|
||||||
Сураи СоффотИн ссура дар Макка нозил шуда ва 182 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон 1 Савганд ба (фариштагони) сафкашида (ва муназзам), 2 Ва ба наҳйкунандагон ва (боздорандагон), 3 Ва тиловаткунандагони паёпайи оятҳои илоҳӣ, 4 Ки маъбуди шумо Ягона аст. 5 Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чӣ миёни онҳост. Ва Парвардигори машриқҳо. 6 Мо осмони наздик (поин)-ро бо ситорагон оростем, 7 То онро аз ҳар шайтони хабисе ҳифз кунем. 8 Онҳо наметавонанд ба (суханони) фариштагони олами боло гўш фаро диҳанд (ва ҳар гоҳ чунин кунанд), аз ҳар сў ҳадаф қарор мегиранд. 9 Онҳо ба шиддат ба ақиб ронда мешаванд ва барои онон муҷозоти доиме аст. 10 Магар онҳо, ки дар лаҳзаи кўтоҳе барои истироқи самъ ба осмон наздик шаванд, ки «шаҳоби сооқиб» онҳоро таъқиб мекунад. 11 Аз онон бипурс: «Оё офариниш (ва маоди) онон сахттар аст ё офариниши фариштагон (ва осмонҳо ва замин?!). Мо ононро аз гили часпандае офаридем. 12 Ту аз инкорашон ҳайрат мекунӣ, вале онҳо масхара мекунанд. 13 Ва ҳангоме, ки ба онон тазаккур дода шавад, ҳаргиз мутазаккир намешаванд. 14 Ва ҳангоме, ки мўъҷизаеро бубинанд, (дигаронро низ) ба масхара даъват мекунанд. 15 Ва мегўянд: «Ин фақат сеҳри ошкоре аст. 16 Оё ҳангоме, ки мо мурдем ва ба хок ва устухон мудаббал шудем, бори дигар барангехта хоҳем шуд?! 17 Ва оё падарони нахустини мо (бозмегарданд?!)». 18 Бигў: «Оре, ҳамаи шумо зинда мешавед, дар ҳоле, ки хору кўчак хоҳед буд. 19 Танҳо як сайҳаи азим воқеъ мешавад, ногаҳон ҳама (аз қабрҳо бармехезанд ва) нигоҳ мекунанд. 20 Ва мегўянд: «Эй вой бар мо, ин рўзи ҷазост!». 21 (Оре), ин ҳамон рўзи ҷудоӣ (-и ҳақ аз ботил) аст, ки шумо онро инкор мекардед. 22 (Дар ин ҳангом ба фариштагон дастур дода мешавад:) Золимон ва ҳамрадифонашон ва он чиро мепарастиданд, 23 (Оре он чиро) ҷуз Худо мепарастиданд, ҷамъ кунед ва ба сўи роҳи дўзах ҳидояташон намоед. 24 Онҳоро нигаҳ доред, ки бояд бозпурсӣ шаванд. 25 Шуморо чӣ шуда, ки аз ҳам ёрӣ наметалабед?! 26 Вале онон дар он рўз таслими қудрати Худованданд. 27 (Ва дар ин ҳол), рў ба якдигар карда ва аз ҳам мепурсанд. 28 Гурўҳе мегўянд: «(Шумо раҳбарони гумроҳе будед, ки ба зоҳир) аз тариқи хайрхоҳӣ ва некӣ дохил шудед, (аммо ҷуз фиреб чизе дар коратон набуд!)». 29 (Онҳо дар ҷавоб) мегўянд: «Шумо худатон аҳли имон набудед (тақсири мо чист?!). 30 Мо ҳеҷ гуна султае бар шумо надоштем, балки шумо худ қавми туғёнгаре будед. 31 Акнун фармони Парвардигорамон бар ҳамаи мо ҳатмӣ шуда ва ҳамагӣ аз азоби Ў мечашем. 32 Мо шуморо гумроҳ кардем, ҳамон гуна, ки худ гумроҳ будем». 33 (Оре) ҳамаи онҳо (пешвоён ва пайравони гумроҳ) дар он рўз дар азоби илоҳӣ муштараканд. 34 Мо ин гуна бо муҷримон рафтор мекунем! 35 Чаро, ки вақте ба онҳо гуфта мешуд: «Маъбуде ҷуз Худо вуҷуд надорад», такаббур ва саркашӣ мекарданд. 36 Ва пайваста мегуфтанд: «Оё мо маъбудони худро ба хотири шоири девонае раҳо кунем?!». 37 Чунин нест, ў ҳақро оварда ва пайғамбарони пешинро тасдиқ кардааст. 38 Аммо шумо (мустакбирони кўрдил) ба таври ҳатмӣ азоби дарднок (-и илоҳӣ)-ро хоҳед чашид! 39 Ва ҷуз ба он чӣ анҷом медодед, кайфар дода намешавед, 40 Ҷуз бандагони мухласи Худо, (ки аз ин кайфарҳо барканоранд). 