Back  

67  Мардони мунофиқ ва занони мунофиқ, ҳама аз як гурўҳанд. Онҳо амри ба мункар ва наҳйи аз маъруф мекунанд ва дастҳояшонро (аз инфоқу бахшиш) мебанданд. Худоро фаромўш карданд ва Худо (низ) онҳоро фаромўш кард (ва раҳматашро аз онҳо қатъ намуд). Ба яқин, мунофиқон ҳамон фосиқонанд.

68  Худованд ба мардону занони мунофиқу куффор, ваъдаи оташи дўзах додааст, ҷовидона дар он хоҳанд монд – ҳамон барои онҳо кифоят мекунад. – Ва Худо онҳоро аз раҳмати худ дур сохтааст ва азоби ҳамешагӣ барои онҳост.

69  (Шумо мунофиқон), монанди касоне ҳастед, ки пеш аз шумо буданд (ва роҳи нифоқ паймуданд, балки) онҳо аз шумо нерўмандтар ва амволу фарзандонашон бештар буд. Онҳо аз баҳраи худ (аз неъматҳои илоҳӣ дар роҳи гуноҳу ҳавас) истифода карданд, шумо низ аз баҳраи худ (дар ин роҳ) истифода кардед, ҳамон гуна, ки онҳо истифода карданд. Шумо (дар куфру нифоқ ва истеҳзои мўъминон) фурў рафтед, ҳамон гуна, ки онҳо фурў рафтанд, (вале саранҷом) аъмолашон дар дунё ва охират нобуд шуд ва онҳо ҳамон зиёнкоронанд.

70  Оё хабари касоне, ки пеш аз онҳо буданд, ба онон нарасидааст?! «Қавми Нўҳ» ва «Од» ва «Самуд» ва «қавми Иброҳим» ва «асҳоби Мадян» (қавми Шуайб) ва «шаҳрҳои зеру рў шуда» (қавми Лут), пайғамбаронашон далелҳои равшан барои онон оварданд, (вале напазируфтанд). Худованд ба онҳо ситам накард, аммо худашон бар худ ситам мекарданд.

71  Мардону занони боимон, валӣ (ва ёру ёвари) якдигаранд, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунанд, намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд ва Худо ва Расулашро итоат мекунанд. Ба зудӣ Худо ононро мавриди раҳмати худ қарор медиҳад, Худованд Тавоно ва Ҳаким аст.

72  Худованд ба мардону занони боимон, боғҳое аз биҳишт ваъда додааст, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд ва масканҳои покиза дар биҳиштҳои ҷовидон, (насиби онҳо сохта) ва (хушнудӣ ва) ризои Худо (аз ҳами инҳо) бартар аст ва пирўзии бузург ҳамин аст.

73  Эй Пайғамбар! Бо кофирону мунофиқон ҷиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир! Ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чӣ сарнавишти баде аст!

74  Ба Худо савганд мехўранд, ки (дар ғиёби Пайғамбар суханони нодуруст) нагуфтаанд, дар ҳоле, ки ҳатман суханони куфромез гуфтаанд ва пас аз ислом оварданашон, кофир шудаанд ва қасд (ба кори хатарноке) карданд, ки ба он нарасиданд, онҳо фақат аз ин интиқом мегиранд, ки Худованд ва Расулаш ононро ба фазл (ва карами) худ бе ниёз сохтанд. (Бо ин ҳол), агар тавба кунанд, барои онҳо беҳтар аст ва агар рўй гардонанд, Худованд онҳоро дар дунёву охират ба муҷозоти дардноке кайфар хоҳад дод ва дар саросари замин, на валӣ ва ҳимояткунандае доранд ва на ёваре.

75  Баъзе аз онҳо бо Худо паймон баста буданд, ки: «Агар Худованд моро аз фазли худ рўзӣ диҳад, ҳатман садақа хоҳем дод ва аз солеҳон (ва шокирон) хоҳем буд».

