next page

Сураи Оли Имрон

Ин сура дар Макка нозил шуда ва дорои 200 оят аст.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1Алиф, лом, мим.

2Маъбуде ғайр аз Худованди Ягона, Зинда ва Пойдор ва Нигаҳдоранда нест.

3(Ҳамон касе, ки) Китобро ба ҳақ бар ту нозил кард, ки бо нишонаҳои китобҳои гузашта мунтабиқ аст ва «Таврот» ва «Инҷил»-ро низ нозил кард.

4Пеш аз он барои ҳидояти мардум фиристод ва (низ) китобе, ки ҳақро аз ботил ҷудо месозад, нозил кард. Касоне, ки ба оёти Худо кофир шуданд азоби сахте доранд ва Худованд (барои кайфари бадкорон ва кофирони лаҷуҷ) тавоно ва соҳиб интиқом аст.

5Ҳеҷ чиз дар осмону замин бар Худо пўшида намемонад. (Бинобар ин тадбири онҳо бар ӯ мушкил нест).

6Ӯ касе аст, ки шуморо дар раҳм (-и модарон) он чунон, ки мехоҳад, тасвир мекунад. Маъбуде ғайр аз Худованди Тавоно ва Ҳаким нест.

7Ӯ касе аст, ки ин китоб (-и осмонӣ)-ро бар ту нозил кард, ки қисмате аз он оятҳои «Маҳкам» (равшан ва ошкор) аст, ки асоси ин китоб мебошад. (Ва ҳар гуна печидагӣ дар оятҳои дигар бо муроҷиат ба инҳо бартараф мегардад). Ва қисмате аз он «Муташобеҳ» аст. (Оятҳое, ки ба хотири боло будани сатҳи матлаб ва ҷиҳатҳои дигар, дар нигоҳи аввал эҳтимолоти гуногуне дар он меравад, вале бо таваҷҷӯҳ ба оятҳои маҳкам тафсири онҳо ошкор мегардад). Аммо онҳо ки дар дилҳояшон каҷравӣ аст ба дунболи (оятҳои) муташобеҳанд, то фитнаангезӣ кунанд (ва мардумро гумроҳ созанд) ва тафсир (-и нодурсте) барои он металабанд, дар ҳоле, ки тафсири онҳоро ғайр аз Худо ва росихони дар илм намедонанд. (Онҳо ки ба дунболи фаҳму дарки асрори оятҳои Қуръон, дар партави илму дониши илоҳӣ) мегӯянд: «Мо ба ҳамаи он имон овардем, ҳама аз тарафи Парвардигори мост» . Ва ғайр аз соҳибони ақл мутазаккир намешаванд (ва ин ҳақиқатро дарк намекунанд).

8(Росихони дар илм мегӯянд:) «Парвардигоро! Дилҳоямонро баъд аз он ки моро ҳидоят кардӣ, (аз роҳи ҳақ) гумроҳ магардон! Ва аз сӯи худ раҳмате бар мо бибахш, зеро Ту Бахшандаӣ!

9Парвардигоро! Ту мардумро барои рӯзе, ки шакке дар он нест, ҷамъ хоҳӣ кард, зеро Худованд аз ваъдаи худ тахаллуф намекунад. (Мо ба ту ва раҳмати бепоёнат ва ба ваъдаи растохез ва қиёмат имон дорем)».

10 Сарватҳо ва фарзандони касоне, ки кофир шуданд, наметавонад онҳоро аз (азоби) Худованд нигаҳ дорад (ва аз кайфар раҳоӣ бахшад). Ва онон худ оташгираи дўзаханд.

11(Одати онҳо дар инкору таҳрифи ҳақиқатҳо) ҳамчун одати Оли Фиръавн ва касоне аст, ки пеш аз онҳо буданд, оятҳои моро инкор карданд ва Худованд онҳоро ба (ҷазои) гуноҳонашон гирифт. Ва Худованд сахткайфар аст.

12Ба онҳо, ки кофир шуданд, бигў: «(Аз пирӯзии муваққати худ дар ҷанги Уҳуд шод набошед!) Ба зуди мағлуб хоҳед шуд (ва сипас дар растохез) ба сӯи ҷаҳаннам маҳшур хоҳед шуд. Ва чӣ ҷойгоҳи баде аст!

