back

index

next
0; вазнаи аъмолашон сабук бошад , касоне ҳастанд , ки сармояи вуҷуди худро аз даст дода , дар ҷаҳаннам ҷовидона хоҳанд монд .

104 Шўълаҳои сўзони оташ (ҳамчун шамшер) ба чеҳраҳояшон навохта мешавад ва дар дўзах чеҳраи абусе доранд .

105 (Ба онҳо гуфта мешавад:) Оё оятҳои Ман бар шумо хонда намешуд , пас онро инкор мекардед?!

106 Мегўянд: «Парвардигоро ! Бадбахтии мо бар мо чира шуд ва мо қавми гумроҳе будем .

107 Парвардигоро ! Моро аз ин (дўзах) берун ор , агар бори дигар такрор кардем ҳатман ситамгарем (ва мустаҳиққи азоб) » .

108 (Худованд) мегўяд: «Дур шавед дар дўзах ва бо Ман сухан магўед!

109 (Фаромўш кардаед) гурўҳе аз бандагонам мегуфтанд: Парвардигоро ! Мо имон овардем , моро бубахш ва бар мо раҳм кун ва ту беҳтарин раҳмкунандагонӣ .

110 Аммо шумо онҳоро ба боди масхара гирифтед , то шуморо аз ёди Ман ғофил карданд ва шумо ба онон механдидед!

111 Вале ман имрўз онҳоро ба хотири сабру истиқоматашон подош додам , онҳо пирўз ва растагоранд » .

112 (Худованд) мегўяд: «Чанд сол дар рўи замин таваққуф кардед ? » .

113 (Дар ҷавоб) мегўянд: «Танҳо ба андозаи як рўз ё қисмате аз як рўз ! Аз онҳо , ки метавонанд бишуморанд бипурс » .

114 Мегўяд: «(Оре) , шумо миқдори каме таваққуф намудед , агар медонистед ! » .

115 Оё гумон кардед шуморо беҳуда офаридаем ва ба сўи мо бозгардонида намешавед?!

116 Пас бартар аст Худованде , ки фармонравои ҳақ аст , (аз ин ки шуморо бемақсад офарида бошад!) . Маъбуде ҷуз Ў нест ва Ў Парвардигори Арши Карим аст .

117 Ва ҳар кас маъбуди дигареро бо Худо бихонад – ва ҳатман ҳеҷ далел бар он нахоҳад дошт – ҳисоби ў назди Парвардигораш хоҳад буд , яқинан кофирион растагор нахоҳанд шуд .

118 Ва бигў: «Парвардигоро ! Маро бубахш ва раҳмат кун ва ту беҳтарин раҳмкунандагон ҳастӣ » .

Сураи Нур

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 64 оят дорад .

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1 (Ин) сурае аст , ки онро фурў фиристодем ва (амал ба онро) воҷиб намудем ва дар он оятҳои равшане нозил кардем , шояд шумо мутазаккир шавед .

2 Ҳар як аз зану марди зинокорро сад тозиёна бизанед ва набояд раъфат (ва муҳаббати дурўғ) нисбат ба он ду шуморо аз иҷрои ҳукми илоҳӣ монеъ шавад , агар ба Худо ва рўзи ҷазо имон доред . Ва бояд гурўҳе аз мўъминон муҷозоташонро мушоҳида кунанд .

3 Марди зинокор ҷуз бо зани зинокор ё мушрик издивоҷ намекунад ва зани зинокорро ҷуз марди зинокор ё мушрик ба издивоҷи худ дарнамеоварад ва ин кор бар мўъминон ҳаром шудааст .

4 Ва касоне , ки занони покдоманро муттаҳам мекунанд , сипас чаҳор шоҳид (бар муддаои худ) намеоваранд , онҳоро ҳаштод тозиёна бизанед ва шаҳодаташонро ҳаргиз напазиред . Ва онҳо ҳамон фосиқонанд .

5 Магар касоне , ки баъд аз он тавба кунанд ва ҷуброн намоянд , (ки Худованд онҳоро мебахшад) , зеро Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст .

6 Ва касоне , ки ҳамсарони худро (ба амали зидди иффат) муттаҳам мекунанд ва гувоҳоне ҷуз худашон надоранд , ҳар як аз онҳо бояд чаҳор мартаба ба номи Худо шаҳодат диҳад , ки аз ростгўёнаст .

7 Ва дар панҷумин бор бигўяд , ки лаънати Худо бар ў бод агар аз дурўғгўён бошад .

8 Он зан низ метавонад кайфар (-и зино)-ро аз худ дур кунад ба ин тариқ , ки чаҳор бор Худоро ба шаҳодат талабад , ки он мард (дар ин нисбате , ки ба ў медиҳад) , аз дурўғгўён аст .

9 Ва бори панҷум бигўяд , ки ғазаби Худо бар ў бод , агар он мард аз ростгўён бошад .

