back

index

next
#1203;ои моро бибахшад , зеро мо нахустин имон оварандагон будем » .

52 Ва ба Мўсо ваҳй кардем , ки шабона бандагонамро (аз Миср) кўч деҳ , зер шумо мавриди таъқиб ҳастед .

53 Фиръавн (аз ин ҳодиса огоҳ шуд ва) маъмурони басиҷи нерўро ба шаҳрҳо фиристод ,

54 (Ва гуфт:) Инҳо ҳатман гурўҳи андаканд .

55 Ва инҳо моро ба хашм оварданд .

56 Ва мо ҳамагӣ омодаи пайкорем .

57 (Саранҷом фиръавниён мағлуб шуданд) ва мо онҳоро аз боғҳо ва чашмаҳо берун рондем ,

58 Ва аз ганҷҳо ва қасрҳои муҷаллал .

59 (Оре) , ин чунин кардем ва Банӣ Исроилро вориси онҳо сохтем .

60 Онон ба таъқиби Банӣ Исроил пардохтанд ва дар ҳангоми тулўи офтоб ба онҳо расиданд .

61 Ҳангоме , ки ду гурўҳ якдигарро диданд , ёрони Мўсо гуфтанд: «Мо дар чанголи фиръавниён гирифтор шудем ! » .

62 (Мўсо) гуфт: «Чунин нест ! Яқинан Парвардигорам бо ман аст , ба зудӣ маро ҳидоят хоҳад кард » .

63 Ва дар пайи он ба Мўсо ваҳй кардем: «Асоятро ба дарё бизан » . (Асояшро ба дарё зад) ва дарё аз ҳам шикофта шуд ва ҳар бахше ҳамчун кўҳи бузурге буд!

64 Ва дар он ҷо дигарон (лашкари Фиръавн)-ро низ (ба дарё) наздик сохтем .

65 Ва Мўсо ва тамои касонеро , ки бо ў буданд , наҷот додем .

66 Сипас дигаронро ғарқ кардем .

67 Дар ин ҳодиса , нишонаи равшане аст , вале бештарашон имон наоварданд , (чаро , ки толиби ҳақ набуданд) .

68 Ва Парвардигорат шикаснопазир ва Меҳрубон аст .

69 Ва бар онон хабари Иброҳимро бихон ,

70 Ҳангоме , ки ба падар ва қавмаш гуфт: «Чӣ чизро мепарастед? ! » .

71 Гуфтанд: «Бутҳоеро мепарастем ва ҳама рўз пойбанди ибодати онҳоем » .

72 Гуфт: «Оё ҳангоме , ки онҳоро мехонед , садои шуморо мешунаванд?!

73 Ё суду зиёне ба шумо мерасонанд? ! » .

74 Гуфтанд: «Мо фақат ниёкони худро ёфтем , ки чунин мекунанд » .

75 Гуфт: «Оё дидед (ин) чизҳоеро , ки пайваста парастиш мекардед ,

76 Шумо ва падарони пешини шумо ,

77 Ҳамаи онҳо душмани ман ҳастанд (ва ман душмани онҳо) , магар Парвардигори оламиён .

78 Ҳамон касе , ки маро офарид ва пайваст роҳнамоиям мекунад ,

79 Ва касе , ки маро таом медиҳад ва сероб менамояд ,

80 Ва ҳангоме , ки бемор шавам , маро шифо медиҳад ,

81 Ва касе , ки маро мемиронад ва сипас зинда мекунад ,

82 Ва касе , ки умед дорам гуноҳамро дар рўзи ҷазо бибахшад .

83 Парвардигоро ! Ба ман илму дониш бибахш ва маро ба солеҳон мулҳақ кун!

84 Ва барои ман дар миёни умматҳои оянда , забони сидқ (ва зикри хайре) қарор деҳ!

85 Ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат гардон!

86 Ва падарам (амакам)-ро биёмурз , ки ў аз гумроҳон буд .

87 Ва дар он рўз , ки мардум барангехта мешаванд , маро шармандаву расво маукн!

88 Дар он рўз , ки молу фарзандон суде намебахшад ,

89 Магар касе , ки бо қалби салим ба пешгоҳи Худо ояд » .

90 (Дар он рўз) , биҳишт барои парҳезкорон наздик мешавад ,

91 Ва дўзах барои гумроҳон ошкор мегардад ,

92 Ва ба онон гуфта мешавад: «Куҷо ҳастанд маъбудоне , ки онҳоро парастиш мекардед ,

93 (Маъбудҳое) ғайр аз Худо? ! Оё онҳо шуморо ёрӣ мекунанд ё касе ба ёрии онҳо меояд? ! » .

94 Дар он ҳангом ҳамаи он маъбудон бо обидони гумроҳ ба дўзах афканда мешаванд .

95 Ва ҳамчунин ҳамагии лашкариёни Иблис .

96 Онҳо дар он ҷо дар ҳоле , ки ба мухосима бархостаанд , мегўянд:

97 «Ба Худо савганд , ки мо дар гумроҳии ошкоре будем ,

98 Чун шуморо бо Парвардигори оламиён баробар мушумурдем!

99 Аммо касе ҷуз муҷримон моро гумроҳ накард .

