Back Next

73  Касоне, ки кофир шуданд, авлиё (ва ёварону мудофеони) якдигаранд. Агар (ин дастурро) анҷом надиҳед, фитнаву фасоди бузурге дар азмин рўй медиҳад.

74  Ва онҳо, ки имон оварданд ва ҳиҷрат намуданд ва дар роҳи Худо ҷиҳод карданд ва онҳо, ки паноҳ доданд ва ёрӣ намуданд, онон мўъминони ҳақиқианд. Барои онҳо омурзиш (ва раҳмати Худо) ва рўзии шоиста аст.

75  Ва касоне, ки баъдан имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо шумо ҷиҳод намуданд, аз шумо ҳастанд. Ва хешовандон нисбат ба якдигар, дар аҳкоме, ки Худо муқаррар доштааст, (аз дигарон) сазовортаранд. Худованд ба ҳамаи чиз доност.

Сураи Тавба

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва дорои 129 оят аст.

1 (Ин, эъломи) безорӣ аз сўи Худо ва Пайғамбари Ў ба касоне аз мушрикон аст, ки бо онҳо аҳд бастаед!

2 Бо ин ҳол чаҳор моҳ (мўҳлат доред, ки озодона) дар замин сайр кунед (ва ҳар ҷо мехоҳед биравед ва бияндешед). Ва бидонед шумо наметавонед Худоро нотавон созед (ва аз қудрати Ў гурезед. Ва бидонед) Худованд хоркунандаи кофирон аст.

3 Ва ин, эъломе аст аз ноҳияи Худо ва Пайғамбараш ба (умуми) мардум, дар рўзи Ҳаҷҷи Акбар (рўзи иди Қурбон), ки: Худованд ва Пайғамбараш аз мушрикон безоранд! Бо ин ҳол агар тавба кунед, барои шумо беҳтар аст ва агар сарпечӣ намоед, бидонед, шумо наметавонед Худоро нотавон созед (ва аз қаламрави қудраташ хориҷ шавед). Ва кофиронро ба муҷозоти дарднок башорат деҳ!

4 Магар касоне аз мушрикон, ки бо онҳо аҳд бастед ва чизе аз онро дар ҳаққи шумо фурўгузор накарданд ва аҳадеро бар зидди шумо тақвият нанамуданд, паймони онҳоро то поёни муддаташон мўҳтарам шуморед, зеро Худованд парҳезгоронро дўст дорад.

5 (Аммо) вақте моҳҳои ҳаром поён гирифт, мушриконро ҳар ҷо ёфтед, ба қатл бирасонед ва онҳоро асир созед ва муҳосира кунед. Ва дар ҳар камингоҳ, бар сари роҳи онҳо бинишинед. Ҳар гоҳ тавба кунанд ва намозро барпо доранд ва закотро бипардозанд, онҳоро раҳо созед, зеро Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

6 Ва агар яке аз мушрикон аз ту паноҳандагӣ бихоҳад, ба ў паноҳ деҳ, то сухани Худоро бишунавад (ва дар он бияндешад). Сипас ўро ба маҳалли амнаш бирасон, чаро, ки онҳо гурўҳи ноогоҳеанд.

7 Чӣ гуна барои мушрикон паймоне назди Худо ва Расули Ў хоҳад буд, (дар ҳоле, ки онҳо ҳамвора омодаи шикастани паймонашон ҳастанд?!). Магар касоне, ки назди Масҷид-ул-ҳаром бо онон паймон бастед (ва паймони худро мўҳтарам шумурданд), то замоне, ки дар баробари шумо вафодор бошанд, шумо низ вафодорӣ кунед, ки Худованд парҳезгоронро дўст дорад.

8 Чӣ гуна (паймони мушрикон арзиш дорад), дар ҳоле, ки агар бар шумо ғолиб шаванд, на мулоҳизаи хешовандӣ бо шуморо мекунанд ва на паймонро?! Шуморо бо забони худ хушнуд мекунанд, вале дилҳояшон ибо дорад. Ва бештари онҳо фармонбардор нестанд.

