Back Index Next

"سراجاً لا يخبو توقده وبحراً لا يدرك قعره". (3)

“Қуръон машъали фурўзоне аст, ки тобиши он хомўш шуданӣ нест ва дарёи амиқе аст, ки фикри башар ба умқи он намерасад”.

Ва ин ҳақиқат имрўз миёни донишмандон комилан дарку ламс шудааст ва ҳар рўз аз Қуръон ҳақиқатҳои тозатареро пайдо мекунанд. Ва яке аз сабабҳои ҷовидона будани Қуръон, ҳамин аст, ки дар ҳар замоне донишмандони ҷаҳон ба фарохўри донишу иттилооти худ аз он баҳраманд буда ва баҳрарасонӣ ва нурафшонии Қуръон ба давраву замони хос ва ба гурўҳи мушаххасе ихтисос надоштааст.

Шахсе аз Имоми ҳаштум Алӣ ибни Мўсо алайҳис-салом пурсид, ки чаро Қуръон пайваста таровату тозагие дорад ва унсу ҳамнишинӣ бо Қуръон ва тиловати он сабаби кўҳна шудани он намешавад. Имом алайҳис-салом дар ҷавоб фармуданд:

"إنّ الله تعالى لم يجعله لزمانٍ دون زمانٍ ولا لناس دون ناسٍ فهو في كل زمان جديد وعند كل قوم غضًا الى يوم القيامة".

“Барои он ки Худои Мутаол Қуръонро барои замони махсусе ва ё барои гурўҳи муайяне нафиристодааст. Аз ин сабаб Қуръон дар тамоми замон ва назди ҳар қавме, то рўзи қиёмат тозаву нав аст”.(4)

Қуръон китоби илмҳои табиӣ нест

Қуръон китоби илмҳои табиӣ нест ва барои тадриси илмҳо ва фанҳои зиндагӣ, ки башар бо неруи тафаккур метавонад ба онҳо даст ёбад наомадааст, ва ҳаргиз Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам барои ин фиристода нашуд, ки илмҳои физик ва ё шимӣ ва ё дигар масъалаҳои риёзӣ ва нуҷумӣ ва фалакӣ ба мо ёд диҳад. Чун Қуръон ҳамон гуна ки худро ба мо муаррифӣ кардааст, китоби ҳидояту тарбият аст ва ҳадаф аз нозил шудани он раҳбарии башар ба сўи Худову қиёмат, ба сўи фазоили ахлоқӣ ва саҷоёӣ инсонӣ мебошад. Аз як чунин китоб набояд интизор дошт, ки равиши дузандагӣ ва хонасозӣ ба мо ёд диҳад ва дар бораи анвои бемориҳо ва доруҳои он ва ё қоидаҳои риёзӣ ва муодилоти ҷабрӣ сухан гўяд, чун ҳамаи инҳо аз ҳадафи як китоби тарбиятӣ берун мебошад. Вале бо эътироф ба ин матлаб, гоҳе Қуръон дар зимни раҳбарии башар ба аввалу охири офариниш ва ё дар миёни сухан аз қудрати бепоёни Худои Мутаол, аз офаринише парда бардоштааст, ки пеш аз дигаргунии ахири илмӣ ҳеҷ кас аз он огоҳ набуд ва асроре аз ҷаҳони офаринишро дар худ нишон додааст, ки наметавон онро сабаби тасодуф ва ё натиҷаи иттилооти замони нузули Қуръон донист. Чун наметавон як чунин иттилооти васеъ ва густарда аз олами хилқатро, ки (фақат донишмандони асри ҳозир дар сояи олатҳову абзорҳои илмӣ бар онҳо даст ёфтаанд) ба сабаби тасодуфи донист ва гуфт, ки ин чизҳо бе ихтиёр ба забони гўяндаи Қуръон ҷорӣ шудааст. Ҳамчунон ки наметавон онро асари иттилооти замон донист. Чун дар замони нузули Қуръон аз ин илмҳо ва иттилоот асаре набуд, балки чорае ҷуз ин нест, ки бигўем, ки офаринандаи ҷаҳон ин ҳама иттилоотро дар ихтиёри ў гузоштааст ва аз ин роҳ барге зарин бар баргҳои пурифтихори Қуръон ва таърихи Паёмбар Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам афзуда мешавад.

Мо акнун ба баъзе аз мўъҷизаҳои илмии Қуръон, ки бо иктишофҳои ахир ва мусалламоти донишҳои рўз комилан ҳамоҳанг ва созгор аст ишора намуда ва дар ин фасл комилан аз хулосаву фишурдагўӣ пайравӣ мекунем. Ва оятҳоеро вориди баҳс мекунем, ки аз назари далолат бар мақсад комилан устувор бошанд. Ва мавриди татбиқи оят низ аз қатъиёти илмҳои имрўза ва аз масъалаҳои дарку ламсшуда ва машҳур ба шумор меравад. Ва аз татбиқи оятҳои илоҳӣ бар фарзияҳои мутазалзил ва ларзон парҳез мекунем, чун фасодҳои як чунин татбиқ бар касе пўшида нест.

