|
|||||
Ҳоло мегўем: ба далели ин ки ин осор - мисли ҳаракати дастамон, ки асари узве аз аъзои мост - аз худ ҳеҷ истиқлоле надорад ва вуҷудаш ба туфайли вуҷуди мо буда комилан вобаста аст, ба ҳамин далел аз мо пўшида нест, яъне миёни мо ва ин осор ҳеҷ парда ва ҳоиле вуҷуд надорад. Нисбати Худо бо бандааш ҳам чунин аст. Банда, ки мулки ҳақиқии Худост, аз моликаш пўшида нест, дар наздаш ҳузур дорад ва ҳамчунин Худо ҳам, ки молик аст, аз бандааш пўшида нест. Масалан агар ба манзили Аҳмад нигоҳ кунӣ, агар нигоҳат фақат ба манзил бошад, мумкин аст аз соҳиби он дар ғафлат бимонӣ, вале агар нигоҳат ба ин манзил аз ин ҷиҳат бошад, ки мулки Аҳмад аст маҳол аст, ки аз соҳиби он ғофил бимонӣ. Ба ҷуз Худои Мутаол ҳамаи мавҷудот, ки шаъне ҷуз мамлук будан надоранд ва ҳақиқаташон ҷуз он нест, ҳеҷ чизе аз онҳо барои Худо пўшида нест ва нигоҳ ба онҳо, аз ин назар, ки мулки Худоянд, ҳаргиз бо ғафлат аз Худо, ки соҳиби мулк аст, бо ҳам ҷамъ шуданӣ нест, яъне маҳол аст, ки ба банда, (ки мамлук аст) нигоҳ кунем ва ба соҳибаш, ки Худост нигоҳ надошта бошем. Худои Мутаол мефармояд: “Эй Паёмбар! Оё (ҳамин ҳақиқат, ки) Худо бар ҳамаи мавҷудоти олам пайдо ва гувоҳ аст, кифоят аз бурҳон намекунад?” (Сураи Фуссилат, ояти 54). Ҳоло, ки чунин аст, пас ҳаққи ибодати Худои Мутаол ба ин сурат хоҳад буд, ки бо ҳузур аз ду ҷониб (ҳам аз ҷониби Худо ва ҳам аз ҷониби банда) бошад. Аз ҷониби Парвардигори Субҳон ба ин сурат аст, ки ҳамчун маъбуди ҳозир ва пайдо парастиш шавад. Ба ҳамин хотир аст, ки зоти Худои Субҳон дар “ийёка наъбуду” (танҳо туро парастиш мекунем) ба сурати мухотаби ҳозир оварда шудааст, ҳарчанд аз аввали сура, яъне аз “Алҳамду лиллоҳ” то инҷо ба сурати ғоиб буд. Аз ҷониби банда ҳам ба ин сурат мебошад, ки ибодаташ ҳамчун ибодати бандаи ҳозир (дар маҳзари парвардигораш) бошад, на ғоиб аз назди Ў, ки агар ибодати ў ибодати бандаи ғоиб бошад, фақат ибодатест зоҳирӣ бидуни маъно ва фақат ибодатест ҷисмӣ, холӣ аз руҳ. Ибодати бандае, ки худро дар пешгоҳи Парвардигор ҳозир мебинад, ҳатто чунин нест, ки бар фарз ў комилан аз парвардигораш дар ғафлат ҳам набошад, вале фақат бахше аз таваҷҷўҳаш ба Худованд буда ва бахши дигари он ба ҷиҳати дигар бошад. Яъне ин гуна нест, ки дар ибодат ниме аз таваҷҷўҳаш ба Худо ва ними дигар ба ҷиҳати дигар бошад, монанди мушрикон, ки дар ибодаташон ошкоро бутони хешро ҳамроҳ бо Худо парастиш мекунанд. Ва ҳамчунин касоне, ки ошкоро касеро дар ибодат шарики Худо қарор намедиҳанд, вале таваҷҷўҳашон ба ғайри Худост, яъне ибодаташон ибодати Худост, вале ҳадаф аз ибодат, Худо нест, балки чизи дигарест, монанди ин ки Худоро фақат барои ин ибодат мекунанд, ки ҳоҷате аз ҳоҷатҳои дунявияшонро бароварда созад ва ё ҳатто Худоро барои тамаи биҳишт ё тарс аз ҷаҳаннам бипарастанд. Ҳамаи инҳо ширк дар ибодат ба шумор меояд, ки Худои Субҳон аз он наҳй фармудааст: “Худоро парастиш кун ва динро