Back Index  

Гоҳе лафзи завҷ дар луғати араб, ба ҳар як аз ду ланга низ гуфта мешавад. Масалан ба шавҳар мегўянд “завҷ” ва ба ҳамсар мегўянд “завҷа”. Ва аз ин сабаб Қуръон ҳангоми баёни завҷияти мавҷудоти ҷаҳон лафси завҷро тасния ( бар ду нафар ба кор бурда) оварда ва мефармояд:

"من كل شيء خلقنا زوجين". (الذاريات-49).

“Аз ҳама чиз ду завҷ ва ҷуфт офаридем”. Ва нуктаи он ҳамон аст, ки гуфта шуд, ки дар ин забон ба ҳар як аз ин ду чиз, ки ҷуфт аст, завҷ мегўянд ва аз ин сабаб дар баёни решаву асли инсон, ки нару мода аст, боз ин лафзро тасния (ду нафара) оварда ва мефармояд:

"وانه خلق الزوجين الذكر والأنثى" (النجم-45).

“Ўст ки нару модаро офарид”. (Наҷм-45)

Таърихи пайдоиши назарияи завҷият дар гиёҳон

Аз дер замоне, башар ба вуҷуди ҷинси нару мода дар миёни дарахтон пай бурда буд. Ҳатто дар ҷоҳои хурмохез ин масъала равшан бад, ки агар нутфаро рўи қисмати мода нарезанд, дарахт мева намедиҳад. Вале ҳаргиз намедонистанд, ки ин қонун як қонуни умумӣ аст ва ҳама гиёҳон нару мода доранд ва талқеҳ ва гирдафшонии онҳо ба василаи бод ва ё ҳашарот ва гоҳе ба таври ғайри табиӣ ( яъне ба василаи инсон ) анҷом мегирад. (14)

Нахустин касе ки ин ҳақиқати илмиро ба таври равшан шарҳ дод, донишманди маъруфи Швед Шарл Лине ( дар соли 1707-1787 зиндагӣ карда) буд. Вай ҳамвора набототро дўст медошт, вале ба хусус яке аз навиштаҳои гиёҳшиноси Фаронсавӣ Себастян Воён ба дасташ афтод ва бо хондани он алоқаманд шуд, ки дар бораи асрори наботот диққат кунад. Ва барои аввалин бор навъи тақсимбандӣ, бар асоси олати нару модаро тарҳрезӣ кард ва аз он фоидаи бузурге бурд, чун бедаранг ва билофосила дар донишгоҳи Уписол мақоме аз барои вай муайян карданд.(15)

Ин ҳақиқат имрўз, яке аз мусалламоти ҷаҳони илмҳо ва дар дараҷаи масъалаҳои ҳис шуда қарор гирифта ва ҷузъиёти он равшан гардидааст. Шумо низ метавонед бо баррасии сохтори як гул, ба ҳақиқати он пай бибаред.

Завҷияти умумӣ дар ҳамаи мавҷудоти ҷаҳон

Таҳқиқоти умумии башар дар бораи моддаи ҷаҳон ба инҷо расида буд, ки маддаи нахустини ҷаҳон, мавҷуди рез ва нашкастание ба номи Атом аст ва ҳама ҷаҳон ҷуз таркиботи гуногуни ин заррот чизи дигаре нест, вале мавқеияти ахири донишмандон дар шикастани атом, парда аз рўи  рози нўҳуфтае бардошт ва собит шуд, ки ҳар як аз зарраҳо худ дорои ҷузъҳои резест ва ҳар атоме мураккаб аз ду ҷузъ аст, яке ба номи электрон, зарроти гардандаи атом, ки бори манфӣ доранд ва дигари Протон, ҳастаи марказӣ, ки бори мусбат дорад (ва бар асари доштани ин ду бори мухталиф ва ба истилоҳ “ноҳамном” кашишу ҷозибаи аҷибе миёни ин ду ҷинси мухолиф ҳукмфармост, ки шабоҳат ба ҷозибаи ҷинсӣ, миёни ду ҷинси мухталиф дорад.

Ба назар мерасад, ки ҳадафи Қуръон аз ҳукумати завҷият ба сар то сари ҷаҳони хилқат, ҳамин бошаду бас. Ва дар рўзи нозил шудани Қуръон, имкон надошт ин ҳақиқати илмиро ҷуз бо баёне, ки дар Қуръон ворид шудааст, зикр намуд ва мумкин аст, ки мақсуд аз ҷуфт будани тамоми мавҷудот ба маънои дигаре бошад, ки илм дар оянда аз он парда хоҳад бардошт.

