index | next |
Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 11 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
1 Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, ҳамвора тасбеҳи Худо мегўянд, Худованде, ки Молик ва Ҳоким аст ва аз ҳар айбу нақсе мубарро ва Азизу Ҳаким аст.
2 Ў касе аст, ки дар миёни ҷамъияти дарснохонда расуле аз худашон барангехт, ки оёташро бар онҳо мехонад ва онҳоро тазкия мекунад ва ба онон Китоб (-и Қуръон) ва ҳикмат меомўзад, ҳарчанд пеш аз он дар гумроҳии ошкоре буданд.
3 Ва (ҳамчунин) расул аст бар гурўҳи дигаре, ки ҳанўз ба онҳо мулҳақ нашудаанд. Ва Ў Азиз ва Ҳаким аст.
4 Ин фазли Худост, ки ба ҳар кас бихоҳад (ва шоиста бидонад) мебохшад. Ва Худованд соҳиби фазли азим аст.
5 Касоне, ки мукаллаф ба Таврот шуданд, вале ҳаққи онро адо накарданд, монанди харе ҳастанд, ки китобҳоеро ҳамл мекунад, (онро бар дўш мекашад, аммо чизе аз он намефаҳмад). Гурўҳе, ки оёти Худоро инкор карданд, мисоли баде доранд. Ва Худованд қавми ситамгарро ҳидоят намекунад.
6 Бигў: «Эй яҳудиён! Агар гумон мекунед, ки (фақат) шумо дўстони Худоед, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед, агар рост мегўед, (то ба дидори маҳбубатон бирасед!)».
7 Вале онон ҳаргиз таманнои марг намекунанд ба хотири аъмоле, ки аз пеш фиристодаанд. Ва Худованд золимонро ба хубӣ мешиносад.
8 Бигў: «Ин марге, ки аз он мегурезед, саранҷом бо шумо дидор хоҳад кард, сипас ба сўи касе, ки донои пинҳону ошкор аст, бозгардонида мешавед, онгоҳ шуморо аз он чӣ анҷом медодед, хабар медиҳад».
9 Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки барои намози рўзи ҷумъа азон гуфта шавад, ба сўи зикри Худо бишитобед ва хариду фурўшро раҳо кунед, ки ин барои шумо беҳтар аст, агар медонистед.
10 Ва ҳангоме, ки намоз поён гирифт, (шумо озодед), дар замин пароканда шавед ва аз фазли Худо биталабед ва Худоро бисёр ёд кунед, шояд растагор шавед.
11 Ҳангоме, ки онҳо тиҷорат ё саргармӣ ва лаҳверо бибинанд, пароканда мешаванд ва ба сўи он мераванд ва туро истода ба ҳоли худ раҳо мекунанд. Бигў: «Он чӣ назди Худост беҳтар аз лаҳву тиҷорат аст ва Худованд беҳтарини рўзидиҳандагон аст».
Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 11 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
1 Ҳангоме, ки мунофиқон назди ту оянд мегўянд: «Мо шаҳодат медиҳем, ки яқинан ту расули Худоӣ». Худованд медонад, ки ту расули Ў ҳастӣ, вале Худованд шаҳодат медиҳад, ки мунофиқон дурўғгў ҳастанд (ва ба гуфтаи худ имон надоранд).
2 Онҳо савгандҳояшонро сипар сохтаанд, то мардумро аз роҳи Худо боздоранд ва корҳои бисёр баде анҷом медиҳанд.
3 Ин ба хотири он аст, ки нахуст имон оварданд, сипас кофир шуданд. Бинобар ин бар дилҳои онон мўҳр ниҳода шудааст ва ҳақиқатро дарк намекунанд.
4 Ҳангоме, ки онҳоро мебинӣ, ҷисму қиёфаи онон туро дар ҳайрат фурў мебарад ва агар сухан бигўянд, ба суханонашон гўш фаро медиҳӣ, аммо гўё чўбҳои хушке ҳастанд, ки ба девор такя дода шудаанд. Ҳар фарёде аз ҳар ҷо баланд шавад, бар зидди худ мепиндоранд. Онҳо душманони ҳақиқии ту ҳастанд, пас аз онон барҳазар бош! Худованд онҳоро бикушад, чӣ гуна аз ҳақ мунҳариф мешаванд?!
