back

index

next

56 Худо ва фариштагонаш бар Пайғамбар дуруд мефиристанд, эй касоне, ки имон овардаед, бар ў дуруд фиристед ва салом гўед ва комилан таслим (-и фармони ў) бошед.

57 Онҳо, ки Худо ва Пайғамбарашро озор медиҳанд, Худованд ононро аз раҳмати худ дар дунёву охират дур сохат ва барои онҳо азоби хоркунандае омода кардааст.

58 Ва онон, ки мардон ва занони боимонро ба хотири коре, ки анҷом надодаанд, озор медиҳанд, бори бўҳтон ва гуноҳи ошкореро ба дўш кашидаанд.

59 Эй Пайғамбар! Ба ҳамсарон ва духтаронат ва занони мўъминон бигў: «Ҷилбобҳои (рўсариҳои дарози) худро бар худ фурў афкананд, ин кор барои ин ки шинохта шаванд ва мавриди озор қарор нагиранд, беҳтар аст. (Ва агар то кунун хато ва кўтоҳӣ аз онҳо рух додааст, тавба кунанд), Худованд ҳамвора Омурзандаи Раҳим аст.

60 Агар мунофиқон ва бемордилон ва онҳо, ки ахбори дурўғ ва шойиаҳои беасос дар Мадина пахш мекунанд, даст аз кори худ барнадоранд, туро бар зидди онон мешўронем, сипас ҷуз муддати кўтоҳе наметавонанд дар канори ту дар ин шаҳр бимонанд.

61 Ва аз ҳама ҷо тард мешаванд ва ҳар ҷо ёфта шаванд, гирифта хоҳанд шуд ва ба сахтӣ ба қатл хоҳанд расид.

62 Ин суннати Худованд дар ақвоми пешин аст ва барои суннати илоҳӣ ҳеҷ гуна тағйире нахоҳӣ ёфт.

63 Мардум аз ту дар бораи (замони қиёми) қиёмат савол мекунанд, бигў: «Илми он танҳо назди Худост». Ва чӣ медонӣ, шояд қиёмат наздик бошад.

64 Худованд кофиронро лаън карда (ва аз раҳмати худ дур дошта) ва барои онон оташи сўзонандае омода намудааст!

65 Дар ҳоле, ки ҳамвора дар он то абад мемонанд ва валӣ ва ёваре нахоҳанд ёфт.

66 Дар он рўз, ки чеҳраҳои онон дар оташ (-и дўзах) дигаргун хоҳад шуд, (аз кори худ пушаймон мешаванд ва) мегўянд: «Эй кош Худо ва Пайғамбарашро итоат карда будем!».

67 Ва мегўянд: «Парвардигоро! Мо аз сарон ва бузургони худ итоат кардем ва моро гумроҳ сохтанд.

68 Парвардигоро! Ононро аз азоб, ду чандон деҳ ва онҳоро лаъни бузурге намо!».

69 Эй касоне, ки имон овардаед! Монанди касоне набошед, ки Мўсоро озор доданд ва Худованд ўро аз он чӣ дар ҳаққи ў мегуфтанд, мубарро сохт ва ў назди Худованд, обрўманд (ва гиронқадр) буд.

70 Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои илоҳӣ пеша кунед ва сухани ҳақ бигўед,

71 То Худо корҳои шуморо ислоҳ кунад ва гуноҳонатонро бибахшад. Ва ҳар кас итоати Худо ва Расулаш кунад, ба растагории (ва пирўзии) бузурге даст ёфтааст.

72 Мо амонат (тааҳҳуд, таклиф ва вилояти илоҳи)-ро бар осмонҳо ва замин ва кўҳҳо арза доштем, онҳо аз ҳамли он сар бартофтанд ва аз он ҳаросиданд, аммо инсон онро бар дўш кашид, ў бисёр золиму ҷоҳил буд, (чун қадри ин мақоми бузургро нашинохт ва ба худ ситам кард).

73 Мақсад ин буд, ки Худованд мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро (аз мўъминон ҷудо созад ва ононро) азоб кунад ва Худо раҳмати худро бар мардону занони боимон бифиристад. Худованд ҳамвора Омурзанда ва Раҳим аст.

Сабо

сура дар Макка нозил шуда ва 54 оят Ин дорад.

номи Худованди Ба Бахшандаи Меҳрубон

1Ҳамд (ва ситоиш) махсуси Худованде аст, ки тамоми он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ўст. Ва (низ) ҳамд (ва ситоиш) барои Ўст дар сарои охират ва Ў Ҳаким ва Огоҳ аст.

2 Он чӣ дар замин фурў меравад ва он чиро аз он бармеояд, медонад ва (ҳамчунин) он чӣ аз осмон нозил мешавад ва он чӣ бар он боло меравад. Ва Ў Меҳрубон ва Омурзанда аст.

