back

index

next

;зўъ кунад ва амали солеҳ анҷом диҳад, подоши ўро ду чандон хоҳем сохт ва рўзии пурарзише барои ў омода кардаем.

32 Эй ҳамсарони Пайғамбар! Шумо ҳамчун яке аз занони оддӣ нестед, агар тақво пеша кунед, пас ба гунаи ҳавасангез сухан нагўед, ки бемордилон дар шумо тамаъ кунанд ва сухани шоиста бигўед.

33 Ва дар хонаҳои худ бимонед ва ҳамчун даврони ҷоҳилияти нахустин, (дар миёни мардум) зоҳир нашавед ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва Худо ва Расулашро итоат кунед. Худованд фақат мехоҳад палидӣ ва гуноҳро аз шумо Аҳли Байт дур кунад ва комилан шуморо пок созад.

34 Он чиро дар хонаҳои шумо аз оятҳои Худованд ва ҳикмату дониш хонда мешавад, ёд кунед. Худованд Латиф ва Хабир аст.

35 Ба яқин, мардони мусулмон ва занони мусулмон, мардони боимон ва занони боимон, мардони мутеи фармони Худо ва занони мутеи фармони Худо, мардони ростгў ва занони ростгў, мардони собиру шакебо ва занони собиру шакебо, мардони бо хушўъ ва занони бо хушўъ, мардони инфоқкунанда ва занони инфоқкунанда, мардони рўзадор ва занони рўзадор, мардони покдоман ва занони покдоман ва мардоне, ки бисёр ба ёди Худо ҳастанд ва заноне, ки бисёр ёди Худо мекунанд, Худованд барои ҳамаи онон мағфират ва подошти бузурге фароҳам сохатааст.

36 Ҳеҷ марду зани боимоне ҳақ надорад, ҳангоме, ки Худо ва Пайғамбараш амреро лозим бидонанд, ихтиёре (дар баробари фармони Худо) дошта бошад. Ва ҳар кас нофармонии Худо ва Расулашро кунад, ба гумроҳии ошкоре гирифтор шудааст.

37 (Ба хотир биёвар) замонеро, ки ба он кас, ки Худованд ба ў неъмат дода буд ва ту низ ба ў неъмат дода будӣ, (ба фарзандхондаат «Зайд») мегуфтӣ: «Ҳамсаратро нигоҳ дор ва аз Худо бипарҳез». (Ва пайваста ин амрро такрор мекардӣ) ва дар дил чизеро пинҳон медоштӣ, ки Худованд онро ошкор мекунад ва аз мардум метарсидӣ, дар ҳоле, ки Худованд сазовортар аст, ки аз Ў битарсӣ. Ҳангоме, ки Зайд ниёзашро аз он зан ба сар овард (ва аз ў ҷудо шуд), мо ўро ба ҳамсарии ту даровардем, то мушкиле барои мўъминон дар издивоҷ бо ҳамсарони писархондаҳояшон – ҳангоме, ки талоқ гиранд – набошад. Ва фармони Худо анҷомшуданӣ аст (ва суннати ғалати ҳаром будани ин занон, бояд шикаста шавад).

38 Ҳеҷ гуна манъе бар Пайғамбар дар он чӣ Худо бар ў воҷиб карда, нест, ин суннати илоҳӣ дар мавриди касоне, ки пеш аз ин будаанд низ ҷорӣ будааст. Ва фармони Худо рўи ҳисоб ва барномаи дақиқе аст.

39 (Пайғамбарони пешин) касоне буданд, ки таблиғи рисолатҳои илоҳӣ мекарданд ва (танҳо) аз Ў метарсиданд ва аз ҳеҷ кас ҷуз Худо хавф надоштанд. Ва ҳамин бас, ки Худованд ҳисобгар (ва подошдиҳандаи аъмоли онҳо) аст.

40 Муҳаммад (с) падари ҳеҷ як аз мардони шумо набуда ва нест, вале Расули Худо ва хатмкунанда ва охирини Пайғамбарон аст. Ва Худованд ба ҳама чиз Огоҳ аст.

41 Эй касоне, ки имон овардаед! Худоро бисёр ёд кунед,

42 Ва субҳу шом Ўро тасбеҳ гўед.

43 Ў касе аст, ки бар шумо дуруд ва раҳмат мефиристад ва фариштагони ў (низ барои шумо дархости раҳмат мекунанд), то шуморо аз зулумот (-и ҷаҳлу ширку гуноҳ) ба сўи нур (-и имону илму тақво) раҳнамун гардад. Ў нисбат ба мўъминон ҳамвора меҳрубон будааст.

44 Таҳияти онон дар рўзе, ки Ўро дидор мекунанд, салом аст ва барои онҳо подоши пурарзише фароҳам сохтааст.

45 Эй Пайғамбар! Мо туро гувоҳ фиристодем ва башоратдиҳанда ва инзоркунанда.

46 Ва туро даъваткунанда ба сўи Худо ба фармони Ў қарор додем ва чароғи равшанибахше.

47 Ва мўъминонро башорат деҳ, ки барои онон аз сўи Худо фазли бузурге аст.

