index | next |
1Эй Пайғамбар! Тақвои илоҳӣ пеша кун ва аз кофирону мунофиқон итоат макун, ки Худованд Олим ва Ҳаким аст.
2 Ва аз он чӣ аз сўи Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад, пайравӣ кун, ки Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.
3 Ва бар Худо таваккул кун. Ва ҳамин бас, ки Худованд ҳофиз ва мудофеъ (-и инсон) бошад.
4 Худованд барои ҳеҷ кас ду дил дар дарунаш наофаридааст. Ва ҳаргиз ҳамсаронатонро, ки мавриди «зиҳор» қарор медиҳед, модарони шумо қарор надодааст. Ва (низ) фарзандхондаҳои шуморо фарзанди ҳақиқии шумо қарор надодааст. Ин сухани шумо аст, ки ба даҳони худ мегўед (сухани ботил ва бепояе). Аммо Худованд ҳақро мегўяд ва Ў ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
5 Онҳоро ба номи падаронашон бихонед, ки ин кор назди Худо одилонатар аст. Ва агар падаронашонро намешиносед, онҳо бародарони динӣ ва дўстони шумо ҳастанд, аммо гуноҳе бар шумо нест, дар хатоҳое, ки аз шумо рух медиҳад (ва бетаваҷҷўҳ онҳоро ба номи дигарон садо мезанед), вале он чиро аз рўи қасд мегўед, (мавриди ҳисоб қарор хоҳад дод). Ва Худованд Омурзанда ва Раҳим аст.
6 Пайғамбар нисбат ба мўъминон аз худашон сазовортар аст ва ҳамсарони ў модарони онҳо (мўъминон) ҳисоб мешаванд. Ва хешовандон нисбат ба якдигар аз мўъминон ва муҳоҷирон дар он чӣ Худо муқаррар дошта, авло ҳастанд, магар ин ки бихоҳед нисбат ба дўстонатон некӣ кунед (ва саҳме аз амволи худро ба онҳо бидиҳед). Ин ҳукум дар китоб (-и илоҳӣ) навишта шудааст.
7 (Ба хотир овар) ҳангомеро, ки аз пайғамбарон паймон гирифтем ва (ҳамчунин) аз ту ва аз Нўҳ ва Иброҳим ва Мўсо ва Исо ибни Марям. Ва мо аз ҳамаи онон паймони маҳкаме гирифтем, (ки дар адои масъулияти таблиғ ва рисолат кўтоҳӣ накунанд).
8 Ба ин манзур, ки Худо ростгўёнро аз сидқашон (дар имону амали солеҳ) савол кунад. Ва барои кофирон азоби дарднок омода сохтааст.
9 Эй касоне, ки имон овардаед! Неъмати Худоро бар худ ба ёд оваред, дар он ҳангом, ки лашкарҳои (бузурге) ба суроғи шумо омаданд, вале мо бод ва тўфони сахте бар онон фиристодем ва лашкариёне, ки онҳоро намедидед (ва ба ин васила онҳоро дарҳам шикастем). Ва Худованд ҳамеша ба он чӣ анҷом медиҳед, бино будааст.
10 (Ба хотир биёваред) замонеро, ки онҳо аз тарафи боло ва поин (-и шаҳр) бар шумо дохил шуданд (ва Мадинаро муҳосира карданд) ва замонеро, ки чашмҳо аз шиддати ваҳшат хира шуда ва ҷонҳо бар лаб расида буд ва гумонҳои гуногуни баде ба Худо мебурдед.
11 Он ҷо буд, ки мўъминон имтиҳон шуданд ва ларзаи сахте хўрданд.
12 Ва (низ ба хотир оваред), замонеро, ки мунофиқон ва бемордилон мегуфтанд: «Худо ва Пайғамбараш ҷуз ваъдаҳои дурўғ ба мо надодаанд».
13 Ва (низ ба хотир оваред), замонеро, ки гурўҳе аз онҳо гуфтанд: «Эй аҳли Ясриб (эй мардуми Мадина!) Ин ҷо ҷои таваққуфи шумо нест, ба хонаҳои худ бозгардед». Ва гурўҳе аз онон аз Пайғамбар иҷозати бозгашт мехостанд ва мегуфтанд: «Хонаҳои мо бесарпаноҳ аст», дар ҳоле, ки бесарпаноҳ набуд. Онҳо фақат мехостанд (аз ҷанг) гурезанд.
14 (Онҳо чунон буданд, ки) агар душманон аз атрофи Мадина бар онон дохил мешуданд ва пешниҳоди бозгашт ба сўи ширк ба онон мекарданд, мепазируфтанд ва ҷуз муддати каме (барои интихоби ин роҳ) даранг намекарданд.
15 (Дар ҳоле, ки) онон пеш аз ин бо Худо аҳд карда буданд, ки пушт ба душман накунанд. Ва аҳди илоҳӣ мавриди савол қарор хоҳад гирифт (ва дар баробари он масъуланд).