3 Кофирон гуфтанд: «Қиёмат ҳаргиз ба суроғи мо нахоҳад омад». Бигў: «Оре, ба Парвардигорам савганд, ки ба суроғи шумо хоҳад омад, Худованде, ки аз ғайб огоҳ аст ва ба андозаи вазнинии заррае дар осмонҳо ва замин аз илми Ў дур нахоҳад монд ва на камтар аз он ва на бузургтар, магар ин ки дар китобе ошкор сабт аст».

4 То касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, подош диҳад. Барои онон мағфират ва рўзии пурарзише аст.

5 Ва касоне, ки саъй дар ( инкори) оятҳои мо доштанд ва гумон карданд метавонанд аз доираи қудрати мо гурезанд, азоби бад ва дардноке хоҳанд дошт!

6 Касоне, ки ба онҳо илм дода шудааст, медонанд он чӣ аз сўи Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст ва бар роҳи Худованди Азиз ва Ҳамид ҳидоят мекунад.

7 Ва кофирон гуфтанд: «Оё мардеро ба шумо нишон диҳем, ки ба шумо хабар медиҳад ҳангоме, ки (мурдед ва) сахт аз ҳам муталошӣ шудед, (бори дигар) офариниши наве хоҳед ёфт?!

8 Оё ў бар Худо дурўғ баста ё ба навъе ҷунун гирифтор аст?!». (Чунин нест), балки касоне, ки ба охират имон намеоваранд, дар азоб ва гумроҳии дуре ҳастанд (ва нишонаи гумроҳии онҳо ҳамин инкори шадид аст).

9 Оё ба он чӣ пеши рў ва пушти сари онон аз осмону замин қарор дорад нигоҳ накарданд, (то ба қудрати Худо бар ҳама чиз воқиф шаванд?!). Агар мо бихоҳем, онҳоро (бо як заминларза) дар замин фурў мебарем ё қитъаҳое аз сангҳои осмониро бар онҳо фурў мерезем. Дар ин нишонае аст (бар қудрати Худо) барои ҳар бандаи тавбакор.

10 Ва мо ба Довуд аз сўи худ фазилати бузурге бахшидем, (мо ба кўҳҳо ва паррандагон гуфтем:) Эй кўҳҳо ва эй паррандагон! Бо ў ҳамовоз шавед ва ҳамроҳи ў тасбеҳи Худо гўед. Ва оҳанро барои ў нарм кардем.

11 (Ва ба ў гуфтем:) Зиреҳҳои комил ва фарох бисоз ва ҳалқаҳоро ба андоза ва мутаносиб кун. Ва амали солеҳ ба ҷо оваред, ки ман ба он чӣ анҷом медиҳед, бино ҳастам.

12 Ва барои Сулаймон бодро мусаххар сохтем, ки субҳгоҳон масири як моҳро мепаймуд ва асргоҳон масири як моҳро. Ва чашмаи мис (-и мазоб)-ро барои ў равон сохтем ва гурўҳе аз ҷин пеши рўи ў ба изни Парвардигораш кор мекарданд ва ҳар кадом аз онҳо, ки аз фармони мо сарпечӣ мекард, ўро аз азоби оташи сўзон мечашондем!

13 Онҳо ҳар чӣ Сулаймон мехост барояш дуруст мекарданд: Маъбадҳо, муҷассамаҳо, зарфҳои бузурги хўрок монанди ҳавзҳо ва дегҳои собит, (ки аз бузургӣ қобили ҳамлу нақл набуд. Ва ба онон гуфтем:) Эй Оли Довуд! Шукр (-и ин ҳама неъматро) ба ҷо оваред, вале гурўҳи каме аз бандагони ман шукргузоранд.

14 (Бо ин ҳама ҷалолу шукўҳ Сулаймон) ҳангоме, ки маргро бар ў муқаррар доштем, касе онҳоро аз марги вай огоҳ насохт, магар ҷунбандаи замин (мўриёна), ки асои ўро мехўрд, (то шикаст ва пайкари Сулаймон фурў афтод). Ҳангоме, ки бар замин афтод, ҷинниён фаҳмиданд, ки агар аз ғайб огоҳ буданд, дар азоби хоркунанда боқӣ намемонданд.

15 Барои қавми «Сабо» дар маҳалли сукунаташон нишонае (аз қудрати илоҳӣ) буд: Ду боғ (-и бузург ва густарда) аз росту чап (-и рудхонаи бузург, бо меваҳои фаровон. Ва ба онҳо гуфтем:) Аз рўзии Парвардигоратон бихўред ва шукри Ўро ба ҷо оваред, шаҳри пок ва покизае аст ва Парвардигоре Омурзанда (ва Меҳрубон).

16 Аммо онҳо (аз Худо) рўйгардон шуданд ва мо сели вайронгарро бар онон фиристодем ва ду боғи (пурбаракат)-ашонро ба ду боғ (-и беарзиш) бо меваҳои талх ва дарахтони шўрагаз ва андаке дарахти сидр мубаддал сохтем.

17 Ин кайфарро ба хотири куфрашон ба онҳо додем. Ва оё ҷуз куфронкунандаро кайфар медиҳем?!

back

index

next