5 Ҳангоме, ки ба онон гуфта шавад: «Биёед, то Расули Худо барои шумо истиғфор кунад», сарҳои худро (аз рўи масхараву кибру ғурур) меҷунбонанд. Ва онҳоро мебинӣ, ки аз суханони ту рўйгардонда ва такаббур меварзанд.
6 Барои онҳо фарқ намекунад, хоҳ барояшон истиғфор кунӣ ё накунӣ, ҳаргиз Худованд ононро намебахшад, зеро Худованд қавми фосиқро ҳидоят намекунад.
7 Онҳо касоне ҳастанд, ки мегўянд: «Ба ашхосе, ки назди Расули Худо ҳастанд, бахшиш накунед, то пароканда шаванд». (Ғофил аз ин ки) хазинаҳои осмонҳо ва замин аз они Худост, вале мунофиқон намефаҳманд.
8 Онҳо мегўянд: «Агар ба Мадина бозгардем, азизон залелонро берун мекунанд», дар ҳоле, ки иззат махсуси Худо ва Расули Ў ва мўъминон аст, вале мунофиқон намедонанд.
9 Эй касоне, ки имон овардаед! Амвол ва фарзандонатон шуморо аз ёди Худо ғофил накунад. Ва касоне, ки чунин кунанд, зиёнкоронанд.
10 Аз он чӣ ба шумо рўзӣ додаем бахшиш кунед, пеш аз он ки марги яке аз шумо фаро расад ва бигўяд: «Парвардигоро! Чаро (марги) маро муддати каме ба таъхир наандохтӣ, то (дар роҳи Худо) садақа диҳам ва аз солеҳон бошам?!».
11 Худованд ҳаргиз марги касеро ҳангоме, ки аҷалаш фаро расад, ба таъхир намеандозад. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед огоҳ аст.
Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 18 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
1 Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, барои Худо тасбеҳ мегўянд. Моликияту ҳукумат аз они Ўст ва ситоиш аз они Ў ва Ў бар ҳамаи чиз Тавоност.
2 Ў касе аст, ки шуморо офарид (ва ба шумо озодиву ихтиёр дод). Гурўҳе аз шумо кофир ва гурўҳе мўъмин ҳастед. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, Биност.
3 Осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид ва шуморо (дар олами ҷанин) тасвир кард, тасвири зебо ва дилпазире ва саранҷом (-и ҳама) ба сўи Ўст.
4 Он чиро дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва аз он чӣ пинҳон ё ошкор мекунед бохабар аст ва Худован даз он чӣ дар даруни синаҳост огоҳ аст.
5 Оё хабари касоне, ки пеш аз ин кофир шуданд ба шумо нарасидааст?! (Оре) онҳо таъми кайфари гуноҳони бузурги худро чашиданд ва азоби дарднок барои онҳост.
6 Ин ба хотири он аст, ки расулони онҳо (пайваста) бо далелҳои равшан ба суроғашон меомаданд, вале онҳо (аз рўи кибру ғурур) гуфтанд: «Оё башарҳое (мисли мо) мехоҳанд моро ҳидоят кунанд?!». Бинобар ин кофир шуданд ва рўйгардонданд. Ва Худованд (аз имону тоаташон) бениёз буд ва Худо Ғанӣ ва шоистаи ситоиш аст.
7 Кофирон пиндоштанд, ки ҳаргиз барангехта нахоҳанд шуд, бигў: «Оре ба Парвардигорам савганд, ки ҳамаи шумо (дар қиёмат) барангехта хоҳед шуд, сипас он чиро амал мекардед ба шумо хабар дода мешавад ва ин барои Худованд осон аст».
8 Ҳол, ки чунин аст, ба Худо ва Расули Ў ва нуре, ки нозил кардаем имон оваред ва бидонед Худо ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.
