back | next |
62 Худованд офаридгори ҳама чиз аст ва ҳофизу нозир бар ҳама чиз аст.
63 Калидҳои осмонҳо ва замин аз они Ўст ва касоне ки ба оятҳои Худованд кофир шуданд, зиёнкоронанд.
64 Бигў: «Оё ба ман дастур медиҳед, ки ғайри Худоро бипарастам, эй ҷоҳилон?!».
65 Ба ту ва ҳамаи пайғамбарони пешин ваҳй шуда, ки агар мушрик шавӣ, тамоми аъмолат табоҳ мешавад ва аз зиёнкорон хоҳӣ буд.
66 Балки танҳо Худовандро ибодат кун ва аз шукргузорон бош.
67 Онҳо Худоро он гуна, ки шоиста аст, нашинохтанд, дар ҳоле, ки тамоми замин дар рўзи қиёмат дар қабзаи Ўст ва осмонҳо печида дар дасти Ў. Худованд муназзаҳ ва бартар аст аз шарикҳое, ки барои Ў мепиндоранд.
68 Ва дар «сур» дамида мешавад, пас ҳамаи касоне, ки дар осмонҳо ва заминанд, мемиранд, магар касоне, ки Худо бихоҳад, сипас бори дигар дар «сур» дамида мешавад, ногаҳон ҳамагӣ ба по мехезанд ва да интизор (-и ҳисобу ҷазо) ҳастанд.
69 Ва замин (дар он рўз) ба нури Парвардигораш равшан мешавад ва номаҳои аъмолро пеш мениҳанд ва пайғамбарон ва гувоҳонро ҳозир месозанд ва миёни онҳо ба ҳақ доварӣ мешавад ва ба онон ситам нахоҳад шуд.
70 Ва ба ҳар кас он чӣ анҷом додааст, бе каму кост дода мешавад. Ва Ў нисбат ба он чӣ анҷом медоданд, аз ҳама огоҳтар аст.
71 Ва касоне, ки кофир шуданд, гурўҳ гурўҳ ба сўи ҷаҳаннам ронда мешаванд, вақте ба дўзах мерасанд, дарҳои он кушода мешавад ва нигаҳбонони дўзах ба онҳо мегўянд: «Оё расулоне аз миёни шумо ба сўятон наомаданд, ки оятҳои Парвардигоратонро барои шумо бихонанд ва аз мулоқоти ин рўз шуморо барҳазар доранд?!». Мегўянд: «Оре, (пайғамбарон омаданд ва оятҳои илоҳиро бар мо хонданд ва мо мухолифат кардем). Вале фармони азоби илоҳӣ бар кофирон ҳатмӣ шудааст».
72 Ба онон гуфта мешавад: «Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, ҷовидона дар он бимонед. Чӣ ҷойгоҳи баде аст ҷойгоҳи мутакаббирон!».
73 Ва касоне, ки тақвои илоҳӣ пеша карданд, гурўҳ гурўҳ ба сўи биҳишт бурда мешаванд, ҳангоме, ки ба он мерасанд, дарҳои биҳишт кушода мешавад ва нигаҳбонон ба онон мегўянд: «Салом ба шумо! Гувороятон бод ин неъматҳо! Дохили биҳишт шавед ва ҷовидона бимонед!».
74 Онҳо мегўянд: «Ҳамду ситоиш махсуси Худованде аст, ки ба ваъдаи худ дар бораи мо вафо кард ва замин (биҳишт)-ро мероси мо қарор дод, ки ҳар ҷоро бихоҳем манзилгоҳи худ қарор диҳем. Чӣ некўст подоши амалкунандагон!».
75 (Дар он рўз) фариштагонро мебинӣ, ки бар гирди арши Худо ҳалқа задаанд ва бо ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегўянд. Ва дар миёни бандагон ба ҳақ доварӣ мешавад ва (саранҷом) гуфта хоҳад шуд: «Ҳамд махсуси Худо, Парвардигори ҷаҳониён аст».
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 85 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
1 Ҳо, Мим.
2 Ин китобе аст, ки аз сўи Худованди Қодир ва Доно нозил шудааст.
3 Худованде, ки омурзандаи гуноҳ, пазирандаи тавба, дорои муҷозоти сахт ва соҳиби неъмати фаровон аст. Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест ва бозгашт (-и ҳамаи шумо) танҳо ба сўи Ўст.
4 Танҳо касоне дар оятҳои мо муҷодила мекунанд, ки (аз рўи инод) кофир шудаанд, пас мабодо рафту омади онон дар шаҳрҳо (ва қудратнамоии онон) туро бифиребад!
5 Пеш аз онҳо қавми Нўҳ ва ақвоме, ки баъд аз онҳо буданд, (пайғамбаронашонро) инкор карданд. Ва ҳар уммате дар пайи он буд, ки тавтиа кунад ва пайғамбарашро бигирад (ва озор диҳад) ва барои маҳви ҳақ ба муҷодилаи боитил даст заданд, аммо Ман онҳоро гирифтам (ва сахт муҷозот кардам), бибин, ки муҷозоти Ман чӣ гуна буд!