76  Аммо ҳангоме, ки Худо аз фазли худ ба онҳо бахшид, бухл варзиданд ва сарпечӣ карданд ва рўй гардонданд.

77  Ин амал (рўҳи) нифоқро то рўзе, ки Худоро мулоқот кунанд, дар дилҳояшон барқарор сохт. Ин ба хотири он аст, ки аз паймони илоҳӣ тахаллуф намуданд ва ба хотири он аст, ки дурўғ мегуфтанд.

78  Оё намедонистанд, ки Худованд асрор ва суханони пинҳонии онҳоро медонад. Ва Худованд донои ҳамаи ғайбҳо (ва умури пинҳонӣ) аст?!

79  Онҳое, ки аз мўъминони итоаткор, дар садақоташон айбҷўӣ мекунанд ва касонеро, ки (барои бахшиш дар роҳи Худо), ҷуз ба миқдори (ночизи) тавоноии худ дастрасӣ надоранд, масхара менамоянд, Худо онҳоро масхара менамояд (ва кайфари масхаракунандагонро ба онҳо медиҳад). Ва барои онҳо азоби дардноке аст!

80  Чӣ барои онҳо истиғфор кунӣ ва чӣ накунӣ, (ҳатто) агар ҳафтод бор барои онҳо истиғфор кунӣ, ҳаргиз Худо онҳоро намеомурзад, зеро Худо ва Пайғамбарашро инкор карданд ва Худованд ҷамъияти фосиқонро ҳидоят намекунад.

81  Тахаллуфҷўён (аз ҷанги Табук), аз мухолифат бо Расули Худо хушҳол шуданд ва кароҳат доштанд, ки бо амволу ҷонҳои худ, дар роҳи Худо ҷиҳод кунанд ва (ба якдигар ва ба мўъминон) гуфтанд: «Дар ин гармӣ (ба сўи майдон) ҳаракат накунед». (Ба онон) бигў: «Оташи дўзах аз ин ҳам гармтар аст!», агар медонистанд.

82  Аз ин рў онҳо бояд камтар биханданд ва бисён гиря кунанд, (зеро оташи ҷаҳаннам дар интизорашон аст). Ин, ҷазои корҳое аст, ки анҷом медоданд.

83  Ҳар гоҳ Худованд туро ба сўи гурўҳе аз онон боз гардонад ва аз ту иҷозати хориҷ шудан (ба сўи майдони ҷиҳод) бихоҳанд, бигў: «Ҳеҷ гоҳ бо ман хориҷ нахоҳед шуд ва ҳаргиз ҳамроҳи ман бо душмане нахоҳид ҷангид. Шумо нахустин бор ба канорагирӣ розӣ шудед, акнун низ бо мутахаллифон бимонед».

84  Ҳаргиз бар мурдаи ҳеҷ як аз онон, намоз нахон. Ва бар канори қабраш, (барои дуо ва талаби омурзиш) наист. Чаро, ки онҳо ба Худо ва Расулаш кофир шуданд ва дар ҳоле, ки фосиқ буданд, аз дунё рафтанд.

85  Мабодо амвол ва фарзандонашон, сабаби ҳайрати ту гардад! (Ин барои онҳо неъмат нест, балки) Худо мехоҳад онҳоро ба ин васила, дар дунё азоб кунад ва ҷонашон барояд, дар ҳоле, ки кофиранд.

86  Ва ҳангоме, ки сурае нозил шавад (ва ба онон дастур диҳад), ки: «Ба Худо имон биёваред ва ҳамроҳи Пайғамбараш ҷиҳод кунед», ашхосе аз онҳо (гурўҳи мунофиқ), ки тавоноӣ доранд, аз ту иҷозат мехоҳанд ва мегўянд: «Бигузор мо бо қоидин (онҳо, ки аз ҷиҳод маофанд), бошем».

87  (Оре), онҳо розӣ шуданд, ки бо мутахаллифон бошанд ва бар дилҳояшон мўҳр ниҳода шудааст, аз ин рў (чизе) намефаҳманд.