9 Ин дар замоне хоҳад буд, ки ҳамаи шуморо дар рўзи иҷтимоъ (рўзи растохез) гирдоварӣ мекунад. Он рўз рўзи тағобун аст (рўзи эҳсоси хасорату пушаймонӣ). Ва ҳар кас ба Худо имон оварад ва амали солеҳ анҷом диҳад, гуноҳони ўро мебахшад ва ўро дар боғҳое аз биҳишт, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст дохил мекунад, ҷовидона дар он мемонанд. Ва ин пирўзии бузург аст.
10 Аммо касоне, ки кофир шуданд ва оятҳои моро инкор карданд, асҳоби дўзаханд, ҷовидона дар он мемонанд ва (саранҷоми онҳо) саранҷоми баде аст.
11 Ҳеҷ мусибате рух намедиҳад, магар ба изни Худо. Ва ҳар кас ба Худо имон оварад, Худованд қалбашро ҳидоят мекунад. Ва Худованд ба ҳар чиз Доност.
12 Итоат кунед Худоро ва итоат кунед Пайғамбарро. Ва агар рўйгардон шавед, расули мо ҷуз иблоғи ошкор вазифае надорад.
13 Худованд касе аст, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест ва мўъминон бояд фақат бар Ў таваккул кунанд.
14 Эй касоне, ки имон овардаед! Баъзе аз ҳамсарон ва фарзандонатон душманони шумо ҳастанд, аз онҳо барҳазар бошед. Ва агар афв кунед ва чашм бипўшед ва бибахшед, (Худо шуморо мебахшад), зеро Худованд Бахшанда ва Меҳрубон аст.
15 Амвол ва фарзандонатон фақат василаи имтиҳони шумо ҳастанд. Ва Худост, ки подоши бузург назди Ўст.
16 Пас то метавонед тақвои илҳӣ пеша кунед ва гўш диҳед ва итоат намоед ва бахшиш кунед, ки барои шумо беҳтар аст. Ва касоне, ки аз бухлу ҳирси худ маҳфуз бимонанд, растагоронанд.
17 Агар ба Худо қарзул-ҳасана диҳед, онро барои шумо дучанд месозад ва шуморо мебахшад. Ва Худованд Шукркунанда ва Бурдбор аст.
18 Ў Донои пинҳону ошкор аст ва Ў Азиз ва Ҳаким аст.
Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 12 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
1 Эй Пайғамбар! Ҳар замон хостед занонро талоқ диҳед, дар замони идда онҳоро талоқ гўед, (замоне, ки аз одати моҳона пок шуда ва бо ҳамсарашон наздикӣ накарда бошанд). Ва ҳисоби иддаро нигаҳ доред ва аз Худое, ки Парвардигори шумост бипарҳезед. На шумо онҳоро аз хонаҳояшон берун кунед ва на онҳо (дар даврони идда) берун раванд, магар он ки кори зишти ошкоре анҷом диҳанд. Ин ҳудуди Худост ва ҳар кас аз ҳудуди илоҳӣ таҷовуз кунад, ба худ ситам кардааст. Ту намедонӣ, шояд Худованд баъд аз ин вазъияти нав (ва василаи ислоҳе) фароҳам кунад.
2 Ва чун иддаи онҳо тамом шуд, онҳоро ба тарзи шоистае нигаҳ доред ё ба тарзи шоистае аз онон ҷудо шавед ва ду марди одил аз худатонро гувоҳ гиред ва шаҳодатро барои Худо барпо доред. Ин чизе аст, ки мўъминони ба Худо ва рўзи қиёмат ба он андарз дода мешаванд. Ва ҳар кас тақвои илоҳӣ пеша кунад, Худованд роҳи наҷот барои ў фароҳам мекунад,
3 Ва ўро аз ҷое, ки гумон надорад рўзӣ медиҳад. Ва ҳар кас бар Худо таваккул кунад, кифояти амрашро мекунад. Худованд фармони худро ба анҷом мерасонад ва Худо барои ҳар чизе андозае қарор додааст.
index | next |