барои Ў холис гардон (яъне дил аз ғайри Ў бигардон)” (Сураи Зумар, ояти 2) ва низ мефармояд: “(Огоҳ бошед, ки) дин холис барои Худост ва аммо онон, ки ғайри Худоро ба дўстӣ ва парастиш баргирифтанд ва гуфтанд, ки мо он бутонро намепарастем, ҷуз барои ин ки моро ба даргоҳи Худо наздик гардонанд, Худо албатта миёни онҳо дар ончи хилоф кунанд, ҳукм хоҳад кард”. (Сураи Зумар, ояти 3). Ибодат ҳангоме ибодати ҳақиқӣ хоҳад буд, ки бо хулус (холис будан) аз ҷониби банда сурат пазирад ва хулус ҳамон ҳузур аст, ки баёнаш гузашт ва рўшан шуд, ки ҳузур танҳо дар сурате амалӣ хоҳад гардид, ки банда дар амалаш бо ғайри Худо андармон нашавад, ки агар чунин шавад, ғайрро бо Худо дар ибодат шарик қарор додааст ва қалбаш мутаваҷҷеҳи зоти Ў набудааст. Ҳадафаш аз ибодат тамаи биҳишт, ё тарс аз ҷаҳанам будааст, ки дар ин сурат ибодаташ барои Худо нест, балки барои вуруд ба биҳишт, ё гурез аз ҷаҳаннам аст, ки дар воқеъ андармони нафси хеш гардидааст. Зеро агар биҳишт мехоҳад, ба хотири он ки нафси ў хоҳони роҳатӣ аст, агар тарсе аз ҷаҳаннам дорад, ба хотири он ки нафсаш гурез аз зарар дорад. Пас метавон гуфт, ки дар ибодат, таваҷҷўҳаш ба нафс ва худ будааст, на ба Худо ва ин дақиқан дар муқобили мақоми бандагӣ қарор дорад, ки бо иноният ва худбинӣ ҷамъ намешавад. Шояд ба ҳамин хотир аст, ки лафзи “наъбуду”, ба шакли ҷамъ (ибодат мекунем) оварда шудааст, на ба шакли фард, (яъне на ба шакли “аъбуду”, ки ба маънои ибодат мекунам аст). Зеро дар шакли ҷамъ, ба хилофи сиғаи фард, маънои иноният ва худбинӣ пайдо нест. Ду ривоят дар ин заминаДар китоби “Кофӣ” аз Имом Содиқ (а) дар бораи маънои ибодат омадааст, ки фармуд: “Ибодат ва парастиш, се гуна мебошад: Мардуме ҳастанд, ки аз тарси дўзах Худоро мепарастанд. Ин гуна ибодат, ибодати бардагон аст. Мардуме ҳастанд, ки аз барои талаби савоб (ва тамаи биҳишт) Худои Таборак ва Таолоро мепарастанд. Ин навъ ибодат, ибодати савдогарон аст. Мардуме ҳастанд, ки Худоро аз рўи муҳаббат ба зоти поки Ў мепарастанд. Ин қисм ибодат, ибодати озодагон (озода ба ин маъно омадааст, ки касе кореро фақат ба хотири шоиста будани он кор анҷом диҳад, на ба хотири манфиат ё зарар) аст ва некўтарини ибодатҳост”. Дар “Наҳҷ-ул-балоға” аз Имом Алӣ (а) мехонем: “Ҳамоно гурўҳе Худоро аз рўи тамаъ мепарастанд. Ин ибодат, ибодати савдогарон мебошад. Гурўҳе Худоро аз рўи тарс мепарастанд. Ин ибодат, ибодати бардагон аст. Гурўҳе Худоро аз рўи шукр мепарастанд. Ин ибодат, ибодати озодагон аст”. Бо таваҷҷўҳ ба ончи дар боло гуфтем, маънои ин ривоятҳо рўшан мешавад. Аммо сифат кардани ибодати озодагон, (ки ҳамон ибодати бандагоне, ки худро дар пешгоҳи Худованд ҳозир мебинанд), боре ба “ибодат аз рўи шукр” ва бори дигар ба “ибодат аз рўи муҳаббат”, аз он ҷост, ки баргашти ҳар як аз ин ду маъно, дар натиҷа якест ва бо ҳам тафовуте надоранд. Зеро маънои “шукр” ин аст, ки инсон неъматеро, ки ба ў арзонӣ шудааст, дар ҷои худаш ба кор гирад. Бинобар ин шукри неъмати ибодат бояд ин бошад, ки фақат барои Худои Субҳон, ки зотан сазовори ибодат аст, анҷом дода шавад. Худоро ҳам, ки инсон мепарастад, ҷуз барои ин нест, ки вай Худост, яъне барои ин аст, ки Ў зотан дорандаи ҷамии сифатҳои ҷамол ва ҷалол аст. Ў зотан ҷамил ва зебост ва зотан дўст доштанист. Муҳаббат ҳам ҷуз, майл ба зебоӣ ва ҷазб гардидан ба сўи зебоӣ нест. Пас сухани мо дар бораи Худои Т аоло ин шуд, ки Ў маъбуд аст, чун Худост. Ў маъбуд аст, чун зебо ва дўст доштанист. Ў маъбуд аст, чун неъматдиҳанда аст ва бояд бо ибодат мавриди шукр қарор гирад. Пас ҳамаи ин маонӣ саранҷом ба як маъно бармегарданд. Танҳо аз ту ёрӣ хоҳемАз баҳсҳои гузашта рўшан шуд, ки иброз ва изҳори бандагӣ бо ҷумлаи “ийёка наъбуду”, ҳеҷ нуқсонеро – чӣ аз назари маъно ва чӣ аз назари ихлос - дарбар надорад, магар ончи аз лафзи “наъбуду” (мепарастем) гумон бурда мешавад, ки дар он, банда ибодатро ба худ нисбат додааст, ки худ бўи истиқлол доштан дар вуҷуд ва қудрат ва иродаро ба машом мерасонад. Яъне банда вақте феъли ибодатро ба худ нисбат медиҳад ва мегўяд: “Мепарастем”, гўё гуфтанист, ки ин мо ҳастем, ки феъли мазкурро анҷом медиҳем ва дар анҷоми он истиқол дорем ва ҳол онки банда мамлук аст ва мамлук чизе аз худ надорад, ҳарчи дорад, аз молик аст. Ҷумлаи баъдӣ, яъне “ийёка настаъин” (танҳо аз ту ёрӣ мехоҳем), гўё барои бартараф сохтани ҳамин камбуд оварда шудааст. Яъне забони ҳоли банда ин аст, ки мо ҳарчанд феъли ибодатро ба худ нисбат медиҳем, вале бо ёрӣ хостан аз зоти поки ту нисбат медиҳем, на бо даъвои истиқолият дар анҷоми он. Пас ҷумлаи “ийёка наъбуду ва ийёка настаъин” барои ифодаи як маъно, ки ҳамон “ибодати бо ихлос” аст, оварда шудааст. Оятҳои 6 ва 7 сураи Ҳамдاهْدِنَا الصِّراطَ الْمُسْتَقِيمَ. صِراطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَ لاَ الضَّالِّينَ. “Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо(6), роҳи касоне, ки барояшон неъмат додӣ, на роҳи ғазабшудагон ва на роҳи гумроҳон(7)”. ТафсирҲама, роҳе ба сўи Худо мепаймоянд“Иҳдинас – сиротал – мустақим, сиротал – лазина анъамта алайҳим” (Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо, роҳи касоне, ки барояшон неъмат додӣ). Маънои “ҳидоят” роҳнамоӣ кардан аст. Аммо “сирот” ба маънои роҳ мебошад ва ду лафзи “тариқ” ва “сабил” низ дар маъно ба “сирот” наздик буда ва маънои роҳро мерасонанд. Худои Мутаол дар ин оят, сиротро ба сифати мустақим (яъне рост будан) васф намуда ва сипас чунин баён кардааст, ки ин роҳ (яъне сирот), роҳи касонест, ки Худои Мутаол ба онҳо неъмат додааст. Ва ҳамин роҳ аст, ки ҳидоят ва роҳнамоӣ ба сўяш хоста шудааст, ки дар воқеъ ба маънои ҳадафи ибодат қарор гирифтааст, яъне банда аз парвардигораш мехоҳад, ки ибодати холисонааш дар ин роҳ қарор гирад. Тавзеҳ онки аз чанд ҷое аз Қуръони Карим чунин бармеояд, ки навъи инсон ва ҳатто тамоми мавҷудоти олами ҳастӣ, роҳе ба сўи Худои Субҳон мепаймоянд, онҷо ки мефармояд: “Эй инсон! (Огоҳ бош, ки) албатта бо ҳар ранҷу машаққат дар роҳ ба сўи Худо ҳастӣ ва саранҷом ба ҳузури парвардигори худ меравӣ ва Ўро мулоқот менамоӣ” (Сураи Иншиқоқ, ояти 6) ва низ мефармояд: “...