48 Ва аз кофирону мунофиқон итоат макун ва ба озорҳои онҳо эътино манамо ва бар Худо таваккул кун ва ҳамин бас, ки Худо ҳимояткунанда ва мудофеъ (-и ту) аст.

49 Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки бо занони боимон издивоҷ кардед ва ононро пеш аз ҳамбистар шудан талоқ додед, иддае барои шумо бар онҳо нест, ки бихоҳед ҳисоби онро нигоҳ доред, онҳоро бо ҳадяи муносибе баҳраманд созед ва ба тарзи шоистае раҳояшон кунед.

50 Эй Пайғамбар! Мо ҳамсарони туро, ки маҳрашонро пардохтаӣ, барои ту ҳалол кардем ва ҳамчунин канизоне, ки аз тариқи ғаниматҳое, ки Худо бар ту бахшидааст, молик шудаӣ ва духтарони амаки ту ва духтарони аммаҳо ва духтарони тағои ту ва духтарони холаҳо, ки бо ту муҳоҷират карданд, (издивоҷ бо онҳо барои ту ҳалол аст) ва (низ) зани бо имоне, ки худро ба Пайғамбар бибахшад (ва маҳре барои худ нахоҳад), чунон чӣ Пайғамбар бихоҳад ўро ба ҳамсарӣ баргузинад, аммо чунин издивоҷе танҳо барои ту ҷоиз аст на дигар мўъминон. Мо медонем барои онон дар мавриди ҳамсаронашон ва канизонашон чӣ ҳукме муқаррар доштаем (ва маслиҳати онон чӣ ҳукмеро талаб мекунад). Ин ба хотири он аст, ки мушкиле (дар адои рисолат) бар ту набошад (ва аз ин роҳ ҳимоякунандагони фузунтаре фароҳам созӣ). Ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

51 (Мавъиди) ҳар як аз ҳамсаронатро бихоҳӣ, метавонӣ ба таъхир андозӣ ва ҳар кадомро бихоҳӣ, назди худ ҷой диҳӣ. Ва ҳар гоҳ баъзе аз ононро, ки барканор сохтаӣ, бихоҳӣ назди худ ҷой диҳӣ, гуноҳе бар ту нест. Ин (ҳукуми илоҳӣ) барои равшании чашми онон ва ин ки ғамгин набошанд ва ба он чӣ ба онон медиҳӣ, ҳамагӣ розӣ шаванд, наздиктар аст. Ва Худо он чиро дар қалбҳои шумост, медонад ва Худованд Доно ва Бурдбор аст (аз маслиҳатҳои бандагони худ бохабар аст ва дар кайфари онҳо шитоб намекунад).

52 Баъд аз ин дигар зане бар ту ҳалол нест ва наметавонӣ ҳамсаронатро ба ҳамсарони дигар мубаддал кунӣ (баъзеро талоқ диҳӣ ва ҳамсари дигаре ба ҷои ў баргузинӣ), ҳар чанд ҷамоли онҳо мавриди таваҷҷўҳи ту қарор гирад, магар он чӣ ки ба сурати каниз дар милки ту дарояд. Ва Худованд нозир ва муроқиби ҳар чиз аст (ва бо ин ҳукм, фишори қабилаҳои арабро дар ихтиёри ҳамсар аз онон, аз ту бардоштем).

53 Эй касоне, ки имон овардаед! Дар хонаҳои Пайғамбар дохил нашавед, магар ба шумо барои сарфи хўрок иҷозат дода шавад, дар ҳоле, ки (пеш аз вақт наёед ва) дар интизори вақти хўрок нанишинед, аммо ҳангоме, ки даъват шудед, дохил шавед ва вақте хўрок хўрдед, пароканда шавед ва (баъд аз сарфи хўрок) ба баҳсу сўҳбат нанишинед. Ин амал, Пайғамбарро нороҳат менамояд, вале аз шумо шарм мекунад (ва чизе намегўяд), аммо Худованд аз (баёни) ҳақ шарм надорад. Ва ҳангоме, ки чизе аз василаҳои зиндагиро (ба унвони орият) аз онон (ҳамсарони Пайғамбар) мехоҳед, аз пушти парда бихоҳед, ин кор барои покии дилҳои шумо ва онҳо беҳтар аст. Ва шумо ҳақ надоред Расули Худоро озор диҳед ва на ҳаргиз ҳамсарони ўро баъд аз ў ба ҳамсарии худ дароваред, ки ин кор назди Худо бузург аст!

54 Агар чизеро ошкор кунед ё онро пинҳон доред, Худованд аз ҳама чиз Огоҳ аст.

55 Бар онон (ҳамсарони Пайғамбар) гуноҳе нест дар мавриди падарон ва фарзандон ва бародарон ва фарзандони бародарон ва фарзандони хоҳарони худ ва занони мусулмон ва бардагони худ, (ки беҳиҷоб ва бепарда бо онҳо рў ба рў шаванд). Ва тақвои илоҳиро пеша кунед, ки Худованд нисбат ба ҳар чизе Шоҳид ва Огоҳ аст.

back

index

next