Дарси шонздаҳум
Хабари ғайбии ҳафтум
Дар ин ҷангҳо гурўҳе
кушта ва гурўҳе мегурезанд
Мушрикони қурайш на
танҳо озодии баён ва гуфтор ва озодии дину мазҳабро аз мусалмонон гирифта
буданд, балки аз он ҷо ки сарвати мусалмонони муҳоҷир, дар чанголи қурайш ва дар
дастраси онҳо буд, барои муқобила бо чунин ситамгарӣ шоиста буд, амволи
тиҷоратии тоҷирони қурайш, ки аз роҳи Мадина ба Шом бурда мешуд аз тарафи
лашкари ҷавони Ислом мусодира ва гирифта шавад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам дар ин фикр буд, ки хабаре ба шарҳи зер ба он ҳазрат расид:
Корвони тиҷоратии
қурайш, ки ҳазор шутур бори онҳоро бардоштааст ва арзишли бори онҳо ҳудуди
50-ҳазор динор аст бо раҳбарии Абусуфён бо ҳамроҳии чиҳил нафар дар ҳоли рафтан
ба Шом мебошанд. Паёмбар Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ёрони худро
ташвиқ кард, ки ба пайгирии корвон бипардозанд. Ҳадафи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи
ва олиҳи ва саллам аз мусодира ва гирифтани амволи тиҷоратии қурайш илова бар
ҷуброни зарарҳое, ки аз тарафи қурайш бар мусалмонон ворид шуда буд, ҷалби
таваҷҷўҳи бузургони қурайш бар ин ки роҳҳои тиҷоратии онон дар доираи ҳукумати
исломии ҷавон қарор гирифтааст. Ва агар онон ба равиши хасмонаи худ нисбат ба
мусалмонон дар Макка идома диҳанд тамоми роҳҳои тиҷоратии онон ба хатар хоҳад
афтод ва аз ин ба баъд нахоҳанд тавонист, ки ҳар сол амволу дороии худро барои
фурўш ба Шом бибаранд.
Паёмбари гиромӣ
саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ҳаракати корвони қурайш ба Шом огоҳ
гардид ва ба пайдо кардани он пардохт, вале бар он даст наёфт. Аз ин ҷиҳат
тасмим гирифт, ки ҳангоми бозгашти корвон роҳро ба рўи онҳо бубандад. Абусуфён
вақти рафтан аз тасмими Паёмбар бохабар шуд аз ин ҷиҳат барои ҳифзи корвон аз
қурайш кўмак хост ва кўмакхоҳии Абусуфён сабаб шуд, ки далерону ҷангҷуёнӣ қурайш
то дандон зери силоҳ раванд ва барои наҷоти корвон ва ҷанг бо Паёмбари гиромӣ аз
сарзамини Макка ба сўи Мадина ҳаракат кунанд. Паёмбар Акрам саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам аз вақти бозгаштани корвон огоҳ буд ва медонист, ки корвон дар
аввали тирамоҳ Макка боз мегардад аз ин ҷиҳат бо 313-нафар сарбоз, ки дар миёни
онҳо ду савора ва чанд шутур беш вуҷуд надошт ва силоҳи онон бисёр ночиз буд, аз
Мадина берун рафт ва дар наздикиҳои сарзамини Бадр мустақар шуд. Дар ин ҳангом
ваҳйи осмонӣ фуруд омад ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро аз
чанд чиз, ки акнун ба шарҳи онҳо мепардозем огоҳ кард, инак матни оят:
"واذ يعدكم الله احدى الطائفتين انها لكم وتودون أنّ غير ذات الشوكة تكون لكم يريد
الله أن يحق الحق بكلماته ... ويبطل الباطل ولو كره المجرمون". (انفال8-7)
“Ба ёд оваред, ҳангоме ки Худованд яке аз ду гурўҳро ба шумо
ваъда
медод вале
шумо мехостед, ки он гурўҳ
(бо корвони тиҷоратӣ) рў ба рў
шавед, ки тавони ҳимоят аз худро надорад.
Худо мехоҳад, ки ҳақро бо оёти худ пойдор созад ва решаи кофиронро биканад.
Ҳақро ошкор кунад ва ботилро бимиронад ҳарчанд гурўҳи муҷрим аз он нороҳат
шаванд”. Ин оят аз ин хабар медиҳад, ки Худои Мутаол Паёмбарро пеш аз нозил
шудани ин оят аз чаҳор чиз огоҳ сохта буд ва аз як даста умури ғайбӣ хабар дода
буд, инак он чаҳор чиз:
1-Бо яке аз ду гурўҳ,
корвони тиҷоратӣ ва ё гурўҳе, ки барои кўмак меоянд рў ба рў мешавед.