13 Дар ду гурӯҳе, ки (дар майдони ҷанги Бадр) бо ҳам рў ба рў шуданд, нишона (ва дарси ибрате) барои шумо буд. Як гурӯҳ дар роҳи Худо набард мекард ва ҷамъи дигар, ки кофир буд, (дар роҳи буту шайтон). Дар ҳоле, ки онҳо (гурӯҳи мўъминон)-ро бо чашми худ ду баробари он чӣ буданд, медиданд. (Ва ин худ сабабе барои ваҳшату шикасти онҳо шуд). Ва Худованд ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад), бо ёрии худ таъйид мекунад. Дар ин ибрате аст барои биноён!

14 Муҳаббати корҳои моддӣ аз занону фарзандон ва молҳои зиёде аз тиллову нуқра ва асбҳои мумтоз ва чаҳорпоён ва зироат, дар назари мардум ҷилва дода шудааст, (то дар партави он озмоишу тарбият шаванд, вале) инҳо (дар сурате, ки ҳадафи ниҳоии одамиро ташкил диҳанд), сармояи зиндагии пасти (моддӣ) аст ва оқибати нек (ва зиндагии воло ва ҷовидона) назди Худост.

15 Бигў: «Оё шуморо аз чизе огоҳ кунам, ки аз ин (сармояҳои моддӣ) беҳтар аст?» Барои касоне, ки парҳезгорӣ пеша кардаанд (ва аз ин сармояҳо дар роҳи машарўъ ва ҳаққу адолат истифода мекунанд), дар назди Парвардигорашон (дар ҷаҳони дигар) боғҳое аст, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ мешавад, ҳамеша дар он хоҳанд буд ва ҳамсарони покиза ва хушнудии Худованд (насиби онҳост). Ва Худо ба (корҳои) бандагон бино аст.

16 Ҳамон касоне, ки мегӯянд: «Парвардигоро! Мо имон овардаем, пас гуноҳони моро биёмурз ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор!»

17 Ҳамонҳо, ки (дар баробари мушкилот ва дар роҳи итоат ва тарки гуноҳ) сабру истиқомат меварзанд, ростгў ҳастанд. (Дар баробари Худо) хузўъ ва (дар роҳи Ў) инфоқ мекунанд ва дар саҳаргоҳон истиғфор менамоянд.

18 Худованд (бо эҷоди низоми ягонаи ҷоҳони ҳастӣ), гувоҳӣ медиҳад, ки маъбуде ғайр аз Ў нест. Ва фариштагон ва соҳибони дониш, (ҳар кадом ба гунае бар ин матлаб) гувоҳӣ медиҳанд, дар ҳоле, ки (Худованд дар тамоми олам) қиём ба адолат дорад, маъбуде ғайр аз Ў нест, ки ҳам Тавоно ва ҳам Ҳаким аст.

19 Дин дар назди Худо Ислом (ва таслим будан дар баробари ҳақ) аст. Ва касоне, ки китоби осмонӣ ба онҳо дода шуд, ихтилофе (дар он) эҷод накарданд, магар баъд аз огоҳиву илм, он ҳам ба хотири зулму ситам дар миёни худ. Ва ҳар кас ба оятҳои Худо куфр варзад, (Худо ба ҳисоби ӯ мерасад, зеро) Худованд сариъ-ул-ҳисоб аст.

20 Агар бо ту ба гуфтугӯ ва ситез бархезанд, (бо онҳо муҷодила накун, ва) бигў: «Ман ва пайравонам дар баробари Худованд (ва фармони Ў) таслим шудаем». Ва ба онҳо, ки аҳли китоб ҳастанд, (яҳуд ва насоро) ва бесаводон (мушрикон) бигў: «Оё шумо ҳам таслим шудаед» .Агар (дар баробари фармон ва мантиқи ҳақ), таслим шаванд, ҳидоят меёбанд ва агар сарпечӣ кунанд, (нигарон набош, зеро) бар ту танҳо расонидани (рисолат) аст ва Худо нисбат ба (амалҳо ва ақоиди) бандагон биност.

21 Касоне, ки нисбат ба оятҳои Худо куфр меварзанд ва Паёмбаронро ба ноҳақ мекушанд ва (низ) мардумеро, ки ба адолат амр мекунанд, ба қатл мерасонанд, ба кайфари дарднок (-и илоҳӣ) башорат деҳ!