9 Онҳо оятҳои Худоро ба баҳои каме фурўхтанд ва (мардумро) аз роҳи Ў боздоштанд, онҳо аъмоли баде анҷом медоданд!

10  (На танҳо дар бораи шумо), дар бораи ҳеҷ шахси боимоне риояти хешовандӣ ва паймонро намекунанд ва онҳо ҳамон таҷовузкоронанд.

11  (Вале) агар тавба кунанд, намозро барпо доранд ва закотро бипардозанд, бародари динии шумо ҳастанд. Ва мо оятҳои худро барои гурўҳе, ки медонанд (ва меандешанд), шарҳ медиҳем.

12  Ва агар паймонҳои худро пас аз аҳди худ бишкананд ва оини шуморо мавриди таъна қарор диҳанд, бо пешвоёни куфр пайкор кунед, зеро онҳо паймоне надоранд, шояд (бо шиддати амал) даст бардоранд.

13  Оё бо гурўҳе, ки паймонҳои худро шикастанд ва қасд ба берун кардани Пайғамбар гирифтанд, пайкор намекунед?! Дар ҳоле, ки онҳо нахустин бор (пайкор бо шуморо) оғоз карданд, оё аз онҳо метарсед?! Бо ин ки Худованд сазовортар аст, ки аз Ў битарсед, агар мўъмин ҳастед.

14  Бо онҳо пайкор кунед, ки Худованд ононро ба дасти шумо муҷозот мекунад ва ононро расво месозад ва синаи гурўҳе аз мўминонро шифо мебахшад (ва бар қалби онҳо марҳам мениҳад).

15  Ва хашми дилҳои ононро аз миён мебарад. Ва Худо тавбаи ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад), мепазирад ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

16  Оё гумон кардед, ки (ба ҳоли худ) раҳо мешавед, дар ҳоле, ки Худованд ҳарўз касонеро, ки аз шумо ҷиҳод карданд ва ғайр аз Худо ва Расулаш ва мўъминонро маҳрами асрори худ интихоб нанамуданд, (аз дигарон) мушаххас насохтааст?! (Бояд имтиҳон шавед ва сафҳо аз ҳам ҷудо гардад). Ва Худованд ба он чӣ амал мекунед, огоҳ аст.

17  Мушрикон ҳақ надоранд масҷидҳои Худоро обод кунанд, дар ҳоле, ки ба куфри худ гувоҳӣ медиҳанд! Онҳо аъмолашон нобуд (ва беарзиш) шуда ва дар оташ (-и дўзах) ҷовидона хоҳанд монд.

18  Масоҷиди Худоро танҳо касе обод мекунад, ки имон ба Худо ва рўзи қиёмат оварда ва намозро барпо дорад ва закотро бипардозад ва ҷуз аз Худо натарсад, умед аст чунин гурўҳе аз ҳидятёфтагон бошанд.

19  Оё сероб кардани ҳоҷиҳо ва обод сохтани Масҷид-ул-ҳаромро монанди (амали) касе қарор додед, ки ба Худо ва рўзи қиёмат имон оварда ва дар роҳи Ў ҷиҳод кардааст?! (Ин ду) назди Худо баробар нестанд. Ва Худованд гурўҳи золимонро ҳидоят намекунад.

20  Онҳо, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо амволу ҷонҳояшон дар роҳи Худо ҷиҳод намуданд, мақомашон назди Худо бартар аст ва онҳо пирўз ва растагоранд.

21  Парвардигорашон онҳоро ба раҳмате аз ноҳияи худ ва ризояти (худ) ва боғҳое аз биҳишт башорат медиҳад, ки дар он неъматҳои ҷовидона доранд.

22  Ҳамвора ва то абад дар ин боғҳо (ва дар миёни ин неъматҳо) хоҳанд буд, зеро подоши бузург назди Худованд аст.

23  Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳар гоҳ падарону бародарони шумо куфрро бар имон тарҷеҳ диҳанд, онҳоро валӣ (ва ёру ёвару такягоҳи) худ қарор надиҳед. Ва касоне аз шумо, ки ононро сарпарасти худ қарор диҳанд, ситамгаранд.

