back | next |
28 Бигў: «Ба ман хабар диҳед агар Худованд маро ва тамоми касонеро, ки бо ман ҳастанд, ҳалок кунад, ё мавриди тараҳҳум қарор диҳад, чӣ касе кофиронро аз азоби дарднок паноҳ медиҳад?!».
29 Бигў: «Ў Худованди Раҳмон аст, мо ба Ў имон оварда ва бар Ў таваккал кардаем ва ба зудӣ медонед чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст».
30 Бигў: «Ба ман хабар диҳед агар обҳои (сарзамини) шумо дар замин фурў равад, чӣ касе метавонад оби ҷорӣ ва гуворо дар дастраси шумо қарор диҳад?!».
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 52 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1 Нун, савганд ба қалам ва он чӣ менависанд,
2 Ки ту ба неъмати Парвардигорат маҷнун нестӣ,
3 Ва барои ту подоши азим ва ҳамешагӣ аст.
4 Ва ту ахлоқи азим ва барҷастае дорӣ.
5 Ва ба зудӣ ту мебинӣ ва онон низ мебинанд,
6 Ки кадом як аз шумо маҷнунед!
7 Парвардигорат беҳтар аз ҳар кас медонад чӣ касе аз роҳи Ў гумроҳ шудааст. Ва ҳидоятёфтагонро низ беҳтар мешиносад.
8 Ҳол, ки чунин аст, аз инкоркунандагон итоат макун.
9 Онҳо дўст доранд нармиш нишон диҳӣ, то онҳо (ҳам) нармиш нишон диҳанд, (нармиши ҳамроҳ, бо инҳироф аз роҳи ҳақ).
10 Ва аз касе, ки бисёр савганд ёд мекунад ва паст аст итоат макун,
11 Касе, ки бисёр айбҷў аст ва ба суханчинӣ рафту омад мекунад,
12 Ва бисёр монеи кори хайр ва мутаҷовизу гунаҳкор аст.
13 Илова бар инҳо кинатўзу пурхўр ва хашену бадном аст.
14 Мабодо ба хотири ин ки соҳиби молу фарзандони фаровон аст (аз ў пайравӣ кунӣ!).
15 Ҳангоме, ки оятҳои мо бар ў хонда мешавад, мегўяд: «Инҳо афсонаҳои хурофии пешиниён аст».
16 (Вале) мо ба зудӣ бар бинии ў аломат ва доғи нанг мениҳем.
17 Мо онҳоро имтиҳон кардем, ҳамон гуна, ки «соҳибони боғ»-ро имтиҳон кардем, ҳангоме, ки савганд ёд карданд, ки меваҳои боғро субҳгоҳон (дур аз чашми мустамандон) бичинанд.
18 Ва ҳеҷ аз он истисно накунанд.
19 Аммо азоби фарогире (ҳангоми шаб) бар (тамоми) боғи онҳо фуруд омад, дар ҳоле, ки ҳама дар хоб буданд,
20 Ва он боғи сарсабз ҳамчун шаби сиёҳу зулмонӣ шуд.
21 Субҳгоҳон якдигарро садо заданд,
22 Ки ба сўи киштзор ва боғи худ ҳаракат кунед, агар қасди чидани меваҳоро доред.
23 Онҳо ҳаракат карданд, дар ҳоле, ки оҳиста бо ҳам мегуфтанд:
24 «Эҳтиёт кунед, имрўз ҳатто як фақир бар шумо дохил нашавад».
25 (Оре), онҳо субҳгоҳон қасд доштанд, ки бо қудрат аз мустамандон пешгирӣ кунанд.
26 Ҳангоме, ки (дохили боғ шуданд ва) онро диданд, гуфтанд: «Ҳаққо, ки мо гумроҳем.
27 (Оре, ҳама чиз аз дасти мо рафта), балки мо маҳрумем».
28 Яке аз онҳо, ки аз ҳама оқилтар буд, гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам чаро тасбеҳи Худо намегўед?!».
29 Гуфтанд: «Муназзаҳ аст Парвардигори мо, ҳатман мо золим будем».
30 Сипас рў ба якдигар карда ба маломати ҳам пардохтанд,
31 (Ва фарёдашон баланд шуд) гуфтанд: «Вой ба мо, ки туғёнгар будем!
32 Умедворем Парвардигорамон (моро бубахшад ва) беҳтар аз онро ба ҷои он ба мо бидиҳад, зеро мо ба Ў алоқамандем».
33 Ин гуна аст азоб (-и Худованд дар дунё) ва азоби охират аз он ҳам бузургтар аст, агар медонистанд.