22 Онҳо касоне ҳастанд, ки амалҳои (некашон ба хотири ин гуноҳони бузург) дар дунёву охират табоҳ шуда ва ёвару мадакор (ва шафоаткунандае) надоранд.

23 Оё надидӣ касонеро, ки баҳрае аз китоби (осмонӣ) доштанд, ба тарафи китоби илоҳӣ даъват шуданд, то дар миёни онҳо доварӣ кунанд, сипас гурӯҳе аз онҳо (бо илму агоҳӣ) рӯи мегардонанд, дар ҳоле, ки (аз қабули ҳақ) рўйгардонанд?

24 Ин амали онҳо ба хотири он аст, ки мегуфтанд: «Оташи (дузах) ҷуз чанд рӯзе ба мо намерасад. (Ва ҷазои мо ба хотри имтиёзе, ки бар қавмҳои дигар дорем, бисёр кам аст)». Ин ифтироъ (ва дурӯғе, ки ба Худо нисбат дода буданд), онҳоро дар динашон мағрур сохт (ва гирифтори гуноҳони гуногун шуданд).

25 Пас, чӣ гуна хоҳад буд, ҳаргоме ки онҳоро барои рӯзе, ки шакке дар он нест (рӯзи растохез) ҷамъ кунем ва ба ҳар кас он чӣ (аз амалҳо барои худ) фароҳам карда, ба таври комил дода шавад? Ва ба онҳо ситам нахоҳад шуд, (зеро ҳосили амалҳои худро мечинанд).

26 Бигў: «Бор Илоҳо! Эй молики ҳукуматҳо! Ба ҳар кас бихоҳӣ ҳукумат мебахшӣ ва аз ҳар кас бихоҳӣ ҳукуматро мегирӣ, ҳар касро бихоҳӣ иззат медиҳӣ ва ҳар киро бихоҳӣ хор мекунӣ. Тамоми хубиҳо ба дасти Туст, Ту бар ҳар чиз Қодирӣ.

27 Шабро дар рӯз дохил мекунӣ ва рӯзро дар шаб ва зиндаро аз мурда берун меоварӣ ва мурдаро аз зинда. Ва ба ҳар кас бихоҳӣ, беҳисоб рӯзӣ мебахшӣ».

28 Ашхоси боимон набояд ба ҷои мӯъминон, кофиронро дӯст ва сарпарасти худ интихоб кунанд ва ҳар кас чунин кунад, ҳеҷ робитае бо Худо надорад (ва пайванди ӯ, ба куллӣ аз Худо канда мешавад), магар ин ки аз онҳо бипарҳезед (ва ба хотири мақсадҳои муҳимтаре тақия кунед). Худованд шуморо аз (нофармонии) худ барҳазар медорад ва бозгашти (шумо) ба сӯи Худост.

29 Бигў: «Он чиро дар синаҳои шумост пинҳон доред ё ошкор кунед, Худованд онро медонад ва (низ) аз он чӣ дар осмоноҳо ва замин аст, огоҳ мебошад. Ва Худованд ба ҳар чизе тавоност.

30 Рӯзе, ки ҳар кас он чиро аз кори нек анҷом додааст, ҳозир мебинад ва орзу мекунад, миёни ӯ ва он чӣ аз амалҳои бад анҷом додааст, фосилаи замонии зиёде бошад. Худованд шуморо аз (нофармонии) худаш барҳазар медорад ва (дар айни ҳол) Худо нисбат ба ҳамаи бандагон Меҳрубон аст».

31 Бигў: «Агар Худоро дӯст медоред аз ман пайравӣ кунед! То Худо (низ) шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро бибахшад ва Худо Омурзандаи Меҳрубон аст».

32 Бигў: «Аз Худо ва фиристодаи (Ў) итоат кунед! Ва агар саркашӣ кунед, Худованд кафиронро дӯст намедорад».

33 Худованд Одам ва Нӯҳ ва Оли Иброҳим ва Оли Имронро бар ҷаҳониён бартарӣ дод.