24  Бигў: «Агар падарон ва фарзандон ва бародарон ва ҳамсарон ва тоифаи шумо ва амволе, ки ба даст овардаед ва тиҷорате, ки аз касод шуданаш метарсед ва хонаҳое, ки ба он алоқа доред, дар назаратон аз Худованд ва Пайғамбараш ва ҷиҳоди дар роҳаш маҳбубтар аст, дар интизори ин бошед, ки Худованд, азобашро бар шумо нозил кунад! Ва Худованд ҷамъияти фосиқонро ҳидоят намекунад.

25  Худованд шуморо дар ҷоҳои зиёде ёрӣ кард (ва бар душман пирўз шудед). Ва дар рўзи Ҳунайн (низ ёрӣ намуд), дар он ҳангом, ки фузунии ҷамъиятатон, шуморо мағрур сохт, вале (ин фузунии ҷамъият) ҳеҷ ба дардатон нахўрд ва замин бо ҳамаи вусъаташ бар шумо танг шуд, сипас пушт (ба душман) карда гурехтед.

26  Сипас Худованд сакина (ва оромиши) худро бар Пайғамбараш ва бар мўъминон нозил кард ва лашкарҳое фиристод, ки шумо намедидед. Ва кофиронро муҷозот кард ва ин аст ҷазои кофирон!

27  Сипас Худованд – баъд аз он – тавбаи ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад), мепазирад. Ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

28  Эй касоне, ки имон овардаед! Мушрикон нопоканд, пас набояд баъд аз имсол, наздики Масӣид-ул-ҳамром шаванд! Ва агар аз фақр метарсед, Худованд ҳар гоҳ бихоҳад, шуморо ба карамаш бениёз месозад (ва аз роҳи дигар ҷуброн мекунад). Худованд Доно ва Ҳаким аст.

29  Бо касоне аз аҳли китоб, ки на ба Худо ва на ба рўзи ҷазо имон доранд ва на он чиро Худо ва Расулаш ҳаром кардааст, ҳаром мешуморанд ва на оини ҳақро мепазиранд, пайкор кунед, то замоне, ки бо хузўу таслим, ҷизяро ба дасти худ бипардозанд.

30  Яҳуд гуфтанд: «Узайр писари Худост». Ва насоро гуфтанд: «Масеҳ писари Худост». Ин сухане аст, ки бо забони худ мегўянд, ки монанди гуфтори кофирони пешин аст, Худо ононро бикушад, чӣ гуна аз ҳақ инҳироф меёбанд?!

31  (Онҳо) донишмандон ва роҳибони худро маъбудҳое дар баробари Худо қарор доданд ва (ҳамчунин) Масеҳ фарзанди Марямро, дар ҳоле, ки дастур надоштанд, ҷуз Худованди Яктоеро, ки маъбуде ҷуз Ў нест, бипарастанд. Ў поку муназзаҳ аст аз он чӣ ҳамтояш қарор медиҳанд!

32  Онҳо мехоҳанд нури Худоро бо даҳони худ хомўш кунанд, вале Худо ҷуз ин намехоҳад, ки нури худро комил кунад, ҳар чанд кофирон нохушнуд бошанд.

33  Ў касе аст, ки Расулашро бо ҳидоят ва оини ҳақ фиристод, то онро бар ҳамаи оинҳо ғолиб гардонад, ҳар чанд мушрикон кароҳат дошта бошанд.

34  Эй касоне, ки имон овардаед! Бисёре аз донишмандони (аҳли китоб) ва роҳибон, амволи мардумро ба ботил мехўранд ва (ононро) аз роҳи Худо боз медоранд. Ва касоне, ки тиллову нуқраро ганҷина (ва захираву пинҳон) месозанд ва дар роҳи Худо бахшиш намекунанд, ба муҷозоти дардноке башорат деҳ!

