back

index

next

53 Онҳо пеш аз ин, (ки дар ниҳояти озодӣ буданд), ба он кофир шуданд ва дуро-дур ва ғоибона (ва беогоҳӣ) нисбатҳои нораво медоданд.

54 (Саранҷом) миёни онҳо ва хостаҳояшон ҷудоӣ афканда шуд, ҳамон гуна, ки бо пайравон (ва ҳаммаслакони) онҳо аз пеш амал шуд, зеро онҳо дар шакку тардид буданд.

Сураи Фотир

сура дар Макка нозил шуда ва 45 оят Ин дорад.

номи Худованди Ба Бахшандаи Меҳрубон

Ситоиш махсуси Худованде аст, ки офаринандаи осмонҳо ва замин, ки фариштагонро расулоне қарор дод, болҳои ду гона ва се гона ва чаҳор гона доранд. Ў ҳар чӣ бихоҳад дар офариниш меафзояд ва Ў бар ҳар чиз Тавоност.

2 Ҳар раҳматеро Худо ба рўи мардум кушояд, касе наметавонад пеши онро бигирад ва ҳар чиро имсок кунад, касе ғайр аз Ў қодир ба фиристодани он нест. Ва Ў Азиз ва Ҳаким аст.

3 Эй мардум! Ба ёд оваред неъмати Худоро бар шумо, оё офаринандае ҷуз Худо ҳаст, ки шуморо аз осмону замин рўзӣ диҳад?! Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест, бо ин ҳол чӣ гуна ба сўи ботил мунҳариф мешавед?!

4 Агар туро инкор кунанд, (ғам махўр, мавзўи наве нест), пайғамбарони пеш аз ту низ инкор шуданд. Ва ҳамаи корҳо ба сўи Худо бозгардонда мешавад.

5 Эй мардум! Ваъдаи Худованд ҳақ аст, мабодо зиндагии дунё шумор фиреб кунад ва мабодо шайтон шуморо фиреб диҳад ва ба (карами) Худо мағрур созад!

6 Албатта шайтон душмани шумост, пас ўро душман бидонед, ў фақат ҳизбашро ба ин даъват мекунад, ки аҳли оташи сўзон (-и ҷаҳаннам) бошанд.

7 Касоне, ки роҳи куфр пеш гирифатанд, барои онон азоби сахте аст ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, омурзиш ва подоши бузург аз они онҳост.

8 Оё касе, ки амали бадаш барои ў ороста шуда ва онро хуб ва зебо мебинад, (монанди касе аст, ки ҳақиқатро он чунон, ки ҳаст, меёбад?!). Худованд ҳар касро бихоҳад гумроҳ месозад ва ҳар касро бихоҳад ҳидоят мекунад, пас ҷонат ба хотири шиддати таассуф бар онон аз даст наравад, Худованд ба он чӣ анҷом медиҳанд, Доност.

9 Худованд касе аст, ки бодҳоро фиристод, то абрҳоеро ба ҳаракат дароваранд, сипас мо ин абрҳоро ба сўи замини мурдае рондем ва ба василаи он, заминро пас аз мурданаш зинда мекунем, растохез низ ҳамин гуна аст.

10 Касе, ки хоҳони иззат аст, (бояд аз Худо бихоҳад, зеро) тамоми иззат барои Худост. Суханони покиза ба сўи Ў боло меравад ва амали солеҳро боло мебарад. Ва онҳо, ки нақшаҳои бад мекашанд, азоби сахте барои онҳост ва макр (ва талоши ифсодгаронаи) онон нобуд мешавад (ва ба ҷое намерасад).

11 Худованд шуморо аз хоке офарид, сипас аз нутфае, сипас шуморо ба сурати завҷҳое қарор дод. Ҳеҷ ҷинси модае бордор намешавад ва вазъи ҳамл намекунад, магар ба илми Ў. Ва ҳеҷ кас умри дароз намекунад ё аз умраш каста намешавад, магар ин ки дар китоб (-и илми Худованд) сабт аст. Инҳо ҳама барои Худованд осон аст.

12 Ду дарё яксон нестанд: Ин яке дарёе аст, ки обаш гуворо ва ширин ва нўшиданаш хушгувор аст ва он яке шўру талх ва гулўгир, (аммо) аз ҳар ду гўшти тозае мехўред ва василаҳои зинатӣ берун карда мепўшед. Ва киштиҳоро дар он мебинӣ, ки обҳоро мешикофанд (ва ба сўи мақсад пеш мераванд), то аз фазли Худованд баҳра гиред ва шояд шукр (-и неъматҳои Ўро) ба ҷо оваред.

13 Ў шабро дар рўз дохил мекунад ва рўзро дар шаб. Ва хуршеду моҳро мусаххар (-и шумо) кардааст, ҳар як то саромади муайяне ба ҳаракати худ идома медиҳад. Ин аст Худованд, Парвардигори шумо, ҳокимият (дар саросари олам) аз они Ўст. Ва касонеро, ки ҷуз Ў мехонед (ва мепарастед), ҳатто ба андозаи пўсти нозуки донаи хурмо молик нестанд.

