index page back page

н, сабили пайравон аз Паёмбар(с) ва ғайри ин аз сабилҳо ба сўи Худо) чунон аст, ки чӣ басо офате аз берун, ё кўтоҳие ба он ориз шавад, вале сироти мустақим чунин нест, яъне ҳеҷ офат ё кўтоҳӣ сироти мустақимро ориз намегардад. Масалан имон, ки худ сабиле аз сабилҳо ба сўи Худост, мумкин аст бо ширк ва гумроҳӣ ҷамъ шавад, (“Аксари халқ ба Худо имон намеоваранд, магар онки мушрик шаванд, (яъне бо вуҷуди имон ба Худо, ғайри Худоро низ муассир дар назми олам донанд)”. (Сураи Юсуф, ояти 106)). Вале сироти мустақим бо ҳеҷ гуна аз ширк ё гумроҳие қобили ҷамъ нест. Сабил дорои маротиби зиёде аз назари хулус ва адами хулус ва аз назари наздикӣ ва дурӣ мебошад ва ба ҳар ҳол, ё чунин аст, ки ҳамаи сабилҳо бар сироти мустақим қарор доранд, ё ин ки ҳамаи онҳо ҳамон сироти мустақим ҳастанд.

Худованди Мутаол ин маъноро, (яъне гуногунии сабилҳо ба сўи Худо бо ин ки ҳамагӣ аз сироти мустақими Ў ҳастанд), дар масале, ки барои ҳаққу ботил мезанад, хеле шево ва зебо баён кардааст. Мефармояд: “Худо аз осмон обе нозил кард ва онгоҳ дар ҳар рўде, ба андозаи зарфияташ сели об ҷорӣ шуд ва бар рўи сел кафке баромад, монанди  маъданҳое, ки барои зебоӣ ва зинат (монанди тилло ва нуқра), ё барои олату зуруф (монанди оҳан ва мис) дар оташ об кунанд, мисли оби кафке барорад. Худо ба мисли ин (об ва маъданҳо ва кафки рўи онҳо) барои ҳаққу ботил масал мезанад, ки (ботил чун) он кафк ба зудӣ нобуд мешавад ва аммо он об ва маъдан, ки ба хайру манфиати мардум аст, муддате дар замин даранг мекунад. Худо масалҳоро барои фаҳм ба ин рўшанӣ баён мекунад”. (Сураи Раъд, ояти 17). Дар ин оят чунин баён кардааст, ки мардум дар дарёфти маориф ва камолот, дорои зарфиятҳои якнавохт нестанд, балки зарфиятҳояшон гуногун мебошад, бо ин ки ҳамагӣ такя ба рўзии осмонии воҳиде доранд. Дар бораи ин мавзўъ дар тафсири сураи Раъд бештар сухан хоҳем гуфт. Пас ин ҳам вижагие аз вижагиҳои сироти мустақим мебошад.

Агар дар ончи аз вижагиҳои сироти мустақим, ки гуфта гузаштем, тааммул кунем, бароямон чунин ҳосил мешавад, ки сироти мустақим бар ҳамаи сабилҳо ва роҳҳое, ки ба сўи Худои Мутаол мебарад, сайтара дорад. Ба ин маъно, ки сабил ба сўи Худо, танҳо дар сурате роҳ ба сўи Худо хоҳад бурд ва дар сурате раҳравро ба мақсад хоҳад расонд, ки насиб ва баҳрааш аз сироти мустақим, ба чӣ миқдор бошад. Аммо худи сироти мустақим, бидуни ҳеҷ қайду шарт инсонро ба мақсад, (ки ҳамон Худост) мерасонад. Аз ин рўст, ки Худои Мутаол онро “сироти мустақим” ном ниҳодааст, зеро вожаи “сирот” дар забони арабӣ, ба маънои роҳи рўшан ва возеҳ омада ва баргирифташуда аз лафзи “сарата” мебошад, ки ба маънои “балъид” аст. Ба роҳи рўшан ҳам, ки “сирот” мегўянд, шояд аз он ҷост, ки чунин роҳе, раҳравонашро бибалъад ва нагузорад аз он берун оянд. “Мустақим” ҳам ба чизе, ё касе гуфта мешавад, ки бар рўи пои худ истода ва бар худ тасаллут дошта бошад. Ва ба ҳар ҳол бозгашти маънояш ба касе ё чизест, ки шаъне якнавохт ва тағйирнопазир дошта бошад.

