next page next page

81 Ва (ба хотир биёваред) замонеро, ки Худованд аз Паёмбарон (ва пайравони онҳо) паймони муаккад гирифт, ки ҳар гоҳ китобу дониш ба шумо додам, сипас Паёмбаре ба сӯи шумо омад, ки он чиро бо шумост, тасдиқ мекунад, ба ӯ имон биёваред ва ӯро ёрӣ кунед! Сипас (Худованд) ба онҳо гуфт: «Оё ба ин мавзўъ иқрор доред? Ва бар он паймони муаккад бастед?!» Гуфтанд: «(Оре), иқрор дорем!» (Худованд ба онҳо) гуфт: «Пас гувоҳ бошед! Ва ман низ бо шумо аз гувоҳонам».

82 Пас касе, ки баъд аз ин (паймони маҳкам) руй кардонад, фосиқ аст.

83 Оё онҳо ғайр аз оини Худо металабанд?! (Оини Ў ҳамин Ислом аст) ва тамоми касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд, аз рӯи ихтиёр ё аз рӯи иҷбор дар баробари (фармони) Ў таслиманд ва ҳама ба сӯи Ў бозгардонида мешаванд.

84 Бигў: «Ба Худо имон овардем ва (ҳамчунин) ба он чӣ бар мо ва бар Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқ ва Яъқуб ва Асбот нозил гардидааст ва он чӣ ба Мўсо ва Исо ва (дигар) Паёмбарон, аз тарафи Паравардигорашон дода шудааст, мо дар миёни ҳеҷ як аз онон фарқе нмегузорем ва дар баробари (фармони) Ў таслим ҳастем».

85 Ва ҳар кас ҷуз Ислом (ва таслим дар баробари фармони ҳақ), дине барои худ интихоб кунад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва ӯ дар охират аз зиёкорон аст.

86 Чӣ гуна Худованд ҷамъиятеро ҳидоят мекунад, ки баъд аз имон ва гувоҳӣ ба ҳаққонияти Расул ва омадани нишонаҳои равшан барои онҳо, кофир шуданд?! Ва Худо Ҷамъияти стамкоронро ҳидоят нахоҳад кард!

87 Кайфари онҳо ин аст, ки лаън (ва тарди) Худованд ва фариштагон ва мардум, ҳамагӣ бар онҳост.

88 Ҳамвора дар ин лаън (ва тарду нафрин) мемонанд, муҷозоташон сабук намегардад ва ба онҳо мўҳлат дода намешавад.

89 Магар касоне, ки пас аз он тавба кунанд ва ислоҳ намоянд (ва дар мақоми ҷуброни гуноҳони гузашта бароянд, ки тавбаи онҳо пазируфта хоҳад шуд), зеро Худованд Омурзанда ва Бахшанда аст.

90 Касоне, ки пас аз имон кофир шуданд ва сипас бар куфри (худ) афзуданд (ва дар ин роҳ пофишорӣ карданд), ҳеҷ гоҳ тавбаи онон, (ки аз рўи ночорӣ ё дар остонаи марг сурат мегирад), қабул намешавад ва онҳо гумроҳон (-и воқеӣ)-анд, (чаро, ки ҳам роҳи Худоро гум кардаанд ва ҳам роҳи тавбаро!).

91 Касоне, ки кофир шуданд ва дар ҳоли куфр аз дунё рафтанд, агарчӣ рӯи замин пур аз тилво бошад ва онро ба унвони фидя (ва каффораи аъмоли бади худ) бипардозанд, ҳаргиз аз ҳеҷ як аз онҳо қабул нахоҳад шуд ва барои онон муҷозоти дарднок аст ва ёвароне надоранд.

92 Ҳар гиз ба (ҳақиқати) некӯкорӣ намерасед, магар ин ки аз он чӣ дӯст медоред, (дар роҳи Худо) инфоқ кунед ва он чӣ инфоқ мекунед, Худованд аз он огоҳ аст.

93 Ҳамаи таомҳои (пок) бар Банӣ Исроил ҳалол буд, ҷуз он чӣ Исроил (Яъқуб) пеш аз нузули Таврот бар худ ҳаром карда буд, (монанди гўшти шутур, ки барои ӯ зарар дошт). Бигў: «Агар рост мегӯед, Тавротро биёваред ва бихонед! (Ин нисбатҳое, ки ба паёмбарони гузашта медиҳед, ҳатто дар Тавроти таҳрифшудаи шумо нест!)».

94 Бинобар ин онҳо, ки баъд аз ин, ба Худо дурўғ мебанданд, ситамгаранд! (Зеро аз рўи илм ва қасд чунин мекунанд).

95 Бигў: «Худо рост гуфта (ва инҳо дар оини поки Иброим набуда) аст. Бинобар ин аз оини Иброҳим пайравӣ кунед, ки ба ҳақ гароиш дошт ва аз мушрикон набуд!».

96 Нахустин хонае, ки барои мардум (ва ниёиши Худованд) қарор дода шуд, ҳамон аст, ки дар сарзамини Макка аст, ки пурбаракат ва сабаби ҳидоят ҷоҳониён аст.

97 Дар он нишонаҳои равшан, (аз ҷумла) Мақоми Иброҳим аст ва ҳар кас дохили он (Хонаи Худо) шавад, дар амон хоҳад буд ва барои Худо бар мардум аст, ки оҳанги хонаи (Ў) кунанд, онҳо ки тавоноии рафтан ба сӯи он доранд. Ва ҳар кас куфр варзад (ва ҳаҷро тарк кунад, ба худ зиён расонидааст). Худованд аз ҳамаи ҷаҳониён бениёз аст.

98 Бигў: «Эй аҳли китоб! Чаро ба оятҳои Худо куфр меварзед?! Ва Худо гувоҳ аст бар аъмоле, ки анҷом медиҳед!».

99 Бигў: «Эй аҳли китоб! Чаро ашхосеро, ки имон овардаанд, аз роҳи Худо боз медоред ва мехоҳед ин роҳро каҷ созед?! Дар ҳоле, ки шумо (ба дурустии ин роҳ) гувоҳ ҳастед ва Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед, ғофил нест!».

100       Эй касоне, ки имон овардаед! Агар гурӯҳе аз аҳли китоб, (ки корашон нифоқафканӣ ва шўълавар сохатани оташи кина ва адоват аст), итоат кунед, шуморо пас аз имон ба куфр боз мегардонанд.

101       Ва чӣ гуна мумкин аст шумо кофир шавед, бо ин ки (дар домони ваҳй қарор гирифтаед ва) оятҳои Худо бар шумо хонда мешавад ва Паёмбари ӯ дар миёни шумост?! (Бинобар ин ба Худо чанг бизанед!). Ва ҳар кас ба Худо чанг бизанад, ба роҳи росте ҳидоят шудааст.

102       Эй касоне, ки имон овардаед! Он гуна, ки ҳаққи тақво ва паҳезгорӣ аст, аз Худо бипарҳезед ва аз дунё наравед, магар ин ки мусулмон бошед! (Бояд гавҳари имонро то поёни умр ҳифз кунед!).

103       Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо (Қуръон ва Ислом ва ҳаргуна василаи ваҳдат) чанг занед ва пароканда нашавед ва неъмети (бузурги) Худоро бар худ ба ёд оред, ки чӣ гуна душмани якдигар будед ва Ў миёни дилоҳои шумо улфат эҷод кард ва ба баракати неъмати Ў бародар шудед. Ва шумо бар лаби ҳуфрае аз оташ будед, Худо шуморо аз он наҷот дод, ин чунин Худованд оятҳои худро барои шумо ошкор месозад, шояд пазирои ҳидоят шавед.