34 Онҳо фарзандон (ва наслҳое) буданд, ки (аз назари покӣ ва тақво ва фазилат), баъзе аз баъзеи дигар гирифта шуда буданд ва Худованд Шунаво ва Доност (ва аз кўшишҳои онҳо дар роҳи рисолати худ огоҳ мебошад).

35 (Ба ёд оваред) замонеро, ки ҳамсари «Имрон» гуфт: «Худовандо! Он чиро дар раҳм дорам, барои Ту назр кардам, ки «муҳаррар» (ва озод барои хизмати хонаи Ту) бошад. Аз ман қабул кун, ки Ту Шунаво ва Доноӣ!

36 Вале ҳангоме, ки ӯро ба дунё овард (ва ӯро духтар ёфт), гуфт: «Худовандо! Ман ӯро духтар овардам - вале Худо аз он чӣ ӯ ба дунё оварда буд, огоҳтар буд – ва писар монанди духтар нест. (Духатр наметавонад вазифаи хидматгузории маъбадро монанди писар анҷом диҳад). Ман ӯро Марям ном гузоридам. Ва ў ва фарзандашро аз (васвасаҳои) шайтони рондашуда дар паноҳи Ту қарор медиҳам».

37 Худованд, ӯ (Марям)-ро ба тарзи некўе пазируфт ва ба тарзи шоистае (ниҳоли вуҷуди) ӯро рӯёнид (ва парвариш дод) ва кафолати ӯро ба «Закариё» супурд. Ҳар замон Закариё дохили меҳроби ӯ мешуд, таоми махсусе дар он ҷо медид. Аз ӯ пурсид: «Эй Марям! Инро аз куҷо овардаӣ?!» Гуфт: «Ин аз сӯи Худост. Худованд ба ҳар кас бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад».

38 Дар он ҷо буд, ки Закариё (бо мушоҳидаи он ҳама шоистагӣ дар Марям), Парвардигори Худро хонд ва гуфт: «Худовандо! Аз тарафи худ фарзанди покизае (низ) ба ман ато фармо, ки Ту дуоро мешунавӣ!».

39 Ва ҳангме ки ӯ дар меҳроб истода машғули ниёиш буд, фариштагон ӯро садо заданд, ки: «Худо туро ба «Яҳё» башорат медиҳад, (касе), ки калимаи Худо (Масеҳ) –ро тасдиқ мекунад ва раҳбар хоҳад буд ва аз ҳавасҳои саркаш барканор ва Паёмбаре аз солеҳон аст».

40 Ӯ гуфт: «Парвардигоро! Чӣ гуна мумкин аст фарзанде барои ман бошад, дар ҳоле, ки пирӣ ба суроғи ман омада ва ҳамсарам нозо аст?!». Фармуд: «Ба ин гуна, ки Худованд ҳар кореро бихоҳад, анҷом медиҳад.

41(Закарё) гуфт: «Парвардигоро! Нишонае барои ман қарор деҳ!» Гуфт: «Нишонаи ту ин аст, ки се рӯз ҷуз бо ишора ва рамз бо мардум сухан нахоҳӣ гуфт. (Ва забони ту бидуни ҳеҷ иллати зоҳирӣ, барои гуфтугӯ барои мардум аз кор мемонад). Парвардигори худро (ба кукронаи ин неъмати бузург) бисёр ёд кун! Ва дар ҳагоми субҳу шом ӯро тасбеҳ бигў!

42 Ва (ба ёд оваред) замонеро, ки фариштагон гуфатнд: «Эй Марям! Худо туро баргузида ва пок сохта ва бар тамоми занони ҷаҳон бартарӣ додааст.

43 Эй Марям! (Ба шукронаи ин неъмат) барои Парвардигори худ хузўъ кун ва саҷда ба ҷо овар! Ва бо рукуъкунандагон рукўъ кун!

44 (Эй Паёмбар!) Ин аз хабарҳои ғайбӣ аст, ки ба ту ваҳй мекунем ва ту дар он ҳагом, ки қаламҳои худро (барои қуъакашӣ) ба об меафкарданд, то кадом як кафолату сарпарастии Марямро ӯҳдадор шавад ва (низ) дар ҳангоме, ки (донишмандони Банӣ Исроил барои касби ифтихори сарпарастии ӯ), бо ҳам кашмакаш доштанд, ҳузур надоштӣ ва ҳамаи инҳо аз роҳи ваҳй ба ту гуфта шуд).