10 Ва агар фазлу раҳмати Худо шомили ҳоли шумо набуд ва ин ки Ў Тавбапазир ва Ҳаким аст (бисёре аз шумо гирифтори муҷозоти сахти илоҳӣ мешудед!) .

11 Ҳатман касоне , ки он тўҳмати азимро унвон карданд , гурўҳе (муташаккил ва тавтиагар) аз шумо буданд , аммо гумон накунед ин ҳодиса барои шумо бад аст , балки хайри шумо дар он аст , онҳо ҳар кадом саҳми худро аз ин гуноҳе , ки муртакиб шуданд , доранд ва аз онон касе , ки бахши муҳимми онро бар ўҳда дошт , азоби азиме барои ўст!

12 Чаро ҳангоме , ки ин (тўҳмат)-ро шунидед , мардону занони бо имон нисбат ба худ (ва касе , ки ҳамчун худи онҳо буд) , гумони хайр набурданд ва нагуфтанд ин дурўғи бузург ва ошкор аст?!

13 Чаро чаҳор шоҳид барои он наоварданд? ! Акнун , ки ин гувоҳонро наоварданд , онон дар пешгоҳи Худо дурўғгўёнанд .

14 Ва агар фазлу раҳмати илоҳӣ дар дунёву охират шомили шумо намешуд , ба хотири ин гуноҳе , ки кардед , азоби сахте ба шумо мерасид!

15 Ба хотир биёваред замонеро , ки ин шойиаро аз забони якдигар мегирифтед ва бо даҳони худ сухан мегуфтед , ки ба он яқин надоштед ва онро кўчак мепиндоштед , дар ҳоле , ки назди Худо бузург аст!

16 Чаро ҳангоме , ки онро шунидед нагуфтед: «Мо ҳақ надорем , ки ба ин сухан такаллум кунем , Худовандо муназзаҳӣ ту , ин бўҳтони бузурге аст? ! » .

17 Худованд шуморо андарз медиҳад , ки ҳаргиз чунин кореро такрор накунед , агар имон доред .

18 Ва Худованд оятҳоро барои шумо баён мекунад ва Худо Доно ва Ҳаким аст .

19 Касоне , ки дўст доранд пилидиҳо дар миёни мардуми бо имон ривоҷ ёбад , азоби дардноке барои онон дар дунё ва охират аст ва Худованд медонад ва шумо намедонед .

20 Ва агар фазлу раҳмати илоҳӣ шомили ҳоли шумо набуд ва ин ки Худо Меҳрубон ва Раҳим аст (муҷозоти сахт доманатонро мегирифт!) .

21 Эй касоне , ки имон овардаед ! Аз гомҳои шайтон пайравӣ накунед . Ҳар кас пайрави гомҳои шайтон шавад , (гумроҳаш месозад , зеро) ў ба фаҳшову мункар фармон медиҳад . Ва агар фазлу раҳмати илоҳӣ бар шумо набуд , ҳаргиз аҳаде аз шумо пок намешуд , вале Худованд ҳар киро бихоҳад тазкия мекунад ва Худо Шунаво ва Доност .

22 Онҳо , ки аз миёни шумо бартарӣ (-и молӣ) ва зиндагии васеъ доранд , набояд савганд ёд кунанд , ки аз бахшиш нисбат ба наздикон ва мустамандон ва муҳоҷирони дар роҳи Худо дареғ намоянд . Онҳо бояд афв кунанд ва чашм бипўшанд , оё дўст намедоред Худованд шуморо бубахшад? ! Ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст .

23 Касоне , ки занони покдоман ва бехабар (аз ҳар гуна олудагӣ) ва мўъминро муттаҳам месозанд , дар дунё ва охират аз раҳмати илоҳӣ ба дуранд ва азоби бузурге барои онҳост .

24 Дар он рўз забонҳо ва дастҳо ва поҳояшон бар зидди онҳо ба аъмоле , ки муртакиб мешуданд , гувоҳӣ медиҳад .

25 Он рўз , Худованд ҷазои ҳақиқии ононро бе каму кост медиҳад ва медонад , ки Худованд ҳаққи ошкор аст .

26 Занони нопок аз они мардони нопоканд ва мардони нопок низ ба занони нопок тааллуқ доранд . Ва занони пок аз они мардони пок ва мардони пок аз они занони поканд ! Инон аз нисбатҳои норавое , ки (нопокон) ба онон медиҳанд , мубарро ҳастанд ва барои онон омурзиш (-илоҳӣ) ва рўзии пурарзише аст .

27 Эй касоне , ки имон овардаед ! Дар хонаҳое ғайр аз хонаи худ дохил нашавед , то иҷозат бигиред ва бар аҳли он хона салом кунед , ин барои шумо беҳтар аст , шояд мутазаккир шавед .

28 Ва агар касеро дар он наёфтед , дохил нашавед , то ба шумо иҷозат дода шавад . Ва агар гуфта шуд: «Боз гардед ! » , боз гардед , ин барои шумо покизатар аст ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед Огоҳ а.
back

index

next