ба сўи Ўст поёни роҳ” (Сураи Тағобун, ояти 3) ва низ мефармояд: “Огоҳ бошед, ки ба сўи Худост поёни корҳо” (Сураи Шўро, ояти 53) ва дигар оятҳое аз ҳамин қабил, ки ҳамагӣ ба рўшанӣ ба ин нукта далолат мекунанд, ки тамоми мавҷудот роҳеро мепаймоянд ва поёни роҳи ҳамагӣ ба сўи Худои Субҳон меанҷомад. Аммо аз оятҳои дигари Қуръон чунин бармеояд, ки ин роҳ, роҳи якнавохт ва воҳиде нест, балки ба ду қисмат тақсим шудааст, яъне ба ду роҳ, онҷо ки мефармояд: “Эй одамизод! Оё бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед, зеро рўшан аст, ки ў душмани бузурги шумост ва маро парастиш кунед, ки ин роҳ (роҳи итоати ман) роҳи мустақим аст”. (Сураи Ёсин, ояти 60 ва 61). Пас дар ин миён ду роҳ вуҷуд дорад: роҳи мустақим ва рост ва роҳи ғайри мустақим ва каҷ. Ҳамчунин аз оятҳои қуръонӣ чунин бардошт мешавад, ки Худо ба бандагонаш наздик буда ва наздиктарин роҳ ба сўяш, роҳи ибодат ва дуои Ўст, онҷо ки мефармояд: “(Огоҳ бошед, ки) ман (ба бандагонам) наздик ҳастам, ҳарки маро бихонад, дуои ў иҷобат кунам. Пас боист и даъвати маро бипазиранд ва ба ман бигараванд, то ба саодат роҳ ёбанд”. (Сураи Бақара, ояти 186) Ва низ мефармояд: “Маро бо (хулуси дил) бихонед, то дуои шумо мустаҷоб кунам ва онон, ки аз дуо ва ибодати ман рўй бартобанд, зуд бо зиллат ва хорӣ дар дўзах ворид шаванд”. (Сураи Ғофир, ояти 60). Сипас дар ҷои дигар дар бораи касоне, ки ба зоти поки Ў имон намеоваранд, фармудааст: “Он мардум (касоне, ки имон намеоваранд) аз маконе бисёр дур хонда мешаванд” (Сураи Фуссилат, ояти 44). П ас касоне, ки имон намеоваранд, ғоят ва ҳадафашон бисёр ҳадафи дур аст. Пас хулоса ин шуд, ки роҳе, ки одамизод хоҳ-нохоҳ дар паймудани он аст ва поёнаш ба сўи Худо меанҷомад, ба ду роҳ тақсим мешавад: роҳи наздик, ки роҳи мўъминон аст ва роҳи дур, ки роҳи ғайри мўъминон мебошад. Ин як навъ тақсим аст барои роҳ ва навъи дигаре аз тақсим барои роҳ вуҷуд дорад, ки дар зер ба он ишора мешавад. Навъи дигар аз тақсим барои роҳХудо мефармояд: “Ҳамоно касоне, ки оятҳо ва нишонаҳои Худоро бардурўғ бароваранд ва аз кибру ғурур сар бар он фуруд наёваранд, ҳаргиз дарҳои осмон ба рўи онон боз нашавад” (Сураи Аъроф, ояти 40). Пас роҳе дорем аз поин ба боло, ки дар ин оят аз он ба осмон таъбир шудааст. Роҳе ҳам дорем аз боло ба поин. Худои Мутаол мефармояд: “Ҳар кас, ки мавриди ғазаби ман (Худо) шуд, ҳамоно ба поин суқут хоҳад намуд” (Сураи Тоҳо, ояти 81). Ҳамчунин дар оятҳои қуръонӣ аз касоне сухан ба миён омадааст, ки роҳро гум кардаанд ва аз онон ба гумроҳон таъбир шудааст, онҷо ки мефармояд: “Ҳар ки имонро ба куфр табдил кунад, бешак роҳи