back

index

next

4  Ва аз занонатон онон, ки аз одати моҳона маъюсанд, агар дар вазъяити онҳо (аз назари бордорӣ) шак кунед, иддаи онон се моҳ аст ва ҳамчунин онҳо, ки одати моҳона надидаанд. Ва иддаи занони бордор ин аст, ки бори худро бар замин бугузоранд. Ва ҳар кас тақвои илоҳӣ пеша кунад, Худованд корро бар ў осон месозад.

5  Ин фармони Худост, ки бар шумо нозил кардааст ва ҳар кас тақвои илоҳӣ пеша кунад, Худованд гуноҳонашро мебахшад ва подоши ўро бузург медорад.

6  Онҳо (занони муталлақа)-ро ҳар ҷо худатон сукунат доред ва дар тавоноии шумост сукунат диҳед. Ва ба онҳо зиён нарасонед, то корро бар онон танг кунед (ва маҷбур ба тарки манзил шаванд). Ва агар бордор бошанд, нафақаи онҳоро бипардозед, то вазъи ҳамл кунанд. Ва агар барои шумо (фарзандро) шир медиҳанд, подоши онҳоро бипардозед ва (дар бораи фарзандон, корро) бо машварати шоиста анҷом диҳед. Ва агар ба тавофуқ нарасидед, зани дигаре ширдодани он баччаро бар ўҳда мегирад.

7  Онон, ки имкононти васеъ доранд, бояд аз имконоти васеи худ бахшиш кунанд ва онҳо, ки тангдастанд, аз он чӣ ки Худо ба онҳо додааст, бахшиш намоянд. Худованд ҳеҷ касро ҷуз ба миқдори тавоноие, ки ба ў додааст, таклиф намекунад. Худованд ба зудӣ баъд аз сахтиҳо осонӣ қарор медиҳад.

8  Чӣ бисёр шаҳрҳо ва ободиҳо, ки аҳли он аз фармони Худо ва расулонаш сарпечӣ карданд ва мо ба шиддат ба ҳисобашон расидем ва ба муҷозоти камназире гирифтор сохтем.

9  Онҳо осори бади кори худро чашиданд ва оқибати корашон зиён буд.

10  Худованд азоби сахте барои онҳо фароҳам сохтааст, пас аз (мухолифати фармони) Худо парҳез кунед эй хирадмандоне, ки имон овардаед! (Зеро) Худованд чизе, ки сабаби тазаккур аст бар шумо нозил кардааст.

11  Расуле ба сўи шумо фиристодааст, ки оятҳои равшани Худоро бар шумо тиловат мекунад, то касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, аз торикиҳо ба сўи нур хориҷ созад. Ва ҳар кас ба Худо имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом диҳад, ўро дар боғҳое аз биҳишт дохил мекунад, ки аз зери (дарахтонаш) наҳрҳо ҷорӣ аст, ҷовидона дар он мемонанд ва Худованд рўзии некўе барои ў қарор додааст.

12  Худованд ҳамон касе аст, ки ҳафт осмонро офарид ва аз замин низ монанди онҳоро. Фармони Ў дар миёни онҳо пайваста фуруд меояд, то бидонед Худованд бар ҳар чиз Тавоност ва ин ки илми Ў ба ҳама чиз иҳота дорад.

Сураи Таҳрим

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 12 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Эй Пайғамбар! Чаро чизеро, ки Худо бар ту ҳалол кардааст, ба хотири ҷалби ризояти ҳамсаронат бар худ ҳаром мекунӣ?! Ва Худованд Омурзанда ва Раҳим аст.

2  Худованд роҳи кушодани савгандҳоятонро (дар ин гуна мавридҳо) равшан сохтааст ва Худованд Мавлои шумост ва Ў Доно ва Ҳаким аст.

3  (Ба хотир биёваред) ҳангомеро, ки Пайғамбар яке аз розҳои худро ба баъзе аз ҳамсаронаш гуфт, вале ҳангоме, ки вай онро ифшо кард ва Худованд Райғмабарашро аз он огоҳ сохт, қисмате аз онро барои ў бозгў кард ва аз қисмати дигар худдроӣ намуд. Ҳангоме, ки Пайғамбар ҳамсарашро аз он хабар дод, гуфт: «Чӣ касе туро аз ин роз огоҳ сохт?!». Фармуд: «Худованди Олим ва Огоҳ маро бохабар сохт».