************

Дарси бистум
Мўъҷиза будани Қуръон аз дидгоҳи маорифи ақлӣ

Маорифи ақлии Қуръон, як даста баҳсҳое аст, ки марбут ба идиулужии мазҳабӣ ва зербинои масъалаҳои динӣ мебошад. Монанди баҳс аз далели вуҷуди Худои Мутаол ва сифатҳои зоту афъоли ў ва масъалаҳои марбут ба хилқати ҷаҳон, сарнавишти инсон, зиндагии пас аз марг, шинохтани паёмбарони илоҳӣ ва ҷонишинони онон ва шароиту сифатҳои ҳар як аз баҳсҳои марбут ба ҳидоят ва гумроҳӣ ва ғайра.

Аҳамият ва азамати маорифи ақлӣ, дар сурате маълум мешавад, ки бидонем миёни маорифи ақлӣ, яке аз ҳадафҳои сегонаи Қуръон аст ва оятҳое, ки дар бораи усули куллӣ ва маорифи динӣ нозил шудааст, тақрибан аз се як ҳиссаи Қуръонро ташкил медиҳанд. Боз азамати ин бахш дар сурате равшан мешавад, ки дар таҳлилу тафсир, оятҳои марбут ба маорифро муқоиса кунем ва равиши татбиқро пеш гирем. Яъне ақоиди мазҳабҳо мухталифи ҷаҳон ва ба хусус ақоиди муҳити нузули Қуръонро канори усули куллӣ ва маорифи илмии он бигзорем ва баъд аз муқоиса ва татбиқ бо камоли инсофу бетарафӣ ва дур аз таассуб дар бораи усули куллӣ ва маорифи Қуръон доварӣ кунем. Беҳтарин роҳ дар бораи арзёбии маорифи Қуръон, баррасии ақоиди юнонӣ, будоӣ ва ардуштӣ ва араби ҷоҳилият аст, ки ҳар кадом бар қисмате аз ҷаҳони он рўз ҳукумат мекард ва бисёре аз ин ақидаҳо, хулосаи фикрҳои гурўҳе аз пайафканони фалсафа ва устодони улуми илоҳӣ буд, ки асрҳо дар маҳофили илмии ҷаҳон маъруфияти басазое дошт ва ҳам акнун, қудрату азамати худро дар қалбҳои гурўҳе аз миллатҳои дур афтодаи ҷаҳон нигаҳ доштаанд.

Дар ин арзёбӣ, шахси беназар иқрор мекунад, ки оятҳои марбут ба ақоиду маориф, ҳамагӣ дар сарҳади мўъҷиза ҳастанд ва маҳол аст, ки як инсони дарс нахондаву таҳсил накарда ва парваришёфтаи муҳити ҷаҳлу нодонӣ, қодир бар тарҳи усул ва маорифе бошад, ки нобиғаҳо ва файласуфони ҷаҳон пас аз асрҳо, ба дарки қисмате аз он чиро, ки ў гуфтааст, муваффақ гардидаанд, инак ду намуна:

1-Худошиносӣ ва масъалаи фитрат

Қуръони маҷид, худопарастиро як амри дарунӣ медонад, гўё офариниши башар бо ҳисси худошиносӣ, ҳамонанди эҳсосоту ғаризаҳои дигари инсонӣ, хамир шудааст ва ҳар инсоне нохудогоҳ зери таъсири он қарор мегирад.

Қуръон дар ҳоле ки барои исботи вуҷуди Худо, як даста далелҳои илмӣ ва фалсафӣ ёдовар мешавад, аммо мўътақид аст, ки ҳар шахсе фитратан худохоҳ ва худоҷў аст ҳар чанд ин ҳис худро дар вақтҳои гирифторӣ нишон медиҳад, чунон ки мефармояд:

"فاقم وجهك للدين حنيفا فطرت الله التي فطر الناس عليها لا تبديل لخلق الله ذلك الدين القيم ولكن اكثر الناس لا يعلمون".(سوره روم آيه 30).

“Рў ба дини ҳаниф ва холис аз ширки Худо овар дине, ки офариниши инсонро рўи он қарор додааст. Хилқати Худо тағйирнопазир аст. Ин аст дини устувор, ҳар чанд бештари мардум намедонанд”.

Мақсуд аз дини “ҳаниф” дар оят, ки офариниши инсон бар рўи он бино шудааст, ҳамон дини худохоҳӣ ва худопарастӣ аст. Ин оят бо сароҳати ҳарчи комилтар, моддигарӣ ва инҳироф аз роҳи Худошиносиро мухолифи фитрати инсонӣ медонад ва ин рози бузург, ки донишмандон пас аз 14-аср бар он даст ёфтаанд ва имрўз онро ҳисси чаҳоруми рўҳи инсон медонанд(16) яке аз ҳақиқатҳои арзандае аст, ки Қуръон 14-аср пеш онро ба мо омухтааст.

