back | next |
18 Ва миёни онҳо ва шаҳрҳое, ки баракат дода будем, ободиҳои ошкоре қарор додем ва сафар дар миёни онҳоро ба таври мутаносиб (бо фосилаи наздик) муқаррар доштем (ва ба онон гуфтем:) Шабҳо ва рўзҳо дар ин ободиҳо бо эминӣ (-и комил) сафар кунед.
19 Вале (ин мардуми носипос) гуфтанд: «Парвардигоро! Миёни сафарҳои мо дурӣ афкан», (то бенавоён натавонанд дўш ба дўши ағниё сафар кунанд. Ва ба ин тариқ) онҳо ба худ ситам карданд ва мо ононро достонҳое (барои ибрати дигарон) қарор додем ва ҷамъияташонро муталошӣ сохтем. Дар ин ҳодиса, нишонаҳои ибрате барои ҳар собири шукргузор аст.
20 (Оре), ба яқин, Иблис гумони худро дар бораи онҳо муҳаққақ ёфт, ки ҳамагӣ аз ў пайравӣ карданд, ҷуз гурўҳе андаке аз мўъминон.
21 Ў султа бар онон надошт, ҷуз барои ин ки мўъминони ба охиратро аз онҳо, ки дар шак ҳастанд, бозшиносем. Ва Парвардигори ту нигаҳбони ҳама чиз аст.
22 Бигў: «Касонеро, ки ғайр аз Худо (маъбуди худ) мепиндоред, бихонед! (Онҳо ҳаргиз гиреҳе аз кори шумо намекушоянд, зеро) онҳо ба андозаи заррае дар осмонҳо ва замин молик нестанд ва на дар (хилқат ва моликияти) онҳо шариканд ва на ёвари Ў (дар офариниш) буданд.
23 Ҳеҷ шафоате назди Ў, ҷуз барои касоне, ки изн дода шудаанд, суде надорад. (Дар он рўз ҳама дар изтиробанд), то замоне, ки изтироб аз дилҳои онон зоил гардад (ва фармон аз ноҳияи Ў содир шавад, дар ин ҳангом муҷримон ба шафеон) мегўянд: «Парвардигоратон чӣ дастуре додааст?». Мегўянд: «Ҳақро (баён кард ва иҷозати шафоат дар бораи мустаҳиққон дод) ва Ўст боломақом ва бузургмартаба».
24 Бигў: «Чӣ касе шуморо аз осмонҳо ва замин рўзӣ медиҳад?». Бигў: «Аллоҳ! Ва мо ё шумо бар (тариқи) ҳидоят ё дар залолати ошкоре ҳастем».
25 Бигў: «Шумо за гуноҳе, ки мо кардаем савол нахоҳед шуд, (ҳамон гуна, ки) мо дар баробари аъмоли шумо масъул нестем».
26 Бигў: «Парвардигори мо ҳамаи моро ҷамъ мекунад, сипас дар миёни мо ба ҳақ доварӣ менамояд (ва сафҳои муҷримонро аз некўкорон ҷудо месозад). Ва Ўст довар (ва ҷудокунандаи) огоҳ».
27 Бигў: «Касонеро, ки ба унвони шарик ба Ў мулҳақ сохтаед ба ман нишон диҳед! Ҳаргиз чунин нест! (Ў шарик ва шабеҳе надорад), балки Ў Худованди Азиз ва Ҳаким аст.
28 Ва мо туро ҷуз барои ҳамаи мардум нафиристодем, то (онҳоро ба подошҳои илоҳӣ) башорат диҳӣ ва (аз озби Ў) битарсонӣ, вале бештари мардум намедонанд.
29 Мегўянд: «Агар рост мегўед, ин ваъда (-и растохез) кай хоҳад буд?!».
30 Бигў: «Ваъдаи шумо рўзе хоҳад буд, ки на соате аз он таъхир мекунед ва на (бар он) пешӣ хоҳед гирифт».
31 Кофирон гуфтанд: «Мо ҳаргиз ба ин Қуръон ва китобҳои дигаре, ки пеш аз он будааст, имон нахоҳем овард». Агар бибинӣ ҳангоме, ки ин ситамгарон дар пешгоҳи Парвардигорашон (барои ҳисобу ҷазо) нигаҳ дошта шудаанд, дар ҳоле, ки ҳар кадом гуноҳи худро ба гардани дигарӣ меандозанд, (аз вазъияти онҳо тааҷҷуб мекунӣ!). Мустазъафон ба мустакбирон мегўянд: «Агар шумо набудед, мо мўъмин будем».
32 (Аммо) мустакбирон ба мустазъафон ҷавоб медиҳанд: «Оё мо шуморо аз ҳидоят боздоштем, баъд аз он ки ба суроғи шумо омад (ва онро ба хубӣ дарёфтед?!). Балки шумо худ муҷрим будед».
33 Ва мустазъафон ба мустакбирон мегўянд: «Васвасаҳои фиребкоронаи шумо дар шабу рўз (сабаби гумроҳии мо шуд), ҳангоме, ки ба мо дастур медодед, ки ба Худованд кофир шавем ва ҳамтоёне барои Ў қарор диҳем». Ва онон ҳангоме, ки азоб (-и илоҳӣ)-ро мебинанд, пушаймонии худро пинҳон мекунанд, (то бештар расво нашаванд). Ва мо ғуллу занҷирҳо дар гардани кофирон мениҳем, оё ҷуз он чӣ амал мекарданд, ба онҳо ҷазо дода мешавад?!