ростро гум кардааст” (Сураи Бақара, ояти 108). Пас мутобиқи оятҳои мазкур, мардум дар паймудани роҳҳояшон, ба се гурўҳ тақсим мешаванд: касоне, ки роҳашон ба тарафи болост ва инҳо касоне ҳастанд, ки ба Худо имон меоваранд ва аз ибодати зоти поки Ў ҳамчун мутакаббирон рўй барнаметобанд. Дуввум касоне, ки роҳашон ба поин аст ва онон ғазабшудагон ҳастанд. Севвум касоне, ки роҳро гум кардаанд ва онҳо гумроҳон мебошанд. Чи басо ояти “...роҳи касоне, ки барояшон неъмат додӣ, на роҳи ғазабшудагон ва на роҳи гумшудагон”. ишора аст ба ҳамин тақсимбандии роҳ. “Сироти мустақим” бетардид роҳи дуввум ва севвум нест, яъне роҳи ғазабшудагон ва роҳи гумроҳон намебошад, балки аз роҳи аввал, ки роҳи мўъминони ғайри мутакаббир аст, мебошад. Аммо бояд ба ин нукта ҳам ишора намоем, ки бино бар шуморе аз оятҳои қуръонӣ, худи роҳи аввал (роҳи мўъминон) ба навбати худ, ба чанд роҳ тақсим мешавад ва якнавохт нест. Масалан ояти “Худо мақоми аҳли имон ва донишмандонро баланд мегардонад ва Худо ба ҳарчи (аз кори неку бад) кунед, ба ҳама огоҳ аст”. (Сураи Муҷодала, ояти 11) ба ин далолат мекунад, ки Худо мақоми донишмандони мўъминро болотар аз мақоми мўъминони оддӣ қарор хоҳад дод. Ва ин худ ба рўшанӣ ишора ба ин дорад, ки роҳи мўъминон дар дохили худ тақсимоте дорад. Ҳоло бояд дид сироти мустақим, ки аз қисми роҳи мўъминон аст, кадом роҳест ва чӣ вижагиҳое дорад? Вижагии аввал:Сироти мустақим , роҳест пок аз ширку зулму гумроҳӣАз назари Қуръони Карим, ҳар гумроҳие ширк ва ҳар ширке гумроҳист: “Ҳар ки имонро ба куфр табдил кунад, бешак роҳи ростро гум кардааст”. (Сураи Бақара, ояти 108). Дар инҷо табдили имон ба куфр, (ки худи куфр навъе ширк аст), гумроҳӣ аз роҳи рост дониста шудааст. Ояти 60 то 62 сураи Ёсин ҳам ба ҳамин мазмун далолат мекунад, онҷо ки омадааст: “Эй одамизод! Оё бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед, зеро рўшан аст, ки ў душмани бузурги шумост ва маро парастиш кунед, ки ин роҳ (роҳи итоати ман), роҳи мустақим аст ва шайтон гурўҳи бисёре аз шумо - навъи башарро ба гумроҳӣ кашидааст”. Ҳамчунин аз дидгоҳи Қуръон, ҳар ширке зулм ва ҳар зулме ҳам ширк мебошад. Дар Қуръони Карим аз забони шайтон, онгоҳ, ки ҳукми қиёмат ба поён мерасад ва аҳли биҳишт аз аҳли дўзах ҷудо мешаванд ва шайтон мушриконро мавриди хитоби худ қарор медиҳад, чунин омадааст: “Ман ба ширке, ки шумо ба васвасаи ман ба он гирифтор шудед, мўътақид нестам. Оре, дар ин рўз золимон ва ситамкоронро азоби дарднок хоҳад буд”. (Сураи Иброҳим, ояти 22). Дар ин оят мушрикон золим ва ситамкор дониста шудаанд. Дар баъзе дигар аз оятҳои Қуръон, зулм гумроҳӣ шумурда шудааст: “Касоне, ки имон ба Худо оварда ва имони худро бо зулму ситам наолуданд, дар ду олам амонӣ онҳорост ва ҳам онҳо ҳидоятёфтаанд”. (Сураи Анъом, ояти 82). Зеро дар ин оят, ҳидоят ёфтан ва дар амон будан аз гумроҳӣ ё азобе, ки дар натиҷаи гумроҳӣ гиребонгири