45 (Ба ёд оваред) замонеро, ки фариштагон гуфтанд: «Эй Марям! Худованд туро ба калимае (вуҷуди бо азамате) аз тарафи худаш башорат медиҳад, ки номаш «Масеҳ, Исо писари Марям» аст, дар ҳоле, ки дар ин ҷаҳон ва ҷаҳони дигар соҳиби шахсият хоҳад буд ва аз муқаррабони (илоҳӣ) аст.

46 Ва бо мардум дар гаҳвора ва дар ҳолати куҳулат (ва миёнсол шудан) сухан хоҳад гуфт ва аз шоистагон аст».

47 (Марям) гуфт: «Парвардигоро! Чӣ гуна мумкин аст фарзанде барои ман бошад, дар ҳоле, ки инсоне бо ман тамос нагирифтааст?!» Фармуд: «Худованд ин гуна ҳар чиро бихоҳад, меофаринад! Ҳангоме, ки чизеро муқарар дорад (ва фармони ҳастии онро содир кунад), фақат ба он мегӯяд: «Мавҷуд бош!». Он низ фавран мавҷуд мешавад.

48 Ва ба ӯ китобу дониш ва Тавроту Инҷил меомӯзад.

49 Ва (ӯро ба унвони) расул ва фиристода ба сӯи Банӣ Исроил (қарор дода, ки ба онҳо мегӯяд:) Ман нишонае аз тарафи Парвардигори шумо бароятон овардаам. Ман аз гил чизе ба шакли парранда месозам, сипас дар он медамам ва ба фармони Худо паррандае магардад. Ва ба изни Худо кўри модарзод ва мубталоён ба барас (песӣ)-ро беҳбудӣ мебахшам ва мурдагонро ба изни Худо зинда мекунам ва аз он чӣ мехўред ва дар хонаҳои худ захира мекунед, ба шумо хабар медиҳам, ҳатман дар инҳо нишонае барои шумост, агар имон дошта бошед!

50 Ва он чиро пеш аз ман аз Таврот будааст, тасдиқ мекунам ва (омадаам), то порае аз чизҳоеро, ки (бар асари зулму гуноҳ) бар шумо ҳаром шуда, (монанди гўшти баъзе аз чаҳорпоён ва моҳиҳо), ҳалол кунам ва нишонае аз тарафи Парвардигори шумо бароятон овардаам, пас аз Худо битарсед ва маро итоат кунед!

51 Худованд Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, Ўро бипарастед, (на ман ва на чизи дигарро)! Ин аст роҳи рост!

52 Ҳангоме, ки Исо аз онҳо эҳсоси куфр (ва мухолифат) кард, гуфт: «Кист, ки ёвари ман ба сўи Худо (барои таблиғи оини Ў) гардад?» Ҳавориён (шогирдони махсуси ӯ) гуфтанд: «Мо ёварони Худоем, ба Худо имон овардем ва ту (низ) гувоҳ бош, ки мо Ислом овардаем.

53 Парвардигоро! Ба он чӣ нозил кардаӣ имон овардем ва аз фириистодаи (Ту) пайравӣ намудем, моро дар зумраи гувоҳон бинавис!».

54 Ва (яҳуд ва душманони Масеҳ, барои нобудии ӯ ва оинаш нақша кашиданд) ва Худованд (барои ҳифзи ў ва оинаш) чораҷўӣ кард. Ва Худованд беҳтарини чораҷўён аст.

55 (Ба ёд оваред) замонеро, ки Худо ба Исо фармуд: «Ман туро бармегирам ва ба сӯи худ боло мебарам ва туро аз касоне, ки кофир шуданд, пок месозам ва касонеро, ки аз ту пайравӣ карданд, то рӯзи растохез бартар аз касоне, ки кофир шуданд, қарор медиҳам, сипас бозгашти шумо ба сӯи Ман аст ва дар миёни шумо дар он чӣ ихтилоф доштед, доварӣ мекунам.

56 Аммо онҳо, ки кофир шуданд (ва пас аз шинохтан ҳақ онро инкор карданд), дар дунёву охират онҳоро муҷозоти дардноке хоҳам кард ва барои онҳо ёвароне нест.

57 Аммо онҳо, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, Худованд подоши ононро ба таври комил хоҳад дод. Ва Худованд ситамкоронро дӯст намедорад».