34 Ва мо дар ҳеҷ шаҳру диёре пайғамбари бимдиҳандае нафиристодем, магар ин ки мутрифини онҳо, (ки масти нозу неъмат буданд), гуфтанд: «Мо ба он чӣ фиристода шудаед, кофирем».
35 Ва гуфтанд: «Амвол ва авлоди мо (аз ҳама) бештар аст (ва ин нишонаи алоқаи Худо ба мост). Ва мо ҳаргиз муҷозот нахоҳем шуд».
36 Бигў: «Парвардигори ман рўзиро барои ҳар кас бихоҳад васеъ ё танг мекунад, (ин вобастагӣ ба қурб дар даргоҳи Ў надорад), вале бештари мардум намедонанд».
37 Амвол ва фарзандонатон ҳаргиз шуморо назди мо муқарраб намесозад, ҷуз касоне, ки имон оваранд ва амали солеҳе анҷом диҳанд, ки барои онон подоши музоаф дар баробари корҳое аст, ки анҷом додаанд ва онҳо дар ҳуҷраҳои (биҳиштӣ) дар (ниҳояти) амният хоҳанд буд.
38 Ва касоне, ки барои инокр ва ибтоли оятҳои мо талош мекунанд ва мепиндоранд аз чанги қудрати мо гурез хоҳанд кард, дар азоб (-и илоҳӣ) ҳозир мешаванд.
39 Бигў: «Парвардигорам рўзиро барои ҳар кас бихоҳад вусъат мебахшад ва барои ҳар кас бихоҳад танг (ва маҳдуд) месозад ва ҳар чизеро (дар роҳи Ў) инфоқ кунед, ивази онро медиҳад (ва ҷои онро пур мекунад). Ва Ў беҳтарини рўзидиҳандагон аст».
40 (Ба хотир овар) рўзеро, ки Худованд ҳамаи ононро бармеангезад, сипас ба фариштагон мегўяд: «Оё инҳо шуморо парастиш мекарданд?!».
41 Онҳо мегўянд: «Муназзаҳӣ (аз ин ки ҳамтое дошта бошӣ!). Танҳо Ту сарпарасти мо ҳастӣ, на онҳо, (онҳо моро парастиш намекарданд), балки ҷинро парастиш менамуданд ва аксарашон ба онҳо имон доштанд».
42 (Оре), имрўз ҳеҷ як аз шумо нисбат ба дигарӣ молики суду зиёне нест. Ва ба золимон мегўем: «Бичашед азоби оташеро, ки инкор мекардед!».
43 Ва ҳангоме, ки оятҳои равшангари мо бар онон хонда мешавад, мегўянд: «Ў фақат марде аст, ки мехоҳад шуморо аз он чӣ падаронатон мепарастиданд, боздорад». Ва мегўянд: «Ин ҷуз дурўғи бузурге, ки (ба Худо) нисбат дода шуда, чизи дигаре нест». Ва кофирон ҳангоме, ки ҳақ ба суроғашон омад, гуфтанд: «Ин, ҷуз афсуни ошкоре нест».
44 Мо (пеш аз он) чизе аз китобҳои осмониро ба онон надодаем, ки онро бихонанд (ва ба такяи бар он суханони туро инкор кунанд). Ва пеш аз ту ҳеҷ бимдиҳандае (пайғамбаре) барои онон нафиристодем.
45 Касоне, ки пеш аз онон буданд (низ оятҳои илоҳиро) инкор карданд, дар ҳоле, ки инҳо ба як даҳуми он чӣ ба онон додем, намерасанд. (Оре), онҳо расулони маро инкор карданд, пас (бибин) муҷозоти Ман (нисбат ба онҳо) чӣ гуна буд!
46 Бигў: «Шуморо танҳо ба як чиз андарз медиҳам ва он ин ки: Ду нафар ду нафар ё як нафар як нафар барои Худо қиём кунед, сипас бияндешед ин дўсту ҳамнишини шумо (Муҳаммад) ҳеҷ гуна девонагие надорад. Ў фақат бимдиҳандаи шумо дар баробари азоби шадид (-и илоҳӣ) аст!».
47 Бигў: «Ҳар аҷру подоше аз шумо хостаам барои худи шумост, аҷри ман танҳо бар Худованд аст ва Ў бар ҳама чиз гувоҳ аст».
48 Бигў: «Парвардигори ман ҳақро (бар дили пайғамбарони худ) меафканад, ки Ў донои ғайбҳо (ва асрори пинҳон) аст».
49 Бигў: «Ҳақ омад! Ва ботил наметавонад оғозгари чизе бошад ва на таҷдидкунандаи он».
50 Бигў: «Агар ман гумроҳ шавам, аз ноҳияи худ гумроҳ мешавам ва агар ҳидоят ёбам, ба василаи он чӣ Парвардигорам ба ман ваҳй мекунад, ҳидоят меёбам. Ў Шунавои наздик аст».
51 Агар бибинӣ ҳангоме, ки фарёдашон баланд мешавад, аммо наметавонанд (аз азоби илоҳӣ) гурезанд ва онҳоро аз ҷои наздике, (ки ҳатто интизорашро надоранд) мегиранд, (аз дармондагии онҳо ҳайрат хоҳӣ кард!).
52 Ва (дар он ҳол) мегўянд: «Ба ҳақ имон овардем», вале чӣ гуна метавонанд аз фосилаи дур ба он дастрасӣ пайдо кунанд?!
back | next |