Пас “сироти мустақим” роҳест, ки дар роҳнамоӣ ва расондани раҳравонаш ба мақсад, дорои вазъ ва шаъни якнавохт ва ҳукми тахаллуфнопазире мебошад, (яъне қатъан раҳравонашро ба мақсад мерасонад). Худои Мутаол мефармояд: “Касоне, ки ба Худо имон оварданд ва ба Ў чанг заданд, ба зудӣ ба ҷойгоҳи раҳмат ва фазли худ онҳоро дарорад ва ба сироти мустақим (роҳи рост) ҳидоят намояд”. (Сураи Нисо, ояти 175). Яъне шаъни ин ҳидоят тахаллуф намепазирад, балки ҳамвора ва ҳамеша бар ҳолати худ боқӣ мебошад. Ҳамчунин мефармояд: “Ҳар касеро, ки Худо ҳидояти ў хоҳад, қалбашро ба нури ислом рўшан ва кушода гардонад, вале ҳар касеро, ки гумроҳии ў хоҳад, дили ўро аз пазируфтани имон танг ва сахт танг гардонад, ки гўё мехоҳад аз замин бар фарози осмон боло равад. Ин аст, ки Худо ононро, ки ба ҳақ имон намеоваранд, палид мегардонад. Ин сироти Худои туст, ки мустақим аст”, ( с ураи Анъом, оятҳои 125 ва 126). Я ъне ин аст равиш ва тариқаи Ў, ки ихтилоф ва тахаллуф намепазирад. Ҳамчунин мефармояд: “(Худо) фармуд: Ҳамин (ихлос ва покӣ) сиротест мустақим ба даргоҳи ризои ман. Ва ҳаргиз туро (эй шайтони лаъин!) бар бандагони бохулуси ман тасаллут ва ғалаба нахоҳад буд, лекин иқтидор ва султаи ту бар мардуми нодони гумроҳест, ки пайрави ту шаванд”, (сураи Ҳиҷр, оятҳои 41 ва 42). Я ъне ин аст суннат и ҳамешагӣ ва одати ман, ки тағйир напазирад.

Натиҷа

Аз ончи то кунун перомуни сироти мустақим ёдовар шудем, чанд матлаб рўшан шуд:

Матлаби аввал:

Роҳҳо ба сўи Худо, аз назари камол ва нуқсон ва ё зиёдӣ ва камии арзиш, дар ҷиҳати наздикиашон ба сарчашмаи ҳақиқат ва сироти мустақим, якнавохт нестанд. Чӣ басо як сабиле, ба сабаби наздиктар буданаш ба манбаи ҳақиқат ва бархўрдории бештараш аз сироти мустақим, комилтар ва арзишмандтар аз роҳи дигар бошад. Роҳҳое монанди И слом, имон, ибодат, ихлос, тавба ва ғайра, аз назари камол ва арзиш якнавохт нестанд. Ҳамчунин муқобили ин роҳҳо низ мисли куфр, ширк, инкор, туғён, гуноҳ ва ғайра, аз назари нуқсон дар як сатҳ қарор надоранд. Шояд ин оят ишора дошта бошад ба ҳамин маъно: “Барои ҳама (мўъмину кофир), ба муқтазои амалҳояшон дараҷаҳои муайянест ва ҳама ба подош ва музди амалҳои худ комилан мерасанд ва ҳеҷ ситаме ба онҳо нахоҳад шуд”, (сураи Аҳқоф, ояти 19).

Ин матлаб монанди маорифи илоҳист, ки фаҳмҳои башарӣ онро аз Худо дарёфт мекунад. Маорифи илоҳӣ (аз қабили шинохт ва маърифат ба зоти поки илоҳӣ ва сифатҳои Ў, маърифат ба маод ва тафсилоти он, маърифат ба нубувват ва масоили фаръии он, шинохт ва маърифат ба мақоми паёмбарони илоҳӣ, хусусан мақоми Паёмбари Хотам, маърифат ба имомон ва авлиёи Худо, маърифати шариати илоҳӣ ва асрори он ва даҳҳо масоили дигар) дар назди башар, ба сабаби гуногунии истеъдодҳои башарӣ ва зарфиятҳои мардум якнавохт нестанд, яъне инсонҳо дар ҷиҳати фаҳм ва фарогирии ин масоил, бо ҳам якнавохт ва дар як сатҳ нестанд. Ҳар инсоне ба миқдори зарфияти худаш, маърифат ба ин маориф дорад ва ин маориф ҳам ба сабаби гуногунии ҳамин зарфиятҳо, рангоранг ва гуногун мебошад: “Худо аз осмон обе нозил кард ва онгоҳ дар ҳар рўде, ба андозаи зарфияташ сели об ҷорӣ шуд”.