35  Дар он рўз, ки онро дар оташи ҷаҳаннам, гарму сўзон карда ва бо он чеҳраҳо ва паҳлўҳо ва пуштҳояшонро доғ мекунанд (ва ба онҳо мегўянд): Ин ҳамон чизе аст, ки барои худ андўхтед (ва ганҷина сохтед!). Пас бичашед чизеро, ки барои худ меандўхтед!

36  Адади моҳҳо назди Худованд дар китоби илоҳӣ, аз он рўз, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, дувоздаҳ моҳ аст, ки чаҳор моҳ аз он, моҳи ҳаром аст, (ва ҷанг дар он манъ мебошад). Ин оини собит ва побарҷо (-и илоҳӣ) аст. Бинобар ин дар ин моҳҳо ба худ ситам накунед (ва аз ҳар гуна хунрезӣ бипарҳезед). Ва (дар ҳангоми набард) бо мушрикон, дастаҷамъӣ пайкор кунед, ҳамон гуна, ки онҳо дастаҷамъӣ бо шумо пайкор мекунанд. Ва бидонед, Худованд бо парҳезгорон аст.

37  Насиъ, (ҷо ба ҷо кардан ва таъхир андохтани моҳҳои ҳаром), афзоише дар куфр (-и мушрикон) аст, ки бо он, кофирон гумроҳ мешаванд. Як сол, онро ҳалол ва соли дигар онро ҳаром мекунанд, то ба миқдори моҳҳое, ки Худованд ҳаром кардааст, бирасад (ва адади чаҳор моҳ ба пиндорашон комил гардад). Ва ба ин тартиб он чиро Худо ҳаром кардааст, ҳалол бишуморанд. Аъмоли зишташон дар назарашон зебо ҷилва дода шудааст. Ва Худованд ҷамъияти кофиронро ҳидоят намекунад.

38  Эй касоне, ки имон овардаед! Чаро ҳангоме, ки ба шумо гуфта мешавад: «Ба сўи ҷиҳод, дар роҳи Худо ҳаракат кунед». Бар замин сангинӣ мекунед (ва сустӣ ба харҷ медиҳед?!). Оё ба зиндагии дунё ба ҷои охират розӣ шудаед?! Бо ин ки матои зиндагии дунё, дар баробари охират, ҷуз андаке нест.

39  Агар (ба сўи майдони ҷиҳод) ҳаракат накунед, шуморо муҷозоти дардноке мекунад ва гурўҳи дигаре ғайр аз шуморо ба ҷои шумо қарор медиҳад. Ва ҳеҷ зиёне ба Ў намерасонед ва Худованд бар ҳар чизе тавоност.

40  Агар ўро ёрӣ накунед, Худованд ўро ёрӣ кард, (ва дар мушкилтарин соатҳо, ўро танҳо нагузошт). Он ҳангом, ки кофирон ўро (аз Макка) берун карданд, дар ҳоле, ки дуввумин нафар буд (ва як нафар бештар ҳамроҳ надошт). Дар он ҳангом, ки он ду дар ғор буданд ва ў ба ҳамроҳи худ мегуфт: «Ғам махўр, Худо бо мост». Дар ин ҳангом, Худованд сакина (ва оромиши) худро бар ў фиристод ва бо лашкарҳое, ки мушоҳида намекардед, ўро қувват бахшид ва гуфтори (ва мақсади) кофиронро поин қарор дод (ва онҳоро бо шикаст рў ба рў кард). Ва сухани Худо (ва оини Ў) боло (ва пирўз) аст. Ва Худованд Азиз ва Ҳаким аст.

41  (Ҳамагӣ ба сўи майдони ҷиҳод) ҳаракат кунед, сабукбор бошед ё сангинбор ва бо амвол ва ҷонҳои худ дар роҳи Худо ҷиҳод намоед, ин барои шумо беҳтар аст, агар бидонед.

42  (Аммо гурўҳе аз онҳо, чунонанд, ки) агар ғаниматҳое наздик (ва дар дастарс) ва сафаре осон бошад, (ба тамаи дунё) аз ту пайравӣ мекунанд, вале (акнун, ки барои майдони Табук), роҳ бар онҳо дур (ва пурмашаққат) аст, (саркашӣ мекунанд). Ва ба зудӣ ба Худо савганд ёд мекунанд, ки: «Агар тавоноӣ доштем, ҳамроҳи шумо ҳаракат мекардем!». (Онҳо бо ин аъмол ва ин дурўғҳо, дар ҳақиқат) худро ҳалок мекунанд. Ва Худованд медонад онҳо дурўғгў ҳастанд.