34 Ҳатман барои парҳезгорон назди Парвардигорашон боғҳои пурнеъмати биҳишт аст.
35 Оё мўъминонро ҳамчун муҷримон қарор медиҳем?!
36 Шуморо чӣ мешавад?! Чӣ гуна доварӣ мекунед?!
37 Оё китобе доред, ки аз он дарс мехонед,
38 Ки он чиро шумо интихоб мекунед аз они шумост?!
39 Ё ин ки аҳду паймони муаккад ва мустамир то рўзи қиёмат бар мо додед, ки ҳар чиро ҳукм кунед барои шумо бошад?!
40 Аз онҳо бипурс кадом як аз онон чунин чизеро тазмин мекунад?!
41 Ё ин ки маъбудоне доранд, ки онҳоро шарики Худо қарор додаанд (ва барои онон шафоат мекунанд?!). Агар рост мегўянд маъбудони худро биёваранд!
42 (Ба хотир биёваред) рўзеро, ки соқи поҳо (аз ваҳшат) бараҳна мегардад ва даъват ба саҷда мешаванд, аммо наметавонанд (саҷда кунанд).
43 Ин дар ҳоле аст, ки чашмҳояшон (аз шиддати шармсорӣ) ба зер афтода ва зиллату хорӣ вуҷудашонро фаро гирифтааст. Онҳо пеш аз ин даъват ба саҷда мешуданд, дар ҳоле, ки солим буданд, (вале имрўз дигар тавоноии онро надоранд).
44 Акнун Маро бо онҳо, ки ин суханро инкор мекунанд вогузор! Мо ононро аз он ҷо ки намедонанд ба тадриҷ ба сўи азоб пеш мебарем.
45 Ва ба онҳо мўҳлат (-и бозгашт) медиҳем, зеро нақшаҳои ман маҳкам ва бо диққат аст.
46 Ё ин ки ту аз онҳо музде металабӣ, ки пардохташ барои онҳо вазнин аст?!
47 Ё асрори ғайб назди онҳост ва онро менависанд (ва ба якдигар медиҳанд?!).
48 Акнун, ки чунин аст, сабр кун ва мунтазири фармони Парвардигорат бош ва монанди соҳиби моҳӣ (Юнус) мабош, (ки дар дархости муҷозоти қавмаш шитоб кард ва гирифтори муҷозоти тарки авло шуд), дар он замон, ки бо ниҳояти андўҳ Худоро хонд.
49 Ва агар раҳмати Худо ба ёрияш наомада буд, (аз шиками моҳӣ) берун афканда мешуд, дар ҳоле, ки накўҳида буд.
50 Вале Парвардигораш ўро баргузид ва аз солеҳон қарор дод.
51 Наздик аст кофирон ҳангоме, ки оятҳои Қуръонро мешунаванд, бо чашмзахми худ туро аз байн бубаранд ва мегўянд: «Ў девона аст».
52 Дар ҳоле, ки ин (Қуръон) чизе ҷуз сабаби бедорӣ барои ҷаҳониён нест.
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 52 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1 (Рўзи растохез) рўзе аст, ки ҳатман воқеъ мешавад.
2 Чӣ рўзи воқеъшудане!
3 Ва ту чӣ медонӣ он рўзи воқеъшуданӣ чист?!
4 Қавми «Самуд» ва «Од» азоби кўбандаи илоҳиро инкор карданд (ва натиҷаи шумашро диданд).
5 Аммо қавми «Самуд» бо азоби саркаше ҳалок шуданд.
6 Ва аммо қавми «Од» бо боди тўнди туғёнгар ва сарду пурсадое ба ҳалокат расиданд,
7 (Худованд) ин боди тўнди бунёнканро ҳафт шабу ҳашт рўз пай дар пай бар онҳо мусаллат сохт (ва агар он ҷо будӣ) медидӣ, ки он қавм ҳамчун танаҳои пўсидаву пучи дарахтони нахл, дар миёни ин боди тўнд рўи замин афтода ва ҳалок шудаанд.
8 Оё касе аз онҳоро боқӣ мебинӣ?!
9 Ва Фиръавн ва касоне, ки пеш аз ў буданд ва ҳамчунин аҳли шаҳрҳои зеру рў шуда (-и қавми Лут) муртакиби гуноҳони бузург шуданд,
10 Ва бо фиристодаи Парвардигорашон мухолифат карданд ва Худованд (низ) онҳоро ба азоби шадид гирифтор сохт.