88  Вале Пайғамбар ва касоне, ки бо ў имон оварданд, бо амволу ҷонҳояшон ҷиҳод карданд ва ҳамаи некиҳо барои онҳост ва онҳо ҳамон растагоронанд.

89  Худованд барои онҳо боғҳое аз биҳишт фароҳам сохтааст, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд буд ва ин растагорӣ (ва пирўзии) бузург аст.

90  Ва узроварандагони аз аъроб, (назди ту) омаданд, ки ба онҳо иҷозат (-и ширкат накардан дар ҷиҳод) дода шавад. Ва онҳо, ки ба Худо ва Пайғамбараш дурўғ гуфтанд, (бе ҳеҷ узре дар хонаи худ) нишастанд, ба зудӣ ба касоне аз онҳо, ки мухолифат карданд (ва маъзур набуданд), азоби дардноке хоҳад расид!

91  Бар заифону беморон ва онҳо, ки василае барои бахшиш (дар роҳи ҷиҳод) надоранд, эроде нест, (ки дар майдони ҷанг ширкат наҷўянд), ҳар гоҳ барои Худо ва Расулаш хайрхоҳӣ кунанд (ва аз он чӣ дар тавон доранд, музоиқа нанамоянд). Бар некўкорон, роҳ муохиза нест. Ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

92  Ва (низ) эроде нест бар онҳо, ки вақте назди ту омаданд, ки ононро бар маркабе (барои ҷиҳод) савор кунӣ, гуфтӣ: «Маркабе, ки шуморо бар он савор кунам, надорам». (Аз назди ту) бозгаштанд, дар ҳоле, ки чашмашон аз андўҳ ашкбор буд, зеро чизе надоштанд, ки дар роҳи Худо бахшиш кунанд (ва бо он ба майдон бираванд).

93  Роҳи муохиза, танҳо ба рўи касоне боз аст, ки аз ту иҷозат мехоҳанд, дар ҳоле, ки тавонгаранд (ва имконоти кифояткунанда барои ҷиҳод доранд). Онҳо розӣ шуданд, ки бо мутахаллифон (занону кўдакону беморон), бимонанд. Ва Худованд бар дилҳояшон мўҳр ниҳодааст, ба ҳамин ҷиҳат чизе намедонанд.

94  Ҳаногоме, ки ба сўи онҳо, (ки аз ҷиҳод тахаллуф карданд), боз гардед, аз шумо узрхоҳӣ мекунанд, бигў: «Узрхоҳӣ накунед, мо ҳаргиз (сухани) шуморо бовар нахоҳем кард! Чаро, ки Худо моро аз ахборатон огоҳ кардааст. Ва Худо ва Расулаш аъмоли шуморо мебинанд, сипас ба сўи касе, ки донои пиенҳону ошкор аст, бозгардонда мешавед ва Ў шуморо ба он чӣ анҷом медодед, огоҳ мекунад (ва ҷазо медиҳад)».

95  Ҳангоме, ки ба сўи онон бозгардед, барои шумо ба Худо савганд ёд мекунанд, то аз онҳо сарфиназар кунед. Аз онҳо рўй гардонед, чаро, ки онон палиданд ва ҷойгоҳашон дўзах аст, ба кайфари аъмоле, ки анҷом медоданд.

96  Барои шумо қасам ёд мекунанд, то аз онҳо розӣ шавед, агар шумо аз онҳо розӣ шавед, Худованд (ҳаргиз) аз ҷамъияти фосиқон розӣ нахоҳад шуд.

97  Куфру нифоқи бодиянишинони араб, шадидтар аст ва ба ноогоҳӣ аз ҳудуд ва аҳкоме, ки Худо бар Пайғамбараш нозил кардааст, сазовортаранд. Ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

98  Гурўҳе аз (ин) арабҳои бодиянишин, чизеро, ки (дар роҳи Худо) бахшиш мекунанд, ғаромат ҳисоб мекунанд. Ва интизори ҳодисаҳои дардноке барои шумо мекашанд. Ҳодисаҳои дарднок барои худи онҳост. Ва Худованд Шунаво ва Доност.