"يعدك الله احدى الطائفتين".
2-Аз ботини баъзе аз мусалмонон хабар дода, ки онон мехоҳанд бо
корвони тиҷоратӣ рў ба рў шаванд ва бидуни ҷанг ғаниматҳоеро ба даст оваранд.
3-Дар ин рў ба рўӣ,
Худованд ҳақро ошкор хоҳад кард.
"يريد الله أن يحق الحق".
4-Решаи куфр, ки ҳамон бузургони онон ҳастанд аз байн хоҳад рафт.
Мазмуни оят мерасонад,
ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мусалмононро аз ин чизҳо огоҳ
сохта буд ва гуфта буд, ки Худованд чунину чунон хоҳад кард. Ояти мавриди баҳс
зеҳни мусалмононро ба ҳамон гуфтор мутавваҷеҳ карда ва мефармояд: واذ
يعدك الله ба хотир оваред, ки
Худованд чизҳои зерро ба шумо ваъда медод. Маълум мешавад, ки Паёмбар пеш аз
нузули матни оят ва ё пеш аз хондани он мусалмононро аз ин чаҳор матлаб огоҳ
карда буд. Агар ваъда ва хабар надода буд саҳеҳ набуд, ки бигўяд: واذ يعدك الله
Муфассирон мегўянд:
Ҳангоме ки Паёмбари гиромӣ шўрои низомӣ ташкил дод ва назар бар ин шуд, ки ба
истиқболи қурайш бираванд, фармуд: Ҳаракат кунед, Худоям ба ман ваъда додааст,
ки бо яке аз ду гурўҳ рў ба рў хоҳед шуд ва ман акнун кушторгоҳи Абуҷаҳл, Утба,
Шайба ва ғайраро мебинам.(1)
Вале Қуръон дар ояти
дигар дар ҳамин бора аз шикаст ва гурехтани қурайш равшантар хабар додааст,
чунон ки мефармояд:
"ام يقولون نحن جميع منتصر سيهزم الجمع ويولّون الدبر". (قمر 44-45).
“Оё мегўянд, ки мо бо ин иҷтимоъ пирўз мешавем. Ба зудӣ ин гурўҳ
шикаст мехўранд ва пушт ба майдон мекунанд”. (Сураи Қамар 44-45).
Рўзи Бадр пеш аз он ки
оташи ҷанг бар рўи ҳар ду тараф равшан шавад Абуҷаҳл қадам ба пеш гузошту гуфт:
Мо имрўз бо ин ҳайъати низомие, ки дорем пирўз мешавем. Дар ҳамон ҳангом ин ду
оят, ки яке ҳикояти гуфтори Абуҷаҳл ва дигарӣ аз шикасти қаъӣ ва гурехтани онон
аз майдони ҷанг аст нозил шуд ва фармуд:
"سيهزم الجمع ويولّون الدبر".
“Ин гурўҳ шикаст мехўранд”.
Умар мегўяд: Рўзи Бадр
пеш аз он ки оташи ҷанг шўълавар шавад Расули Худоро дидам, ки зиреҳ бар тан
карда ва бо ҷасту хези хоссе ин оятро мехонад:
سيهزم الجمع ويولّون الدبر".
Пешбинии шикасти қурайш
ва гурехтани гурўҳе, ки шумори лашкарашон се баробари лашкари мусалмонон буд ва
то дандон худро бо силоҳ пур карда буда ва бо охирин ҳайъатҳои низомӣ муҷаҳҳаз
буданд, ҷуз як ваҳйи илоҳӣ наметавонад чизи дигаре бошад ва ҳеҷ мушовири низомӣ
наметавонад чунин шикастро пешбинӣ кунад.
8-Ин мард бо ҳолати куфр мемирад
Қуръон дар хабарҳои
ғайбии худ аз як даста рўйдодҳои шахсӣ ва саранҷом зиндагии афроди махсусе хабар
медиҳад ва ин гуна хабар додан ҷуз аз роҳи кўмак аз ҷаҳони ғайб, барои касе
мумкин нест. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо
илҳом аз ҷаҳони ғайб дар иҷтимои бузурги худ фармуд: Мардум адоват ва душмании
амаки ман Абулаҳаб бо ман доимӣ аст ва ў то дами марг ҳаргиз ба ман имон
намеоварад ва дар олами охират дохили оташ мешавад, чунон ки мефармояд:
"تبت يدا أبي لهب وتب ما اغنى عنه ماله وما كسب سيصلى نارا ذات لهب وامرأته حمالة
الحطب في جيدها حبل من مسد".