11 Ва ҳангоме, ки об туғён кард, мо шуморо бар киштӣ савор кардем,
12 То онро василаи тазаккуре барои шумо қарор диҳем ва гўшҳои шунаво онро дарёбад ва бифаҳмад.
13 Ба маҳзи ин ки як бор дар «сур» дамида шавад,
14 Ва замину кўҳҳо аз ҷо бардошта шаванд ва як бора дарҳам кўбида ва муталошӣ гарданд,
15 Дар он рўз «воқеаи бузург» рўй медиҳад,
16 Ва осмон аз ҳам мешикофад ва суст мегардад ва фурў мерезад.
17 Фариштагон дар атрофи осмон қарор мегиранд (ва барои анҷоми маъмуриятҳо омода мешаванд). Ва он рўз арши Парвардигоратро ҳашт фаришта бар фарози ҳамаи онҳо ҳамл мекунанд.
18 Дар он рўз ҳамагӣ ба пешгоҳи Худо арза мешавед ва чизе аз корҳои шумо пинҳон намемонад.
19 Пас касе, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, (аз шиддати шодӣ) фарёд мезанад, ки: «(Эй аҳли маҳшар!) Номаи аъмоли маро бигиред ва бихонед!
20 Ман яқин доштам, ки (қиёмате ҳаст ва) ба ҳисоби аъмолам мерасам».
21 Ў дар як зиндагии (комилан) ризоятбахш қарор хоҳад дошт,
22 Дар биҳишти олие,
23 Ки меваҳояш дар дастрас аст.
24 (Ва ба онон гуфта мешавад:) Бихўред ва биёшомед гуворо, дар баробари аъмоле, ки дар гузашта анҷом додед.
25 Аммо касе, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш бидиҳанд, мегўяд: «Эй кош ҳаргиз номаи аъмоламро ба ман намедоданд.
26 Ва намедонистам ҳисоби ман чист!
27 Эй кош маргам фаро мерасид,
28 Молу сарватам ҳаргиз маро бениёз накард,
29 Қудрати ман низ аз даст рафт».
30 Ўро бигиред ва дарбанду занҷираш кунед!
31 Сипас ўро дар дўзах афканед!
32 Баъд ўро ба занҷире, ки ҳафтод зироъ аст, бубандед.
33 Зеро ў ҳаргиз ба Худованди бузург имон намеовард,
34 Ва ҳаргиз мардумро бар итъоми мустамандон ташвиқ наменамуд.
35 Бинобар ин, имрўз ҳам дар ин ҷо ёри меҳрубоне надорад,
36 Ва на таоме, ҷуз чирку хун (бар ў аст).
37 Таоме, ки ҷуз хатокорон онро намехўранд.
38 Савганд ба он чӣ мебинед,
39 Ва он чӣ намебинед,
40 Ки ин Қуръон гуфтори Расули бузургворе аст,
41 Ва гуфтаи шоире нест, аммо камтар имон меоваред.
42 Ва на гуфтаи коҳине, ҳар чанд камтар мутазаккир мешавед.
43 Каломе аст, ки аз сўи Парвардигори оламиён нозил шудааст.
44 Агар ў сухани дурўғе бар мо мебаст,
45 Мо ўро бо қудрат мегирифтем,
46 Сипас раги қалбашро қатъ мекардем,
47 Ва ҳеҷ кас аз шумо наметавонист аз (муҷозоти) ў пешгирӣ кунад.
48 Ва он ҳатман тазаккуре барои парҳезгорон аст.
49 Ва мо медонем, ки баъзе аз шумо (онро) инкор мекунед.
50 Ва он сабаби ҳасрати кофирон аст.
51 Ва он яқини холис аст.
52 Ҳол, ки чунин аст, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гўй.
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 44 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1 Дархосткунандае дархости азобе кард, ки воқеъ шуд.
2 Ин азоб махсуси кофирон аст ва ҳеҷ кас наметавонад онро дафъ кунад,
3 Аз сўи Худованди соҳиби маориҷ, (Худованде, ки фариштагонаш бар осмонҳо боло мераванд).
4 Фариштагон ва Рўҳ (фариштаи муқарраби Худованд) ба сўи Ў боло мераванд дар он рўзе, ки миқдораш панҷоҳ ҳазор сол аст.
5 Пас сабри ҷамил пеша кун,
6 Зеро онҳо он рўзро дур мебинанд,
7 Ва мо онро наздик мебинем.
8 Ҳамон рўзе, ки осмон монанди оҳан, гудохта мешавад,
9 Ва кўҳҳо монанди пашми рангин, муталошӣ хоҳад шуд,
back | next |