back | next |
65 Ва касоне , ки мегўянд: «Парвардигоро ! Азоби ҷаҳаннамро аз мо бартараф гардон , ки азобаш сахт ва пурдавом аст .
66 Ҳатман он (ҷаҳаннам) ҷойгоҳи бад ва маҳалли иқомати баде аст ! » .
67 Ва касоне , ки ҳар гоҳ инфоқ кунанд , на исроф мекунанд ва на сахтгирӣ , балки дар миёни ин ду , ҳад эътидоле доранд .
68 Ва касоне , ки маъбуди дигареро бо Худованд намехонанд ва инсонеро , ки Худованд хунашро ҳаром шумурдааст , ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд ва ҳар кас чунин кунад , муҷозоти сахте хоҳад дид!
69 Азоби ў дар қиёмат дучанд мегардад ва ҳамеша бо хорӣ дар он хоҳад монд .
70 Магар касоне , ки тавба кунанд ва имон оваранд ва амали солеҳ анҷом диҳанд , ки Худованд гуноҳони ононро ба ҳасанот табдил мекунад . Ва Худованд ҳамвора Омурзанда ва Меҳрубон будааст .
71 Ва касе , ки тавба кунад ва амали солеҳ анҷом диҳад , ба сўи Худо бозгашт мекунад (ва подоши худро аз Ў мегирад) .
72 Онҳо касоне ҳастанд , ки ба ботил шаҳодат намедиҳанд (ва дар маҷлисҳои ботил иштирок намекунанд) ва ҳангоме , ки бо лағву беҳудагӣ бархўрд кунанд , бузургворона аз он мегузаранд .
73 Ва касоне , ки ҳар гоҳ ба онҳо оёти Парвардигорашон гўшзад шавад , кар ва кўр бар рўи он намеафтанд .
74 Ва касоне , ки мегўянд: «Парвардигоро ! Аз ҳамсарону фарзандонамон мояи равшании чашми мо қарор деҳ ва моро барои парҳезгорон пешво гардон » .
75 (Оре) , онҳо ҳастанд , ки дараҷаҳои олии биҳишт дар баробари шакебоияшон ба онон подош дода мешавад ва дар он , бо таҳийяту салом рў ба рў мешаванд .
76 Дар ҳоле , ки ҷовидона дар он хоҳанд монд , чӣ қароргоҳ ва маҳалли иқомати хубе!
77 Бигў: «Парвардигорам барои шумо арҷе қоил нест , агар дуои шумо набошад . Шумо (оёти Худо ва Паёмбаронро) инкор кардед ва (ин инкор) домони шуморо хоҳад гирифт ва аз шумо ҷудо нахоҳад шуд » .
Тамомии оёти ин сура – ҷуз 4 ояти охир – дар Макка нозил шуда ва 227 оят дорад .
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1 То , Син , Мим .
2 Ин оятҳои китоби равшангар аст .
3 Гўё мехоҳӣ ҷони худро аз шиддати андўҳ , аз даст диҳӣ , ба хотири ин ки онҳо имон намеоваранд!
4 Агар мо ирода кунем , аз осмон бар онон ояте нозил мекунем , ки гарданҳояшон дар баробари он хозеъ гардад .
5 Ва ҳеҷ зикри наве аз сўи Худованди Раҳмон барои онҳо намеояд , магар ин ки аз он рўйгардон мешаванд .
6 Онон инкор карданд , аммо ба зудӣ ахбори (кайфари) он чиро масхара мекарданд , ба онон мерасад!
7 Оё онон ба замин нигоҳ накарданд , ки чӣ қадар аз анвои гиёҳони пурарзиш дар он рўёнидем?!
8 Дар ин , нишонаи равшане аст (бар вуҷуди Худо) , вале бештарашон ҳаргиз мўъмин набудаанд .
9 Ва Парвардигори ту Азиз ва Раҳим аст .
10 (Ба хотир биёвар) ҳангомеро , ки Парвардигорат Мўсоро нидо дод , ки ба суроғи қавми ситамгар бирав ,
11 Қавми Фиръавн , оё онон (аз мухолифати фармони Парвардигор) парҳез намекунанд?!
12 (Мўсо) гуфт: «Парвардигоро ! Аз он хавф дорам , ки маро инкор кунанд!
13 Ва синаам танг мешавад ва забонам ба қадри лозим гўё нест , (бародарам) Ҳорунро низ рисолат деҳ , (то маро ёрӣ кунад) .
14 Ва онон (ба эътиқоди худашон) бар гардани ман гуноҳе доранд , метарсам маро бикушанд (ва ин рисолат ба поён нарасад!) » .
15 Фармуд: «Чунин нест , (онон коре наметавонанд анҷом диҳанд) . Шумо ҳар ду бо оятҳои мо (барои ҳидояташон) биравед , мо бо шумо ҳастем ва (суханонатонро) мешунавем .
16 Ба суроғи Фиръавн биравед ва бигўед: «Мо фиристодаи Парвардигори ҷаҳониён ҳастем .
