back | next |
89 Ва гуфт: «Ман беморам (ва бо шумо ба маросими ҷашн намеоям)».
90 Онҳо аз ў рўй бартофта ва ба ў пушт карданд (ва бо шитоб дур шуданд).
91 (Ў дохили бутхона шуд), махфиёна нигоҳе ба маъбудонашон кард ва аз рўи тамасхур гуфт: «Чаро (аз ин хўрокҳо) намехўред?!
92 (Аслан) чаро сухан намегўед?!».
93 Сипас ба сўи онҳо рафт ва зарбае маҳкаме бо дасти рост бар пайкари онҳо фуруд овард (ва ҷуз бути бузург, ҳамаро дарҳам шикаст).
94 Онҳо бо шитоб ба ў рўй оварданд.
95 Гуфт: «Оё чизеро мепарастед, ки бо дасти худ метарошед?!
96 Бо ин ки Худованд ҳам шуморо офарида ва ҳам бутҳое, ки месозед!».
97 (Бутпарастон) гуфтанд: «Бинои баланде барои ў бисозед ва ўро дар ҷаҳаннаме аз оташ афканед!».
98 Онҳо нақшае барои нобудии Иброҳим кашида буданд, вале мо ононро пасту мағлуб сохтем.
99 (Ў аз ин маҳлака ба саломат берун омад) ва гуфт: «Ман ба сўи Парвардигорам меравам, Ў маро ҳидоят хоҳад кард.
100 Парвардигоро! Ба ман аз солеҳон (фарзандони солеҳ) бибахш».
101 Мо ў (Иброҳим)-ро ба навҷавони бурдбор ва сабуре башорат додем.
102 Ҳангоме, ки бо ў ба мақоми саъй ва кўшиш расид, гуфт: «Писарам! Ман дар хоб дидам, ки туро зибҳ мекунам, назари ту чист?» Гуфт: «Падарам! Ҳар чӣ дастур дорӣ иҷро кун, ба хости Худо маро аз собирон хоҳӣ ёфт».
103 Ҳангоме, ки ҳар ду таслим шуданд ва Иброҳим ҷабини ўро бар хок ниҳод,
104 Ўро нидо додем, ки «Эй Иброҳим!
105 Он рўъёро таҳаққуқ бахшидӣ (ва ба маъмурияти худ амал кардӣ)». Мо ин гуна, некўкоронро подош медиҳем.
106 Ин ҳатман ҳамон имтиҳони ошкор аст.
107 Мо зибҳи бузургеро фидои ў кардем,
108 Ва номи неки ўро дар умматҳои баъд боқӣ ниҳодем.
109 Салом бар Иброҳим!
110 Ин гуна некўкоронро подош медиҳем.
111 Ў аз бандагони боимони мост.
112 Мо ўро ба Исҳоқ – пайғамбаре аз шоистагон – башорат додем.
113 Мо ба ў ва Исҳоқ баракат додем ва аз насли он ду, ашхосе буданд некўкор ва ашхосе ошкоро ба худ ситам карданд.
114 Мо ба Мўсо ва Ҳорун неъмат бахшидем.
115 Ва он ду ва қавмашонро аз андўҳи бузург наҷот додем.
116 Ва онҳоро ёрӣ кардем, то бар душманони худ пирўз шуданд.
117 Мо ба он ду, китоби равшангар додем,
118 Ва он дуро ба роҳи рост ҳидоят намудем.
119 Ва номи некашонро дар ақвоми баъд боқӣ гузоштем.
120 Салом бар Мўсо ва Ҳорун!
121 Мо ин гуна некўкоронро подош медиҳем.
122 Он ду аз бандагони мўъмини мо буданд.
123 Ва Илёс аз расулон (-и мо) буд.
124 (Ба хотир биёвар), ҳангомеро, ки ба қавмаш гуфт: «Оё тақво пеша намекунед?!
125 Оё бути «Баъл»-ро мехонед ва беҳтарини офаридгорҳоро раҳо месозед?!
126 Худое, ки Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёкони шумост!».
127 Аммо онҳо ўро инкор карданд, вале ба яқин ҳамагӣ (дар додгоҳи адли илоҳӣ) ҳозир карда мешаванд.
128 Магар бандагони мухласи Худо.
129 Мо номи неки ўро дар миёни умматҳои баъд боқӣ гузоштем.
130 Салом бар Илёсин!
131 Мо ин гуна некўкоронро подош медиҳем.
132 Ў аз бандагони мўъмини мост.
133 Ва Лут аз расулон (-и мо) аст.
134 (Ба хотир биёвар) замонеро, ки ў ва хонадонашро ҳамагӣ наҷот додем,
135 Магар пиразане, ки аз бозмондагон буд (ва ба сарнавишти онон гирифтор шуд).
136 Сипас бақияро нобуд кардем.
137 Ва шумо пайвата субҳгоҳон аз канори (вайронаҳои шаҳрҳои) онҳо мегузаред,
138 Ва (ҳамчунин) шабонгоҳ. Оё намеандешед?!
139 Ва Юнус аз расулон (-и мо) аст.
140 (Ба хотир овар) замонеро, ки ба сўи киштии пур (аз ҷамъияту бор) гурехт.