4  Агар шумо (ҳамсарони Пайғамбар) аз кори худ тавба кунед, (ба нафъи шумост, зеро) дилҳоятон аз ҳақ мунҳариф гаштааст. Ва агар бар зидди ў даст ба дасти ҳам диҳед, (коре аз пеш нахоҳед бурд), зеро Худованд ёвари ўст ва ҳамчунин Ҷабраил ва мўъминони солеҳ ва фариштагон баъд аз онон пуштибони ўянд.

5  Умед аст, ки агар ў шуморо талоқ диҳад, Парвардигораш ба ҷои шумо ҳамсарони беҳтаре барои ў қарор диҳад, ҳамсароне мусулмон, мўъмин, мутавозеъ, тавбакор, обид, ҳиҷраткунанда, занони ғайри бокира ва бокирае.

6  Эй касоне, ки имон овардаед! Худ ва хонаводаи худро аз оташе, ки ҳезуми он инсонҳо ва сангҳост, нигаҳ доред. Оташе, ки фариштагоне бар он гумошта шуда, ки хашин ва сахтгиранд ва ҳаргиз фармони Худоро мухолифат намекунанд ва он чиро фармон дода шудаанд (ба таври комил) иҷро менамоянд.

7  Эй касоне, ки кофир шудаед! Имрўз узрхоҳӣ накунед, зеро танҳо ба аъмолатон ҷазо дода мешавед.

8  Эй касоне, ки имон овардаед! Ба сўи Худо тавба кунед, тавбаи холисе. Умед аст (бо ин кор) Парвардигоратон гуноҳонатонро бибахшад ва шуморо дар боғҳое аз биҳишт, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст дохил кунад, дар он рўзе, ки Худованд Пайғамбар ва касонеро, ки бо ў имон оварданд, хор намекунад. Ин дар ҳоле аст, ки нурашон пешопеши онон ва аз сўи росташон дар ҳаракат аст ва мегўянд: «Парвардигоро! Нури моро коимл кун ва моро бибахш, ки Ту бар ҳар чиз Тавоноӣ».

9  Эй Пайғамбар! Бо куффору мунофиқон пайкор кун ва бар онон сахт бигир! Ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва фарҷоми баде аст.

10  Худованд барои касоне, ки кофир шудаанд, ба ҳамсари Нўҳ ва ҳамсари Лут масал задааст, он ду таҳти сарпарастии ду банда аз бандагони солеҳи мо буданд, вале ба он ду хиёнат карданд ва иртибот бо ин ду (пайғамбар) суде ба ҳолашон (дар баробари азоби илоҳӣ) надошт ва ба онҳо гуфта шуд: «Дохили оташ шавед ҳамроҳи касоне, ки дохил мешаванд».

11  Ва Худованд барои мўъминон, ба ҳамсари Фиръавн масал задааст, дар он ҳангом, ки гуфт: «Парвардигоро! Хонае барои ман назди худат дар биҳишт бисоз ва маро аз Фиръавн ва кори ў наҷот деҳ ва маро аз гурўҳи ситамгарон раҳоӣ бахш».

12  Ва ҳамчунин ба Марям духтари Имрон, ки доманҳои худро пок нигаҳ дошт ва мо аз рўҳи худ дар он дамидем, ў калимоти Парвардигор ва китобҳояшро тасдиқ кард ва аз пайравони фармони Худо буд.

Сураи Мулк

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 30 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Пурбаракат ва пойдор аст касе, ки ҳукумати ҷаҳони ҳастӣ ба дасти Ўст ва Ў бар ҳар чиз Тавоност.

2  Он кас, ки маргу ҳаётро офарид, то шуморо биозмояд, ки кадом як аз шумо беҳтар амал мекунед. Ва Ў Шикастнопазир ва Бахшанда аст.

3  Ҳамон касе, ки ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид, дар офариниши Худованди Раҳмон ҳеҷ зиддият ва айбе намебинӣ. Бори дигар нигоҳ кун, оё ҳеҷ шикофу халале мушоҳида мекунӣ?!

4  Бори дигар (ба олами ҳастӣ) нигоҳ кун, саранҷом чашмонат (дар ҷустуҷӯи халалу нуқсон ноком монда), ба сӯи ту боз мегардад, дар ҳоле, ки  хаста ва нотавон аст.