17 Банӣ Исроилро бо мо бифирист » . (Онҳо ба суроғи Фиръавн омаданд) .
18 (Фиръавн) гуфт: «Оё мо туро дар кўдакӣ дар миёни худ парвариш надодем ва солҳое аз зиндагиятро дар миёни мо набудӣ?!
19 Ва саранҷом , он коратро , (ки набояд анҷом диҳӣ) , анҷом додӣ (ва як нафар аз моро куштӣ) ва ту аз носипосонӣ ! » .
20 (Мўсо) гуфт: «Ман он корро анҷом додам , дар ҳоле , ки аз бехабарон будам .
21 Пас ҳангоме , ки аз шумо тарсидам гурехтам ва Парвардигорам ба ман ҳикмату дониш бахшид ва маро аз пайғамбарон қарор дод .
22 Оё ин миннате аст , ки ту бар ман мегузорӣ , ки Банӣ Исроилро бардаи худ сохтаӣ? ! » .
23 Фиръавн гуфт: «Парвардигори оламиён чист? ! » .
24 (Мўсо) гуфт: «Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чӣ миёни он ду аст , агар аҳли яқин ҳастед » .
25 (Фиръавн) ба атрофиёнаш гуфт: «Оё намешунавед , (ин мард чӣ мегўяд?!) » .
26 (Мўсо) гуфт: «Ў Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёкони шумост » .
27 (Фиръавн) гуфт: «Пайғамбаре , ки ба сўи шумо фиристода шудааст , ҳатман девона аст » .
28 (Мўсо) гуфт: «Ў Парвардигори машриқ ва мағриб ва он чӣ миёни он ду аст , мебошад , агар шумо ақлу андешаи худро ба кор мегирифтед » .
29 (Фиръавн хашмгин шуд ва) гуфт: «Агар маъбуде ғайр аз ман баргузинӣ , туро аз зиндониён қарор хоҳам дод ! » .
30 (Мўсо) гуфт: «Ҳатто агар нишонаи ошкоре барои ту биёварам , (боз имон намеоварӣ?!) » .
31 Гуфт: «Агар рост мегўӣ , онро биёвар ! » .
32 Дар ин ҳангом Мўсо асои худро афканд ва ногаҳон мори бузург ва ошкоре шуд ,
33 Ва дасти худро (дар гиребон фурў бурд ва) берун овард ва дар баробари бинандагон сафеду равшан буд .
34 (Фиръавн) ба гурўҳе , ки атрофи ў буданд , гуфт: «Ин соҳири огоҳ ва моҳире аст!
35 Ў мехоҳад бо сеҳраш шуморо аз сарзаминатон берун кунад , шумо чӣ назар медиҳед ? » .
36 Гуфтанд: «Ў ва бародарашро мўҳлат деҳ ва маъмуронро барои ҷамъ кардан ба тамоми шаҳрҳо равона кун ,
37 То ҳар соҳири моҳир ва доноеро назди ту оваранд » .
38 Саранҷом соҳирон барои ваъдагоҳи рўзи муайяне ҷамъоварӣ шуданд .
39 Ва ба мардум гуфтан шуд: «Оё шумо низ ( дар ин саҳна) иҷтимоъ мекунед ,
40 То агар соҳирон пирўз шаванд , аз онон пайравӣ кунем? ! » .
41 Ҳангоме , ки соҳирон омаданд , ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо пирўз шавем , подоши муҳимме хоҳем дошт ? » .
42 Гуфт: «(Оре) ва дар он сурат шумо аз муқаррабон хоҳед буд » .
43 (Рўзи мавъуд фаро расид ва ҳамагӣ ҷамъ шуданд) . Мўсо ба соҳирон гуфт: «Он чиро мехоҳед бияфканед , бияфканед ! » .
44 Онҳо танобҳо ва асоҳои худро афканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн , мо ҳатман пирўзем ! » .
45 Сипас Мўсо асояшро афканд , ногаҳон тамоми василаҳои дурўғини онҳоро фурў бурд .
46 Фавран ҳамаи соҳирон ба саҷда афтоданд .
47 Гуфтанд: «Мо ба Парвардигори оламиён имон овардем ,
48 Парвардигори Мўсо ва Ҳорун » .
49 (Фиръавн) гуфт: «Оё пеш аз ин ки ба шумо иҷозат диҳам , ба ў имон овардед? ! Ҳатман ў бузург ва устоди шумост , ки ба шумо сеҳр омўхта (ва ин як тавтиа аст) . Аммо ба зудӣ хоҳед донист ! Дастҳо ва поҳои шуморо ба акси якдигар қатъ мекунам ва ҳамаи шуморо ба дор меовезам ! » .
50 Гуфтанд: «Муҳим нест , (ҳар коре аз дастат сохта аст , бикун) . Мо ба сўи Парвардигорамон бозмегардем .
51 Мо умедворем , ки Парвардигорамон хато&
back | next |