104       Бояд аз миёни шумо ҷамъе даъват ба некӣ ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мунакар кунанд. Ва онҳо ҳамон растагоронанд.

105       Ва монанди касоне набошед, ки пароканда шуданд ва ихтилоф карданд, (он ҳам) пас аз он ки нишонаҳои равшани (Парвардигор) ба онон расид. Ва онҳо азоби бузурге доранд.

106       (Он азоби азим) рӯзе хоҳад буд, ки чеҳраҳое сафед ва чеҳраҳое сиёҳ мегардад, аммо онҳо, ки чеҳраҳояшон сиёҳ шуда, (ба онҳо гуфта мешавад:) Оё баъд аз имон (ва ухуввату бародарӣ дар сояи он) кофир шудед?! Пас бичашед азобро, ба сабаби он чӣ куфр меварзидед.

107       Ва аммо онҳо, ки чеҳраҳояшон сафед шуда, дар раҳмати Худованд хоҳанд буд ва ҷовидона дар он мемонанд.

108       Инҳо аятҳои Худост, ки баҳақ бар ту мехонем. Ва Худованд (ҳеҷ гоҳ) ситаме барои (ҳеҷ як аз) ҷаҳниён намехоҳад.

109       Ва (чӣ гуна мумкин аст Худо ситам кунад?! Дар ҳоле, ки) он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз они Ўст ва ҳамаи корҳо ба сўи Ў бозгардонида мешавад (ва ба фармони Ўст).

110       Шумо беҳтарин уммате будед, ки ба суди инсонҳо офарида шудаед, (зеро ин ки) амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред. Ва агар аҳли китоб (ба чунин барнома ва оини дурахшоне) имон оаваранд, барои онҳо беҳтар аст! (Вале танҳо) шумори каме аз онҳо имон доранд ва бештари онҳо фосиқанд (ва хориҷ аз итоати Парвардигор).

111       Онҳо (аҳли китоб, махсусан яҳуд) ҳаргиз наметавонанд ба шумо зиён бирасонанд, ҷуз озорҳои мухтасар. Ва агар бо шумо ҷанг кунанд, ба шумо пушт хоҳанд кард (ва шикаст мехўранд), сипас касе онҳоро ёрӣ намекунад.

112       Ҳар ҷо ёфт шаванд, мўҳри хорӣ бар онҳо хўрдааст, магар бо иртибот ба Худо (ва таҷдидиназар дар равиши нописанди худ) ва (ё) бо иртибот ба мардум (ва вобастагӣ ба ин ва он) ва ба хашми Худо гирифтор шудаанд ва мўҳри бечорагӣ бар онҳо зада шудааст. Зеро ки онҳо ба оятҳои Худо куфр меварзиданд ва Паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд. Инҳо ба хотири он аст, ки гуноҳ карданд ва (ба ҳуқуқи дигарон) таҷовуз менамуданд.

113       Онҳо ҳама яксон нестанд. Аз аҳли китоб гурӯҳе ҳастанд, ки (ба ҳақ ва имон) қиём мекунанд ва пайваста дар вақтҳои шаб, оятҳои Худоро мехонданд, дар ҳоле, ки саҷда менамоянд.

114       Ба Худо ва рӯзи вопасин имон меоваранд, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунанд ва дар анҷоми корҳои нек, пешӣ мегиранд ва онҳо аз солеҳонанд.

115       Ва он чӣ аз аъмоли нек анҷом диҳанд, ҳаргиз куфрон нахоҳад шуд! (Ва подоши шоистаи онро мебинанд). Ва Худо аз парҳезгорон огоҳ аст.

116       Касоне, ки кофир шуданд, ҳаргиз наметавонанд дар паноҳи молҳо ва фарзандонашон, аз муҷозоти Худо дар амон бимонанд. Онҳо асҳоби дўзаханд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.

