ мекунад,

7  Аз ин ки худро бениёз бибинад.

8  Ва ба яқин бозгашти (ҳама) ба сӯи Парвардигори ту аст.

9  Ба ман хабар деҳ, оё касе, ки наҳй мекунад,

10  Бандаеро замоне, ки намоз мехонад, (оё мустаҳиққи азоби илоҳӣ нест?!),

11  Ба ман хабар деҳ, агар ин банда ба роҳи ҳидоят бошад,

12  Ё мардумро ба тақво фармон диҳад, (оё наҳй кардани ӯ сазовор аст?!),

13  Ба ман хабар деҳ, агар (ин саркаш) ҳақро инкор кунад ва ба он пушт намояд, (оё мустаҳиққи муҷозоти илоҳӣ нест?!),

14  Оё ӯ надонист, ки Худованд (ҳамаи амалҳояшро) мебинад?!

15  Чунон нест, (ки ӯ хиёл мекунад), агар даст аз кори худ барнадорад, носияаш (мўи пеши сараш)-ро гирифта (ба сўи азоб мекашонем),

16  Ҳамон носияи дурӯғгўи хатокорро.

17  Сипас ҳар киро мехоҳад садо бизанад, (то ёриаш кунад).

18  Мо ҳам ба зудӣ маъмурони дўзахро садо мезанем, (то ўро ба дўзах афкананд).

19  Чунон нест, (ки он саркаш мепиндорад), ҳаргиз ӯро итоат накун ва саҷда намо ва (ба Худо) тақарруб ҷўй.

Сураи Қадр

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 5 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Мо он (Қуръон)-ро дар шаби қадр нозил кардем.

2  Ва ту чӣ медонӣ шаби қадр чист?!

3  Шаби Қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст.

4  Фариштагон ва «Рўҳ» дар он шаб ба изни Парвардигорашон барои (тақдири) ҳар коре нозил мешаванд.

5  Шабе аст саршор аз саломат (ва баракату раҳмат), то тулўи сапеда.

Сураи Байина

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 8 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Кофирон аз аҳли китоб ва мушрикон (мегӯфтанд:) даст аз оини худ барнамедоранд, то далели равшане барои онҳо биёяд,

2  Паёмбаре аз сӯи Худо (биёяд), ки саҳифаҳои покеро (бар онҳо) бихонад,

3  Ва дар он навиштаҳои дурусту пурарзише бошад. (Вале ҳангоме, ки омад, имон наёварданд, монанди Аҳли Китоб).

4  Аҳли Китоб (низ дар дини Худо) ихтилоф накарданд, магар баъд аз он ки далели равшане барои онҳо омад.

5  Ва ба онҳо дастуре дода нашуда буд, ҷуз ин ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле, ки дини худро барои Ў холис кунанд ва аз ширк ба ягонапарстӣ бозгарданд, намозро барпо доранд ва закотро бидиҳанд. Ва ин аст оини мустақиму пойдор.

6  Кофирон аз Аҳли Китоб ва мушркон дар оташи дўзаханд, ҷовидона дар он мемонанд, онҳо бадтарини махлуқотанд.

7  (Аммо) касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, беҳтарини махлуқоти (Худо)-янд.

8  Подоши онҳо назди Парвардигорашон боғҳои биҳишти ҷовидон аст, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, ҳамеша дар он мемонанд. (Ҳам) Худо аз онҳо хушнуд аст ва (ҳам) онҳо аз Худо хушнуданд. Ва ин (мақоми воло) барои касе аст, ки аз Парвардигораш битарсад.

Сураи Зилзол

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 8 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Ҳангоме, ки замин сахт ба ларза дарояд,

2  Ва замин борҳои вазнинашро хориҷ созад.

3  Ва инсон мегӯяд: «Заминро чӣ мешавад, (ки ин гуна меларзад?!)».

4  Дар он рӯз замин тамоми хабарҳояшро бозгў мекунад.

5  Зеро Парвардигорат ба ӯ ваҳй кардааст.

6  Дар он рӯз мардум ба сурати гурӯҳҳои пароканда (аз қабрҳо) хориҷ мешаванд, то амалҳояшон ба онҳо нишон дода шавад.

7  Пас ҳар кас ҳамвазни заррае кори хайре анҷом диҳад, онро мебинад.

8  Ва ҳар кас ҳамвазни заррае кори баде кардааст, онро мебинад.