99  Гурўҳе (дигар) аз арабҳои бодиянишин, ба Худо ва рўзи растохез имон доранд ва он чиро бахшиш мекунанд, сабаби тақарруб ба Худо ва дуои Пайғамбар медонанд, огоҳ бошед, инҳо сабаби тақарруби онҳост. Худованд ба зудӣ ононро дар раҳмати худ дохил хоҳад намуд. Ба яқин, Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

100  Пешгомони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онҳо пайравӣ карданд, Худованд аз онҳо хушнуд гашт ва онҳо (низ) аз Ў хушнуд шуданд. Ва боғҳое аз биҳишт барои онон фароҳам сохтааст, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ва ин аст пирўзии бузург!

101  Ва аз (миёни) арабҳои бодиянишин, ки атрофи шумо ҳастанд, гурўҳе мунофиқанд ва аз аҳли Мадина (низ), гурўҳе сахт ба нифоқ пойбанд ҳастанд. Ту онҳоро намешиносӣ, вале мо онҳоро мешиносем. Ба зудӣ онҳоро ду бор муҷозот мекунем: (муҷозоте бо расвоӣ дар дунё ва муҷозоте дар ҳангоми марг). Сипас ба сўи муҷозоти бузурге (дар қиёмат) фиристода мешаванд.

102  Ва гурўҳе дигар, ба гуноҳони худ эътироф карданд ва кори хуб ва бадро ба ҳам омехтанд, умед меравад, ки Худованд тавбаи онҳоро бипазирад, ба яқин, Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

103  Аз амволи онҳо садақае (ба унвони закот) бигир, то ба василаи он онҳоро пок созӣ ва парвариш диҳӣ. Ва (дар ҳангоми гирифтани закот), ба онҳо дуо кун, ки дуои ту сабаби оромиши онҳост. Ва Худованд Шунаво ва Доност.

104  Оё намедонистанд, ки фақат Худованд тавбаро аз бандагонаш мепазирад ва садақотро мегирад. Ва Худованд Тавбапазир ва Меҳрубон аст?!

105  Бигў: «Амал кунед! Худованд ва фиристодаи Ў ва мўънион амволи шуморо мебинанд! Ва ба зудӣ ба сўи донои ниҳону ошкор, бозгардонида мешавед. Ва шуморо ба он чӣ амал мекардед, хабар медиҳад!».

106  Ва гурўҳе дигар, ба фармони Худо вогузор шудаанд (ва корашон бо Худост), ё онҳоро муҷозот мекунад ва ё тавбаи ононро мепазирад, (ҳар гуна, ки шоиста бошанд). Ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

107  (Гурўҳе дигар аз онҳо), касоне ҳастанд, ки масҷиде сохтанд, барои зиён расондан (ба мусулмонон) ва (қувватбахшӣ ба) куфр ва тафриқаафканӣ миёни мўъминон ва камингоҳ барои касе, ки аз пеш бо Худо ва Паёмбараш мубориза карда буд. Онҳо савганд ёд мекунанд, ки: «Ҷуз некӣ (ва хидмат) назаре надоштаем». Аммо Худованд гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо дурўғгў ҳастанд.

108  Ҳаргиз дар он (масҷид ба ибодат) наист! Он масҷиде, ки аз рўзи нахуст, бар пояи тақво бино шудааст, шоистатар аст, ки дар он (ба ибодат) биистӣ. Дар он мардоне ҳастанд, ки дўст медоранд покиза бошанд. Ва Худованд покизагонро дўст дорад.

109  Оё касе, ки шолудаи онро бар тақвои илоҳӣ ва хушнудии Ў бино кардааст, беҳтар аст ё касе, ки асоси онро бар канори партгоҳи сусте бино намудааст, ки ногаҳон дар оташи дўзах фурў мерезад?! Ва Худованд гурўҳи ситамгаронро ҳидоят намекунад.