Матлаби дуввум:

Ҳамчуноне, ки сироти мустақим, бар ҳамаи сабилҳо сайтара дорад, ҳамчунин аст ёрони сироти мустақим, ки Худои Мутаол ононро дар ин сирот тамкин бахшида ва худ зимоми амри эшон дар даст гирифта ва зимоми амри ҳидояти бандагонашро барои онҳо вогузор намудааст. Яъне ёрони сироти мустақим бар ҷамии раҳравони роҳи бандагӣ сайтара доранд, онҷо ки мефармояд: “...инон чӣ қадар некў рафиқоне ҳастанд” (Сураи Нисо, ояти 69) ва ҳам мефармояд: “Сарпараст ва ёвари шумо танҳо Худо ва паёмбари Ў ва он мўъминоне ҳастанд, ки намоз бапо дошта ва ба фақирон дар ҳоли рукўъ, закот медиҳанд”. (Сураи Моида, ояти 55). Ба иттифоқи муфассирон, мурод аз мўъминон дар ин оят, Алӣ (а) аст, ки фақиреро ангуштаре дар ҳоли рукўъ ато кард.

Матлаби сеюм:

Маънои ҳидоят ва роҳнамоӣ (дар “моро ба роҳи рост ҳидоят фармо”) бо муайян шудани маънои сирот, муайян мегардад. Тавзеҳ онки лафзи “ҳидоят” дар луғат (тибқи ончи дар “Сиҳоҳ” омадааст) ба маънои “далолат” (роҳнамоӣ) буда ва аз феълҳои ду мафъула ба шумор меравад.[4] Дар луғатномаи “Сиҳоҳ” чунин ёдоварӣ шудааст, ки “ҳидоят”, тибқи луғати аҳли Ҳиҷоз, бедахолати ҳеҷ ҳарфе, ба мафъули дуввум мутааддӣ мешавад, вале тибқи луғати ғайри ҳиҷозиён, ба воситаи ҳарфи “ الي “ (ба) ба мафъули дуввум мутааддӣ мешавад ва дар ҳар ду сурат ба як маъност ва тағйире сурат намегирад. Ба назар мерасад ин раъй, ба зоҳир раъйи дурусте бошад.

Аммо ончи дигарон дар ин маврид изҳори назар кардаанд, сиҳҳате надорад. Баъзе гуфтаанд: Лафзи “ҳидоят”, агар ба мафъули дуввум, бедахолати ҳарфи ( الي ) мутааддӣ шавад, ба маънои “расондан ба мақсад” мебошад, вале агар ба воситаи ҳарфи ( الي ) мутааддӣ гардад, ба маънои “нишон додани роҳ” хоҳад буд. Барои исботи ин иддао, ба чанд ояти қуръонӣ тамассук меҷўянд. Масалан дар ояти “(Эй Паёмбар! Бо вуҷуди онки ту роҳнамоӣ халқ ҳастӣ), вале чунин нест, ки ҳар касеро бихоҳӣ, ҳидоят тавонӣ кард, балки ин Худост, ки ҳар киро хоҳад, ҳидоят мекунад” (Сураи Қасас, ояти 56), ҳидояте, ки аз Паёмбари гиромӣ (с) нафй шудааст, қатъан ҳидоят ба маънои “роҳнамоӣ ва нишон додани роҳ” намебошад. Зеро дар ин ки Паёмбар (с) роҳнамо ва ҳидоятгар ба ин маъност, ҳеҷ шакке нест, балки ончи нафй шудааст, ҳидоят ба маънои “расондан ба мақсад” аст, зеро ин кор, кори ҷуз Худо намебошад. Ҳамчунин дар ояти "ولهديناهم صراطا مستقيما " (Қатъан онҳоро ба сироти мустақим ҳидоят менамудем) (Сураи Нисо, ояти 68), аз онҷо ки ҳидоят дар инҷо ба маънои “расондан ба мақсад” буда ва ба Худо нисбат дорад, ба мафъули дуюм бе овардани ҳарфи ( الي ) мутааддӣ шудааст. Аммо дар ояти “ وانك لتهدي الي صراط مستقيم (Ҳамоно ту (эй Паёмбар!) ба сироти мустақим ҳидоят хоҳӣ кард). (Сураи Шўро, ояти 52), аз онҷо ки ҳидоят дар инҷо ба маънои “роҳнамоӣ ва нишон додани роҳ” аст ва ба Паёмбари Гиромӣ (с) нисбат дорад, ба воситаи ( الي ) ба мафъули худ мутааддӣ шудааст.