6 Ва ин гуна фармони Парвардигоат дар бораи касоне, ки кофир шуданд, ҳатмӣ шуда, ки онҳо ҳама аҳли оташанд.
7 Фариштагоне, ки ҳомилони аршанд ва онҳо, ки гирдогирди он (тавоф мекунанд), тасбеҳ ва ҳамди Парвардигорашонро мегўянд ва ба Ў имон доранд ва барои мўъминон истиғфор мекунанд (ва мегўянд:) Парвардигоро! Раҳмат ва илми Ту ҳамаи чизро фаро гирифтааст, пас касонеро, ки тавба карда ва роҳи Туро пайравӣ мекунанд, биёмурз ва ононро аз азоби дўзах нигоҳ дор.
8 Парвардигоро! Онҳоро дар боғҳои ҷовидони биҳишт, ки ба онҳо ваъда додаӣ, дохил кун, ҳамчунин аз падарону ҳамсарону фарзандонашон ҳар кадом, ки солеҳ буданд, ки Ту Тавоно ва Ҳакимӣ.
9 Ва ононро аз бадиҳо нигоҳ дор ва ҳар касро дар он рўз аз бадиҳо нигоҳ дорӣ, машмули раҳматат сохтаӣ. Ва ин аст ҳамон растагории азим!
10 Касонеро, ки кофир шуданд, рўзи қиёмат садо мезананд, ки адовату хашми Худованд нисбат ба шумо аз адовату хашми худатон нисбат ба худатон бештар аст, зеро ба сўи имон даъват мешудед, вале инкор мекардед.
11 Онҳо мегўянд: «Парвардигоро! Моро ду бор мирондӣ ва ду бор зинда кардӣ, акнун ба гуноҳони худ эътироф дорем, оё роҳе барои берун шудан (аз дўзах) вуҷуд дорад?».
12 Ин ба хотири он аст, ки вақте Худованд ба ягонагӣ хонда мешуд, инкор мекардед ва агар барои Ў ҳамтое мепиндоштанд, имон меовардед, акнун доварӣ махсуси Худованди боломартаба ва бузург аст (ва шуморо мутобиқи адли худ кайфар медиҳад).
13 Ў касе аст, ки оятҳои худро ба шумо нишон медиҳад ва аз осмон барои шумо рўзӣ (-и бо арзише) мефиристад, танҳо касоне мутазаккири ин ҳақиқатҳо мешаванд, ки ба сўи Худо бозмегарданд.
14 (Танҳо) Худоро бихонед ва дини худро барои Ў холис кунед, ҳар чанд кофирон хушнуд набошанд.
15 Ў дараҷот (-и бандагони солеҳ)-ро боло мебарад, Ў соҳиби Арш аст, Рўҳ (-и муқаддас)-ро ба фармонаш бар ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад илқо мекунад, то (мардумро) аз рўзи мулоқот (рўзи растохез) хавф диҳад.
16 Рўзе, ки ҳамаи онон ошкор мешаванд ва чизе аз онҳо бар Худо пинҳон нахоҳад монд. (Ва гуфта мешавад:) Ҳукумат имрўз барои кист? Барои Худованди Яктои Қаҳҳор аст.
17 Имрўз ҳар кас дар баробари коре, ки анҷом додааст, подош дода мешавад. Имрўз ҳеҷ зулме нест. Худованд сареул-ҳисоб аст.
18 Ва онҳоро аз рўзи наздик битарсон, ҳангоме, ки аз шиддати ваҳшат дилҳо ба гулў мерасад ва тамомии вуҷуди онҳо пур аз андўҳ мегардад. Барои ситамкорон дўсте вуҷуд надорад ва на шафоаткунандае, ки шафоаташ пазируфта шавад.
19 Ў чашмҳоеро, ки ба хиёнат мегардад ва он чиро синаҳо пинҳон медоранд, медонад.
20 Худованд ба ҳақ доварӣ мекунад ва маъбудҳоеро, ки ғайр аз Ў мехонанд, ҳеҷ гуна доварӣ надоранд. Худованд Шунаво ва Биност.
21 Оё онҳо рўи замин сайр накарданд, то бибинанд оқибати касоне, ки пеш аз онон буданд, чӣ гуна буд?! Онҳо дар қудрат ва эҷоди осори муҳим дар замин аз инҳо бартар буданд, вале Худованд онҳоро ба гуноҳонашон гирифт ва дар баробари азоби Ў мудофее надоштанд.
22 Ин барои он буд, ки пайғамбаронашон пайваст бо далелҳои равшан ба суроғашон меомданд, вале онҳо инкор мекарданд. Худованд ҳам ононро гирифт (ва кайфар дод), ки Ў Қавӣ ва муҷозоташ шадид аст.
23 Мо Мўсоро бо оятҳои худ ва далели равшан фиристодем,
24 Ба сўи Фиръавн ва Ҳомон ва Қорун, вале онҳо гуфтанд: «Ў соҳири бисёр дурўғгўе аст».
back | next |