2-Ботил кардани таслис дар Қуръон

Барои шинохтани азамати маорифи Қуръон, кофӣ аст, ки назари Қуръонро дар ботил кардани дугонапарастии Зардуштиён ва се гона парастии дини Ҳинду (17) ва ё сегонапарастии масеҳиён, ки пайравони он ба тақлид аз динҳои пешин, мавзўи сегонапарастиро дар ин дини поки илоҳӣ дохил кардаанд, баррасӣ кунанд. Дар ин дини Буддо Худои азалӣ ва абадӣ дар се мазҳар ва се худо таҷаллӣ намудааст, ба номҳои: 1-Бараҳман (падидоваранда) 2-Виштў (нигаҳдоранд) 3-Сифо (кушанда). Ва дар дини масеҳиён ба номҳои: 1-Худои падар. 2-Худои писар. 3-Худои рўҳул-қудўс. Дар ҳоле ки зербинои ин динҳоро сегонапарастӣ ташкил медиҳад, худ мавзўи сегонапарастӣ он чунон муҳим ва печидааст, ки донишмандони онҳо дар тафсиру таҳлили он комилан нотавон мебошанд ва саранҷом мегўянд: Парастиши се худо рамзест, ки бояд ба он эътиқод дошт, ҳарчанд ба ҳақиқати он воқиф нашавем. Онҳо дар таҳлили ин ақидаи рамзӣ, дар баробари ду фарзияе, ки яке аз дигарӣ мубҳамтар ва норасотару пурмушкилтар аст қарор доранд.

Чун ҳар гоҳ ҳар як аз худоёни сегонаро худои комилан мустақил ва молики тамоми мақоми улуҳият бидонем, дар ин сурат аз роҳи рости тавҳид гумроҳ шуда ва ба ширк ва эътиқод ба чандто будани офаринандаи ҷаҳон пайдо мекунем, ки далелҳои тавҳид онро комилан мардуд ва ботил донистааст. Ва ё ин ки ҳар як ҷузъе аз худо ва молики қисмате аз моқоми улуҳият буда ва худои комил аз таркиби се ҷузъ анҷом гирифтааст. Ва дар ҳақиқат, ҳар се нафар бо ташкили ширкати саҳмҳои улуҳият ба чунин мақоме расидаанд. Ин ҳамон фаризаи таркиби Худо аз аҷзои маҳдуд ва номаҳдуд аст, ки далелҳои басит будани Худованд онро ботил мекунад ва саранҷом ба ҳар сурате тасаввур шавад, холӣ аз мушкил нахоҳад буд. Аз ин сабаб гурўҳе худро роҳат карда мегўянд: Ҳақиқати худои сегона аз доираи фикру фаҳми башар берун аст ва бояд ба таври тааббудӣ пазируфт.

Гурўҳи дигар қадам болотар гузошта мегўянд: Роҳи илм ва дин аз ҳам ҷудо аст ва ошкоро байни илму дин эълони тазод кардаанд.

Қуръони маҷид, бо сароҳати ҳарчи комилтар, андешаи сехудо парастиро як навъ куфр ва пинҳон кардани ҳақиқат медонад ва мефармояд:

"لقدكفر الذين قالوا ان الله ثالث ثلاثة". (سوره مائده-73).

“Касоне ки мегўянд, Худованд яке аз он се нафар аст, кофир шудаанд”. Ва дар ояти дигар мефармояд:

فآمنوا بالله ورُسُله ولا تقولوا ثلاثة". (نساء-171).

«Ба Худои ягона ва паёмбарони ў имон биоваред ва нагўед, ки Худо се то аст”.

Худованди Мутаол андешаи фарзандии Узайр ва Исоро барои Худо, як навъ тақлиди кўркўрона аз миллатҳои кофир медонад, ки қаблан чунин ақидаеро доштанд, он ҷо, ки мефармояд:

"وقالت اليهود عزير ابن الله وقالت النصارى المسيح ابن الله ذلك قولهم بافواههم يُضاهئون قول الذين كفروا من قبل". (سوره توبة30).

“Яҳуду Насоро мегўянд: Узайр ва Исо фарзандони Худо ҳастанд ва ин сухане аст, ки бар забон мегўянд(вале дар ботин ақидаи ростин ба он надоранд) ва аз касоне ки қаблан куфр варзидаанд пайравӣ мекунанд. (18)

Қуръони маҷид, барои муназзаҳ доштани ду паёмбари гиромии худ, ҳазрати Мўсо ва ҳазрати Исо аз ҳар гуна даъват ба ширку бутпарастӣ мефармояд:

"وما ارسلنا من قبلك من رسول الا نوحي اليه انه لا اله الا انا فاعبدون". (انبياء-25).