Сураи Одиёт

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 11 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Қасам ба аспҳои давандаи (муҷоҳидон), дар ҳоле, ки нафасзанон ба пеш мерафтанд,

2  Ва савганд ба афрўзандагони ҷараққаи оташ (дар бархўрди сумҳояшон бо сангҳои биёбон),

3  Ва қасам ба ҳуҷумоварони сапедадам,

4  Ки гарду ғубор ба ҳар сӯ пароканданд,

5  Ва (ногаҳон) дар миёни душманон зоҳир шуданд,

6  Ки инсон дар баробари неъматҳои Парвардигораш бисёр носипосу бахил аст.

7  Ва ӯ худ (низ) бар ин маъно гувоҳ аст.

8  Ва ў алоқаи сахт ба мол дорад.

9  Оё намедонад дар он рӯз, ки тамоми касоне, ки дар қабрҳо ҳастанд, барангехта мешаванд,

10  Ва он чӣ дар даруни синаҳост, ошкор мегардад,

11  Дар он рӯз Парвардигорашон аз онҳо комилан бохабар аст.

Сураи Қориа

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 11 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Он ҳодисаи кўбанда,

2  Ва чӣ ҳодисаи кўбандае!

3  Ва ту чӣ медонӣ, ки ҳодисаи кўбанда чист?! (Он ҳодиса ҳамон рӯзи қиёмат аст).

4  Рӯзе, ки мардум монанди парвонаҳои пароканда хоҳанд буд,

5  Ва кӯҳҳо монади пашми рангини ҳаллоҷишуда мегардад.

6  Аммо касе, ки (дар он рӯз) тарозуҳои амалҳояш вазнин аст,

7  Дар як зиндагии хушнудкунанда хоҳад буд.

8  Ва аммо касе, ки тарозуҳояш сабук аст,

9  Паноҳгоҳаш «ҳовия» (дўзах) аст.

10  Ва ту чӣ медонӣ «Ҳовия» чист?!

11  Оташе аст сӯзон.

Сураи Такосур

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 8 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Афзунталабӣ (ва фахрфурўшӣ) шуморо ба худ машғул дошта (ва аз Худо ғофил намуда) аст.

2  То он ҷо ки ба дидори қабрҳо рафтед (ва қабрҳои мурдагони худро баршумурдед ва ба он ифтихор кардед).

3  Чунин нест, (ки мепиндоред, оре) ба зудӣ хоҳед донист.

4  Боз чунон нест, (ки шумо мепиндоред) ба зудӣ хоҳед донист.

5  Чунон нест, (ки шумо хиёл мекунед), агар шумо илмуляқин (ба охират) доштед, (афзунталабӣ шуморо аз Худо ғофил намекард).

6  Ҳатман шумо ҷаҳнамро хоҳед дид.

7  Сипас (бо дохил шудан дар он) онро ба айнуляқин хоҳед дид.

8  Сипас дар он рӯз (ҳамаи шумо) аз неъматҳое, ки доштаед, пурсида хоҳед шуд.

Сураи Аср

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 3 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Ба аср қасам,

2  Ки инсонҳо ҳама дар зиёнанд,

3  Магар касоне, ки имон оварда ва амалҳои солеҳ анҷом додаанд ва якдигарро ба ҳақ суфориш карда ва якдигарро ба сабру истиқомат тавсия намудаанд.

Сураи Ҳумаза

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 9 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Вой бар ҳар айбҷўи масхаракунандае!

2  Ҳамон кас, ки моли фаровоне ҷамъоварӣ ва шумориш карда (бе он ки машрўъ ва номашрўи онро ҳисоб кунад).

3  Ў гумон мекунад, ки молҳояш ӯро ҷовидона месозад.

4  Чунин нест, (ки мепиндорад) ба зудӣ дар «ҳутама» (оташи хурдкунанда) андохта мешаванд.

5  Ва ту чӣ медонӣ «ҳутама» чист?!

6  Оташи барафрўхтаи илоҳӣ аст,

7  Оташе, ки аз дилҳо меҷўшад.

8  Ин оташ барои онҳо фурў баста шудааст,

9  Да сутунҳои кашида ва дароз.

Сураи Фил

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 5 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Оё надидӣ Парвардигорат бо филсаворон (лашкари Абраҳа, ки барои нобудии Каъба омада буданд), чӣ кард?!

2  Оё нақшаи онҳоро дар гумроҳиву табоҳӣ қарор надод?!