43  Худованд туро бахшид, чаро пеш аз он ки ростгўён ва дурўғгўёнро бишиносӣ, ба онҳо иҷозат додӣ?! (Хуб буд сабр мекардӣ, то ҳар ду гурўҳ худро нишон диҳанд).

44  Онҳо, ки ба Худо ва рўзи ҷазо имон доранд, ҳеҷ гоҳ барои тарки ҷиҳод (дар роҳи Худо) бо амволу ҷонҳояшон, аз ту иҷозат намегиранд. Ва Худованд парҳезгоронро мешиносад.

45  Танҳо касоне аз ту иҷозат (-и ин корро) мегиранд, ки ба Худо ва рўзи ҷазо имон надоранд ва дилҳояшон бо шакку тардид омехтааст. Онҳо дар шакки худ саргардонанд.

46  Агар онҳо (рост мегуфтанд ва) ирода доштанд, ки (ба сўи майдони ҷиҳод) берун раванд, василае барои он фароҳам месохтанд, вале Худо аз ҳаракати онҳо кароҳат дошт, аз ин рў (тавфиқашро аз онон гирифт ва) онҳоро (аз ҷиҳод) боздошт. Ва ба онон гуфта шуд: «Бо «қоидин» (кўдакону пирону беморон) бинишинед!».

47  Агар онҳо ҳамроҳи шумо (ба сўи майдони ҷиҳод) берун мерафтанд, ҷуз изтиробу тардид, чизе бар шумо намеафзуданд ва бо шитоб дар байни шумо ба фитнаангезӣ (ва эҷоди тафриқаву нифоқ) мепардохтанд. Ва дар миёни шумо ашхоси (сусту заифе) ҳастанд, ки ба суханони онҳо комилан гўш фаро медиҳанд. Ва Худованд золимонро мешиносад.

48  Онҳо пеш аз ин (низ), дар пайи фитнаангезӣ буданд ва корҳоро бар ту дигаргун сохтанд (ва ба ҳам рехтанд), то он ки ҳақ фаро расид ва фармони Худо ошкор гашт (ва пирўз шудед), дар ҳоле, ки онҳо кароҳат доштанд.

49  Баъзе аз онҳо мегўянд: «Ба мо иҷозат деҳ, (то дар ҷиҳод ширкат накунем) ва моро ба гуноҳ наафкан!». Огоҳ бошед, онҳо (ҳамакнун) дар гуноҳ суқут кардаанд ва ҷаҳаннам кофиронро иҳота кардааст.

50  Ҳар гоҳ некӣ ба ту расад, онҳоро нороҳат мекунад ва агар мусибате ба ту расад, мегўянд: «Мо қасди худро аз пеш гирифтем». Ва боз мегарданд, дар ҳоле, ки хушҳоланд.

51  Бигў: «Ҳеҷ ҳодисае барои мо рух намедиҳад, магар он чӣ Худованд барои мо навишта ва муқаррар доштааст. Ў мавло (ва сарпарасти) мост ва мўъминон бояд танҳо бар Худо таваккул кунанд».

52  Бигў: «Оё дар бораи мо, ҷуз яке аз ду некиро интизор доред?! (Ё пирўзӣ ё шаҳодат), вале мо интизор дорем, ки Худованд, азобе аз сўи худаш (дар он ҷаҳон) ба шумо бирасонад ё (дар ин ҷаҳон) ба дасти мо (муҷозот шавед), акнун, ки чунин аст, шумо интизор бикашед, мо ҳам бо шумо интизор мекашем!».

53  Бигў: «Бахшиш кунед, хоҳ аз рўи майл бошад ё икроҳ, ҳаргиз аз шумо пазируфта намешавад, зеро шумо қавми фосиқе будед».