Посухи ин иддао он аст, ки ҳидояте, ки дар ояти мазкур аз Паёмбар (с) нафй шудааст, истиқлол доштан дар ҳидоят аст[5] - ки танҳо аз они Худост - на нафйи ҳидоят аз реша ва асл, хоҳ инки ҳидоятро ба маънои “расондан ба мақсад” донем ва хоҳ ин ки онро ба маънои “нишон додани роҳ”. Бинобар ин онҷо ки ҳидоят ба Паёмбари Гиромӣ (с) нисбат дода шудааст, ҳидоят ба маънои сабабе аз асбоби ҳидояти илоҳӣ қарор гирифтан аст, ҳатто агар ҳидоятро ба маънои “расондан ба мақсад” ҳам донем. Илова бар ин, мо оятҳое дар Қуръони Карим дорем, ки ҳидоят дар онҳо бе кўмаки ҳарфи ( الي ) ба мафъули дуюм мутааддӣ шудааст, вале бо вуҷуди он, ба ғайри Худо нисбат дода шудааст. Мисли онҷо ки аз забони мўъмини Оли Фиръавн омадааст: “ يا قوم اتبعون اهدكم سبيل الرشاد (Эй мардум! Маро пайравӣ кунед то шуморо ба роҳи ҳақ ҳидоят кунам). (Сураи Ғофир, ояти38).

Пас ҳақиқат он аст, ки маънои ҳидоят, ба сабаби вуруди ҳарфи ( الي ) ба мафъули дуюм, ё адами вуруди он, тағйир намекунад ва дар ҳар ду сурат ба як маъност ва он ин аст: “Ҳидоят, яъне далолат ва раҳнамоӣ ба сўи  ҳадаф бо нишон додани роҳ”, ки ин худ навъе “расондан ба мақсад” буда ва кори Худост. Аз онҷо ки корҳои Худо дар олами ҳастӣ, аз тариқи асбоб (тибқи қонуни сабабият)[6] анҷом мепазирад, дар инҷо ҳам чунин аст. Яъне Худо сабабе эҷод мекунад, онгоҳ ба воситаи о н сабаб, ҳадаф барои банда намоён мешавад ва дар натиҷа банда метавонад ба он ҳадаф бирасад. Худои Субҳон ин маъноро дар ин оят баён фармудааст: “Ҳар касеро ки Худо ҳидояти ў хоҳад, қалбашро ба нури ислом рўшан ва кушода гардонад”. (Сураи Анъом, ояти 125). Дар инҷо рўшан ва кушода сохтани қалби банда ба нури ислом, сабабест аз асбобе, ки ба воситаи он, Худо бандаашро ҳидоят мекунад. Дар ояти дигаре мехонем: “...сипас андом ва дилҳои касоне, ки аз парвардигорашон метарсанд, оромиш ва тамоюл ба тарафи ёди Худо пайдо мекунад. Ин ҳамон ҳидояти Худост, ки ҳар касеро бихоҳад, ба воситаи он ҳидоят мекунад”. (Сураи Зумар, ояти 23). Худо дар дили банда ҳолатеро (оромиш ва сукунат ) эҷ од мекунад, ки ба сабаби он, дил қобилияти пазириши ёди Худо ро пайдо мекунад.

Матлаби чаҳорум:

Аз онҷо ки сироти мустақим дар зимни ҳамаи сабилҳои (роҳҳои) Худои Мутаол – бо вуҷуди гуногунӣ ва якнавохт набудани маротиб ва дараҷаҳояшон – ёфт мешавад, метавон гуфт, ки Худо инсонеро, ки ҳидоятёфта аст, боз ҳам ба сироти мустақим ҳидоят намояд. Яъне ибтидо ўро ба роҳе аз роҳҳояш ҳидоят мекунад, сипас боз аз ин роҳ (ки дар он ҳидоят ёфтааст) ба роҳи дигаре, ки мартаба ва дараҷааш аз роҳи аввалӣ баландтар аст, аз нав ҳидоят кунад. Ояти “ М оро ба сироти мустақим ҳидоят фармо” , аз ҳамин қабил аст . Зеро дар инҷо касоне пурсони ҳидоят ба сироти мустақим ҳастанд, ки худ муваффақ ба ибодати Ў шудаанд, яъне дар ҳоли анҷоми ибодати Худо, ҳидоят ба сироти мустақимро, аз зоти Ў хостор ҳастанд ва аз ҷонибе ҳам ибодати Худо, худ роҳе аз роҳҳои Ўст ва банда дар воқеъ ҳидоятёфтаи ин роҳ аст.

Бинобар ин эроде, ки баъзеҳо дар ин маврид гирифтаанд, бемаъност. Зеро баъзеҳо чунин гуфтаанд, ки пурсиши ҳидоят аз ҷониби касе, ки худ ҳидоятёфта аст, пурсидани чизест, ки худ онро дорад ва ин маҳол аст. Посухи ин эрод, бо таваҷҷўҳ ба матлабе, ки гуфта шуд рўшан аст.