инсон хоҳад буд, бар набудани зулм ва наолондани имон ба зулм, тартиб дода шудааст. Пас хулоса ин шуд, ки гумроҳӣ, ширк ва зулм, дар воқеъ як чиз ҳастанд. Рўшантар гўем, як чиз ҳаст, ки ба як эътибор ба он гумроҳӣ гуфта мешавад ва ба эътибори дигар ширк ва ба эътибори севвум зулм. Ҳоло бароямон рўшан шуд, ки сироти мустақим, ки роҳи ғайри гумроҳон (ва лаз – золлин) мебошад, роҳест, ки дар он ҳеҷ ширк ва ҳеҷ зулм ва албатта ҳеҷ гумроҳие воқеъ нахоҳад афтод. Ҳам ботинашон аз он пок аст, (яъне ҳеҷ куфре дар замирашон ва ҳеҷ андешае, ки Худо аз он розӣ набошад, дар зеҳнашон воқеъ нахоҳад афтод) ва ҳам зоҳирашон, (яъне дар зоҳир ҳеҷ амали гуноҳе ё кўтоҳие дар тоату ибодат аз онҳо содир нахоҳад шуд). Ин аст ҳамон тавҳиди ҳақиқии илмӣ, (яъне дар ботин) ва амалӣ, (яъне дар зоҳир). Ин буд як вижагие аз вижагиҳои сироти мустақим. Вижагии дуюмБархўрдорӣ аз неъмати дониш ба ХудоХудои Субҳон дар ояте аз Қуръони Карим паёмбарон, сиддиқон, шаҳидон ва некўкоронро мисдоқи касоне, ки барояшон неъмат додааст (ва сироти мустақим ҳам ба онон нисбат дорад) дониста ва гурўҳе аз мўъминони мухлисро ҳамроҳ бо онон (на дар сафи эшон) медонад: “Касоне, ки Худо ва Паёмбарро итоат кунанд, албатта ҳамроҳ бо касоне, ки Худо барояшон неъмат додааст, яъне ҳамроҳ бо паёмбарон, сиддиқон, шаҳидон ва некўкорон хоҳанд буд ва инон чӣ қадар некў рафиқоне ҳастанд". (Сураи Нисо, ояти 69). Қабл аз ин оят, чигунагӣ ва кайфияти ин имон ва итоат аз Худо ва Паёмбарро чунин баён менамояд: “Қасам ба Парвардигори ту (эй Муҳаммад!), ки инон аҳли имони ҳақиқӣ нахоҳанд буд, магар онки дар хусумат ва низоашон танҳо туро ҳоким кунанд ва онгоҳ ба ҳар ҳукме, ки (чӣ ба суд ва чӣ ба зиёнашон) кунӣ, ҳеҷ гуна эътирозе дар дил надошта ва комилан аз дилу ҷон таслими фармони ту бошанд. Ва агар мо ба онҳо ҳукм мекардем, ки худро бикушед, ё аз диёри худ (барои ҷиҳод) берун равед, ба ҷуз андаке (мўъминони комил) итоати амр намекарданд ва агар мардум ба ҳукми ҳақ ва ончи насиҳатгарон насиҳат ва пандашон медиҳанд, амал мекарданд, албатта некўтар ва коре маҳкамтар (дар амри дин ва дунёи онҳо) буд”. (Сураи Нисо, оятҳои 65 ва 66). Пас бешак мўъминоне, ки аз чунин имон ва тоате бархўрдор бошанд, мўъминони устувор ва комил дар бандагӣ хоҳанд буд. Вале бо вуҷуди ин, Худои Субҳон чунин мўъминонеро дар сафе ғайр аз сафи касоне, ки барояшон неъмат бахшидааст, қарор додааст. Зеро дар бораашон мефармояд, ки чунин мўъминоне “...ҳамроҳ бо касоне, ки Худо барояшон неъмат додааст хоҳанд буд”, на дар қатори онҳо ва низ мефармояд, ки “...