back

index

next

6  Саркардагони онҳо берун омаданд ва гуфтанд: «Биравед ва худоёнатонро маҳкам бичаспед, ин чизе аст, ки хостаанд (шуморо гумроҳ кунанд).

7  Мо ҳаргиз чунин чизе дар оини дигаре нашунидаем, ин танҳо як оини сохтагӣ аст.

8  Оё аз миёни ҳамаи мо, Қуръон танҳо бар ў (Муҳаммад) нозил шудааст?!». Онҳо дар ҳақиқат дар асли ваҳйи ман шак доранд, балки онон ҳанўз азоби илоҳиро начашидаанд, (ки ин чунин густохона сухан мегўянд).

9  Магар хазинаҳои раҳмати Парвардигори Тавоно ва Бахшандаат назди онҳост, (то ба ҳар кас майл доранд, бидиҳанд?!).

10  Ё ин ки моликият ва ҳокимияти осмонҳо ва замин ва он чӣ миёни ин ду аст, аз они онҳост?! (Агар чунин аст), бо ҳар василаи мумкин ба осмонҳо бираванд (ва пеши нузули ваҳйро бар қалби поки Муҳаммад бигиранд!).

11  (Оре), инҳо лашкари кўчаки шикастхўрдае аз аҳзобанд.

12  Пеш аз онон қавми Нўҳ ва Од ва Фиръавни соҳибқудрат (пайғамбарони моро) инкор карданд.

13  Ва (низ) қавми Самуд ва Лут ва Асҳобул-айка (қавми Шуайб), инҳо аҳзобе буданд, (ки ба инкори пайғамбарон бархостанд).

14  Ҳар як (аз ин гурўҳҳо) расулонро инкор карданд ва азоби илоҳӣ дар бораи онон таҳаққуқ ёфт.

15  Инҳо (бо ин аъмолашон) ҷуз як сайҳаи осмониро интизор намекашанд, ки ҳеҷ мўҳлат ва бозгаште барои он вуҷуд надорад (ва ҳамагиро нобуд месозад!).

16  Онҳо (аз рўи хирасарӣ) гуфтанд: «Парвардигоро! Баҳраи моро аз азоб ҳар чӣ зудтар пеш аз рўзи ҳисоб ба мо деҳ».

17  Дар баробари он чӣ мегўянд шакебо бош ва ба хотир биёвар бандаи мо Довуд соҳиби қудратро, ки ў бисёр тавбакунанда буд.

18  Мо кўҳҳоро мусаххари ў сохтем, ки ҳар шомгоҳ ва субҳгоҳ бо ў тасбеҳ мегуфтанд.

19  Паррандагонро низ дастаҷамъӣ мусаххари ў кардем, (то ҳамроҳи ў тасбеҳи Худо гўянд). Ва ҳамаи инҳо бозгашткунанда ба сўи ў буданд.

20  Ва ҳукумати ўро истеҳком бахшидем, (ҳам) дониш ба ў додем ва (ҳам) доварии одилона.

21  Оё достони шикояткунандагон ҳангоме, ки аз меҳроб (-и Довуд) боло рафтанд, ба ту расидааст?!

22  Дар он ҳангом, ки (бе муқаддима) бар ў дохил шуданд ва ў аз дидани онҳо ваҳшат кард, гуфтанд: «Натарс, ду нафар шикояткунанда ҳастем, ки яке аз мо бар дигарӣ ситам кардааст, акнун дар миёни мо ба ҳақ доварӣ кун ва ситам раво мадор ва моро ба роҳи рост ҳидоят кун.

23  Ин бародари ман аст, ў наваду нўҳ миш дорад ва ман яке беш надорам, аммо ў исрор мекунад, ки ин якеро ҳам ба ман вогузор ва дар сухан бар ман ғалаба кардааст».

24  (Довуд) гуфт: «Ҳатман ў бо дархости як миш аз ту, барои афзудани он ба мишҳояш бар ту ситам намудааст ва бисёре аз шарикон (ва дўстон) ба якдигар ситам мекунанд, магар касоне, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд, аммо шумори онҳо кам аст». Довуд донист, ки мо ўро (бо ин ҳодиса) имтиҳон кардаем, бинобар ин аз Парвардигораш талаби омурзиш намуд ва ба саҷда афтод ва тавба кард.

25  Мо ин амалро бар ў бахшидем ва ў назди мо мақоми воло дорад ва саранҷоми некў.

26  Эй Довуд! Мо туро халифа ва (намояндаи худ) дар замин қарор додем, пас дар миёни мардум ба ҳақ доварӣ кун ва аз ҳавои нафс пайравӣ макун, ки туро аз роҳи Худо мунҳариф созад. Касоне, ки аз роҳи Худо гумроҳ шаванд, азоби шадиде ба хотири фаромўш кардани рўзи ҳисоб доранд!

27  Мо осмону замин ва он чиро миёни онҳост, беҳуда наофаридем, ин гумони кофирон аст. Воё бар кофирон аз оташ (-и дўзах!).

28  Оё касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ҳамчун муфсидон дар замин қарор медиҳем ё парҳезгоронро ҳамчун фоҷирон?!