“Ҳеҷ паёмбареро қабл аз ту нафиристодем, магар ин ки ба ў гуфтем, (ки ба мардум иблоғ кунед,) ки ғайр аз ман Худое нест ва маро бипарастед”.

Саранҷом Қуръон бо фиристодани сураи кўтоҳе, бар ҳар гуна андешаи ширк ва чандхудоӣ дар бораи Худои Мутаол қалами сурх мекашад ва ўро аз Худованди ягона ва басит, ки паноҳгоҳе ғайр аз ў нест ва таваллуд накард ва худ низ таваллуд нашуда ва барои ў назиру монанде нест, муаррифӣ мекунад ва мефармояд:

"قل هو الله احد الله الصمد لم يلد ولم يُولد ولم يكن له كفواً احد".

“Бигў, ў Худои яктост. Он Худое, ки аз ҳама бениёз ва ҳамаи олам ба ў ниёзманд аст. На касе фарзанди ўст ва на ў фарзанди касе аст. Ва на ҳеҷ кас монанду ҳамтои ўст”.

Дар ҳақиқат ин сура бе ин ки номе аз масеҳият бибарад ва ақидаи ононро мустақиман матраҳ кунад,  ба сарзанишу интиқод аз онон мепардозад ва мусалмонон бо хондани ин сура дар намозҳои панҷгона, аз ақидаи масеҳиён безорӣ меҷўянд.

Оё чунин андешаи баланд ва маорифи амиқ, метавонад ба вуҷуд овардаи як шахси дарс нахонда бошад, ки дар муҳити ҷаҳлу нодонӣ ва торикие, бузург шуда ва дар баробари касе зону барои таҳсили илму дониш назада ва таълим нагирифтааст.



[1]Сираи Ибни Ҳишом ҷ.1.с.615. Маҷмаъ-ул-баён ҷ.2.с.522).
[2] -Усули кофӣ китоби Ар-Қуръон саҳ.591.
[3] -Наҳҷ-ул-балоғаи Абдаҳ ҷ.2.саҳ.202.
[4] -Тафсири Бурҳон ҷ.1.с.28.
[5] Битлемюс аслан Юнонӣ аст, вале дар Миср таваллуд шудааст.
[6] -Сураи Раъд ояти-3. Сураи Луқмон ояти-10.
[7] -Ат-Тибён ҷ.6.саҳ.213.
[8] -Тафсири Бурҳон ҷ.1.саҳ.278.
[9]  -Сафинатул-баҳор моддаи наҷм ҷ.2.саҳ.572 ва қариб ба ҳамин маъно дар “Маҷмаъ-ул-баҳрайн” моддаи кавкаб ворид шудааст.
[10] -Дар маънои оят эҳтимоли дигар низ ҳаст, ки бисёр заиф аст.
[11] -Наҳҷ-ул-балоға хутбаи-228.
[12] -Муфрадоти Роғиб саҳ.216.
[13] -Кашшоф ҷ.2.саҳ.314.
[14] -Ҳашарот сабабҳои муҳимми гирдафшонӣ ҳастанд, ва сабаби борвар шужани бисёре аз гулҳо ва гиёҳон мешаванд. Ҳашарот ба сабаби истифода аз мағзи чормарғ ва шаҳди гулҳо, ворид онҳо мешаванд ва дар ваыти рафтан аз гуле ба гули дигар, мағзҳои чормағзеро, ки ба куркҳои тани онҳо часпидааст, ба рўи кулолаҳо менишонанд. Агар аз наздикии баъзе аз ҳашарот ба баъзе наботот ва гиёҳон монеъ шаванд, дигар онҳо мева ва мағз намедиҳанд.
[15] -Таърихи Улум саҳ.35.
[16] -Се ҳисси дигар иборатанд аз, ҳисси кунҷковӣ, ҳисси некўкорӣ, ҳисси ҳунар ва зебоӣ барои огоҳии бештар аз ин ҳисси чаҳоргона, ба китоби “Роҳи Худошиносӣ” муроҷиа фармоед.
[17] -Дар садаи шашшуми пеш аз милоди ҳазрати Исо, ислоҳоте дар дини Бараҳман падид омада ва сабаб шуд, ки дине ба номи Ҳинду падид ояд.
[18] -дар ин бора дар баҳси сифоти Худо, ба гунаи густарда сухан гуфта шудааст.
Back Index