14 Агар онҳоро бихонед садои шуморо намешунаванд ва агар бишнаванд ба шумо ҷавоб намегўянд. Ва рўзи қиёмат, ширк (ва парастиши) шуморо мункир мешаванд ва ҳеҷ касе монанди (Худованди Огоҳ ва) Хабир туро (аз ҳақоиқ) бохабар намесозад.

15 Эй мардум! Шумо (ҳамагӣ) ниёзманд ба Худоед, танҳо Худованд аст, ки бениёз ва шоистаи ҳар гуна ҳамду ситоиш аст.

16 Агар бихоҳад шуморо мебарад ва халқи наве моварад.

17 Ва ин барои Худованд мушкил нест.

18 Ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигариро бар дўш намекашад ва агар шахси вазнинборе дигариро барои ҳамли гуноҳи худ бихонад, чизе аз онро бар дўш нахоҳад гирифт, ҳар чанд аз наздикони ў бошад. Ту фақат касонеро бим медиҳӣ, ки аз Парвардигори худ дар пинҳонӣ метарсанд ва намозро барпо медоранд. Ва ҳар кас покӣ (ва тақво) пеша кунад, натиҷаи он ба худаш бозмегардад ва бозгашт (-и ҳамагон) ба сўи Худост.

19 Ва нобино ва бино ҳаргиз баробар нестанд,

20 Ва на зулматҳо ва равшаноӣ,

21 Ва на соя (-и оромбахш) ва боди доғу сўзон.

22 Ва ҳаргиз мурдагону зиндагон яксон нестанд. Худованд паёми худро ба гўши ҳар касе бихоҳад, мерасонад ва ту наметавонӣ сухани худро ба гўши онон, ки дар гўр хуфтаанд, бирасонӣ.

23 Ту фақат инзоркунандаӣ, (агар имон наоваранд, нороҳат набош, вазифаатро анҷом деҳ).

24 Мо туро ба ҳақ барои башорату инзор фиристодем ва ҳар уммате дар гузашта инзоркунандае доштааст.

25 Агар туро инкор кунанд, (аҷиб нест), касоне, ки пеш аз онон буданд, (низ пайғамбарони худро) инкор карданд, онҳо бо далелҳои равшан ва китобҳои панду мавъиза ва китобҳои осмонии равшангар (дар баргирандаи маорифу аҳком) ба суроғи онон омаданд, (аммо кўрдилон имон наоварданд).

26 Сипас Ман кофиронро (баъд аз итмоми ҳуҷҷат) гирифтам (ва сахт муҷозот кардам), муҷозоти Ман нисбат ба онон чӣ гуна буд?!

27 Оё надидӣ Худованд аз осмон обе фиристод, ки ба василаи он меваҳои рангоранге (аз замин) берун сохтем ва аз кўҳҳо низ (ба лутфи Парвардигор) ҷоддаҳое офаридашуда сафед ва сурх ва ба рангҳои гуногун ва гоҳ ба ранги комилан сиёҳ.

28 Ва аз инсонҳо ва ҷунбандагон ва чаҳорпоён анвое бо рангҳои мухталиф, (оре) ҳақиқат чунин аст. Аз миёни бандагони Худо, танҳо донишмандон аз Ў метарсанд, Худованд Тавоно ва Омурзанда аст.

29 Касоне, ки китоби илоҳиро тиловат мекунанд ва намозро барпо медоранд ва аз он чӣ ба онон рўзӣ додаем, пинҳону ошкор бахшиш мекунанд, тиҷорати (пурсуд ва) безиёну бекасодеро умед доранд.

30 (Онҳо ин аъмоли солеҳро анҷом медиҳанд), то Худованд аҷру подоши комил ба онҳо диҳад ва аз фазлаш бар онҳо афзояд, ки Ў Омурзанда ва Шукргузор аст.

31 Ва он чӣ аз китоб ба ту ваҳй кардем, ҳақ аст ва тасдиқкунанда ва ҳамоҳанг бо китобҳои пеш аз он, Худованд нисбат ба бандагонаш Хабир ва Биност.

32 Сипас ин китоб (-и осмонӣ)-ро ба гурўҳе аз бандагони баргузидаи худ ба мерос додем, (аммо) аз миёни онҳо гурўҳе бар худ ситам карданд ва гурўҳе миёнарав буданд ва гурўҳе ба изни Худо дар некиҳо (аз ҳама) пешӣ гирифтанд. Ва ин, ҳамон фазилати бузург аст.

33 (Подоши онон) боғҳои ҷовидони биҳишт аст, ки дар он дохил мешаванд, дар ҳоле, ки бо дастбандҳое аз тилло ва марворид оростаанд ва либосашон дар он ҷо ҳарир аст.

34 Онҳо мегўянд: «Ҳамд (ва ситоиш) барои Худованде аст, ки андўҳро аз мо бартараф сохт, Парвардигори мо Омурзанда ва Сипосгузор аст.

back

index

next