back | next |
5 Эй мардум ! Агар дар растохез шак доред , (ба ин нукта таваҷҷўҳ кунед , ки : ) Мо шуморо аз хок офаридем , сипас аз нутфа ва баъд аз хуни басташуда , сипас аз « музға » (чизе шабеҳи гўшти ҷавидашуда) , ки баъзе дорои шаклу хилқат аст ва баъзе бе шакл , то барои шумо равшан созем , (ки бар ҳар чиз қодирем) . Ва ҷанинҳоеро , ки бихоҳем , то муддати муайяне дар раҳим (-и модарон) қарор медиҳем (ва он чиро бихоҳем соқит мекунем) , баъд шуморо ба сурати тифл берун меоварем , сипас мақсад ин аст , ки ба ҳадди рушду булуғи худ бирасед . Дар ин миён баъзе аз шумо мемиранд ва баъзе он қадар умр мекунанд , ки ба бадтарин марҳалаи зиндагӣ (ва пирӣ) мерасанд , он чунон , ки баъд аз илму огоҳӣ , чизе намедонанд . (Аз сўи дигар) , заминро (дар фасли зимистонд) хушку мурда мебинӣ , аммо ҳангоме , ки оби борон бар он мефиристем , ба ҳаракат дармеояд ва мерўяд ва аз ҳар гуна гиёҳони зебо мерўёнад .
6 Ин ба хотири он аст , ки (бидонед) Худованд ҳақ аст ва Ўст , ки мурдагонро зинда мекунад ва бар ҳар чизе Тавоност .
7 Ва ин ки растохез омаданӣ аст ва шакке дар он нест ва Худованд тамоми касонеро , ки дар қабрҳо ҳастанд , зинда мекунад .
8 Ва гурўҳе аз мардум , бе ҳеҷ дониш ва ҳеҷ ҳидоят ва китоби равшанибахше дар бораи Худо муҷодила мекунанд .
9 Онҳо бо такаббур ва беэътиноӣ (нисбат ба суханони илоҳӣ) , мехоҳанд мардумро аз роҳи Худо гумроҳ созанд . Барои онон дар дунё расвоӣ аст ва дар қиёмат , азоби сўзон ба онҳо мечашонем !
10 (Ва ба онон мегўем : ) Ин дар баробари чизе аст , ки дастҳоятон аз пеш барои шумо фиристода ва Худованд ҳаргиз ба бандагон зулм намекунад .
11 Аз миёни мардум касе аст , ки Худоро танҳо бо забон мепарастад (ва имони қалбияш бисёр заиф аст) . Ҳамин , ки (дунё ба ў рў кунад ва нафъ ва) хайре ба ў бирасад , ҳолати итминон пайдо мекунад , аммо агар мусибате барои имтиҳон ба ў бирасад , дигаргун мешавад (ва ба куфр рў меоварад) . (Ба ин тартиб) ҳам дунёро аз даст додааст ва ҳам охиратро . Ва ин ҳамон хусрон ва зиёни ошкор аст .
12 Ў ҷуз Худо касеро мехонад , ки на зиёне ба ў мерасонад ва на суде . Ин ҳамон гумроҳии бисёр амиқ аст .
13 Ў касеро мехонад , ки зиёнаш аз нафъаш наздиктар аст , чӣ мавло ва ёвари баде ва чӣ мўнис ва муошири баде !
14 Худованд касонеро , ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд , дар боғҳое аз биҳишт дохил мекунад , ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст . (Оре) , Худо ҳар чиро ирода кунад , анҷом медиҳад .
15 Ҳар кас гумон мекунад , ки Худо Пайғамбарашро дар дунё ва охират ёрӣ нахоҳад кард (ва аз ин назар асабонӣ аст , ҳар коре аз дасташ сохта аст , бикунад) , ресмоне ба сақфи хонаи худ овезад ва худро ҳалқовез ва нафси худро қатъ кунад (ва то лабаи партгоҳи марг пеш равад) , бубинад оё ин кор хашми ўро фурў менишонад ? !
16 Ин гуна мо он (Қуръон)-ро ба сурати оятҳои равшане нозил кардем ва Худованд ҳар касро бихоҳад , ҳидоят мекунад .
17 Ҳатман касоне , ки имон овардаанд ва яҳуд ва собион (ситорапарастон) ва насоро ва маҷус ва мушрикон , Худованд дар миёни онон рўзи қиёмат доварӣ мекунад (ва ҳақро аз ботил ҷудо месозад) . Худованд бар ҳар чиз гувоҳ (ва аз ҳама чиз огоҳ) аст .
18 Оё надидӣ , ки тамоми касоне , ки дар осмонҳо ва касоне , ки дар заминанд , барои Худо саҷда мекунанд ? ! Ва (ҳамчунин) хуршеду моҳ ва ситорагон ва кўҳҳо ва дарахтон ва ҷунбандагон ва бисёре аз мардум ! Аммо бисёре (ибо доранд ва) фармони азоб дар бораи онон ҳатмӣ аст . Ва ҳар касро Худованд хор кунад , касе ўро гиромӣ нахоҳад дошт . Худованд ҳар корро бихоҳад (ва салоҳ бидонад) , анҷом медиҳад .
19 Инҳо ду гурўҳанд , ки дар бораи Парвардигорашон ба мухосимаву ҷидол пардохтанд . Касоне , ки кофир шуданд , либосҳое аз оташ барои онҳо бурида шуда ва мойеи сўзон ва ҷўшон бар сарашон рехта мешавад .