Ҳамчунин бо баёни ин матлаб, як эроди дигар ҳам рад мешавад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки шариати мо (яъне шариати Ислом), ки аз ҳама ҷиҳат комилтарин ва фарогиртарини шариатҳост нисбат ба шариатҳои умматҳои қабл аз мо (мисли шариати ҳазрати Мўсо (а) ва шариати ҳазрати Исо (а)), бинобар ин чӣ маъно дорад, ки шахси мусулмон, хостори ҳидоят ба роҳи касоне шавад, ки Худо барояшон неъмат додааст, ба фарзи ин ки ин неъматдодашудаҳо аз умматҳои пешин бошанд?

Посухи ин эрод он аст, ки масъалаи комилтар будани худи як шариат аз шариати дигаре, як масъала аст ва масъалаи комилтар будани шахси амалкунанда ба шариате, аз шахси амалкунанда ба шариати дигаре, як масъалаи дигар ва чизи ҷудогонаест. Зеро қатъан як мўъмини оддӣ аз пайравони шариати муҳаммадӣ (бо ин ки худи шариати муҳаммадӣ, комилтарин ва фарогиртарини шариатҳост), аз назари шахсият, комилтар аз ҳазрати Нўҳ (а) ва ё аз ҳазрати Иброҳим (а) намебошад, бо ин ки шариати ҳазрати Нўҳ (а) ва ҳазрати Иброҳим (а), шариати кўҳна ва собиқ аз шариати мост. Инсоне, ки ба мақоми тавҳиди холис расидааст, ҳарчанд пайрави шариати собиқ ҳам бошад, комилтар ва бартар аз касест, ки ба мақоми тавҳид нарасида ва ҳаёти маърифат дар руҳаш истиқрор пайдо накарда ва нури ҳидояти илоҳӣ дар қалбаш ҷой нагирифтааст, ҳарчанд аз пайравони шариати муҳаммадӣ ҳам бошад, ки комилтарин ва фарогиртарини шариатҳост. Пас мумкин аст, ки соҳиби мақоми поёнтар (ҳарчанд аз пайравони шариати комил бошад), аз Худо чунин бихоҳад, ки ўро дар роҳи касе, ки соҳиби мақоми олист (ҳарчанд аз пайравони шариати собиқ ҳам бошад), ҳидоят намояд.

Ин буд посухи саҳеҳ ба шубҳа и мазкур. Вале ончи баъзе аз муфассирон дар посух ба ин шубҳа гу фтаанд, тааҷҷуби хонандаро бармеангезад. Мегўянд: Дини Худо воҳид аст ва он дини Ислом[7] мебошад . Маорифи асосӣ (усул), ки иборат аст аз тавҳид, нубувват, маод ва дигар масоили куллии бархоста аз инҳо, дар тамоми шариатҳо воҳид аст ва ҳеҷ тафовуте миёни онҳо дар ин масоил вуҷ уд надорад ва танҳо имтиёз ва вижагии шариати муҳаммадӣ бар шариатҳои собиқ ин аст, ки аҳкоми фаръӣ (масоили фиқҳӣ) дар шариати Ислом , густардатар ва фарогиртар буда, ҷ амии шууни зиндагиро дарбар дорад . Пас агар инчунин аст, чаро мо аз Худо ҳидоят ба роҳи неъмат додашудагонро ҳарчанд аз пайравони шариатҳои собиқ бошанд, масъалат кунем? Дар посух мегўянд: Дин ҳарчанд дини воҳидест ва маорифи куллӣ - ҳамон тавр ки гуфта шуд – дар назди ҳамаашон якнавохт аст, вале чун гузаштагон ва пайравони шариатҳои собиқ, қабл аз мо роҳҳои Худоро паймуда ва дар он, аз мо пешӣ гирифтаанд, бинобар ин Худо моро амр фармудааст, ки дар ончи онҳо бар он буданд, назар афканем ва аз ончи корашон ба он анҷомид, ибрат гирем.

Дар посух ба ин назар гўем: Решаи ин сухан, як равиши махсусе дар тафсир аст, ки мухолиф бо асос ва пояҳоест, ки равиши тафсири Қуръон бояд бар он устувор бошад. Равиши мазкур бар ин асос поягузорӣ шудааст, ки мўътақид аст ҳақоиқи маорифи аслӣ[8], аз назари воқеъ, воҳид ва якнавохт ҳастанд ва миёни онҳо ҳеҷ тафовуте дар дараҷаҳо ва маротиб вуҷуд надорад ва камолоти ботинӣ ва маънавӣ ҳам чунин мебошанд, яъне байни онҳо тафовуте вуҷуд надорад. Бофазилаттарини паёмбарон, бо пасттарини мўъминон, аз назари вуҷудӣ ва камолоти маънавӣ, баробар буда ва дар як сатҳ қарор доранд. Агар тафовуте ҳам вуҷуд дорад, аз ин ҷиҳат аст, ки яке паёмбар қарор дода шудааст ва дигаре мўъмини оддӣ, монанди як подшоҳ ва як шаҳрванди оддӣ, ки аввалӣ мақоми болотаре насибаш шуда ва дуввумӣ дар мартабае пасттар ҷой гирифтааст.