54  Ҳеҷ чиз монеи қабули бахшишҳои онҳо нашуд, ҷуз ин ки онҳо ба Худо ва Пайғамбараш кофир шуданд ва намоз ба ҷо намеоваранд, ҷуз бо танбалӣ ва бахшиш намекунанд, магар бо кароҳат.

55  Ва (фузунии) амволу авлоди онҳо, туро дар ҳайрат фурў набарад, Худо мехоҳад ононро ба василаи он, дар зиндагии дунё азоб кунад ва ҷонашон барояд, дар ҳоле, ки кофиранд.

56  Онҳо ба Худо савганд мехўранд, ки аз шумо ҳастанд, дар ҳоле, ки аз шумо нестанд, вале онҳо гурўҳе ҳастанд, ки метарсанд (ва ба хотири тарс аз фош шудани асрорашон дурўғ мегўянд).

57  Агар паноҳгоҳ ё ғорҳо ё роҳе дар зери замин биёянд, ба сўи он ҳаракат мекунанд ва бо шитоб мегурезанд.

58  Ва дар миёни онҳо касоне ҳастанд, ки дар (тақсими) ғаниматҳо ба ту айб мегиранд, агар аз он (ғаноим, саҳме) ба онҳо дода шавад, розӣ мешаванд ва агар дода нашавад, хашм мегиранд, (хоҳ ҳаққи онҳо бошад ё на).

59  (Дар ҳоле, ки) агар ба он чӣ Худо ва Пайғамбараш ба онон додааст, розӣ бошанд ва бигўянд: «Худованд барои мо кифоят мекунад ва ба зудӣ Худо ва Расулаш аз фазли худ ба мо мебахшанд, мо танҳо ризои Ўро металабем». (Барои онҳо беҳтар аст).

60  Закотҳо махсуси фақирон ва мискинон ва коркуноне аст, ки барои (ҷамъоварии) он, заҳмат мекашанд ва касоне, ки барои ҷалби муҳаббаташон иқдом мешавад ва барои (озодии) бардагон ва (адои қарзи) қарздорон ва дар роҳи (тақвияти оини) Худо ва дар роҳмондагон. Ин як фаризаи (муҳимми) илоҳӣ аст ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

61  Аз онҳ касоне ҳастанд, ки Пайғамбарро озор медиҳанд ва мегўянд: «Ў одами хушбоваре аст!», бигў: «Хушбовар будани ў ба нафъи шумост, (вале бидонед) ў ба Худо имон дорад ва (танҳо) мўъминонро тасдиқ мекунад. Ва раҳмат аст барои касоне аз шумо, ки имон овардаанд». Ва онҳо, ки Расули Худоро озор медиҳанд, азоби дардноке доранд!

62  Онҳо барои шумо ба Худо савганд ёд мекунанд, то шуморо розӣ созанд, дар ҳоле, ки шоистатар ин аст, ки Худо ва Расулашро розӣ кунанд, агар имон доранд.

63  Оё намедонанд, ҳар кас бо Худо ва Расулаш душманӣ кунад, барои ў оташи дўзах аст, ҷовидона дар он мемонанд?! Ин ҳамон расвоии бузург аст!

64  Мунофиқон аз он хавф доранд, ки сурае бар зидди онон нозил гардад ва ба онҳо аз асрори даруни қалбашон хабар диҳад. Бигў: «Масхара накунед! Худованд, он чиро аз он хавф доред, ошкор месозад».

65  Ва агар аз онҳо бипурсӣ: «(Чаро ин аъмоли хилофро анҷом додед?!)». Мегўянд: «Мо бозӣ ва шўхӣ мекардем». Бигў: «Оё Худо ва оятҳои Ў ва Пайғабарашро масхара мекардед?!».

66  (Бигў:) Узрхоҳӣ накунед, (ки беҳуда аст, зеро) шумо пас аз имон овардан кофир шудед. Агар гурўҳе аз шуморо (ба хотири тавба) мавриди афв қарор диҳем, гурўҳи дигареро азоб хоҳем кард, зеро муҷрим буданд.

Back Next