100 (Афсўс , ки имрўз) шафоаткунандагоне барои мо вуҷуд надорад ,

101 Ва на дўсти гарму пурмуҳаббате .

102 Эй кош бори дигар (ба дунё) бозгардем ва аз мўъминон бошем ! » .

103 Дар ин ҳодиса , нишона (ва ибрате) аст , вале бештари онон мўъмин набуданд .

104 Ва Парвардигори ту Азиз ва Раҳим аст .

105 Қавми Нўҳ расулонро инкор карданд ,

106 Ҳангоме , ки бародарашон Нўҳ ба онон гуфт: «Оё тақво пеша намекунед?!

107 Ҳатман ман барои шумо пайғамбари амине ҳастам .

108 Тақвои илоҳӣ пеша кунед ва маро итоат намоед .

109 Ман барои ин (даъват) ҳеҷ музде аз шумо наметалабам , аҷри ман танҳо бар Парвардигори оламиён аст .

110 Пас , тақвои илоҳӣ пеша кунед ва маро итоат намоед » .

111 Гуфтанд: «Оё мо ба ту имон биёварем , дар ҳоле , ки ашхоси пасту беарзиш аз ту пайравӣ кардаанд? ! » .

112 (Нўҳ) гуфт: «Ман чӣ медонам онҳо чӣ коре доштаанд!

113 Ҳисоби онҳо танҳо бо Парвардигори ман аст , агар шумо мефаҳмидед .

114 Ва ман ҳаргиз мўъминонро дур нахоҳам кард .

115 Ман танҳо инзоркунандаи ошкореам » .

116 Гуфтанд: «Эй Нўҳ ! Агар (аз суханонат) даст барнадорӣ , сангборон хоҳӣ шуд » .

117 Гуфт: «Парвардигоро ! Қавми ман маро инкор карданд .

118 Акнун миёни ман ва онҳо ҷудоӣ бияфкан ва маро ва мўъминонеро , ки бо ман ҳастанд , раҳоӣ бахш » .

119 Мо , ў ва касонеро , ки бо ў буданд , дар он киштӣ , ки пур (аз инсон ва анвои ҳайвонот) буд , раҳоӣ бахшидем .

120 Сипас бақияро ғарқ кардем .

121 Дар ин ҳодиса нишонаи равшане аст , аммо бештари онон мўъмин набуданд .

122 Ва Парвардигори ту Азиз ва Раҳим аст .

123 Қавми Од (низ) расулон (-и Худо)-ро инкор карданд ,

124 Ҳангоме , ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё тақвои пеша намекунед?!

125 Ҳатман ман барои шумо пайғамбари амине ҳастам .

126 Пас тақвои илоҳӣ пеша кунед ва маро итоат намоед .

127 Ман дар баробари ин даъват , ҳеҷ аҷру подоше аз шумо наметалабам , аҷру подоши ман танҳо бар Парвардигори оламиён аст .

128 Оё шумо бар ҳар макони муртафае нишонае аз рўи ҳавою ҳавас месозед?!

129 Ва қасрҳо ва қалъаҳои зебо ва маҳкам бино мекунед , шояд дар дунё ҷовидона бимонед?!

130 Ва ҳангоме , ки касеро муҷозот мекунед , ҳамчун ҷабборон кайфар медиҳед!

131 Пас тақвои илоҳӣ пеша кунед ва маро итоат намоед .

132 Ва аз (нофармонии) Худое бипарҳезед , ки шуморо ба неъматҳое , ки медонед , ёрӣ карда аст .

133 Шуморо ба чаҳорпоён ва низ писарон (-и лоиқ ва барўманд) ёрӣ намудааст .

134 Ҳамчунин ба боғҳо ва чашмаҳо .

135 (Агар куфрон кунед) , ман бар шумо аз азоби рўзи бузурге метарсам ! » .

136 Онҳо (қавми Од) гуфтанд: «Барои мо фарқ намекунад , чӣ моро инзор кунӣ ё накунӣ , (беҳуда худро хаста макун) .

137 Ин ҳамон равиш (ва афсонаҳои) пешиниён аст .

138 Ва мо ҳаргиз муҷозот нахоҳем шуд » .

139 Онон Ҳудро инкор карданд , мо ҳам нобудашон кардем . Ва дар ин , оят ва нишонае аст (барои огоҳон) , вале бештари онон мўъмин набуданд .

140 Ва Парвардигори ту Азиз ва Раҳим аст .

141 Қавми Самуд расулон (-и Худо)-ро инкор карданд ,

142 Ҳангоме , ки бародарашон Солеҳ ба онон гуфт: «Оё тақво пеша намекунед?!

143 Ман барои шумо пайғамбари амине ҳастам .

144 Пас тақвои илоҳӣ пеша кунед ва маро итоат намоед .

145 Ман дар баробари ин (даъват) , аҷру подоше аз шумо наметалабам , аҷри ман танҳо бар Парвардигори оламиён аст .

146 Оё шумо тасаввур мекунед , ҳамеша дар ниҳояти амният дар неъматҳое , ки ин ҷост , мемонед ,

147 Дар ин боғҳо ва ча
back

index

next