117       Он чӣ онҳо дар ин зиндагии пасти дунявӣ инфоқ мекунанд, монанди боди сӯзоне аст, ки ба зироати қавме, ки бар худ ситам карда (ва дар ғайр маҳал ва вақти муносиб кишт намудаанд), бивазад ва онро нобуд созад. Худо ба онҳо ситам накарда, балки онҳо ба хештан ситам мекунанд.

118       Эй касоне, ки имон овардаед! Маҳрами асроре аз ғайри худ интихоб накунед. Онҳо аз ҳаргуна шар ва фасоде дар бораи шумо кутоҳӣ намекунанд. Онҳо дӯст доранд шумо дар ранҷу заҳмат бошед. (Нишонаҳои) душманӣ аз даҳон (ва калом)-ашон ошкор шуда ва он чӣ дар дилҳояшон пинҳон медоранд, аз он муҳимтар аст. Мо оятҳо (ва роҳои пешгирӣ аз шарри онҳо)-ро барои шумо баён кардем, агар андеша кунед.

119       Шумо касоне ҳастед, ки онҳоро дӯст медоред, аммо онҳо шумро дӯст надоранд. Дар ҳоле, ки шумо ба ҳамаи китобҳои осмонӣ имон доред (ва онҳо ба китоби осмонии шумо имон надоранд). Замоне, ки шуморо мулоқот мекунанд (ба дурӯғ) мегӯянд: «Имон овардаем». Аммо ҳангоме, ки танҳо мешаванд аз шиддати хашм бар шумо, сари ангуштони худро ба дандон мегазанд! Бигу: «Бо ҳамин ғазабе, ки доред, бимиред! Худо аз (асрори) даруни синаҳо огоҳ аст».

120       Агар некӣ ба шумо бирасад, онҳоро нороҳат мекунад. Ва агар ҳодисае ногуворе барои шумо рух диҳад, хушҳол мешаванд. (Аммо) агар (дар баробарашон) истиқомату парҳезгорӣ пеша кунед, нақшаҳои (хоинонаи) онҳо ба шумо зараре намерасонад. Худован ба он чӣ анҷом медиҳанд, иҳота дорад.

121       Ва (ба ёд овар) замонеро, ки субҳгоҳон аз миёни хонаводаи худ, ҷиҳати интихоби ҷойҳои ҷанг барои мӯъминон, берун рафтӣ. Ва Худованд шунаво ва доност (гуфтугӯҳои гуногунеро ки дар бораи нақшаи ҷанг гуфта мешуд, мешуниданд ва андешаҳоро, ки баъзе дар сар мепарваронданд, медонист).

122       (Ва низ ба ёд овар) замонеро, ки ду тоифа аз шумо тасмим гирифтанд сустӣ нишон диҳанд (ва аз миёнаи роҳ бозгарданд). Ва Худованд пуштибони онҳо буд (ва ба онҳо кўмак кард, ки аз ин фикр бозгарданд) ва ашхоси боимон, бояд танҳо бар Худо таваккул кунанд!

123       Худован шуморо дар «Бадр» ёрӣ кард (ва бар душманони хатарнок пирӯз сохт), дар ҳоле, ки шумо (нисбат ба онҳо) нотавон будед. Пас, аз Худо парҳез кунед (ва дар баробари душман мухолифти фармони Паёмбар накунед), то шукри неъмати Ўро ба ҷо оварда бошед.

124       Дар он замоне, ки ту ба мӯъминон мегӯфтӣ: «Оё кофӣ нест, ки Парвардигоратон шуморо ба сеҳазор нафар аз фариштагон, ки (аз осмон) фуруд меоянд, ёрӣ кунад?!»

125       Оре, (имрӯз ҳам) агар истиқомату тақво пеша кунед ва душман ба ҳамин зудӣ ба суроғи шумо биёяд, Худованд шуморо ба панҷ ҳазор нафар аз фариштагон, ки нишонаҳое бо худ доранд, мадад хоҳад кард.