141 Ва бо онҳо қуръа афканд (ва қуръа ба номи ў афтод ва) мағлуб шуд.
142 (Ўро ба дарё афканданд) ва моҳии бузурге ўро фурў бурд, дар ҳоле, ки мустаҳиққи сарзаниш буд.
143 Ва агар ў аз тасбеҳкунандагон набуд,
144 То рўзи қиёмат дар шиками моҳӣ мемонд!
145 (Ба ҳар ҳол мо ўро раҳоӣ бахшидем ва) ўро дар як сарзамини хушки холӣ аз гиёҳ афкандем, дар ҳоле, ки бемор буд.
146 Ва бўтаи кадуе бар ў рўёндем, (то дар сояи баргҳои паҳну мартубаш оромиш ёбад).
147 Ва ўро ба сўи ҷамъияти садҳазорнафарӣ - ё бештар – фиристодем.
148 Онҳо имон оварданд, бинобар ин то муддати маълуме ононро аз неъматҳои зиндагӣ баҳраманд сохтем.
149 Аз онон бипурс: Оё Парвардигорат духтароне дорад ва писарон аз они онҳост?!
150 Оё мо фариштагонро муаннас офаридем ва онҳо нозир буданд?!
151 Бидонед онҳо бо ин тўҳмати бузургашон мегўянд:
152 «Худованд фарзанд овардааст», вале онҳо ба яқин дурўғ мегўянд.
153 Оё духтаронро бар писарон тарҷеҳ додааст?!
154 Шуморо чӣ шудааст?! Чӣ гуна ҳукм мекунед?! (Ҳеҷ мефаҳмед, ки чӣ мегўед?!).
155 Оё мутазаккир намешавед?!
156 Ё шумо далели равшане дар ин бора доред?
157 Китобатонро биёваред, агар рост мегўед!
158 Онҳо (мушрикон) миёни Ў (Худованд) ва ҷин, (хешовандӣ ва) нисбате қоил шуданд, дар ҳоле, ки ҷинниён ба хубӣ медонанд, ки ин бутпарастон дар додгоҳи илоҳӣ ҳозир карда мешаванд.
159 Муназзаҳ аст Худованд аз он чӣ тавсиф мекунанд,
160 Магар бандагони мухласи Худо.
161 Шумо ва он чиро парастиш мекунед,
162 Ҳаргиз наметавонед касеро (бо он) фиреб диҳед,
163 Магар онҳо, ки дар оташи дўзах дохил мешаванд.
164 Ва ҳеҷ як аз мо нест, ҷуз он ки мақоми маълуме дорад,
165 Ва мо ҳамагӣ (барои итоати фармони Худованд) ба саф истодаем.
166 Ва мо ҳама тасбеҳгўи Ў ҳастем.
167 Онҳо пайваста мегуфтанд:
168 «Агар яке аз китобҳои пешиниён назди мо буд,
169 Ба яқин мо бандагони мухласи Худо будем».
170 (Аммо ҳангоме, ин китоби бузурги осмонӣ бар онҳо нозил шуд), бар он кофир шуданд, вале ба зудӣ (натиҷаи кори худро) хоҳанд донист!
171 Ваъдаи ҳатмии мо барои бандагони фиристодаи мо аз пеш ҳатмӣ шуда,
172 Ки онон ёришудагонанд,
173 Ва лашкари мо пирўзанд.
174 Аз онҳо (кофирон) рўй бигардон, то замони муайяне, (ки фармони ҷиҳод фаро расад).
175 Ва вазъияти онҳоро бинигар, (чӣ бе маъност!), аммо ба зудӣ (натиҷаи аъмоли худро) мебинанд!
176 Оё онҳо барои азоби мо шитоб мекунанд?!
177 Аммо ҳангоме, ки азоби мо дар остонаи хонаҳояшон фуруд ояд, инзоршудагон субҳгоҳи баде хоҳанд дошт.
178 Аз онон рўй бигардон, то замони муайяне.
179 Ва вазъи корашонро бмбин, онҳо низ ба зудӣ (натиҷаи аъмоли худро) мебинанд!
180 Муназзаҳ аст Парвардигори ту, Парвардигори иззат (ва қудрат), аз он чӣ онон тавсиф мекунанд.
181 Ва салом бар расулон.
182 Ва ҳамду ситоиш махсуси Худованде аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 88 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
1 Сод, савганд ба Қуръоне, ки дорои зикр аст, (ки ин китоб, мўъҷизаи илоҳӣ аст).
2 Вале кофирон гирифтори ғурур ва ихтилофанд.
3 Чӣ бисёр ақвомҳоеро, ки пеш аз онҳо ҳалок кардем ва дар ҳангоми нузули азоб фарёд мезаданд (ва кўмак мехостанд), вале вақти наҷот гузашта буд.
4 Онҳо ҳайрат карданд, ки Пайғамбари бимдиҳандае аз миёни онон ба сўяшон омадааст ва кофирон гуфтанд: «Ин соҳири бисёр дурўғгўе аст.
5 Оё ў ба ҷои ин ҳама худоён, Худои воҳиде қарор додааст?! Ин ба ростӣ чизи аҷибе аст!».
back | next |