инон чӣ қадар некў рафиқоне ҳастанд”, ки гўё ин гуна аст, ки чунин мўъминоне фақат дар рафоқати неъматдодашудагон хоҳанд буд, на дар ҷумлаи онон. Пас касоне, ки дар сироти мустақим ҳастанд, дорои мақоми болотар ва дараҷаи баландтар ва ҷойгоҳи олитаре ҳастанд, ҳатто аз мақоми мўъминоне, ки дилҳояшон холис буда ва амалҳояшон ба гумроҳӣ, ширк ва зулм олуда намебошад. Пас тадаббур дар ин оятҳо ҳеҷ шакке боқӣ намегузорад, ки чунин мўъминоне, (ки сифатҳояшон дар ояти мазкур омадааст) ҳанўз ба мақоми касоне, ки неъмат дода шудаанд ва сироти мустақим ба онҳо нисбат дорад, ноил нашудаанд, яъне ҳанўз чизе боқӣ мондааст, ки онҳо онро надоранд, ки агар дошта бошанд, қатъан дар ҷумлаи неъмат додашудагон қарор хоҳанд гирифт ва аз ҷойгоҳи ҳамроҳӣ, ба ҷойгоҳи вуруд ба сафашон боло хоҳанд рафт. Ба эҳтимоли зиёд, он чизе ки неъматдодашудагонро аз ин мўъминон ҷудо мекунад, шояд навъе илм ва дониш ба Худо бошад, ки дар сураи Муҷодала ба он ишора шудааст: “Худо мақоми аҳли имон ва донишмандонро баланд мегардонад”. (Сураи Муҷодала, ояти 11). Пас касоне, ки дар сироти мустақим ҳастанд, илова бар ҳамаи ончи гуфта шуд, аз неъмате, ки боарзиштарини неъматҳо буда ва бар неъмати имони комил бартарӣ дорад, бархўрдор мебошанд. Ин ҳам вижагии дигаре буд аз вижагиҳои сироти мустақим. Вижагии се ю мСироти мустақим, роҳест воҳид ва ягонаХудои Субҳон дар Қуръони Карим, ҳарчанд вожаҳои “сирот” ва “сабил”-ро, (ки ҳар ду ба маънои роҳ мебошанд) зиёд ёдовар шудааст, вале ҳар гоҳ онҳоро барои худ нисбат медиҳад, аз “сирот”, беш аз як сироти мустақимро барои худ нисбат намедиҳад, аммо аз “сабил”, сабилҳои бисёреро барои худаш бармешумурад. Масалан мефармояд: “Касоне, ки дар роҳи мо бо ҷону мол кўшиш карданд, бешак онҳоро ба сабилҳои (роҳҳои) худамон ҳидоят мекунем”, (Сураи Анкабут, ояти 69). Нуктаи дигар ин ки Худои Субҳон сироти мустақимро ба касе ғайр аз худаш (ба ҷуз дар ҳамин сураи Ҳамд, онҷо ки фармудааст: “...сироти касоне, ки барояшон неъмат додӣ”) нисбат надодааст, вале “сабил”-ро ба ғайри худаш аз махлуқот нисбат додааст. Масалан, аз забони П аёмбар дар Қуръони Карим мехонем: “(Эй П аёмбари мо! Ба уммат) бигў: Сабили ман ва пайравонам ҳамин аст, ки халқро ба сўи Худо, бо биноӣ ва басират даъват кунам”, (Сураи Юсуф, ояти 108) ва низ мефармояд: “...аз сабили (роҳи) он касе, ки ба даргоҳи мо руҷуаш бисёр аст, пайравӣ кун”, (Сураи Луқмон, ояти 15) ва ҳам омадааст: “...сабили (роҳи) мўъминон”, (Сураи Нисо, ояти 114). Аз ин матолиб чунин фаҳмида мешавад, ки “сабил”, ғайр аз “сироти мустақим” аст, зеро сабил ба хотири гуногунӣ ва якнавохт набудани раҳравони роҳи бандагӣ, гуногун ва бисёр мешавад, вале сироти мустақим чунин нест, ҳамчуноне ки дар ин оят омадааст: “Ҳамоно аз ҷониби Худо барои ҳидояти шумо нури бузург ва китоби ошкоре омад. Худо ба сабаби ин китоб, ҳар касро, ки барои ризо ва хушнудии Ў, сабилҳои (роҳҳои) саломат паймояд, ҳидоят кунад ва ўро аз торикии нодонӣ ва гуноҳ берун орад ва ба олами нур дохил гардонад ва ба сироти мустақим вайро раҳбарӣ кунад”. (Сураи Моида, оятҳои 15 ва 16). Дар инҷо сабилро бисёр дониста (онҷо ки мефармояд: “...