126       Вале инҳоро Худованд фақт башорат ва барои ормиши хотири шумо қарор дода, вагарна пирӯзӣ танҳо аз ҷониби Худованди Тавонои Ҳаким аст.

127       (Ин ваъдаро, ки Худо ба шумо додааст), барои ин аст, ки қисмате аз пайкари лашкари кофиронро қатъ кунад, ё онҳоро бо хорӣ баргардонад, то маъюсу ноумед (ба ватани худ) бозгарданд.

128       Ҳеҷ гуна ихтиёре (дар бораи авфи кофирон ё муъминони гуреза аз ҷанг) барои ту нест, магар ин ки (Худо) бихоҳад онҳоро бибахшад ё муҷозот кунад, зеро онҳо ситамгаранд.

129       Ва он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Худост. Ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад), мебахшад ва ҳар касро бихоҳад муҷозот мекунад. Ва Худованд Омурзандаи Меҳрубон аст.

130       Эй касоне, ки имон овардаед! Рибо (ва суди пул)-ро чанд баробар нахўред. Аз Худо бипарҳезед, то растагор шавед.

131       Ва аз оташе бипарҳезед, ки барои кофирон омода шудааст!

132       Ва Худо ва Паёмбарро итоат кунед, то машмули раҳмат шавед.

133       Ва шитоб кунед барои расидан ба омурзиши Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳноии он осмонҳо ва замин аст ва барои парҳезгорон омода шудааст.

134       Ҳамонҳо, ки дар тавонгарӣ ва тангдастӣ инфоқ мекунанд ва ғазаби худро фурў мебаранд ва аз хатои мардум мегузаранд. Ва Худо некӯкоронро дӯст дорад.

135        Ва онҳо ки вақте мураткиби амали зиште шаванд, ё ба худ ситам кунанд, ба ёди Худо меафтанд ва барои гуноҳони худ талаби омурзиш мекунанд-ва кист ҷуз Худо, ки гуноҳонро бибахшад?- ва бар гуноҳ пофишорӣ намекунанд, бо ин ки медонанд.

136       Онҳо подошашон омурзиши Парвардигор ва биҳиштҳое аст, ки аз зери дарахтонаш наҳрҳо ҷорӣ аст, ҷовидона дар он мемонанд. Чӣ некў аст подоши аҳли амал!

137       Пеш аз шумо суннатҳое вуҷуд дошт (ва ҳар қавм тибқи амалҳо ва сифатҳои худ, сарнавиштҳое доштанд, ки шумо низ монанди онро доред). Пас дар рўи замин гардиш кунед ва бибинед оқибати инкор кунандагон (-и оятҳои Худо) чӣ гуна буд?!

138       Ин, баёне аст барои умуми мардум ва ҳидоят ва андарзе аст барои парҳезгорон.

139       Ва суст нашавед. Ва ғамгин нагардед. Ва шумо бартаред, агар имон дошта бошед.

140       Агар (дар майдони Уҳуд) ба шумо ҷароҳате расид (ва зарбае ворид шуд), ба он ҷамъият низ (дар майдони Бадр) ҷароҳате монанди он ворид гардид. Ва мо ин рӯзҳо (-и пирӯзӣ ва шикаст)-ро дар миёни мардум мегардонем (ва ин хосияти зиндагии дунёст), то Худо ашхосеро, ки имон овардаанд, бидонад (ва шинохта шаванд). Ва (Худованд) аз миёни шумо шоҳидоне бигирад. Ва Худо золимонро дӯст намедорад.

141       Ва то Худованд ашхоси боимонро холис гардонд (ва варзида шаванд) ва кофиронро ба тадриҷ нобуд созад.

142       Оё чунин пиндоштед, ки (танҳо бо иддиои имон) вориди биҳишт хоҳед шуд, дар ҳоле, ки Худованд ҳанўз муҷоҳидони аз шумо ва собиронро мушаххас насохтааст?!

