back | next |
37 На гўштҳо ва на хунҳои онҳо , ҳаргиз ба Худо намерасад . Он чӣ ба Ў мерасад , тақво ва парҳезгории шумост . Ин гуна Худованд онҳоро мусаххари шумо сохтааст , то Ўро ба хотири он ки шуморо ҳидоят кардааст , бузург шуморед . Ва башорат деҳ некўкоронро .
38 Худованд аз касоне , ки имон овардаанд дифоъ мекунад . Худованд ҳеҷ хиётанкори носипосеро дўст надорад .
39 Ба касоне , ки ҷанг бар онон таҳмил гардидааст , иҷозати ҷиҳод дода шудааст , зеро мавриди ситам қарор гирифтаанд ва Худо бар ёрии онҳо тавоност .
40 Ҳамонҳо , ки аз хона ва шаҳри худ , ба ноҳақ ронда шуданд , ҷуз ин ки мегуфтанд : « Парвардигори мо , Худои Яктост ! » . Ва агар Худованд баъзе аз мардумро ба василаи баъзеи дигар дафъ накунад , дайрҳо ва савмааҳо ва маъбадҳои яҳуд ва насоро ва масҷидҳое , ки номи Худо дар он бисёр бурда мешавад , вайрон мегардад . Ва Худованд касонеро , ки ёрии Ў кунанд (ва аз оинаш дифоъ намоянд) , ёрӣ мекунад . Худованд қавӣ ва шикастнопазир аст .
41 Ҳамон касоне , ки ҳар гоҳ дар замин ба онҳо қудрат бахшидем , намозро барпо медоранд ва закот медиҳанд ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунанд ва поёни ҳамаи корҳо аз они Худост .
42 Агар туро инкор кунанд , (кори наве нест) , пеш аз онҳо қавми Нўҳ ва Од ва Самуд (пайғамбаронашонро) инкор карданд .
43 Ва ҳамчунин қавми Иброҳим ва қавми Лут .
44 Ва Асҳоби Мадян (қавми Шуайб) ва низ Мўсо (аз сўи фиръавниён) инкор шуд , аммо Ман ба кофирон мўҳлат додам , сипас онҳоро муҷозот кардам . Дидӣ чӣ гуна (амали онҳоро) инкор намудам (ва чӣ гуна ба онон ҷавоб гуфтам ? ! ) .
45 Чӣ бисёр шаҳрҳо ва ободиҳое , ки онҳоро нобуд ва ҳалок кардем , дар ҳоле , ки (мардумаш) ситамгар буданд , ба гунае , ки бар сақфҳои худ фурў рехт ! (Нахуст сақфҳо вайрон гашт ва баъд деворҳо бар рўи сақфҳо ! ) . Ва чӣ бисёр чоҳи пуроб , ки бесоҳиб монд ва чӣ бисёр қасрҳои маҳкам ва муртафаъ !
46 Оё онон дар замин сайр накарданд , то дилҳое дошта бошанд , ки ҳақиқатро бо он дарк кунанд ё гўшҳои шунавое , ки бо он (нидои ҳақро) бишунаванд ? ! Чаро , ки чашмҳои зоҳир нобино намешавад , балки дилҳое , ки дар синаҳост , кўр мешавад .
47 Онон аз ту дархости шитоб дар азоб мекунанд , дар ҳоле , ки Худованд ҳаргиз аз ваъдаи худ тахаллуф нахоҳад кард . Ва як рўз назди Парвардигорат , монанди ҳазор сол аз солҳое аст , ки шумо мешуморед !
48 Ва чӣ бисёр шаҳрҳо ва ободиҳое , ки ба онҳо мўҳлат додам , дар ҳоле , ки ситамгар буданд , (аммо аз ин мўҳлат барои ислоҳи худ истифода накарданд) . Сипас онҳоро муҷозот кардам ва бозгашт танҳо ба сўи Ман аст .
49 Бигў : « Эй мардум ! Ман барои шумо хавфдиҳандаи ошкоре ҳастам .
50 Онҳо , ки имон оварданд ва аъмоли солеҳ анҷом доданд , омурзиш ва рўзии пурарзише барои онҳост .
51 Ва онҳо , ки дар (маҳви) оятҳои мо талош карданд ва чунин мепиндошатанд , ки метавонанд бар иродаи ҳатмии мо ғолиб шаванд , асҳоби дўзаханд » .
52 Ҳеҷ пайғамбареро пеш аз ту нафиристодем , магар ин ки ҳар гоҳ орзу мекард (ва тарҳе барои пешбурди ҳадафҳои илоҳии худ мерехт) , шайтон илқооте дар он мекард , аммо Худованд илқооти шайтонро аз миён мебурд , сипас оятҳои худро истеҳком мебахшид . Ва Худованд Алим ва Ҳаким аст .
53 Ҳадаф ин буд , ки Худованд илқооти шайтонро имтиҳоне қарор диҳад барои онҳо , ки дар дилҳояшон беморӣ аст ва онҳо , ки сангдиланд . Ва золимон дар адовати шидид дур аз ҳақ қарор гирифтаанд .