“Нобуд бод ду дасти Абулаҳаб ва нобуд бод моле, ки ҷамъ карда,
азоби илоҳиро дур намекунад ва ба зудӣ дар оташе, ки
шўълавар аст дохил мешавад, зани ў ҳезумкаш аст. Дар
гардани ў ресмоне аз лифи хурмо аст”.
Хабари Қуръон дар бораи
ин марду зан, ки аз душманони сарсахти Расули Худо буданд (зани Абулаҳаб хоҳари
Абусуфён буд) пас аз андаке муҳаққақ шуд. Абулаҳаб пас аз шунидани шикасти
қурайш дар ҷанги Бадр ва кушта шудани 70-нафар аз бузургону шуҷоони онон ҳафт
рўз бемор шуду сипас аз дунё рафт.
9-Валид низ дар
ҳолати куфр мемирад
Қуръон на танҳо дар
бораи Абулаҳаб ва зани вай чунин хабаре додааст, балки дар бораи Валид ибни
Муғайра падари Холид, ки ҳакиму довари қурайш буд низ чунин пешбинӣ намудааст.
Ҳакими араб ва райҳонаи онон дар сухансароӣ ва иншои хутба қаҳрамони рўзгор буд.
Қурайш аз вай дар бораи Қуръон назархоҳӣ карданд вай баъд аз тафаккури зиёде
гуфт: "ان هذا الا سحر يؤثر".
“Қуръон сеҳре аст, ки
аз соҳирон расидааст”. Ў барои осуда кардани хотири қурайш ва ҳасодату рашке, ки
бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мебурд, по ба рўи виҷдони худ
гузошт ва Қуръонро сеҳре донист, ки аз соҳирон нақл шудааст.
Бо
ин ки назари воқеии ўро дар
дарси шашум хондем.
Қуръони маҷид бе даранг
аз оқибати дардноки вай хабар дод, ки вай низ монанди Абулаҳаб бар душманиву
адовати худ боқӣ мемонад ва вориди оташ мешавад, чунон ки мефармояд:
"سأصليه سقر. وما ادراك ما سقر لا تبقى ولا تذر لوّاحة للبشر". (مدثر 26-26).
“Ба зуди ўро ба ҷаҳаннам меандозем. Ту
чӣ
медонӣ, ки ҷаҳаннам чист. Оташест
шўълавар, ки ҳама чизро месўзонад ва чизеро боқӣ намегузорад. Чеҳра ва пустро
сиёҳ мекунад”. (Сураи Мудассир-27).
10-Қуръонро аз таҳриф
нигаҳ медорад
Агар Қуръон дар ин ду
маврид аз оқибати бад ва дардноки душманони сарсахти Ислом хабар додааст, дар
оятҳои дигар аз маҳфуз мондани Қуръон аз дастбурди ҳодисаҳо хабар дода ва аз ин
роҳ маҳфуз мондани китоби осмониро аз ҳар гуна таҳриф ва каму зиёд шудан замонат
кардааст. Инак таваҷҷўҳи шуморо ба ояти зер ҷалб намуда ва бо ин фароз ба ин
баҳс хотима диҳем:
"إنّا نحن نزلنا الذكر وإنا له لحافظون". (حجر-9).
“Мо Қуръонро нозил кардем ва мо ўро (аз ҳар ҳодисаи бад) ҳифз ва
нигаҳ хоҳем дошт”. (Сураи Ҳиҷр-9).
Қуръони маҷид дар тўли
ин 14-аср аз ҳар гуна дастбурд ва таҳриф маҳфуз монда ва калимае аз ин кам
нашудааст. Инояти мусалмонон дар оғози Ислом ба омўзишу навиштан ва ҳифзи Қуръон
берун аз ҳадди васф ва баён мебошад. Бузургтарин гувоҳ бар инояти онон ба
Қуръон, ҳамон поягузории риштаҳои илмҳои исломӣ аст, ки ҳамагӣ ба унвони калиди
фаҳми мазмуни Қуръон ташкил шуданд. Ва дар ҳар замоне садҳо мутахассис дар
фанҳои мухталиф рўи Қуръон кор карда ва фикрҳову заҳматҳои худро ба сурати
олитарин ганҷинаҳои илмӣ ва тафсирӣ дар ихтиёри ояндагон гузоштаанд. Ҳангоме ки
Усмон барои пешгирӣ аз ихтилоф ва собит кардани лаҳҷаи қурайш, ки саҳеҳтарин
тоифаӣ араб буданд, дастури навиштани чаҳор Қуръонро дод, то ҳар кадомро ба
сарзамине аз сарзаминҳои исломӣ бифиристад.