143       Ва шумо марг (ва шаҳодат дар роҳи Худо)-ро пеш аз он ки бо он рў ба рў шавед, орзу мекардед, сипас онро бо чашми худ дидед, дар ҳоле, ки ба он нигоҳ мекардед (ва ҳозир набудед ба он тан дардиҳед. Чӣ қадар миёни гуфтору кирдори шумо фасила аст?!).

144       Муҳаммад (с) фақат фиристодаи Худост. Ва пеш аз ӯ фиристодагони дигаре низ буданд. Оё агар ӯ бимирад ва ё кушта шавад, шумо ба ақиб бармегардед? (Ва Исломро раҳо карда ба даврони ҷоҳилияту куфр бозгашт хоҳед намуд?). Ва ҳар кас ба ақиб боз гардад, ҳаргиз ба Худо зараре намезанад. Ва Худованд ба зудӣ шокирон (ва истиқоматкунандагон)-ро подош хоҳад дод.

145       Ҳеҷ кас ҷуз ба фармони Худо намемирад. Сарнавиште аст таъйиншуда. (Бинобар ин марги Паёмбар ё дигарон як суннати илоҳӣ аст). Ҳар кас подоши дунёро бихоҳад (ва дар зиндагии худ дар ин роҳ қадам бардорад), чизе аз он ба ӯ хоҳем дод. Ва ҳар кас подоши охиратро бихоҳад, аз он ба ӯ медиҳем. Ва базудӣ сипосгузоронро подош хоҳем дод.

146       Чӣ бисёр Паёмбароне, ки мардони илоҳии фаровоне ба ҳамроҳи онҳо ҷанг карданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ дар баробари он чӣ дар роҳи Худо ба онҳо мерасид, сусту нотавон нашуданд (ва тан ба таслим надоданд). Ва Худованд истиқоматкунандагонро дӯст дорад.

147       Суханашон танҳо ин буд, ки: «Парвардигоро! Гуноҳони моро бибахш! Ва аз тундравиҳои мо дар корҳо, чашмпушӣ кун. Қадамҳои моро устувор бидор. Ва моро бар ҷамъияти кофирон пирӯз гардон».

148       Аз ин рў Худованд подоши ин ҷаҳон ва подоши неки он ҷаҳонро ба онҳо дод. Ва Худованд некӯкоронро дӯст медорад.

149       Эй касоне, ки имон овардаед! Агар аз касоне, ки кофир шудаанд итоат кунед, шуморо ба гузаштаҳоятон бозмегардонанд. Ва оқибат зиёнкор хоҳед шуд.

150       (Онҳо такягоҳи шумо нестанд), балки валӣ ва сарпарсти шумо Худост. Ва Ў беҳтарин ёварон аст.

151        

152       Ба зудӣ дар дилҳои кофирон ба хотири ин ки бидуни далел чизҳоеро барои Худо шарик қарор доданд, рўъбу тарс меафканем. Ва ҷойгоҳи онҳо оташ аст. Ва чӣ бад ҷойгоҳе аст, ҷойгоҳи ситамкорон!

153       Худованд ваъдаи худро ба шумо (дар бораи пирӯзӣ бар душман дар Уҳуд) таҳаққуқ бахшид. Дар он ҳангом, (ки дар оғози ҷанг) душманонро ба фармони Ў ба қатл мерасонед (ва ин пирӯзӣ идома дошт), то ин ки суст шудед ва (бар сари раҳо кардани сангарҳо) дар кори худ ба низоъ пардохтед ва баъд аз он ки он чиро дӯст медоштед, (аз ғалабаи бар душман) ба шумо нишон дод, нофармонӣ кардед. Баъзе аз шумо хоҳони дунё буданд ва баъзе хоҳони охират. Сипас Худованд шуморо аз онҳо мунсариф сохт (ва пирӯзии шумо ба шикст анҷомид), то шуморо озмоиш кунад. Ва Ў шуморо бахшид. Ва Худованд нисбат ба мӯъминон фазлу бахшиш дорад.

