back

index

next

22  Оё касе, ки Худо синаашро барои Ислом кушодааст ва бар фарози маркабе аз нури илоҳӣ қарор гирифтааст, (ҳамчун кўрдилони гурмроҳ аст?!). Вой бар онон, ки қалбҳои сахте дар баробари зикри Худо доранд! Онҳо дар гумроҳии ошкоре ҳастанд.

23  Худованд беҳтарин суханро нозил кардааст, китобе, ки оятҳояш (дар лутфу зебоӣ ва умқу мўҳтаво) монанди якдигар аст, оятҳое, ки мукарраре дорад (бо такрори шавқангезе), ки аз шунидани оятҳояш ларза бар андоми касоне, ки аз Парвардигорашон метарсанд, меафтад, сипас берун ва дарунашон нарм ва мутаваҷҷеҳи зикри Худо мешавад. Ин ҳидояти илоҳӣ аст, ки ҳар касро бихоҳад бо он роҳнамоӣ мекунад ва ҳар касро Худованд гумроҳ созад, роҳнамое барои ў нахоҳад буд.

24  Оё касе, ки бо чеҳраи худ азоби дарднок (-и илоҳӣ)-ро дар рўзи қиёмат дур месозад, (монанди касе аст, ки ҳаргиз оташи дўзах ба ў намерасад?!). Ва ба золимон гуфта мешавад: «Бичашед он чиро ба даст меовардед (ва анҷом медодед!)».

25  Касоне, ки пеш аз онҳо буданд, низ (оятҳои моро) инкор намуданд ва азоб (-и илоҳӣ) аз ҷое, ки фикр намекарданд, ба суроғашон омад.

26  Пас Худованд хориро дар зиндагии ин дунё ба онҳо чашонид ва азоби охират шадидтар аст, агар медонистанд.

27  Мо барои мардум дар ин Қуръон аз ҳар гуна мисоле задем, шояд мутазаккир шаванд.

28  Қуръоне аст фасеҳ ва холӣ аз ҳар гуна каҷӣ ва нодурустӣ, шояд онон парҳезгорӣ пеша кунанд.

29  Худованд мисоле задааст: Мардеро, ки мамлуки шариконе аст, ки дар бораи ў пайваста бо ҳам ба мушоҷира машғуланд ва марде, ки танҳо таслими як нафар аст, оё ин ду яксонанд?! Ҳамд, махсуси Худост, вале бештари онон намедонанд.

30  Ту мемирӣ ва онҳо низ хоҳанд мурд.

31  Сипас шумо рўзи қиёмат назди Парвардигоратон мухосима мекунед.

32  Пас чӣ касе ситамкортар аст аз он касе, ки бар Худо дурўғ бибандад ва сухани ростро ҳангоме, ки ба суроғи ў омад, инкор кунад?! Оё дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе барои кофирон нест?!

33  Аммо касе, ки сухани рост оварад ва касе, ки онро тасдиқ кунад, онон парҳезгоронанд.

34  Он чӣ бихоҳанд назди Парвардигорашон барои онон мавҷуд аст. Ва ин аст подоши некўкорон.

35  То Худовнад бадтарин аъмолеро, ки анҷом додаанд, (дар сояи имон ва садоқати онҳо) омурзад ва онҳоро ба беҳтарин аъмоле, ки анҷом медоданд, подош диҳад.

36  Оё Худованд барои (наҷот ва дифоъ аз) бандааш кифоят намекунад?! Аммо онҳо туро аз ғайри Ў метарсонанд. Ва ҳар касро Худованд гумроҳ кунад, ҳеҷ ҳидояткунандае надорад.

37  Ва ҳар касро Худо ҳидоят кунад, ҳеҷ гумроҳкунандае нахоҳад дошт. Оё Худованд, Тавоно ва дорои муҷозот нест?!

38  Ва агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳо ва заминро офарид?». Ҳатман мегўянд: «Худо!». Бигў: «Оё ҳеҷ дар бораи маъбудоне, ки ғайр аз Худо мехонед, андеша мекунед, ки агар Худо зиёне барои ман бихоҳад, оё онҳо метавонанд газанди Ўро бартараф созанд?! Ва ё агар раҳмате барои ман бихоҳад, оё онҳо метавонанд пеши раҳмати Ўро бигиранд?!». Бигў: «Худо маро кифоят мекунад ва ҳамаи мутаваккилон танҳо бар Ў таваккул мекунанд».

39  Бигў: «Эй қавми ман! Шумо ҳар чӣ дар тавон доред анҷом диҳед, ман низ ба вазифаи худ амал мекунам, аммо ба зудӣ хоҳед донист,

40  Чӣ касе азоби хоркунандае (дар дунё) ба суроғаш меояд ва (сипас) азоби ҷовидоне (дар охират) бар ў ворид мегардад!».

41  Мо ин китоб (-и осмонӣ)-ро барои мардум ба ҳақ бар ту нозил кардем. Ҳар кас ҳидоятро пазирад, ба нафъи худи ўст ва ҳар кас гумроҳиро баргузианд, танҳо ба зиёни худ гумроҳ мегардад. Ва ту маъмури маҷбур кардани онҳо ба ҳидоят нестӣ.