54 Ва (низ) ҳадф ин буд , ки огоҳон бидонанд ин ҳаққе аст аз сўи Парвардигорат ва дар натиҷа ба он имон биёваранд ва дилҳояшон дар баробари он хозеъ гардад . Ва Худованд касонеро , ки имон оварданд , ба сўи сироти мустақим ҳидоят мекунад .
55 Кофирон ҳамвора дар бораи Қуръон дар шак ҳастанд , то он ки рўзи қиёмат ба таври ногаҳонӣ фаро расад , ё азоби рўзи ақим (рўзе , ки қодир бар ҷуброни гузашта нестанд) , ба суроғашон ояд !
56 Ҳукумат ва фармонравоӣ дар он рўз аз они Худост ва миёни онҳо доварӣ мекунад : Касоне , ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд , дар боғҳои пурнеъмати биҳиштанд .
57 Ва касоне , ки кофир шуданд ва оятҳои моро инкор карданд , азоби хоркунандае барои онҳост !
58 Ва касоне , ки дар роҳи Худо ҳиҷрат карданд , сипас кушта шуданд ё ба марги табии аз дунё рафтанд , Худованд ба онҳо рўзии некўе медиҳад , ки Ў беҳтарин рўзидиҳандагон аст .
59 Худованд ононро дар маҳалле дохил мекунад , ки аз он хушнуд хоҳанд буд . Ва Худованд Доно ва Бурдбор аст .
60 (Оре , матлаб) чунин аст ! Ва ҳар кас ба ҳамон миқдор , ки ба ў ситам шудааст , муҷозот кунад , сипас мавриди таҷовуз қарор гирад , Худо ўро ёрӣ хоҳад кард . Яқинан Худованд Бахшанда ва Омурзанда аст .
61 Ин (ваъдаи нусрати илоҳӣ) ба хотири он аст , (ки Ў бар ҳар чиз қодир аст . Худованде) , ки шабро дар рўз ва рўзро дар шаб дохил мекунад . Ва Худованд Шунаво ва Биност .
62 Ин ба хотири он аст , ки Худованд ҳақ аст ва он чиро ғайр аз Ў мехонанд , ботил аст . Ва Худованд воломақом ва бузург аст .
63 Оё надидӣ Худованд аз осмон , обе фиристод ва замин (бар асари он) сарсабзу хуррам мегардад ? ! Ва Худован Латиф ва Огоҳ аст .
64 Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст , аз они Ўст . Ва Худованд бениёз ва шоистаи ҳар гуна ситоиш аст .
65 Оё надидӣ , ки Худованд он чиро дар замин аст , мусаххари шумо кард ва (низ) киштиҳоеро , ки ба фармони Ў бар сафҳаи уқёнусҳо ҳаракат мекунанд ва осмон (куррот ва сангҳои осмонӣ)-ро нигоҳ медорад , то ҷуз ба фармони Ў бар замин фурў наафтанд ? ! Худованд нсибат ба мардум Раҳим ва Меҳрубон аст .
66 Ва Ў касе аст , ки шуморо зинда кард , сипас мемиронад , бори дигар зинда мекунад , аммо ин инсон бисёр носипос аст .
67 Барои ҳар уммате ибодате қарор додем , то он ибодатро (дар пешгоҳи Худо) анҷом диҳанд . Пас набояд дар ин амр бо ту ба низоъ бархезанд ! Ба сўи Парвардигорат даъват кун , ки бар ҳидояти мустақим қарор дорӣ ( ва роҳи рост ҳамин аст , ки ту мепўӣ) .
68 Ва агар онон бо ту ба ҷидол бархезанд , бигў : « Худо аз корҳое , ки шумо анҷом медиҳед , огоҳтар аст .
69 Ва Худованд дар рўзи қиёмат , миёни шумо дар он чӣ ихтилоф мекардед , доварӣ мекунад » .
70 Оё намедонистӣ Худованд он чиро дар осмон ва замин аст , медонад ? ! Ҳамаи инҳо дар китобе сабт аст , (ҳамон китоби илми бепоёни Парвардигор) . Ва ин бар Худованд осон аст .
71 Онҳо ғайр аз Худованд , чизҳоеро мепарастанд , ки Ў ҳеҷ гуна далеле бар он нозил накардааст ва чизҳоеро , ки илму огоҳӣ ба он надоранд . Ва барои ситамгарон ёвар ва роҳнамое нест .
72 Ва ҳангоме , ки оятҳои равшани мо бар онон хонда мешавад , дар чеҳраи кофирон осори инкор мушоҳида мекунӣ , он чунон ки наздик аст бархезанд ва бо мушт ба касоне , ки оятҳои моро бар онҳо мехонанд , ҳамла кунанд ! Бигў : « Оё шуморо ба бадтар аз ин хабар диҳам ? Ҳамон оташи сўзанда (-и дўзах) , ки Худо ба кофирон ваъда додааст ва саранҷоми баде аст ! » .
back | next |