back

index

next

25  Ва ҳангоме, ки ҳақро аз сўи мо барои онҳо овард, гуфтанд: «Писарони касонеро, ки бо Мўсо имон овардаанд, бикушед ва занонашонро (барои асорату хидмат) зинда бигузоред». Аммо нақшаи кофирон ҷуз дар гумроҳӣ нест ( ва нақши бар об мешавад).

26  Ва Фиръан гуфт: «Бугузоред Мўсоро бикушам ва ў Парвардигорашро бихонад, (то наҷоташ диҳад!). Зеро ман метарсам, ки оини шумор дигаргун созад ва ё дар ин сарзамин фасод барпо кунад!».

27  Мўсо гуфт: «Ман ба Парвардигорам ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам аз ҳар мутакаббире, ки ба рўзи ҳисоб имон намеоварад».

28  Ва марди мўъмине аз Оли Фиръавн, ки имони худро пинҳон медошт, гуфт: «Оё мехоҳед мардеро бикушед, ба хотири ин ки мегўяд: Парвардигори ман «Аллоҳ» аст, дар ҳоле, ки далелҳои равшане аз сўи Парвардигоратон барои шумо овардааст?! Агар дурўғгў бошад, дурўғаш домани худашро хоҳад гирифт ва агар ростгў бошад, (ҳадди ақал) баъзе аз азобҳоеро, ки ваъда медиҳад ба шумо хоҳад расид. Худованд касеро, ки исрофкор ва бисёр дурўғгўст, ҳидоят намекунад.

29  Эй қавми ман! Имрўз ҳукумат аз они шумост ва дар ин сарзамин пирўзед, агар азоби Худо ба суроғи шумо ояд, чӣ касе моро ёрӣ хоҳад кард?!». Фиръавн гуфт: «Ман ҷуз он чиро мўътақидам ба шумо нишон намедиҳам ва шуморо ҷуз ба роҳи саҳеҳ роҳнамоӣ намекунам. (Дастур, ҳамон қатли Мўсо аст)».

30  Он марди боимон гуфт: «Эй қавми ман! Ман бар шумо аз рўзе монанди рўзи (азоби) ақвоми пешин бимнокам!

31  Ва аз одате ҳамчун одати қавми Нўҳ ва Од ва Самуд ва касоне, ки баъд аз онон буданд, (аз ширку куфру туғён) метарсам. Ва Худованд зулму ситаме бар бандагонаш намехоҳад.

32  Эй қавм! Ман бар шумо аз рўзе, ки мардум якдигарро садо мезананд (ва аз ҳам ёрӣ металабанд ва садояшон ба ҷое намерасад), бимнокам!

33  Ҳамон рўзе, ки рўй мегардонед ва мегурезед, аммо ҳеҷ паноҳгоҳе дар баробари (азоби) Худованд барои шумо нест. Ва ҳар касро Худованд (ба хотири аъмолаш) гумроҳ созад, ҳидояткунандае барои ў нест.

34  Пеш аз ин Юсуф далелҳои равшане барои шумо овард, вале шумо ҳамчунон дар он чӣ ў барои шумо оварда буд, шак доштед, то замоне, ки аз дунё рафт, гуфтед: Ҳаргиз Худованд баъд аз ў пайғамбаре мабъус нахоҳад кард! Ин гуна Худованд ҳар исрофкори шаккунандаеро гумроҳ месозад.

35  Ҳамонҳо, ки дар оятҳои Худо бе он ки далеле барояшон омада бошад, ба муҷодила бармехезанд, (ин корашон) хашми бузурге назди Худованд ва назди онон, ки имон овардаанд ба бор меоварад. Ин гуна Худованд бар дили ҳар мутакаббири ҷабборе мўҳр мениҳад».

36  Фиръавн гуфт: «Эй Ҳомон! Барои ман бинои баланде бисоз, шояд ба василаҳое даст ёбам,

37  Василаҳои (сууд ба) осмонҳо то аз Худои Мўсо огоҳ шавам, ҳар чанд гумон мекунам ў дурўғгў бошад». Ин чунин аъмоли бади Фиръавн дар назараш ороста ҷилва кард ва аз роҳи ҳақ боздошта шуд ва тавтиаи Фиръавн (ва ҳамфикрони ў) ҷуз ба нобудӣ намеанҷомад.

38  Касе, ки (аз қавми Фиръавн) имон оварда буд, гуфт: «Эй қавм! Аз ман пайравӣ кунед, то шуморо ба роҳи дуруст ҳидоят кунам.

39  Эй қавми ман! Ин зиндагии дунё, танҳо матои зудгузаре аст ва охират сарои ҳамешагӣ аст.

40  Ҳар кас бадӣ кунад, ҷуз монанди он кайфар дода намешавад, вале ҳар кас кори шоистае анҷом диҳад – хоҳ мард ё зан – дар ҳоле, ки мўъмн бошад, онҳо дохили биҳишт мешаванд ва дар он рўзии беҳисобе ба онҳо дода хоҳад шуд.

41  Эй қавми ман! Чаро ман шуморо ба сўи наҷот даъват мекунам, аммо шумо маро ба сўи оташ фаро мехонед?!