Ин назария бар пояи як назарияи дигаре устувор мебошад ва он назарияи асолати модда ва нафйи асолат аз моварои модда ва таваққуф намудан дар ҳудуди модда аст ва фақат вуҷуди Худои Субҳонро, ки вуҷуди моддӣ намебошад, аз ин қонун истисно менамоянд. Яке аз ин ду омили зерин, метавонад боиси воқеъ шудани афроде дар ин варта шавад, ё ин ки мўътақид ба кофӣ будани ҳисси зоҳир (биноӣ, шунавоӣ, чашоӣ, бўёӣ ва ломиса) дар шинохти маориф бошанд, ё ин ки бо иктифо ба тафсири омиёнаи Қуръон, тадаббур дар Қуръонро аз миён бардошта бошанд.

Иншоаллоҳ дар баҳсҳои оянда перомуни ин мавзўъ, ба тафсили бештар сухан ба миён хоҳем овард.

Матлаби панҷум:

Бартарии ёрони сироти мустақим бар дигарон ва ҳамчунин бартарии роҳи онҳо бар роҳи дигарон, ба илм аст, на амал.[9] Яъне онҳо аз чунон илму дониш ба мақоми Парвардигор бархўрдор ҳастанд, ки дигарон онро надоранд. Зеро аз баҳсҳои гузашта рўшан шуд, ки камоли амал дар баъзе аз сабилҳо (роҳҳо) низ, ки мартабааш аз сироти мустақим поинтар аст, вуҷуд дорад. Пас барои бартарии ёрони сироти мустақим , чизе ҷуз илм боқӣ на мемонад. Аммо ин ки ин дониш, чӣ донишест ва чӣ гуна мебошад , дар бораи ин мавзўъ иншоаллоҳ дар тафсири сураи Раъд, ояти “Худо аз осмон обе нозил кард ва онгоҳ дар ҳар рўде, ба андозаи зарфияташ сели об ҷорӣ шуд”. (Сураи Раъд, ояти 17) баҳс хоҳем намуд.

Албатта ин оят ҳам ба ҳамин маъно далолат мекунад: “Худо мақоми аҳли имон ва донишмандонро баланд мегардонад”. (Сураи Муҷодала, ояти 11) ва ҳамчунин ояти “Калимаи некў ба сўи Худо боло меравад ва амали неки холис онро боло мебарад”, (сураи Фотир, ояти 10) низ ишора ба ҳамин мазмун дорад. Яъне ончи ки ба сўи Худои Мутаол боло меравад, калимаи некўст, ки эътиқод ва илм мебошад. Аммо амали нек кораш фақат ин аст, ки калимаи некўро боло барад, яъне кораш ёрӣ ва кўмак барои боло бурдан и калимаи некўст , на ин ки худ боло равад. Дар ҷои худаш перомуни ин мавзўъ баҳс хоҳем намуд.

Чанд ривоят

Дар китоби “Маонӣ” аз Имом Содиқ (а) чунин ривоят шудааст: “ اهدنا الصراط المستقيم ”, яъне Худоё моро ба паймудани роҳе, ки ба муҳаббатат мебарад, роҳе, ки ба биҳиштат мерасонад ва намегузорад мо тобеи  ҳавоҳои нафсамон шуда, нобуд гардем, ё раъйи хеш баргузида, ҳалок шавем,  роҳнамоӣ кун.

Ҳамчунин дар китоби “Маонӣ” аз Имом Алӣ (а) омадааст:

 “ اهدنا الصراط المستقيم ”,

 яъне Худоё бароямон он тавфиқатро, ки дар айёми гузашта ба баракати он туро итоат мекардем, бардавом кун, то дар рўзҳои оянда низ дар тоати ту бошем”.