20 Он чунон ки ҳам дарунашон бо он об мешавад ва ҳам пўстҳояшон .
21 Ва барои онҳо гурзҳое аз оҳан (-и сўзон) аст .
22 Ҳар гоҳ бихоҳанд аз ғаму андўҳҳои дўзах хориҷ шаванд , онҳоро ба он бозмегардонанд ва (ба онон гуфта мешаванд : ) Бичашед азоби сўзонро !
23 Худованд касонеро , ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд , дар боғҳое аз биҳишт дохил мекунад , ки аз зери дарахтонаш наҳрҳо ҷорӣ аст . Онон бо дастбандҳое аз тилло ва марворид зинат мешаванд ва дар он ҷо либосҳояшон аз ҳарир аст .
24 Ва ба сўи суханони покиза ҳидоят мешаванд ва ба роҳи Худованди шоистаи ситоиш , роҳнамоӣ мегарданд .
25 Касоне , ки кофир шуданд ва мўъминонро аз роҳи Худо боздоштанд ва (ҳамчунин) аз Масҷид-ул-ҳаром , ки онро барои ҳамаи мардум , баробар қарор додем , чӣ касоне , ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд ё аз нуқоти дур дохил мешаванд , (мустаҳиққи азоби дардноканд) . Ва ҳар кас бихоҳад дар ин сарзамин аз роҳи ҳақ мунҳариф гардад ва даст ба ситам занад , мо аз азоби дардноке ба ў мечашонем !
26 (Ба хотир биёвар) замонеро , ки ҷои хона (-и Қаъба)-ро барои Иброҳим омода сохтем , (то хонаро бино кунад . Ва ба ў гуфтем : ) Чизеро ҳамтои Ман қарор мадеҳ ва хонаамро барои тавофкунандагон ва қиёмкунандагон ва рукўъкунандагон ва суҷудкунандагон (аз олудагии бутҳо ва аз ҳар гуна олудагӣ) пок соз .
27 Ва мардумро даъвати умумӣ ба ҳаҷ кун , то пиёда ва савора бар маркабҳои лоғар аз ҳар роҳи дуре ба сўи ту биёянд ,
28 То шоҳиди манофеи гуногуни худ (дар ин барномаи ҳаётбахш) бошанд . Ва дар айёми муайяне номи Худоро , бар чаҳорпоёне , ки ба онон додааст , (дар ҳангоми қурбонӣ кардан) бибаранд . Пас аз гўшти онҳо бихўред ва бенавои фақирро низ итъом намоед .
29 Сипас , бояд олудагиҳояшонро бартараф созанд ва ба назрҳои худ вафо кунанд ва бар гирди хонаи гиромии Каъба , тавоф кунанд .
30 (Маносики ҳаҷ) ин аст . Ва ҳар кас барномаҳои илоҳиро бузург дорад , назди Парвардигораш барои ў беҳтар аст . Ва чаҳорпоён барои шумо ҳалол шудааст , магар он чӣ (манъ буданаш) бар шумо хонда мешавад . Аз бутҳои палид дурӣ кунед ва аз сухани ботил парҳез кунед .
31 (Барнома ва маносики ҳаҷро анҷом диҳед) , дар ҳоле , ки ҳамагӣ холис барои Худо бошад . Ҳеҷ гуна ҳамтое барои Ў қоил нашавед . Ва ҳар кас ҳамтое барои Худо қарор диҳад , гўё аз осмон суқут кардааст ва паррандагон (дар васати ҳаво) ўро мерубоянд ва ё тундбод ўро ба ҷои дурдасте партоб мекунад .
32 Ин аст (маносики ҳаҷ) . Ва ҳар кас шаоири илоҳиро бузург дорад , ин кор нишонаи тақвои дилҳост .
33 Дар он (ҳайвоноти қурбонӣ) , манфиатҳое барои шумост , то замон муайяне (рўзи зибҳи онҳо) , сипас маҳалли он , хонаи қадимӣ ва гиромӣ (-и Қаъба) аст .
34 Барои ҳар уммате қурбонгоҳе қарор додем , то номи Худоро (дар ҳангоми қурбонӣ) бар чаҳорпоёне , ки ба онон рўзӣ додаем бибаранд . Ва Худои шумо Маъбуди Воҳиде аст , дар баробари (фармони) Ў таслим шавед . Ва башорат деҳ мутавозеон ва таслимшавандагонро .
35 Ҳамонҳо , ки чун номи Худо бурда мешавад , дилҳояшон пур аз хавф (-и Парвардигор) мегардад . Ва шакебоён дар баробари мусибатҳое , ки ба онон мерасад ва онҳо , ки намозро барпо медоранд ва аз он чӣ ба онон рўзӣ додаем , бахшиш мекунанд .
36 Ва шутурҳои фарбеҳро (дар маросими ҳаҷ) барои шумо аз шаоири илоҳӣ қарор додем , дар онҳо барои шумо хайру баракат аст , номи Худоро (ҳангоми қурбонӣ кардан) дар ҳоле , ки ба саф истодаанд , бар онҳо бибаред ва ҳангоме , ки паҳлўҳояшон ором гирифт (ва ҷон доданд) , аз гўшти онҳо бихўред ва мустамандони қонеъ ва фақиронро низ аз он итъом кунед . Ин гуна мо онҳоро мусаххаратон сохтем , то шукри Худоро ба ҷо оваред .
back | next |