back

index

next

47 Онҳо гуфтанд: «Оё мо ба ду инсони монанди худамон имон биёварем , дар ҳоле , ки қавми онҳо бардагони мо ҳастанд? ! » .

48 (Оре) , онҳо ин дуро инкор карданд ва саранҷом ҳамагӣ ҳалок шуданд .

49 Ва мо ба Мўсо китоб (-и осмонӣ) додем , шояд онон (Банӣ Исроил) ҳидоят шаванд .

50 Ва мо фарзанди Марям (Исо) ва модарашро оят ва нишонае қарор додем ва онҳоро дар сарзамини муртафае , ки дар он амният ва оби ҷорӣ буд , ҷой додем .

51 Эй пайғамбарон ! Аз хўрданиҳо покиза бихўред ва амали солеҳ анҷом диҳед , ки Ман ба он чӣ анҷом медиҳед , Огоҳам .

52 Ва ин уммати шумо уммати воҳиде аст ва Ман Парвардигори шумо ҳастам , пас , аз мухолифати фармони Ман бипарҳезед!

53 Аммо онҳо корҳои худро дар миёни худ ба парокандагӣ кашонданд ва ҳар гурўҳе ба роҳе рафтанд , (ва ҳайратовар ин ки) ҳар гурўҳ ба он чӣ назди худ доранд , хушҳоланд!

54 Онҳоро дар ҷаҳлу ғафлаташон бугзор , то замоне , (ки маргашон фаро расад ё гирифтори азоби илоҳӣ шаванд) .

55 Онҳо гумон мекунанд амвол ва фарзандоне , ки ба унвони ёрӣ ба онон медиҳем ,

56 Барои ин аст , ки дарҳои хайротро бо шитоб ба рўи онҳо бикушоем! ! (Чунин нест) , балки онҳо намефаҳманд , (ки ин василаи имтиҳонашон аст) .

57 Ҳатман касоне , ки аз хавфи Парвардигорашон бимноканд ,

58 Ва онҳо , ки ба оятҳои Парвардигорашон имон меоваранд ,

59 Ва онҳо , ки ба Парвардигорашон ширк намеварзанд ,

60 Ва онҳо , ки ниҳояти кўшишро дар анҷоми тоот ба харҷ медиҳанд ва бо ин ҳол дилҳояшон ҳароснок аст аз ин ки саранҷом ба сўи Парвардигорашон боз мегарданд ,

61 (Оре) , чунин касоне дар хайрот шитоб мекунанд ва аз дигарон пешӣ мегиранд (ва машмули иноятҳои мо ҳастанд) .

62 Ва мо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавоноияш таклиф намекунем . Ва назди мо китобе аст , ки (тамоми аъмоли бандагонро сабт карда ва) ба ҳақ сухан мегўяд . Ва ба онон ҳеҷ ситаме намешавад .

63 Вале дилҳои онҳо аз ин номаи аъмол (ва рўзи ҳисоб ва оятҳои Қуръон) дар бехабарӣ фурў рафта ва аъмоли (зишти) дигаре ҷуз ин доранд , ки пайваста онро анҷом медиҳанд .

64 То замоне , ки мутанаъимони мағрури онҳоро дар чанголи азоб гирифтор созем , дар ин ҳангом , нолаҳои дарднок ва истиғосаомез сармедиҳанд .

65 (Аммо ба онҳо гуфта мешавад:) Имрўз фарёд накунед , зеро аз сўи мо ёрӣ нахоҳед шуд .

66 (Оё фаромўш кардаед , ки) дар гузашта оятҳои Ман пайваста бар шумо хонда мешуд , аммо шумо пушт карда ба ақиб боз мегаштед?!

67 Дар ҳоле , ки дар баробари ў (Пайғамбар) истикбор мекардед ва шабҳо дар ҷаласоти худ ба бадгўӣ мепардохтед!

68 Оё онҳо дар ин гуфтор наандешиданд ё ин ки чизе барои онон омада , ки барои ниёконашон наомад аст?!

69 Ё ин ки Пайғамбарашонро нашинохтанд (ва аз собиқаҳои ў огоҳ нестанд) , бинобар ин ўро инкор мекунанд?!

70 Ё мегўянд ў девона аст? ! Вале ў ҳақро барои онон овардааст , аммо бештарашон аз ҳақ кароҳат доранд (ва гурезонанд) .

71 Ва агар ҳақ аз ҳавасҳои онон пайравӣ кунад , осмонҳо ва замин ва ҳамаи касоне , ки дар онҳо ҳастанд , табоҳ мешаванд . Вале мо Қуръоне ба онҳо додем , ки сабаби ёдоварӣ (ва иззат ва шараф) барои онҳост , аммо онон аз (аз он чӣ сабаби) ёдоварияшон (аст) рўйгардонанд .

72 Ё ин ки ту аз онҳо музду ҳазинае (дар баробари даъватат) мехоҳӣ ? Бо ин ки музди Парвардигорат беҳтар ва Ў беҳтарин рўзидиҳандагон аст .

73 Ба таври қатъ ва яқин , ту ононро ба роҳи рост даъват мекунӣ .

74 Аммо касоне , ки ба охират имон надоранд , аз ин роҳ мунҳарифанд .