Дар бораи “вов”-и ояти "والذين يكنزون الذهب والفضة" миёни Усмон ва Убай ибни Каъб ихтилоф ба вуҷуд омад, Усмон
мегуфт, ки ояти ёд шуда ҳарфи “вов” надорад, вале Убай мегуфт, ки аз Расули Худо
ҳамин хел шунидааст. Билахира Убай бо таҳдиди зиёд, ки агар “вов”-ро
нанависанд хунрезӣ роҳ меандозад муваффақ шуд “вов” дар ҷои худ навишта шавад.
Ҷое, ки барои як ҳарфи
Қуръон ин қадар гуфтугў ва ҷанҷол барпо мешавад (ту худ ҳадиси муфассал бихон аз
ин муҷмал), пас суханони гурўҳи дур аз иттилоъ нисбат ба таҳрифи Қуръон бо насси
илоҳӣ ва таърихи қатъии Ислом ва иттифоқу иҷмоӣ мусалмонон мардуд ва беасос аст.
***********
Дарси ҳабдаҳўм Мўъҷиза будани
Қуръон аз дидгоҳи донишҳои имрўз
Қуръони маҷид ягона
мўъҷизаи ҷовидонии Паёмбари гиромии Ислом аст, ки дар ҳар асру замон гувоҳӣ
равшане бар паёмбар будани он ҳазрат мебошад. Мўъҷиза ва хориқулодда будани он
ба замони Паёмбар Акрам ва ё ҷомеаи араб махсус нест, балки пайваста ба монанди
санади зинда ва гувоҳӣ равшан ва далели устувор бар торикиҳои асру замонаҳо
медурахшад. Яке
аз хусусиятҳои Қуръон ҳолати ниҳоят ва охирнапазирии он аст. Бо ин ки 14-аср аз таърихи нузули он
мегузарад ва дар ҳар асре садҳо мутахассис дар бораи мафоҳим ва маънои он кор
кардааст. Ва тафсирҳое ба суратҳои гуногун бар он навиштаанд, бо ин васф имрўз
донишмандони замон аз баррасии оёти Қуръон ҳақиқатҳоеро дар бораи илмҳои табиӣ
ва равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ ва.... ба даст меоваранд, ки бар мутахассисони
гузашта пинҳон будааст. Ва як чунин сифат “ниҳоятнапазирӣ” (яъне матолиби нави
он ба охир намерасад) аз хусусиятҳои Қуръон аст, ки дар дигар китобҳои осмонии
навиштаҳои башарӣ вуҷуд надорад.
Гўё Қуръон нусхаи
дуввуми ҷаҳони табиат аст, ки ҳар чӣ бинишҳо васеътар ва дидаҳои амиқтар шавад,
ҳар чӣ дар бораи он таҳқиқоту мутолиаҳои зиёде анҷом гирад, рамзҳову асрори он
таҷаллии бештаре намуда ва ҳақиқатҳои наве аз он ба даст меояд. Аз китобе, ки аз
тарафи Худои ягона, барои
ҳидояти башар фиристода шудааст ғайр аз ин интизоре нест. Китоби ў бояд монанди
худаш, хусусиятҳои мақоми рубубиро доро бошад ва дар нишондодани ин ки аслаш аз
ҷониби Худои яктост, ба далелу бурҳон ниёз надошта бошад. Ва
монанди хуршед далели худ буда ва худро нишон диҳад ва муҳити худро равшан
кунад. Паёмбари олиқадр дар суханони худ ба хусусияти ниҳоятнопазирии Қуръон
ишора мекунад ва мефармояд:
"ظاهره انيقٌ وباطنه عميقٌ لا تحصى عجائبه ولا تبلى غرائبه".(2)
Қуръон зоҳири зебо ва
ботини амиқ дорад. Шигифтиҳои
он поён намепазирад ва тозагиҳои он кўҳна намешавад”. Амири
мўъминон алайҳис-салом низ дар яке аз хутбаҳо ба ин хусусиятҳо ишора мекунад ва
мефармояд:
|