154       (Ба хотир биёваред) замонеро, ки аз кӯҳ боло мерафтед ва (ҷамъе дар васати биёбон парканда шуданд ва аз шидату ваҳшат) ба ақиб мондагон нигоҳ намекардед ва Паёмбар аз пушти сари шумо садо мезад. Сипас андўҳҳоро яке пас аз дигарӣ ба шумо ҷазо дод. Ин ба хотири он буд, ки дигар барои аз даст рафтани (ғаниматҳои ҷангӣ) ғамгин нашавед ва на ба хотири мусбатҳое, ки бар шумо ворид мегардад. Ва Худован аз он чӣ анҷом медиҳед огоҳ аст.

155       Сипас ба дунболи ин ғаму андўҳ оромише бар шумо фиристод. Ин оромиш ба сурати хоби сабуке буд, ки (дар шаби баъд аз ҳодисаи Уҳуд) гурӯҳе аз шуморо фаро гирифт, аммо гурӯҳи дигаре дар фикри ҷони худ буданд (ва хоб ба чашмонашон нарафт). Онҳо гумонҳои нодурусте - ҳамчун гумонҳои даврони ҷоҳилият - дар бораи Худо доштанд ва мегӯфтанд: «Оё чизе аз пирӯзӣ насиби мо мешавад?!» Бигў: Ҳама корҳо (ва пирӯзиҳо) ба дасти Худост!». Онҳо дар дили худ чизеро пинҳон медоранд, ки барои ту ошкор намесозанд, мегӯянд: «Агар мо саҳме аз пирӯзӣ доштем дар ин ҷо кушта намешудем!». Бигў: «Агар ҳам дар хонаҳои худ будед, онҳое, ки кушта шуданд бар онҳо муқарар шуда буд, қатъан ба сӯи орамгоҳҳои худ берун меомаданд (ва онҳоро ба қатл мерасонданд). Ва инҳо барои ин аст, ки Худованд он чӣ дар синаҳоятон пинҳон доред, биёзмояд ва он чиро дар дилҳои шумо (аз имон) аст, холис гардонад. Ва Худованд аз он чӣ дар даруни синаҳост, бохабар аст.

156       Касоне, ки дар рӯзи рў ба рў шудани ду ҷамъият бо якдигар (дар ҷанги Уҳуд) гурехтанд, шайтон онҳоро ба асари баъзе аз гуноҳоне, ки муртакиб шуда буданд, ба лағзиш андохт ва Худованд онҳоро бахшид. Худованд Омурзанда ва Бурдбор аст.

157       Эй касоне, ки имон овардаед! Монанди кофирон набошед, ки чун бародарашон ба мусофирате мераванд ё дар ҷанг ширкат мекунанд (ва аз дунё мераванд ва ё кушта мешаванд), мегӯянд: «Агар онҳо назди мо буданд намемурданд ва кушта намешуданд!». (Шумо аз ин гуна суханон нагўед), то Худо ин ҳасратро бар дили онҳо (кофирон) бигузорад. Худованд зинда мекунад ва мемиронад (ва зиндагӣ ва марг ба дасти Ўст). Ва Худо ба он чӣ медиҳед, биност.

158       Агар ҳам дар роҳи Худо куша шавед ё бимиред (зиён накардаед, зеро) омурзишу раҳмати Худо аз тамоми он чӣ онҳо (дар тўли умри худ) ҷамъоварӣ мекунанд, беҳтар аст.

159       Ва агар бимиред ё кушат шавед, ба сӯи Худо маҳшур мешавед. (Бинобар ин фонӣ намешавед, ки аз фоно ваҳшат дошта бошед).

next page next page