5  Мо осмони поин (наздик)-ро бо чароғҳои фурўзоне зинат бахшидем ва онҳо (шаҳобҳо)-ро тирҳое барои шайтон қарор додем ва барои онҳо азоби оташи фурўзон фароҳам сохтем.

6  Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд, азоби ҷаҳаннам ва оқибати баде аст.

7  Ҳангоме ки дар он офканда шаванд, садои ваҳшатноке аз он мешунаванд ва ин дар ҳоле аст, ки пайваста меҷўшад.

8  Наздик аст (дўзах) аз сахтии ғазаб пора-пора шавад, ҳар замон, ки гурӯҳе дар он афканда мешаванд, нигаҳбонони дўзах аз онҳо мепурсанд: «Магар бимдиҳандаи илоҳӣ ба суроғи шумо наёмад?!».

9  Мегӯянд: «Чаро, бимдиҳанда ба суроғи мо омад, вале мо ӯро инкор кардем ва гуфтем: «Худованд ҳаргиз чизеро нозил накардааст ва шумо дар гумроҳии бузурге ҳастед».

10  Ва мегӯянд: «Агар мо гўши шунаво доштем ё андеша мекардем, дар миёни дўзахиён набудем».

11  Инҷост, ки ба гуноҳи худ иқрор мекунанд, дузахиён аз раҳмати Худо дур бошанд!

12  (Аммо) касоне, ки аз Парвардигорашон дар ниҳон метарсанд, ҳатман омурзиш ва подоши бузурге доранд.

13  Сухани худро пинҳон кунед ё ошкор (фарқе намекунад), Ў ба он чӣ дар синаҳост огоҳ аст.

14  Оё он касе, ки мавҷудотро офаридааст, аз ҳоли онҳо огоҳ нест?! Дар ҳоле, ки Ў (аз асрори дақиқ) бохабар ва огоҳ аст.

15  Ӯ касе аст, ки заминро барои шумо ром кард, бар шонаҳои он роҳ биравед ва аз рӯзиҳои Худованд бихўред ва бозгашт ва иҷтимои ҳама ба сӯи Ўст.

16  Оё худро аз азоби касе, ки ҳоким бар осмон аст, дар амон медонед, ки дастур диҳад зимин бишикофад ва шуморо фурў барад ва ба ларзиши худ идома диҳад?!

17  Ё худро аз азоби Худованди осмон дар амон медонед, ки тундбоде пур аз сангреза бар шумо фиристад?! Ва ба зудӣ хоҳед донист, ки таҳдидҳои ман чӣ гуна аст!

18   Касоне, ки пеш аз он буданд (оятҳои илоҳиро) инкор карданд, аммо (бубин) муҷозоти ман чӣ гуна буд!

19  Оё ба парандагоне, ки болои сарашон аст ва гоҳе болҳои худро кушода ва гоҳе ҷамъ мекунанд, нигоҳ накарданд?! Ҷуз Худованди Раҳмон касе онҳоро бар баландии осмон нигаҳ намедорад, зеро Ў ба ҳар чиз биност.

20  Оё ин касе, ки лашкари шумост, метавонад шуморо дар баробари Худованд ёрӣ диҳад?! Вале кофирон танҳо гирифтори фиребанд.

21  Ё он касе, ки шуморо рўзӣ медиҳад, агар рўзияшро боздорад, (чӣ касе метавонад ниёзи шуморо таъмин кунад?!). Вале онҳо дар саркашӣ ва гурез аз ҳақиқат, лаҷоҷат меварзанд.

22  Оё касе, ки ба сурат афтода, ҳаракат мекунад, ба ҳидоят наздиктар аст ё касе, ки ростқомат дар сироти мустақим гом мебардорад?!

23  Бигў: «Ў касе аст, ки шуморо офарид ва барои шумо гўшу чашму қалб қарор дод, аммо камтар сипосгузорӣ мекунед».

24  Бигў: «Ў касе аст, ки шуморо дар замин офарид ва ба сўи Ў маҳшур мешавед».

25  Онҳо мегўянд: «Агар рост мегўед, ин ваъдаи қиёмат чӣ замоне аст?!».

26  Бигў: «Илми он танҳо назди Худост ва ман фақат бимдиҳандаи ошкоре ҳастам».

27  Ҳангоме, ки он (ваъдаи илоҳӣ)-ро аз наздик мебинанд, чеҳраи кофирон зишту сиёҳ мегардад ва ба онҳо гуфта мешаванд: «Ин ҳамон чизе аст, ки дархости онро доштед».

back

index

next