Дар китоби “Уюн” аз Имом Ризо (а) ва ў аз падаронаш ва эшон аз Амири мўъминон Алӣ (а) ривоят шудааст: Аз Паёмбари Худо (с) шунидам, ки мефармояд: Худои Субҳон фармудааст: Фотеҳаи китобро (яъне сураи Ҳамдро) байни худ ва бандаам тақсим намудам. Нисфи он барои худам аст ва нисфаш барои бан даам ва ончи бандаам (аз ман) ме хоҳад , насибаш гардад. Ҳар гоҳ банда гўяд: “Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим”, Худои Мутаол гўяд: Бандаам ба номи ман оғоз кард, бинобар ин бар ман лозим аст, ки корҳояшро ба итмом расонам ва дар аҳволаш барои ў баракат диҳам. Ҳар гоҳ банда гўяд: “Алҳамду лиллоҳи раббил оламин”, Худои Таборак ва Таоло гўяд: Бандаам маро сутуд ва донист, ки неъматҳое, ки аз он бархўрдор аст, аз назди ман аст ва балоҳое, ки аз ў дур кардаам, ба дасти ман аст. Шуморо гувоҳ қарор медиҳам, ки ман барояш бар неъматҳои дунё, неъматҳои охиратро ҳам изофа хоҳам кард ва балоҳои охиратро аз ў дур хоҳам намуд, ҳамчуноне ки балоҳои дунёро аз ў дур кардаам. Ҳар гоҳ банда гўяд: “Ар - раҳмонир раҳим”, Худои Таоло гўяд: Бандаам барои ман гувоҳӣ дод, ки ман раҳмон (бахшоянда) ва раҳим (меҳрубон) ҳастам. Шуморо гувоҳ қарор медиҳам, ки албатта аз раҳмати худ баҳраи ўро фароҳам хоҳам намуд ва аз атои хеш насиби ўро хоҳам дод. Ҳар гоҳ банда гўяд: “Молики явмид-дин”, Худои Таоло гўяд: Шуморо гувоҳ қарор медиҳам, ки бандаам чуноне ки иқрор намуд, ман ҳастам, ки соҳиби рўзи ҷазоям, албатта дар рўзи ҳисобу китоб ҳисобашро барояш сабук хоҳам намуд ва амалҳои некашро қабул хоҳам кард ва аз кирдорҳои бадаш чашм хоҳам пўшид. Ҳар гоҳ банда гўяд: “Ийёка наъбуду”, Худои Мутаол гўяд: Бандаам сухани рост гуфт, танҳо маро мепарастад. Шуморо гувоҳ қарор медиҳам, ки албатта ўро дар баробари ибодаташ, чунон савобе диҳам, ки тамоми касоне, ки ба мухолифат бо ў дар ибодаташ аз ман бархостаанд, ангушти ҳасрат газанд. Ҳар гоҳ банда гўяд: “Ийёка настаъин”, Худои Мутаол гўяд: Бандаам фақат аз ман кўмак хост ва танҳо ба ман паноҳ бурд. Шуморо гувоҳ қарор медиҳам, ки албатта ўро дар корҳояш кўмак хоҳам намуд ва дар сахтиҳояш ба додаш хоҳам расид ва дар рўзҳои мусибаташ дасти ў хоҳам гирифт. Ҳар гоҳ банда гўяд: “Иҳдинас сиротал – мустақим... (то охири сура), Худои таоло гўяд: Ин қисмат, ҳамон аст, ки барои бандаам аст ва ончи хостааст, (яъне роҳнамоӣ ба сироти мустақим) насибаш хоҳад гардид. Ман хостаи ў мустаҷоб намудам ва ончи таманно карда, барояш бахшидам ва аз ончи хавфи он дошт, ўро амон додам” .

Наздик ба ҳамин мазмунро Шайх Садуқ дар китоби “Илал” аз Имом Ризо (а) нақл кардааст. Ривояти мазкур, ҳамон тавр ки мулоҳиза мекунем, сураи Ҳамдро дар намоз тафсир мекунад ва ончиро, ки пеш аз ин гуфта гузашта будем, таъйид менамояд ва он ин ки сураи мазкур, сухани Худои Субҳон аз забони банда аст, дар мавриди ончи банда бояд дар мақоми ибодат ва ибрози бандагӣ, ёдовар шавад.


[1] / Фарқи моликияти ҳақиқӣ аз моликияти эътиборӣ дар ин аст, ки дар моликияти ҳақиқӣ, мулк ҳақиқатан дороии молик аст ва аз он ҷудошуданӣ нест, мисли моликияти мо ба аъзои баданамон аз гўшу чашму бинӣ ва ғайра. Вале дар моликияти эътиборӣ инчунин нест, яъне мулк ҳақиқатан дороии молик ба шумор намеравад, балки маҷозан ба он моликият гуфта мешавад ва ба ҳамин хотир аст, ки ба он, эътиборӣ мегўянд, яъне мо инсонҳо онро ба унвони мулк эътибор намудаем, мисли моликияти мо ба манзил ва чизу чораҳои дигар.

[2] / Бар ҳамин асос, агар намоз ва ё рўза ё ҳаҷро парастиш мегўем, на ба ин ҷиҳат аст, ки парастиш ва ибодат фақат инҳо бошанд, балки ин маросим аз мисдоқҳо ва намунаҳои парастиш ба шумор мераванд, вагарна ҳар кор ва амалеро ба нияти бандагӣ барои Худо баҷо оварем, худ ибодат ба ҳисоб меояд.