42  Худованд арвоҳро дар ҳнгоми марг қабз мекунад ва арвоҳеро, ки намурдаанд низ дар ҳангоми хоб мегирад. Сипас арвоҳи касоне, ки фармони маргашонро содир кардааст, нигаҳ медорад ва арвоҳи дигареро, (ки бояд зинда бимонанд), боз мегардонад, то саромади муайяне. Дар ин амр нишонаҳои равшане аст барои касоне, ки андеша мекунанд.

43  Оё онон ғайр аз Худо шафеоне гирифтаанд?! Ба онон бигў: «Оё (аз онҳо шафоат металабед), ҳар чанд молики чизе набошанд ва дарку шууре барои онҳо набошад?!».

44  Бигў: «Тамоми шафоат аз они Худост, (зеро) ҳокимияти осмонҳо ва замин аз они Ўст ва сипас ҳамаи шуморо ба сўи Ў бозмегардонанд».

45  Ҳангоме, ки Худованд ба ягонагӣ ёд мешавад, дилҳои касоне, ки ба охират имон надоранд, мушмаиз (ва мутанаффир) мегардад, аммо ҳангоме, ки аз маъбудҳои дигар ёд мешавад, онон хушҳол мешаванд.

46  Бигў: «Худовандо! Эй офарандаи осмонҳо ва замин! Ва огоҳ аз асрори пинҳону ошкор, Ту дар миёни бандагонат дар он чӣ ихтилоф доштанд, доварӣ хоҳӣ кард».

47  Агар ситамкорон тамоми он чиро рўи замин аст, молик бошанд ва монанди он бар он афзуда шавад, ҳозиранд ҳамаро фидо кунанд, то аз азоби шадиди рўзи қиёмат раҳоӣ ёбанд ва аз сўи Худо барои онҳо умуре зоҳир мешавад, ки ҳаргиз гумон намекарданд.

48  (Дар он рўз) аъмоли бадеро, ки анҷом додаанд барои онҳо ошкор мешавад ва он чиро масхара мекарданд, бар онҳо воқеъ мегардад.

49  Ҳангоме, ки инсонро зиёне расад, моро (барои ҳалли мушкилаш) мехонад, сипас ҳангоме, ки аз ҷониби худ ба ў неъмате диҳем, мегўяд: «Ин неъматро ба хотири кордонии худам ба ман додаанд». Вале ин василаи имтиҳон (-и онҳо) аст, аммо бештарашон намедонанд.

50  Ин суханро касоне, ки пеш аз онҳо буданд низ гуфтанд, вале он чиро ба даст меоварданд, барои онҳо суде надошт.

51  Сипас бадиҳои аъмолашон ба онҳо расид ва золимони ин гурўҳ (аҳли Макка) низ ба зудӣ гирифтори бадиҳои аъмоле, ки анҷом додаанд, хоҳанд шуд ва ҳаргиз наметавонанд аз чанголи азоби илоҳӣ гурезанд.

52  Оё онҳо надонистанд, ки Худовнад рўзиро барои ҳар кас бихоҳад густарда ё танг месозад?! Дар ин, оятҳо ва нишонаҳое аст барои гурўҳе, ки имон меоваранд.

53  Бигў: «Эй бандагони ман, ки бар худ исроф ва ситам кардаед! Аз раҳмати Худованд ноумед нашавед, ки Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад, зеро Ў бисёр Омурзанда ва Меҳрубон аст.

54  Ва ба даргоҳи Парвардигоратон бозгардед ва дар баробари Ў таслим шавед, пеш аз он ки азоб ба суроғи шумо ояд, сипас аз сўи ҳеҷ кас ёрӣ нашавед.

55  Ва аз беҳтарин дастурҳое, ки аз сўи Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед, пеш аз он ки азоб (-и илоҳӣ) ногаҳон ба суроғи шумо ояд, дар ҳоле, ки аз он хабар надоред!».

56  (Ин дастурҳо барои он аст, ки) мабодо касе рўзи қиёмат бигўяд: «Афсўс бар ман аз кўтоҳиҳое, ки дар итоати фармони Худо кардам ва аз масхаракунандагон (-и оятҳои Ў) будам!».

57  Ё бигўяд: «Агар Худованд маро ҳидоят мекард, аз парҳезгорон будам».

58  Ё ҳангоме, ки азобро мебинад, бигўяд: «Эй кош бори дигар (ба дунё) бозмегаштам ва аз некўкорон будам!».

59  Оре, оятҳои Ман ба суроғи ту омад, аммо онро инкор кардӣ ва такаббур намудӣ ва аз кофирон будӣ.

60  Ва рўзи қиёмат касонеро, ки бар Худо дурўғ бастанд, мебинӣ, ки чеҳраҳояшон сиёҳ аст, оё дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе барои мутакаббирон нест?!

61  Ва Худованд касонеро, ки тақво пеша карданд, бо растагорӣ раҳоӣ мебахшад. Ҳеҷ бадӣ ба онон намерасад ва ҳаргиз ғамгин нахоҳанд шуд.

back

index

next