110  (Аммо) ин биноеро, ки онҳо сохтанд, ҳамвора ба сурати як василаи шакку тардид, дар дилҳояшон боқӣ мемонад, магар ин ки дилҳояшон пора-пора шавад (ва бимиранд. Вагарна ҳаргиз аз дили онҳо берун намеравад). Ва Худованд Доно ва Ҳакми аст.

111  Худованд аз мўъминон, ҷонҳо ва амволашонро харидорӣ карда, ки (дар баробараш) биҳишт барои онон бошад, (ба ин гуна, ки:) дар роҳи Худо пайкор мекунанд, мекушанд ва кушта мешаванд, ин ваъдаи ҳаққе аст бар Ў, ки дар Таврот ва Инҷил ва Қуръон зикр намудааст. Ва чӣ касе аз Худо ба аҳдаш вафодортар аст?! Акнун башорат бод бар шумо, ба доду ситаде, ки бо Худо кардаед. Ва ин аст он пирўзии бузург!

112  Тавбакунандагон, ибодаткорон, сипосгўён, саёҳаткунандагон, рукўъкунандагон, саҷдаоварон, амркунандагони ба маъруф, наҳйкунандагони аз мункар ва ҳофизони ҳудуд (ва марзҳои) илоҳӣ, (мўъминони ҳақиқианд). Ва башорат деҳ ба (ин чунин) мўъминон!

113  Барои Пайғамбар ва мўъминон, шоиста набуд, ки барои мушрикон (аз Худованд) талаби омурзиш кунанд, ҳар чанд аз наздиконашон бошанд, (он ҳам) пас аз он ки бар онҳо равшан шуд, ки ин гурўҳ, аҳли дўзаханд.

114  Ва истиғфори Иброҳим барои падараш (амакаш Озар) фақат ба хотири ваъдае буд, ки ба ў дода буд, (то вайро ба сўи имон ҷазб кунад), аммо ҳангоме, ки барои ў равшан шуд, ки вай душмани Худост, аз ў безорӣ ҷуст. Ба яқин, Иброҳим меҳрубон ва бурдбор буд.

115  Чунон нест, ки Худованд қавмеро пас аз он ки онҳоро ҳидоят кард (ва имон оварданд), гумроҳ (ва муҷозот) кунад, магар он ки корҳоеро, ки бояд аз он бипарҳезанд, барои онон баён намояд (ва онҳо мухолифат кунанд), зеро Худованд ба ҳар чизе Доност.

116  Ҳукумати осмонҳо ва замин танҳо аз они Худост. Зинда мекунад ва мемиронад ва ҷуз Худо валӣ ва ёваре надоред.

117  Ҳатман Худованд раҳмати худро шомили ҳоли Пайғамбар ва муҳоҷирону ансор, ки дар замони сахтӣ ва шиддат (дар ҷанги Табук), аз ў пайравӣ карданд, намуд, баъд аз он ки наздик буд дилҳои гурўҳе аз онҳо аз ҳақ мунҳариф шавад (ва аз майдони ҷанг бозгарданд). Сипас Худо тавбаи онҳоро пазируфт, ки ў нисбат ба онон Меҳрубон ва Раҳим аст.

118  Ва (ҳамчунин) он се нафар, ки (аз ширкат дар ҷанги Табук) тахаллуф карданд (ва мусулмонон бо онон қатъи робита намуданд), то он ҳад, ки замин бо ҳамаи вусъаташ бар онҳо танг шуд, (ҳатто) дар вуҷуди худ ҷое барои худ намеёфтанд. (Дар он ҳангом) донистанд, паноҳгоҳе аз Худо ҷуз ба сўи Ў нест. Сипас Худо раҳматашро шомили ҳоли онҳо намуд (ва ба онон тавфиқ дод), то тавба кунан. Худованд бисёр Тавбапазири Меҳрубон аст.