[3] / Нуктае, ки лозим аст дар инҷо ба он ишора намоем, ин аст, ки дар грамматикаи забони арабӣ одатан дар ҷумла аввал феъл зикр мешавад, баъд мафъул (чизе, ки феъл бар рўи он анҷом мегирад). Аммо дар “ийёка наъбуду ва ийёка настаъин”, ки “наъбуду” (парастиш мекунем) ва “настаъину” (ёрӣ мехоҳем) феъл ҳастанд, мафъулашон, ки “ийёка” (туро) аст, муқаддам бар феъл зикр шудаанд. Сабабаш чист? Уламои фанни адабиёти арабӣ чунин мегўянд, ки агар мафъул чизе бошад, ки феъл фақат бар рўи вай – на чизи дигаре - анҷом гирифтааст, яъне дар мафъул будан ягона бошад, дар чунин мавориде бояд муқаддам бар феъл зикр гардад. Дар инҷо ҳам чунин аст, яъне мафъул, ки “ийёка” (туро) буда ва мурод аз он Худои мутаол аст, ки мавриди хитоби банда қарор гирифтааст, аз онҷо ки ягона зотест, ки шаънияти маъбуд будан (яъне мавриди парастиш қарор гирифтанро) дорад ва чизи дигаре ғайри зоти Ў ин шаънро надорад, муқаддам бар феъли ибодат оварда шудааст. Нуктаи дигар ин ки феъли ибодат дар “наъбуду” ҳам, бидуни қайду шарт оварда шудааст. Ба ин маъно, ки банда, ки мегўяд “ибодат мекунем”, яъне ба тамоми вуҷуд ва бидуни ҳеҷ қайду шарте бандаи ту ҳастем. 

[4] / Тавзеҳи матлаб ин ки феъл дар забони арабӣ, ба як эътибор ба ду қисм тақсим мешавад: мутааддӣ ва лозим. Мутааддӣ он аст, ки феъл илова бар фоил (анҷомдиҳандаи феъл), мафъул дошта бошад, яъне фоил феълро бар рўи чизе, ё касе анҷом дода бошад. Масалан дар ҷумлаи “Аҳмад Каримро зад”, феъли задан, ки аз ҷониби Аҳмад бар рўи Карим анҷом гирифтааст, феъли мутааддист. Феъли лозим он аст, ки феъл фақат дорои фоил буда ва мафъул надошта бошад ва ба маънои дигар, феъли лозим салоҳияти мафъул доштанро надорад. Масалан, дар ҷумлаи “Аҳмад омад”, феъли омадан, феъли лозим аст. Баъзе аз феълҳои мутааддӣ метавонанд ду мафъула бошанд, мисли “Аҳмад барои Насим китоб дод”, ки дар инҷо феъли додан, дорои ду мафъул: Насим ва китоб мебошад. Дар ҷумлаи “моро ба роҳи рост ҳидоят фармо”, калимаи “моро” мафъули аввали феъли “ҳидоят” аст ва калимаи “ба роҳи рост”, мафъули дуввуми он.

[5] / Яъне гўё Паёмбар (с) дар ҳидояти ҳар касе, ки хоҳад, ихтиёри комил дошта бошад ва ба маънои дигар, ҳар киро, ки Паёмбар (с) хост, битавонад ҳидояташ кунад. Ин аст маънои истиқлол доштан дар ҳидоят. Рўшан аст, ки ҳеҷ касе ба ҷуз Худои Субҳон истиқлоли комил дар ҳидояти мардум надорад.

[6] / Роҷеъ ба қонуни сабабият ва ё иллият, дар сураи Бақара (дар ҳамин ҷилд) ба тафсил баҳс хоҳем намуд.

[7] / Ҳарчанд динҳои собиқ бо номи Ислом маъруф набуда ва ба номҳои Яҳудият ё Масеҳият ва ё ғайра шинохта мешаванд, вале дар руҳ, ҳамаи динҳои осмонӣ (қабл аз таҳриф ёфтан) воҳид буда ва унвони Ислом ба ҳамаи онҳо қобили татбиқ аст.

[8] / Дар бораи истилоҳи “ҳақоиқи маориф” ва моҳияти вуҷуди онҳо дар олами воқеъ, баъдан ба тафсил баҳс хоҳем намуд.

[9] / А лбатта намехоҳем дар инҷо аз шаъни амал дар Ислом чизе коста кунем . Аз дидгоҳи И слом, илми беамал ва ҳатто имони беамал, ҳеҷ арзише н адорад. Балки мурод ин аст, ки ёрони сироти мустақим бо ин ки аз олимо ни бо амал ҳастанд, вале як имтиёзи дигаре низ аз олимони боамали дигаре доранд ва он бархўрдорӣ аз дониш ва илми вижае ба Худо ва м аорифи илоҳист , ки дигарон аз он маҳруманд.

back page index page