42  Маро даъват мекунед, ки ба Худованди Ягона кофир шавам ва ҳамтое, ки ба он илм надорам барои Ў қарор диҳам, дар ҳоле, ки ман шуморо ба сўи Худованди Азизи Ғаффор даъват мекунам!

43  Ҳатман он чӣ маро ба сўи он мехонед, на даъват (ва ҳокимияте) дар дунё дорад ва на дар охират. Ва танҳо бозгашти мо дар қиёмат ба сўи Худост. Ва исрофкорон аҳли оташанд.

44  Ва ба зудӣ он чиро ба шумо мегўям, ба хотир хоҳед овард! Ман кори худро ба Худо вогузорам, ки Худованд нисбат ба бандагонаш биност».

45  Худованд ўро аз нақшаҳои бади онҳо нигаҳ дошт ва азоби шадид бар Оли Фиръавн ворид шуд.

46  (Азоби онҳо) оташ аст, ки ҳар субҳу шом бар он арза мешаванд ва рўзе, ки қиёмат барпо шавад, (мефармояд:) «Оли Фиръавнро дар сахттарин азобҳо ворид кунед».

47  (Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки дар оташи дўзах бо ҳам муҳоҷҷа мекунанд, заифон ба мустакбирон мегўянд: «Мо пайрави шумо будем, оё шумо (имрўз) саҳме аз оташро ба ҷои мо пазиро мешавед?!».

48  Мустакбирон мегўянд: «Мо ҳамагӣ дар он ҳастем, зеро Худованд дар миёни бандагонаш (ба адолат) ҳукм кардааст».

49  Ва онҳо, ки дар оташанд ба маъмурони дўзах мегўянд: «Аз Парвардигоратон бихоҳед як рўз азобро аз мо бардорад».

50  Онҳо мегўянд: «Оё пайғамбарони шумо далелҳои равшан бароятон наоварданд?!». Мегўянд: «Чаро!». Онҳо мегўянд: «Пас ҳар чӣ мехоҳед (Худоро) бихонед, вале дуои кофирон (ба ҷое намерасад ва) ҷуз дар залолат нест».

51  Мо ба яқин пайғамбарони худ ва касонеро, ки имон овардаанд, дар зиндагии дунё ва (дар охират) рўзе, ки гувоҳон ба по мехезанд, ёрӣ медиҳем.

52  Рўзе, ки узрхоҳии золимон суде ба ҳолашон намебахшад. Ва лаънати Худо бар онҳо ва хона (ва ҷойгоҳи) бад низ барои онон аст.

53  Ва мо ба Мўсо ҳидоят бахшидем ва Банӣ Исроилро ворисони китоб (-и Таврот) қарор додем.

54  Китобе, ки сабаби ҳидоят ва тазаккур барои соҳибони ақл буд.

55  Пас (эй Пайғамбар!) Сабру шакебоӣ пеша кун, ки ваъдаи Худо ҳақ аст ва барои гуноҳонат истиғфор кун ва ҳар субҳу шом тасбеҳ ва ҳамди Парвардигоратро ба ҷо овар.

56  Касоне, ки дар оятҳои Худованд бедалеле, ки барои онҳо омада бошад, ситезаҷўӣ мекунанд, дар синаҳояшон фақат такаббур (ва ғурур) аст ва ҳаргиз ба хостаи худ нахоҳанд расид, пас ба Худо паноҳ бар, ки Ў Шунаво ва Биност.

57  Офариниши осмонҳо ва замин аз офариниши инсонҳо муҳимтар аст, вале бештари мардум намедонанд.

58  Ҳаргиз нобино ва бино яксон нестанд, ҳамчунин касоне, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд, бо бадкорон яксон нахоҳанд буд, аммо камтар мутазаккир мешавед.

59  Ба яқин, рўзи қиёмат омаданӣ аст ва шакке дар он нест, вале аксари мардум имон намеоваранд.

60  Парвардигори шумо гуфтааст: «Маро бихонед, то (дуои) шуморо бипазирам. Касоне, ки аз ибодати ман такаббур меварзанд, ба зудӣ бо зиллат дохили дўзах мешаванд».

61  Худованд касе аст, ки шабро барои шумо офарид, то дар он биёсоед ва рўзро равшанибахш қарор дод. Худованд нисбат ба мардум соҳиби фазлу карам аст, вале бештари мардум шукргузорӣ намекунанд.

62  Ин аст Худованд, Парвардигори шумо, ки офаринандаи ҳама чиз аст. Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест. Бо ин ҳол чӣ гуна аз роҳи ҳақ мунҳариф мешавед?!

63  Ин чунин касоне, ки оятҳои Худоро инкор мекарданд, (аз роҳи рост) мунҳариф мешаванд.

64  Худованд касе аст, ки заминро барои шумо ҷойгоҳи амну оромиш қарор дод ва осмонро ҳамчун сақфе (болои саратон) ва шуморо суратгарӣ кард ва чеҳраҳоятонро некў офарид. Ва аз чизҳои покизае ба шумо рўзӣ дод. Ин аст Худованд, Парвардигори шумо. Ҷовид ва пурбаракат аст Худованде, ки Парвардигори оламиён аст.

back

index

next