29  Ин китобе аст пурбаракат, ки бар ту нозил кардаем, то дар оятҳои он тадаббур кунанд ва хирадмандон мутазаккир шаванд.

30  Мо Сулаймонро ба Довуд бахшидем, чӣ бандаи хубе! Зеро ҳамвора ба сўи Худо бозгашт мекард (ва ба ёди Ў буд).

31  Ба хотир биёвар ҳангомеро, ки асргоҳон асбони чобуки тезравро бар ў арза доштанд,

32  Гуфт: «Ман ин асбонро ба хотири Парвардигорам дўст дорам (ва мехоҳам аз онҳо дар ҷиҳод истифода кунам». Ў ҳамчунон ба онҳо нигоҳ мекард), то аз дидагонаш пинҳон шуданд.

33  (Онҳо ба қадре ҷолиб буданд, ки гуфт:) Бори дигар онҳоро назди ман бозгардонед. Ва даст ба соқҳо ва гарданҳои онҳо кашид (ва онҳоро навозиш дод).

34  Мо Сулаймонро имтиҳон кардем ва бар тахти ў ҷасаде афкандем, сипас ў ба даргоҳи Худованд тавба кард.

35  Гуфт: «Парвардигоро! Маро бибахш ва ҳукумате ба ман ато кун, ки баъд аз ман сазовори ҳеҷ кас набошад, ки ту бисёр Бахшандаӣ».

36  Пас мо бодро мусаххари ў сохтем, то ба фармонаш ба нармӣ ҳаракат кунад ва ба ҳар ҷо ў мехоҳад биравад.

37  Ва шаётинро мусаххари ў кардем, ҳар банно ва ғаввосе аз онҳоро.

38  Ва гурўҳи дигаре (аз шаётин)-ро дар ғуллу занҷир (таҳти султаи ў) қарор додем,

39  (Ва ба ў гуфтем:) Ин атои мост, ба ҳар кас мехоҳӣ (ва салоҳ мебинӣ), бибахш ва аз ҳар кас мехоҳӣ имсок кун ва ҳисобе бар ту нест, (ту амин ҳастӣ).

40  Ва барои ў (Сулаймон) назди мо мақоми арҷманд ва саранҷоми некўест.

41  Ва ба хотир биёвар бандаи мо Айюбро, ҳангоме, ки Парвардигорашро хонд (ва гуфт: Парвардигоро!) Шайтон маро ба ранҷу азоб афкандааст.

42  (Ба ў гуфтем:) Пои худро бар замин бикўб, ин чашмаи оби хунуке барои шустушў ва нўшидан аст.

43  Ва хонаводаашро ба ў бахшидем ва монанди онҳоро бар онон афзудем, то раҳмате аз сўи мо бошад ва тазаккуре барои андешмандон.

44  (Ва ба ў гуфтем:) Бастае аз соқаҳои гандум (ё монанди он)-ро бигир ва бо он (ҳамсаратро) бизан ва савганди худро машикан. Мо ўро шакебо ёфтем, чӣ бандаи хубе, ки бисёр бозгашткунанда (ба сўи Худо) буд!

45  Ва ба хотир биёвар бандагони мо Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқубро, соҳибони дастҳо (-и нерўманд) ва чашмҳо (-и бино).

46  Мо онҳоро бо хулуси хоссе холис кардем ва он ёдоварии сарои охират буд.

47  Ва онҳо назди мо аз баргузидагон ва неконанд.

48  Ва ба хотир биёвар «Исмоил» ва «Алясаъ» ва «Зулкифл»-ро, ки ҳама аз некон буданд.

49  Ин як ёдоварӣ аст ва барои парҳезгорон фарҷоми некўе аст:

50  Боғҳои ҷовидони биҳиштӣ, ки дарҳояш ба рўи онон кушода аст,

51  Дар ҳоле, ки дар он бар тахтҳо такя кардаанд ва меваҳои бисёр ва нўшиданиҳо дар ихтиёри онон аст.

52  Ва назди онон ҳамсароне аст, ки танҳо чашм ба шавҳаронашон дўхтаанд ва ҳамсинну соланд.

53  Ин ҳамон аст, ки барои рўзи ҳисоб ба шумо ваъда дода мешавад (ваъдаи тахаллуфнопазире).

54  Ин рўзии мост, ки ҳаргиз онро поёне нест.

55  Ин (подоши парҳезгорон аст) ва барои туғёнгарон бадтарин маҳалли бозгашт аст:

56  Дўзах, ки дар он дохил мешаванд ва чӣ бистари баде аст!

57  Ин нўшобаи «ҳамим» ва «ғассоқ» аст (ду оби сўзон ва тираранг), ки бояд аз он бичашанд!

58  Ва ҷуз инҳо кайфарҳои дигаре монанди он доранд.

59  (Ба онон гуфта мешавад:) Ин гурўҳе аст, ки ҳамроҳи шумо дохили дўзах мешаванд, (инҳо ҳамон сарони гумроҳиянд), хушомад бар онҳо мабод, ҳамагӣ дар оташ хоҳанд сўхт!

back

index

next