***********

Дарси ҳаждаҳум
Қуръон ва ҷозибаи умумӣ

Сафҳаи нилгуни осмони мо бо ситораҳои шаффоф ва дурахшандаи худ, пайваста мавриди таваҷҷўҳи инсон буда ва дар ҳар даврае ба гунае мавриди тафсир вокеъ шуда ва назарҳои гуногуне дар бораи он иброз шудааст. Рўзгоре ҳайъати “Зимқиротис” давроне ҳайъати “Фисоғурс” фикрҳои донишмандони ҷаҳонро ба худ машғул кард. Сипас дар асри дуввуми мелодӣ ҳайъати “Битлемюс”(5) пайдо шуд ва қариб 15-аср ба ҷомеаҳои илмии ҷаҳон, аз шарқу ғарб ҳукумат кард ва дар наҳзати ахири илмии ғарб, асоси он ба василаи чаҳор донишманди ғарбӣ мутазалзил гардид ва маълум шуд, ки он ҳама тафсирҳо ва диққатҳо дар бораи осмонҳову замин пиндоре беш набудааст.

Поягузорони ҳайъати нав

Ҳайъати нав ба василаи чаҳор нафар поягузорӣ шуд. Ва ҳар як аз ин чаҳор нафар, тавонистанд парда аз рўи розе аз ҷаҳони офариниш бардоранд, онон иборатанд аз:

1-Коперники лаҳистонӣ, ки марказ будани заминро такзиб кард.

2-Куплери олмонӣ собит кард, ки ҳар сайёрае бо гардиши худ ба даври хуршед, як мидори байзишаклро тай мекунад.

3-Голилей итолёӣ, ки бо ихтирои дурбин, ситорагони диданашудании бисёреро кафш кардааст.

4-Нютон, ки бо кашфи қонуни ҷозибаи умумӣ, собит кард, ки бар хилофи пиндори Битлемюс, ки тасаввур мекард, ки ситорагон монанди мех бар пайкари ҷисми бе ранг (фалак) кўбида шудаанд, миллионҳо манзумаи шамсӣ ва каҳкашонҳо ва абрҳо дар ҷаҳон муаллақ ва дар сояи қонуни ҷозиба  ва қонуни нерўи гурез аз марказ (марказгурез), ки дар саросари ҷаҳони офариниш, дар тамоми кураҳои сайёраҳову ситорагон ва каҳкашонҳо ва ҳатто дар миёни ду зарраи бисёр кўчаку ночиз ҳукмфармо аст, аз афтодан маҳфуз мондаанд.

Хулоса дар сояи ин ду қонун аст, ки тамоми ҷисмҳо дорои ҳолате ҳастанд, ки якдигарро ҷазб мекунанд ва ҳеҷ мавҷуде аз ҷондорон ва ғайраш аз ин қонун истисно нашудаанд. Нерўи ҷозиба, бо фосилаи ду ҷисм нисбати маъкус дорад, яъне ҳар чӣ ҷисмҳо ба ҳам наздик ва фосилаҳо камтар бошад, нерўи ҷозибаи онҳо бештар мешавад ва ҳарчанд фосилаи ҷисмҳо бештар бошад, нерўи ҷозибаи онҳо камтар мешавад. Дар натиҷа агар танҳо қонуни ҷозиба, бар ҷаҳон ҳукумат мекард ҷисмҳо ба ҳам мепайвастанд ва интизом аз байн мерафт. Агар танҳо қонуни нерўи гурез аз марказ вуҷуд дошт, низоми кунунӣ аз миён мерафт ва ҳар ситорае ба дарае меафтид.

Қувваи гурез аз марказ дар ҳамаи ҷисмҳое, ки ҳаракати давронӣ доранд, вуҷуд дорад. Масалан вақте ки оташгардонро мечархонем, эҳсос мекунем, ки дасти моро мекашад ин ҳамон нерўи гурез аз марказ аст.

Дар сояи ин ду қонун, миллионҳо мавҷуд дар фазо муаллақ аст ва бе сутун дар ҳаво аст ва бе ин ки биафтад ба ҳаракати худ идома медиҳад.

Шакке нест, ки вуҷуди нерўи мармузе дар даруни замин аст, ки ҳамаи ҷисмҳоро ба сўи худ мекашад ва ҳама пеш аз Нютон онро эҳсос мекарданд. Аммо ин ки ин қонун ба сурати умумӣ бар сар то сари ҷаҳони офариниш ҳукумат мекунад, касе пеш аз Нютон зоҳиран аз он огоҳӣ надошт ва танҳо ў буда, ки барои аввалин бор дар асри 17-и милодӣ бо илҳом гирифтан аз афтидани як себ ба замин, парда аз рўи ин қонуни бузург бардошт.