75 Ва агар ба онон раҳм кунем ва гирифториҳо ва мушкилоташонро бартараф созем , (на танҳо бедор намешаванд , балки) дар туғёнашон саркашӣ меварзанд ва (дар ин водӣ) саргардон мемонанд .

76 Мо ононро ба азобу бало гирифтор сохтем , (то бедор шаванд) , аммо онон на дар баробари Парвардигорашон тавозўъ кардан ва на ба даргоҳаш тазаррўъ мекунанд .

77 (Ин вазъият ҳамчунон идома меёбад) , то замоне , ки даре аз азоби шадид ба рўи онон бикушоем (ва чунон гирифтор мешаванд , ки) ногаҳон ба куллӣ маъюс гарданд .

78 Ва Ў касе аст , ки барои шумо гўш ва чашм ва қалб (ақл) эҷод кард , аммо камтар шукри Ўро ба ҷо меоваред .

79 Ва Ў касе аст , ки шуморо дар замин офарид ва ба сўи Ў маҳшур мешавед .

80 Ва Ў касе аст , ки зинда мекунад ва мемироанд . Ва рафту омади шабу рўз аз они Ўст , оё андеша намекунед?!

81 (На) , балки онон низ мисли он чӣ пешиниён гуфта буданд , гуфтанд .

82 Онҳо гуфтанд: «Оё ҳангоме , ки мурдем ва хок ва устухонҳо (-и пўсидае) шудем , оё бори дигар барангехта хоҳем шуд?!

83 Ин ваъда ба мо ва падаронамон аз пеш дода шудааст , ин фақат афсонаҳои пешиниён аст » .

84 Бигў: «Замин ва касоне , ки дар он ҳастанд аз они кист , агар шумо медонед? ! » .

85 Ба зудӣ (дар ҷавоби ту) мегўянд: «Ҳама аз они Худост » . Бигў: «Оё мутазаккир намешавед? ! » .

86 Бигў: «Чӣ касе Парвардигори осмонҳо ва заминҳои ҳафтгона ва Парвардигори арши азим аст ? » .

87 Ба зудӣ хоҳанд гуфт: «Ҳамаи инҳо аз они Худост ! » . Бигў: «Оё тақво пеша намекунед (ва аз Худо наметарсед ва даст аз ширк барнамедоред?!) » .

88 Бигў: «Агар медонед , чӣ касе ҳукумати ҳамаи мавҷудотро дар даст дорад ва ба бепаноҳон паноҳ медиҳад ва ниёз ба паноҳдодан надорад? ! » .

89 Хоҳанд гуфт: «(Ҳамаи инҳо) аз они Худост ! » . Бигў: «Бо ин ҳол чӣ гуна мегўед сеҳр шудаед (ва ин суханон сеҳр ва афсун аст?!) » .

90 На , (ҳақиқат ин аст , ки) мо ҳақро барои онҳо овардем ва онон дурўғ мегўянд .

91 Худо ҳаргиз фарзанде барои худ интихоб накарда ва маъбуди дигаре бо Ў нест , ки агар чунин мешуд , ҳар як аз худоён махлуқоти худро тадбир ва идора мекарданд ва баъзе бар баъзеи дигар бартарӣ меҷустанд (ва ҷаҳони ҳастӣ ба табоҳӣ кашида мешуд) . Муназзаҳ аст Худо аз он чӣ онон сифат мекунанд!

92 Ў донои пинҳону ошкор аст , пас бартар аст аз он чӣ барои Ў ҳамто қарор медиҳанд!

93 Бигў: «Парвардигори ман ! Агар азобҳоеро , ки ба онон ваъда дода мешавад ба ман нишон диҳӣ (ва дар зиндагиям онро бубинам) ,

94 Парвардигори ман ! Маро (дар ин азобҳо) бо гурўҳи ситамгарон қарор мадеҳ » .

95 Ва мо Тавоноем , ки он чиро ба онҳо ваъда медиҳем ба ту нишон диҳем .

96 Бадиро ба беҳтарин роҳу равиш дафъ кун (ва ҷавоби бадиро ба некӣ деҳ) . Мо ба он чӣ сифат мекунанд огоҳтарем .

97 Ва бигў: «Парвардигоро ! Аз васвасаҳои шаётин ба ту паноҳ мебарам ,

98 Ва аз ин ки онон назди ман ҳозир шаванд (низ) , – эй Парвардигори ман – ба ту паноҳ мебарам » .

99 (Онҳо ҳамчунон ба роҳи ғалати худ идома медиҳанд) , то замоне , ки марги яке аз онон фаро расад , мегўяд: «Парвардигори ман ! Маро боз гардонед ,

100 Шояд дар он чӣ тарк кардам (ва кўтоҳӣ намудам) амали солеҳе анҷом диҳам » . (Вале ба ў мегўянд:) Чунин нест ! Ин сухане аст , ки ў ба забон мегўяд (ва агар бозгардад , кораш ҳамчун гузашта аст) . Ва пушти сари онон барзахе аст , то рўзе , ки барангехта шаванд .

101 Ҳангоме , ки дар «сур » дамида шавад , ҳеҷ як аз пайвандҳои хешовандӣ миёни онҳо дар он рўз нахоҳад буд ва аз якдигар дархости кўмак намекунанд , (чун коре аз касе сохта нест) .

102 Касоне , ки вазнаи аъмолашон сангин аст , ҳамон растагоронанд .

back

index

next