41 Барои онон (бандагони мухлас) рўзии муайян ва махсусе аст, 42 Меваҳо (-и гуногуни пурарзише) ва онҳо гиромӣ дошта мешаванд, 43 Дар боғҳои пурнеъмати биҳишт. 44 Дар ҳоле, ки бар тахтҳо рў ба рўи якдигар такя задаанд, 45 Ва гирдогирдашон қадаҳҳои лабрез аз шароби таҳурро мегардонанд. 46 Шаробе сафед ва дурахшанда ва лаззатбахше барои нўшандагон. 47 Шаробе, ки на дар он сабаби табоҳии ақл аст ва на аз он маст мешаванд. 48 Ва назди онҳо ҳамсарони зебочашме аст, ки ҷуз ба шавҳарони худ ишқ намеварзанд. 49 Гўё аз (латофату сафедӣ) ҳамчун тухми мурғҳое ҳастанд, ки (дар зери болу пари мурғ) пинҳон монда (ва дасти инсоне ҳаргиз онро ламс накардааст). 50 (Дар ҳоле, ки онҳо ғарқи гуфтугў ҳастанд), баъзе рў ба баъзе дигар карда мепурсанд. 51 Яке аз онҳо мегўяд: «Ман ҳамнишине доштам, 52 Ки пайваста мегуфт: Оё (ба ростӣ) ту ин суханро бовар кардаӣ, 53 Ки вақте мо мурдем ва ба хоку устухон мубаддал шудем, (бори дигар) зинда мешавем ва ҷазо дода хоҳем шуд?!». 54 (Сипас) мегўяд: «Оё шумо метавонед аз ў хабаре бигиред?». 55 Ин ҷост, ки нигоҳе мекунад, ногаҳон ўро дар миёни дўзах мебинад. 56 Мегўяд: «Ба Худо савганд, наздик буд маро (низ) ба ҳалокат бикашонӣ! 57 Ва агар неъмати Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагон (-и дар дўзах) будам! 58 (Сипас ба ёрони худ мегўяд: Эй дўстон!) Оё мо ҳаргиз намемирем (ва дар биҳишт ҷовидона хоҳем буд), 59 Ва ҷуз ҳамон марги аввал, марге ба суроғи мо нахоҳад омад ва мо ҳаргиз азоб нахоҳем шуд?! 60 Ростӣ ин ҳамон пирўзии бузург аст!». 61 Оре, барои мисли ин, бояд амалкунандагон амал кунанд. 62 Оё ин (неъматҳои ҷовидони биҳиштӣ) беҳтар аст ё дарахти (нафратангези) Заққум?! 63 Мо онро сабаби дарду ранҷи золимон қарор додем. 64 Он дарахте аст, ки аз қаъри ҷаҳаннм мерўяд. 65 Шукуфаи он монанди сарҳои шаётин аст. 66 Онҳо (муҷримон) аз он мехўранд ва шикамҳоро аз он пур мекунанд. 67 Сипас рўи он оби доғи бадбўе менўшанд. 68 Сипас бозгашти онҳо ба сўи ҷаҳаннам аст. 69 Чаро, ки онҳо падарони худро гумроҳ ёфтанд, 70 Бо ин ҳол бо шитоб дар пайи онон кашонда мешаванд. 71 Ва пеш аз онҳо бештари пешиниён (низ), гумроҳ шуданд. 72 Мо дар миёни онҳо инзоркунандагоне фиристодем, 73 Вале бинигар оқибати инзоршавандагон чӣ гуна буд! 74 Магар бандагони мухласи Худо. 75 Ва Нўҳ, моро хонд (ва мо дуои ўро иҷобат кардем) ва чӣ иҷобаткунандаи хубе ҳастем! 76 Ва ў ва хонадонашро аз андўҳи бузург раҳоӣ бахшидем, 77 Ва фарзандонашро ҳамон бозмондагон (-и рўи замин) қарор додем, 78 Ва номи неки ўро дар миёни умматҳи баъд боқӣ ниҳодем. 79 Салом бар Нўҳ дар миёни ҷаҳониён бод! 80 Мо ин гуна некўкоронро подош медиҳем. 81 Чаро, ки ў аз бандагони бо имони мо буд. 82 Сипас дигарон (душманони ў)-ро ғарқ кардем. 83 Ва аз пайравони ў Иброҳим буд. 84 (Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки бо қалби салим ба пешгоҳи Парвардигораш омад. 85 Ҳангоме, ки ба падар ва қавмаш гуфт: «Инҳо чист, ки мепарастед?! 86 Оё ғайр аз Худо ба суроғи ин маъбудони дурўғин меравед?! 87 Шумо дар бораи Парвардигори оламиён чӣ гумон мебаред?!». 88 (Сипас) нигоҳе ба ситорагон афканд,
|