Мехоҳед шумо низ масъалаи афтодани себро афсона ва сохтагӣ бидонед он чунон ки Ҳоп донишманди маъруф тасаввур кардааст, ё барои он воқеият қоил бошед. Дар ҳар ду сурат инро наметавон инкор кард, ки кашфкунандаи қонуни ҷозибаи умумӣ Нютон аст.

Аҳамияти ин қонун ба қадре аст, ки баъзеҳо асри 17-ро қарни Нютон номидаанд. Нютон соатҳои тўлонӣ дар сукуту андеша фурў рафт, то тавонист ин қонуни печидаро кашф кунад.

Қуръони маҷид беш аз 10-аср пеш аз Нютон ба ин ҳақиқати илмӣ дар ду ҷои Қуръон (6) хабар дода мефармояд:

"الله الذي رفع السماوات بغير عمدٍ ترونها.

“Худованде, ки осмонҳоро бе сутуне, ки дида шавад барафрошт”.

Тавзеҳ ин ки ҷумлаи “таравнаҳо” сифоти “амад”, ки ҷамъи амуд  (сутун) аст, мебошад. Ва замир дар (таравнаҳо) ба сутун бармегардад, маънои ҷумла чунин мешавад: Худованде, ки осмонҳоро барафрошт, бе сутуне, ки дида шавад. Ва дар ҳақиқат оят сутунеро, ки дида шавад нафй мекунад на асли сутунро.

Ин назарро бисёре аз муфассирон аз ҷумла Ибни Аббос ихтиёр кардаанд (7) ва ҳадисҳое, ки аз пешвоёни мо расида комилан онро таъид мекунад.

Ҳусайн ибни Холид аз Имоми ҳаштум Алӣ ибни Мўсо Ар-Ризо алайҳис-салом нақл мекунад, ки он ҳазрат фармуд:

"اليس الله يقول: بغير عمدٍ ترونها. فقلت بلى قال:ثَمَّ عمدٌ لكن لا ترونها".    (8)

“Оё Худованд намефармояд, ки бе сутуне, ки дида шавад. Гуфтам: Оре чунин фармудааст. Фармуд: Дар осмонҳо сутунҳое вуҷуд дорад, вале дида намешаванд”.

Таъидкунандаи ин назар ривояте аз Имом Амирал-мўъминин алайҳис-салом нақл шуда, ки фармудааст:

"هذه النجوم التي في السماء مدائن مثل مدائن الأرض مربوطة كل مدينة الى عمود من نور".(9)

“Ин ситорагон, шаҳрҳое ҳастанд ба монанди шаҳрҳои рўи замин ва ҳар шаҳре бо шаҳри дигар бо сутуне аз нур марбут мебошад”.

Рўи ин назар, бояд дид мақсуд аз сутунҳои дида нашуданӣ, ки ситорагонро аз афтодан боз медорад чист, оё ҳамон нерўи мармузи нопайдое аст, ки Нютон ва донишмандони дигар номи онро ҷозибаи умумӣ гузоштаанд ва иборате расотар ва ҳамагонитар ҷуз аз сутуни дида нашуданӣ наметавон пайдо кард.

Қуръон дар расондани ин ҳақиқати илмӣ таъбиреро интихоб намуда, ки дар тамоми давронҳо барои башар қобили дарку фаҳм бошад, ҳатто дар он замоне ки башар ба воқеияти ин сутуни диданашуданӣ пай набурда буд, аз ин иборат мефаҳмид, ки ин кохи бесутун, сутунҳои дида нашудание дорад, ки монанди сутунҳои иморатҳо, ин кохи барафроштаро ҳифз мекунад.(10)

Қуръони маҷид дар оятҳои дигар низ ба бесутун будани осмонҳову замин ишора карда он ҷо, ки мефармояд:

إنَّ الله يمسك السماوات والأرض أن تزولا....." (فاطر-141).

“Худованд осмонҳову заминро аз ин ки аз ҷойҳои худ берун бираванд, нигаҳ медорад”.

Имом Амирал-мўъминин алайҳис-салом дар баъзе аз ин хутбаҳо ба ин ҳақиқати илмӣ дар бораи замин хабар дода ва мефармояд:

"أرساها على غير قرار وأقامها بغير قوامٍ ورفعها بغير دعائم".(11)

“Заминро бе такягоҳ, устувор кард ва онро бе поя, ба по дошт ва бе сутун, барафрошт”.