сабилҳои саломат”), вале сиротро ба сурати воҳид ёдоварӣ кардааст. Ва ин сироти мустақим, худ ё чунин аст, ки тамоми ин сабилҳо бошад, (яъне тамоми сабилҳо дар маҷмўъ сироти мустақим бошанд) ва ё чунин аст, ки ин роҳҳо, саранҷом ба сироти мустақим мунҷар шаванд (ба ин тариқ, ки баъзе ба баъзеи дигар пайваста шуда, саранҷом дар сироти мустақим бо ҳам гирд оянд). Нуктаи дигар ин ки Худои Мутаол дар Қуръон мефармояд: “Аксари халқ ба Худо имон намеоваранд, магар онки мушрик шаванд, (яъне бо вуҷуди имон ба Худо, ғайри Худоро низ муассир дар назми олам донанд)”. (Сураи Юсуф, ояти 106). Аз ин оят чунин бармеояд, ки баъзе аз анвои ширк, (ки гуфтем ширк ҳамон гумроҳист) бо имон қобили ҷамъ аст ва имон ҳам худ як сабил аст. Пас бинобар ин метавон гуфт, ки сабил қобили ҷамъ бо ширк мебошад. Вале сироти мустақим инчунин нест, зеро чуноне, ки ояти “...ва на роҳи гумшудагон” мефармояд, сироти мустақим қобили ҷамъ бо гумроҳӣ намебошад. Тадаббур дар ин оятҳо чунин натиҷаро мерасонад, ки ҳар як аз ин сабилҳо бар хилофи сироти мустақим, қобили ҷамъ ҳастанд бо чизе аз камбудӣ ё имтиёз. Ва ҳамчунин метавон гуфт, ки ҳар яки онҳо, худ сироти мустақим аст, вале ғайр аз дигарист, (яъне ба ҳар як аз ин сабилҳо, ба танҳоӣ метавон гуфт, ки сироти мустақим аст, вале дар айни замон, як сабил айни сабили дигар нест, балки ғайри он аст) ва бо он фарқ дорад. Пас сироти мустақим, метавонад дар як замон, ҳам бо ин сабил ҷамъ шавад ва ҳам бо он сабил, ки бо аввалӣ фарқ дошт, ҳамчуноне ки аз ин оят бармеояд: “...маро парастиш кунед, ки ин роҳ (роҳи итоати ман) роҳи мустақим аст” (Сураи Ёсин, ояти 61) ва ҳам аз ин оят: “Бигў (эй Паёмбар), ки ҳақиқатан маро Худо ба сироти мустақим (роҳи рост) ҳидоят кардааст; ба дини устувор ва оини поки Иброҳим...” (Сураи Анъом, ояти 161). Дар ояти аввалӣ тоату ибодатро сироти мустақим ном гузоридааст ва дар ояти дуввумӣ динро сироти мустақим ном ниҳодааст ва ҳар дуи инҳо (ибодат ва дин) унсури муштарак байни ҳамаи сабилҳо (роҳҳо) мебошанд. Пас нисбати сироти мустақим, ба сабилҳои Худои Мутаол, нисбати руҳ ба баданро мемонад. Бадан дар тўли ҳаёт, дорои мароҳиле буда ва дар ҳар марҳалае, ба шаклест ғайр аз шакли он дар марҳалаи дигар, (монанди марҳалаи кўдакӣ, марҳалаи навҷавонӣ, марҳалаи ҷавонӣ, марҳалаи пирӣ ва ғайра, ки бадан дар ҳар як аз ин мароҳил, шакле дорад ғайр аз он шакле, ки дар марҳалаи дигар дорад), вале бо вуҷуди он, руҳ дар тамоми тўли ин мароҳил, якест ва муттаҳид бо ҳамаи онҳост. Бадан чунон аст, ки мумкин аст мароҳиле бар вай ориз гардад, ки бо ончи руҳ мехоҳад ва иқтизо мекунад (албатта агар ихтиёр ба дасти руҳ бошад), мунофот дошта бошад, вале руҳ инчунин нест, зеро руҳ ҳамон фитрати Худост, ки мардумро бар он сириштааст ва тағйирнопазир аст. Вале бо вуҷуди ин, бадан боз ҳамон руҳ аст, яъне ҳамон инсон аст. Ҳамчунин аст нисбати сироти мустақим ба сабилҳои Худо . Сабил ба сўи Худои Мутаол, ҳамон сироти мустақим аст, вале сабил (монанди сабили мўъминон, сабили тавбакунандаго |