58 Инҳоро, ки ба ту мехонем, аз нишонаҳо (-и ҳақонияти ту) аст ва ёдоварии ҳакимона аст.

59 Масали Исо дар назди Худо ҳамчун Одам аст, ки ӯро аз хок офарид ва сипас ба ӯ фармуд: «Мавҷуд бош!», ў ҳам фавран мавҷуд шуд. (Бинаобар ин тавллуди Масеҳ бепадар, ҳаргиз далел бар улуҳияти ӯ нест).

60 Инҳо ҳақиқате аст, аз ҷониби Парвардигор ту, бинабар ин аз шаккунандагон мабош!

61 Ҳар гоҳ баъд аз илму донише, ки (дар бораи Масеҳ) ба ту расидааст, (боз) касоне бо ту ба муҳоҷҷа ва ситез бархезанд, ба онҳо бигў: «Биёед мо фарзандони худро даъват кунем, шумо ҳам фарзандони худро, мо занони худро даъват намоем, шумо ҳам занони худро, мо аз нуфус худ даъват кунем, шумо ҳам аз нуфуси худ, он гоҳ мубоҳила кунем ва лаънати Худоро бар дурӯғгуён қарор диҳем.

62 Ин ҳамон саргузашти ҳақиқии (Масеҳ) аст. (Ва иддиоҳое ҳамчун улуҳияти ӯ ё фарзанди Худо буданаш беасос аст). Ва ҳеҷ маъбуде ҷуз Худованди Ягона нест. Ва Худванд Тавонон ва Ҳаким аст.

63 Агар (бо ин ҳама шоҳидҳои равшан, боз ҳам аз пазириши ҳақ) рӯй гардонанд, (бидон ки толиби ҳақ нестанд ва) Худованд аз муфсидон огоҳ аст.

64 Бигў: «Эй аҳли китоб! Биёед ба сӯи сухане, ки миёни мо ва шумо яксон аст, ки ҷуз Худованди Ягонаро напарастем ва чизеро ҳамтои Ў қарор надиҳем ва баъзе аз мо баъзе дигарро – ғайр аз Худои ягона – ба худоӣ напазирад». Ҳар гоҳ (аз ин даъват) саркашӣ кунанд, бигўед: «Гувоҳ бошед, ки мо мусулмонем!»

65 Эй аҳли китоб! Чаро дар бораи Иброҳим гуфтугў ва низоъ мекунед (ва ҳар кадом ӯро пайрваӣ оини худатон муаррифӣ менамоед)?! Дар ҳоле, ки Тавроту Инҷил баъд аз ӯ нозил шудааст! Оё андеша намекунед?!

66 Шумо касоне ҳастед, ки дар бораи он чӣ нисбат ба он огоҳ будед, гуфтугӯ ва ситез кардед, чаро дар бораи он чӣ огоҳ нестед, гуфтугӯ мекунед?! Ва Худо медонад ва шумо намедонед.

67 Иброҳим на яҳудӣ буд ва на Насронӣ, балки ягонапарасти холис ва мусулмон буд ва ҳаргиз аз мушрикон набуд.

68 Сазовортарини мардум ба Иброҳим, онҳо ҳастанд, ки аз ӯ пайравӣ караданд ва (дар замон ва асри ӯ ба мактаби ӯ вафо дор буданд, ҳамчунин) ин Паёмбар ва касоне, ки (ба ӯ) имон овардаанд (аз ҳама сазовортаранд) ва Худованд, валӣ ва сарпарасти мӯъминон аст.

69 Гурӯҳе аз аҳли китоб (аз яҳуд) дӯст доштанд (ва орзу мекарданд) шуморо гумроҳ кунанд, (аммо онҳо бояд бидонанд, ки наметавонанд шуморо гумроҳ созанд), онҳо гумроҳ намекунанд, магар худашонро ва намефаҳаманд!

70  Эй аҳли китоб! Чаро ба оятҳои Худо кофир мешавед, дар ҳоле, ки (ба дурустии он) говоҳӣ медиҳед?!

71 Эй аҳли китоб! Чаро ҳақро бо ботил (меомезед ва) муштабаҳ мекунед, (то дигарон нафаҳманд ва гумроҳ шаванд) ва ҳақиқатро пўшида медоред, дар ҳоле, ки медонед?!