***********

Дарси нуздаҳум
Завҷият дар гиёҳон ва мавҷудоти ҷаҳон

Яке аз масъалаҳои қобили таваҷҷўҳ, ки дар асри ахир мавриди баҳс қарор гирифта ва саранҷом парда аз рўи он бардошта шудааст, мавзўи завҷ (ҷуфт) будани гиёҳон балки тамоми мавҷудоти ҷаҳони табиат аст, дар сурате, ки  назди мардуми замони Паёмбар, чунин мавзўе аслан матраҳ набуд ва дар бораи он кўчактарин огоҳиро ҳам надоштанд. Вале Қуръони маҷид бо исрори камназире дар бораи ҷуфт будани наботот, балки ҳамаи мавҷудоти ҷаҳони офариниш сухан гуфта ва барои эҷоди таваҷҷўҳ дар мусалмонон, ки масъаларо аз роҳи илмӣ низ мавриди баррасӣ қарор диҳанд, чунин исроре варзидааст.

Муфассирони пешин на танҳо дар ин оёт диққати шоистаи Қуръонро онҷом надодаанд, балки оёти марбут ба ҷуфт будани наботот ва тамоми мавҷудоти офаринишро ба гунае тафсир кардаанд, ки фақат бо илмҳову огоҳиҳои маҳдуди он замон мутобиқат мекунад.

Қуръони маҷид дар бораи завҷияти гиёҳон бо баёни қотеъ ва равшан чунин мефармояд:

"اولم يروا الى الأرض كم انبتنا فيها من كل زوج كريم".

“Оё ба замин наменигаранд, ки дар он ҷо аз ҳар ҷуфт, зебо ва арзандае руёндаем”.

Дар бораи завҷ будани тамоми мавҷудоти ҷаҳони офариниш бо сароҳат мефармояд:

"ومن كل شيء خلقنا زوجين لعلكم تذكرون". (الذاريات-49).

“Аз ҳар чизе як ҷуфт офаридем, то шумо ба азамати ҷаҳони офариниш ва қудрати офаринандаи он пай бурда, ёдовар шавед”. (Зориёт-49)

Қуръон бо ин ки бар хирадмандон дастур медиҳад, ки дар офариниши ҷаҳон тафаккури бештаре бикунанд (Оли Имрон-191) ва яке аз нишонаҳои бандагони Худоро ин медонад, ки дар оёту нишонаҳои хилқат, диққати бештаре намуда ва онҳоро сатҳӣ нагиранд ( Фурқон ояти-73) бо ин васф аз тарафи мусалмонон дар ин ҳақиқати қуръонӣ, ки худ яке аз мўъҷизаҳои илмии Қуръон аст ва пажуҳишгарони ахири ҷаҳони илм ба ин роз даст ёфтаанд, диққати кофӣ ба кор гирифта нашудааст.

Гурўҳе оятҳои марбут ба ҷуфт будани тамоми коинотро аз роҳи мураккаб будани ҳар чизе аз ҷавҳар ва араз ва ё модда ва сурат, тафсир кардаанд ва изофа кардаанд, ки ҳадаф аз ёдоварии ҷуфт будани чизҳо, мутаваҷҷеҳ кардани башар ба ин аст, ки (зоти) мутлақ, ки ҳеҷ гуна таркибе дар он нест, танҳо Худои Мутаол аст. (12)

Баъзеҳо гуфтаанд, ки мақсуд аз ҷуфт будани гиёҳон, ҳамон синфҳо ва анвои мухталиф аст ва дар ҳақиқат лафзи завҷ ва азвоҷ, дар ин маворид ба маънои синфҳо ва анвоъ мебошад. (13)

Дар сурате, ки  маънои ҳақиқии завҷ, ҷуфт будан аст ва агар ба ду синф ва ду навъи мухталиф завҷ гуфта шавад, дар воқеъ ҷанбаи маҷозӣ дорад ва илло завҷияти синфҳои мухталиф ё анвои гуногун ба маънои вокеӣ вуҷуд надорад.

Ҳамчунин тафсири завҷият аз таркиби мавҷудот аз ҷавҳар ва араз ё модда ва сурат, як тафсири фалсафӣ аст, ки  танҳо мавриди таваҷҷўҳи файласуфони ҷаҳон аст. Дар ҳоле ки хитоби Қуръон, ба ҳамаи инсонҳост, гарчӣ аксари онҳо хабаре аз масъалаҳои фалсафӣ надорад.

Баррасии лафзи завҷ аз назари луғат

Лафзи завҷ аз назари луғат дар забони арабӣ ба чизе гуфта мешавад, ки муодил ва линг дорад. Масалан ба ҳар як зану мард “завҷ” мегўянд. Чунон ки Қуръон дар мақоми хитоб ба Одам, чунин мефармояд:

"اسكن انت وزوجك الجنة:. ( بقرة-35).

“Ту бо завҷи (ҳамсари) худ дар биҳишт сукунат ихтиёр кун”. (Бақара-35).

Back Index Next