3  Ва бар сари онҳо паррандагонеро гурӯҳ-гурӯҳ фиристод,

4  Ки бо сангҳои кўчаке онҳоро ҳадаф қарор медоданд,

5  Оқибат онҳоро ҳамчун каҳи хурдшуда (ва парокарда) қарор дод.

Сураи Қурйш

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 4 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  (Ҷазои лашкари филсаворон) ба хотири ин буд, ки Қурайш (ба ин сарзамини муқаддас) улфат гиранд (ва заминаи зуҳури Паёмбар фароҳам шавад).

2  Улфати онҳо дар сафрҳои зимистона ва тобистона (ва ба хотири ин улфат ба он бозгарданд).

3  Пас (ба шукронаи ин неъмати бузуруг), бояд Парвардигори ин хонаро ибодат кунанд,

4  Ҳамон кас, ки онҳоро аз гуруснагӣ наҷот дод ва аз тарсу ноамнӣ эмин сохт.

Сураи Моун

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 7 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Оё касе, ки рўзи ҷазоро пайваста инкор мекунад, дидӣ?!

2  Ў ҳамон касе аст, ки ятимро бо хушунат меронад,

3  Ва (дигаронро) ба итъоми мискин ташвиқ намекунад.

4  Пас воё бар намозгузороне, ки,

5  Дар намози худ сустӣ мекунанд.

6  Ҳамон касоне, ки риё мекунанд,

7  Ва дигаронро аз васоили зарурии зиндагӣ манъ менамоянд.

Сураи Кавсар

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 3 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Мо ба ту Кавсар (хайру баракати фаровон) ато кардем.

2  Пас барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун.

3  (Ва бидон) душмани ту ҳатман наслбурида ва беақиб аст.

Сураи Кофирун

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 6 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Бигӯ: Эй кофирон!

2  Он чиро шумо мепарастед ман намепарастам.

3  Ва на шумо он чиро ман мепарастам, мепарастед,

4  Ва на ман ҳаргиз он чиро шумо парастиш кардаед, мепарастам,

5  Ва на шумо он чиро ки ман мепрастам, парастиш мекунед.

6  (Ҳол, ки чунин аст) дини шумо барои худатон ва дини ман барои худам.

Сураи Наср

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 3 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Ҳангоме, ки ёрии Худо ва пирӯзӣ фаро расад,

2  Ва бибинӣ мардум гурӯҳ-гурӯҳ дохили дини Худо мешаванд,

3  Парвардигоратро тасбеҳ ва ҳамд кун ва аз Ў омурзиш бихоҳ, ки Ў бисёр Тавбапазир аст.

Сури Масад

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 5 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Бурида бод ҳар ду дасти Абўлаҳаб (ва марг бар ӯ бод!).

2  Ҳаргиз молу сарваташ ва он чиро ба даст овард, ба ҳолаш суде набахшид.

3  Ва ба зудӣ дохили оташи шўълавар ва пурзабона мешавад.

4  Ва (низ) ҳамсараш, дар ҳоле, ки ҳезумкаши (дўзах) аст,

5  Ва дар гарданаш танобе аст, аз пӯсти хурмо.

Сураи Ихлос

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 4 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Бигӯ: «Худованд, Якто ва Ягона аст.

2  Худованде аст, ки ҳамаи ниёзмандон ба ӯ қасд мекунанд,

3  (Ҳаргиз) назоид ва зода на

9  шуд,

10  Ва барои Ў ҳеҷ гоҳ шабеҳу монанде набудааст».

Сураи Фалақ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 5 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Бигў: «Паноҳ мебарам ба Парвардигори сапедаи субҳ,

2  Аз бадии тамоми он чӣ офаридааст,

3  Ва аз бадии ҳар мавҷуди баде, ҳангоме, ки шабона дохил мешавад,

4  Ва бадии онҳо, ки бо афсун дар гиреҳҳо медаманд (ва ҳар тасмимеро суст мекунанд),

5  Ва аз бадии ҳар ҳасуде ҳангоме, ки ҳасад меварзад».

Сураи Нос

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 6 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Бигӯ: «Паноҳ мебарам ба Парвардигори мардум,

2  Ба молику ҳокими мардум,

3  Ба (Худо ва) маъбуди мардум,

4  Аз бадии васвасагари пинҳонкор,

5  Ки дар даруни синаи инсонҳо васваса мекунад,

6  Хоҳ аз ҷин бошад ё аз инсон».

Садақалоҳул Алиюл Азим