119  Эй касоне, ки имон овардаед! Аз (мухолифати фармони) Худо бипарҳезед ва бо ростгўён бошед.

120  Сазовор нест, ки аҳли Мадина ва бодиянишиноне, ки атрофи онҳо ҳастанд, аз Расули Худо тахаллуф ҷўянд ва барои ҳифзи ҷони худ аз ҷони ў чашм бипўшанд. Ин ба хотири он аст, ки ҳеҷ ташнагӣ, хастагӣ ва гуруснагӣ дар роҳи Худо ба онҳо намерасад ва ҳеҷ гоме, ки сабаби хашми кофирон мешавад, барнамедоранд ва зарбае аз душман намехўранд, магар ин ки ба хотири он, амали солиҳе барои онҳо навишта мешавад, зеро Худованд подоши некўкоронро табоҳ намекунад.

121  Ва ҳеҷ моли кўчак ё бузургеро (дар ин роҳ) намебахшанд ва ҳеҷ сарзаминеро (ба сўи майдони ҷиҳод ва ё дар бозгашт), намепаймоянд, магар ин ки барои онҳо навишта мешавад, то Худованд онро ба унвони беҳтарин аъмолашон подош диҳад.

122  Шоиста нест мўъминон ҳамагӣ (ба сўи майдони ҷиҳод) кўч кунанд, зеро аз ҳар гурўҳе аз онон, тоифае кўч намекунад (ва тоифае дар Мадина бимонад), то дар дин (ва маориф ва аҳкоми Ислом) огоҳӣ ёбанд ва дар ҳангоми бозгашт ба сўи қавми худ онҳоро бим диҳанд?! Шояд (аз мухолифати фармони Парвардигор) битарсанд ва худдорӣ кунанд!

123  Эй касоне, ки имон овардаед! Бо кофироне, ки ба шумо наздиктаранд, пайкор кунед (ва душмани дуртар, шуморо аз душманони наздиктар ғофил накунад). Онҳо бояд дар шумо шиддату хушунат (ва қудрат) эҳсос кунанд. Ва бидонед Худованд бо парҳезгорон аст.

124  Ва ҳангоме, ки сурае нозил мешавад, баъзе аз онон (ба дигарон) мегўянд: «Ин сура, имони кадом як аз шуморо афзун сохт?!». (Ба онҳо бигў:) Аммо касоне, ки имон овардаанд, бар имонашон афзуда ва онҳо (ба фазлу раҳмати илоҳӣ), хушҳоланд.

125  Ва аммо онҳо, ки дар дилҳояшон беморӣ аст, палидӣ бар палидияшон афзуда ва аз дунё рафтанд, дар ҳоле, ки кофир буданд.

126  Оё онҳо намебинанд, ки дар ҳар сол як ё ду бор имтиҳон мешаванд?! Боз тавба намекунанд ва мутазаккир ҳам намегарданд.

127  Ва ҳангоме, ки сурае нозил мешавад, баъзе аз он (мунофиқон) ба якдигар нигоҳ мекунанд ва мегўянд: «Оё касе шуморо мебинад? (Агар аз ҳузури Пайғамбар берун равем, касе мутаваҷҷеҳи мо намешавад?)», сипас мунсариф мешаванд (ва берун мераванд). Худовнад дилҳояшонро (аз ҳақ) мунсариф сохтааст, чаро, ки онҳо гурўҳе ҳастанд, ки намефаҳманд (ва бедонишанд).

128  Ба яқин, Расуле аз худи шумо ба сўятон омад, ки ранҷҳои шумо бар ў сахт аст ва исрор бар ҳидояти шумо дорад. Ва нисбат ба мўъминон рауф ва меҳрубон аст.

129  Агар онҳо (аз ҳақ) рўй бигардонанд, (нигарон мабош!). Бигў: «Худованд маро кифоят мекунад, ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест, бар Ў таваккул кардам ва ў соҳиби арши бузург аст».

Back