72 Ва гурӯҳе аз аҳли китоб (аз яҳуд) гуфтанд: «Биравед дар зоҳир) ба он чӣ бар мӯъминон нозил шудааст, дар аввали рӯз имон биёваред ва дар поёни рӯз кофир шавед (ва бозгардед)! Шояд онҳо (аз оини худ) боз гарданд! (Зеро шуморо аҳли китоб ва огоҳ аз башоратҳои осмонии гузашта медонанд ва ин тавтиа кофӣ аст, ки онҳоро ба шак андозад).

73 Ва ҷуз ба касе, ки аз оини шумо пайравӣ мекунад, (воқеан) имон наёваред!» Бигў: «Ҳидоят ҳидояти илоҳӣ аст! (Ва ин тавтиаи шумо дар баробари он беасар аст)»! (Сипас илова карданд: «Тасавур накунед) ба касе монанд шумо (китоби осмонӣ) дода мешавад ё ин ки метавонанд дар пешгоҳи Паравардтгоратон бо шумо баҳсу гуфтугӯ кунанд, (балки нубувват ва мантиқ, ҳар ду назди шумост!)» Бигў: «Фазл (ва мавҳибати нубувват ва ақлу мантиқ дар инҳисори касе нест, балки ба дасти Худост ва ба ҳар кас бихоҳад (ва шоиста бидонад) медиҳад. Ва Худованд восеъ (дорои мавоҳиби густарда) ва огоҳ (аз мавриди шоистаи он) аст.

74 Ҳар касро бихоҳад, махсуси раҳмати худ мекунад ва Худованд дорои мавоҳиби бузурге аст.

75 Ва дар миёни аҳли китоб касоне ҳастанд, ки агар сарвати зиёде ба расми амонат ба онҳо бисупорӣ, ба ту бозмегардонанд ва касоне ҳастанд, ки агар як динор ҳам ба онҳо бисупорӣ, ба ту бознамегардонанд, магар то замоне ки болои сари ноҳо истода (ва бар онҳо мусаллат) бошӣ! Ин ба хотири он аст, ки мегўянд: «Мо дар баробари умиййин (ғайри яҳуд) масъул нестем». Ва бар Худо дурўғ мебанданд, дар ҳоле, ки медонанд (ин сухан дурӯғ аст).

76 Оре, касе, ки ба паймони худ вафо кунад ва парҳезгорӣ пеша намояд, (Худо ӯро дўст медорад, зеро) Худованд парҳезгоронро дӯст дорад.

77 Касоне, ки паймонҳои илоҳӣ ва савгандҳои худ (ба номи муқаддаси Ў)-ро ба баҳои ночизе мефурӯшанд, онҳо баҳрае дар охират нахоҳанд дошт ва Худованд ба онҳо сухан намегўяд ва ба онон дар қиёмат нигоҳ намекунад ва онҳоро (аз гуноҳ) пок намесозад ва азоби дардноке барои онҳост.

78 Дар миёни онҳо (яҳуд) касоне ҳастанд, ки дар вақти тиловати китоби (Худо) забони худро чунон мегардонанд, ки гумон кунед, (он чиро мехонанд), аз китоби (Худо) аст, дар ҳоле, ки аз китоби (Худо) нест! (Ва бо равшанӣ) мегӯянд: «Он аз тарафи Худост!» бо ин ки аз тарафи Худо нест ва ба Худо дурӯғ мебанданд, дар ҳоле, ки медонад!

79 Барои ҳеҷ башаре сазовор нест, ки Худованд китоби осмонӣ ва ҳукму набуват ба ӯ диҳад, сипас ӯ ба мардум бигӯяд: «Ғайр аз Худо маро парастиш кунед!», балки (сазовори мақоми ӯ ин аст, ки бигӯяд:) Мардуми илоҳӣ бошед, он тавре, ки китоби Худоро меомӯхтед ва дарс мехондед! (Ва ғайр аз Худоро парастиш накунед!).

80 Ва на ин ки ба шумо дастур диҳад, ки фариштагон ва Паёмбаронро Парвардигори худ интихоб кунед. Оё шуморо пас аз он ки мусулмон шудед, ба куфр даъват мекунад?!

  next page