16 Бигў: «Агар аз марг ё кушта шудан гурезед, суде ба ҳоли шумо нахоҳад дошт ва дар он ҳангом ҷуз баҳраи каме аз зиндагонӣ нахоҳед гирифт».
17 Бигў: «Чӣ касе метавонад шуморо дар баробари иродаи Худо ҳифз кунад, агар Ў бадӣ ё раҳматеро барои шумо ирода кунад?!». Ва онҳо ҷуз Худо ҳеҷ сарпарасту ёваре барои худ нахоҳанд ёфт.
18 Худованд касоне, ки мардумро аз ҷанг бозмедоштанд ва касонеро, ки ба бародарони худ мегуфтанд: «Ба сўи мо биёед (ва худро аз маърака берун кашед)», ба хубӣ мешиносад. Ва онҳо (мардуми заифанд ва) ҷуз андаке пайкор намекунанд.
19 Онҳо дар ҳамаи чиз нисбат ба шумо бахиланд. Ва ҳангоме, ки (лаҳзаҳои) тарс (ва бўҳронӣ) пеш ояд, мебинӣ он чунон ба ту нигоҳ мекунанд ва чашмҳояшон дар косааш мечархад, ки монанди касе, ки аз сахтии марг, ҳоли беҳушӣ ба ў даст диҳад, аммо вақте ҳолати хавфу тарс фурў нишаст, забонҳои тунд ва хашини худро бо анбўҳе аз хашму асабоният бар шумо мекушоянд (ва саҳми худро аз ғаниматҳо мутолиба мекунанд), дар ҳоле, ки дар мол ҳарис ва бахиланд. Онҳо (ҳаргиз) имон наовардаанд. Бинобар ин Худованд аъмолашонро ҳабт ва нобуд кард ва ин кор бар Худо осон аст.
20 Онҳо гумон мекунанд ҳанўз лашкари аҳзоб нарафтаанд ва агар баргарданд, (аз тарси онон) дўст медоранд, дар миёни аъроби бодиянишин пароканда (ва пинҳон) шаванд ва аз ахбори шумо ҷўё гарданд. Ва агар дар миёни шумо бошанд, ҷуз андаке пайкор намекунанд.
21 Ҳатман барои шумо дар зиндагӣ Расули Худо сармашқи некўе буд, барои онҳо, ки умед ба раҳмати Худо ва рўзи растохез доранд ва Худоро бисёр ёд кунанд.
22 (Аммо) мўъминон, вақте лашкари аҳзобро диданд, гуфтанд: «Ин ҳамон аст, ки Худо ва Расулаш ба мо ваъда дода ва Худо ва Расулаш рост гуфтаанд». Ва ин мавзўъ ҷуз бар имон ва таслими онон наафзуд.
23 Дар миёни мўъминон мардоне ҳастанд, ки бар сари аҳде, ки бо Худо бастанд, содиқона истодаанд, баъзе паймони худро ба охир бурданд (ва дар роҳи Ў шарбати шаҳодат нўшиданд) ва баъзеи дигар дар интизоранд ва ҳаргиз тағйир ва табдиле дар аҳду паймони худ надоданд.
24 Мақсад ин аст, ки Худованд содиқонро ба хотири сидқашон подош диҳад ва мунофиқонро ҳар гоҳ ирода кунад, азоб намояд ё (агар тавба кунанд), тавбаи онҳоро бипазирад, зеро Худованд Омурзанда ва Раҳим аст.
25 Ва Худо кофиронро бо диле пур аз хашм боз гардонд, бе он ки натиҷае аз кори худ гирифта бошанд. Ва Худованд (дар ин майдон) мўъминонро аз ҷанг бениёз сохт (ва пирўзиро насибашон кард). Ва Худо Қавӣ ва Шикастнопазир аст.
26 Ва Худованд гурўҳе аз аҳли китоб (яҳуд)-ро, ки аз онон (мушрикони араб) ҳимоят карданд, аз қалъаҳои маҳкамашон поин кашид ва дар дилҳояшон тарс афканд. (Ва корашон ба ҷое расид, ки) гурўҳеро ба қатл мерасондед ва гурўҳеро асир мекардед.
27 Ва заминҳо ва хонаҳо ва амволашонро дар ихтиёри шумо гузошт ва (ҳамчунин) заминеро, ки ҳаргиз дар он гом наниҳода будед. Ва Худованд бар ҳар чиз Тавоност.
28 Эй Пайғамбар! Ба ҳамсаронат бигў: «Агар шумо зиндагии дунё ва зарқу барқи онро мехоҳед, биёед бо ҳадяе шуморо баҳраманд созам ва шуморо ба тарзи некўе раҳо созам.
29 Ва агар шумо Худо ва Пайғамбараш ва сарои охиратро мехоҳед, Худованд барои некўкорони шумо подоши бузурге омода сохтааст».
30 Эй ҳамсарони Пайғамбар! Ҳар кадом аз шумо гуноҳи ошкор ва фоҳише муртакиб шавад, азоби ў ду чандон хоҳад буд ва ин барои Худо осон аст.
index | next |