back page  

5656

108  Ин кор наздиктар аст ба ин ки гувоҳӣ ба ҳақ диҳанд (ва аз Худо битарсанд) ва ё (аз мардум) битарсанд, ки (дурўғашон фош гардад ва) савгандҳое ҷои савгандҳои онҳоро бигирад. Аз (мухолифати) Худо бипарҳезед ва гўш фаро диҳед. Ва Худованд, ҷамъияти фосиқонро ҳидоят намекунад.

109  (Аз) рўзе (битарсед), ки Худованд пайғамбаронро ҷамъ мекунад ва ба онҳо мегўянд: «(Дар баробари даъвати шумо), чӣ ҷавобе ба шумо дода шуд?», мегўянд: «Мо чизе намедонем, Ту худ аз ҳамаи асрори ниҳон огоҳӣ».

110  (Ба хотир овар), ҳангомеро, ки Худованд ба Исо ибни Марям гуфт: Ёд кун неъматеро, ки ба ту ва модарат бахшидам, замоне, ки туро бо «Рўҳ-ул-қудус» қувват бахшидам, ки дар гаҳвора ва дар ҳангоми бузургӣ бо мардум сухан мегуфтӣ. Ва ҳангоме, ки китоб ва ҳикмат ва Таврот ва Инҷилро ба ту омўхтам ва ҳангоме, ки ба фармони ман аз гил чизе ба шакли парранда месохтӣ ва дар он медамидӣ ва ба фармони ман паррандае мешуд. Ва кўри модарзод ва мубтало ба бемории песиро ба фармони ман шифо медодӣ ва мурдагонро (низ) ба фармони ман зинда мекардӣ ва ҳангоме, ки Банӣ Исроилро аз осеб расондан ба ту боз доштам, дар он ҳангом, ки далелҳои равшан барои онҳо овардӣ, вале ҷамъе аз кофирони онҳо гуфтанд: «Инҳо ҷуз сеҳри ошкор нест».

111  Ва (ба ёд овар) замонеро, ки ба ҳавориён ваҳй фиристодам, ки: «Ба ман ва фиристодаи ман имон биёваред», онҳо гуфтанд: «Имон овардем ва гувоҳ бош, ки мо мусулмонем».

112  Дар он ҳангом, ки ҳавориён гуфтанд: «Эй Исо ибни Марям! Оё Парвардигорат метавонад моидае аз осмон бар мо нозил кунад?». Ў (дар ҷавоб) гуфт: «Аз Худо бипарҳезед, агар бо имон ҳастед!».

113  Гуфтанд: «(Мо назари баде надорем), мехоҳем аз он бихўрем ва дилҳои мо (ба рисолати ту) мутмаин гардад. Ва бидонем ба мо рост гуфтаӣ ва бар он гувоҳ бошем».

114  Исо ибни Марям гуфт: «Худовандо! Парвардигоро! Аз осмон моидае бар мо бифрист, то барои аввалу охири мо иде бошад ва нишонае аз ту ва ба мо рўзӣ деҳ. Ту беҳтарин рўзидиҳандагонӣ».

115  Худованд, (дуои ўро мустаҷоб кард ва) фармуд: «Ман онро бар шумо нозил мекунам, вале ҳар кас аз шумо баъд аз он кофир гардад (ва роҳи инкор пўяд), ўро муҷозоте мекунам, ки аҳаде аз ҷаҳониёнро чунон муҷозот накарда бошам!».

116  Ва он гоҳ, ки Худованд ба Исо ибни Марям мегўяд: «Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки ман ва модарамро ба унвони ду маъбуд ғайр аз Худо интихоб кунед?!», ў мегўяд: «Муназзаҳӣ Ту! Ман ҳақ надорам, он чиро ки шоистаи ман нест, бигўям! Агар чунин суханеро гуфта бошам, Ту медонӣ. Ту аз он чӣ дар рўҳу ҷони ман, аст огоҳӣ. Ва ман аз он чӣ дар зоти (поки) Туст, огоҳ нестам. Ба яқин Ту аз тамоми асрор ва пинҳониҳо бохабарӣ.

117  Ман, ҷуз он чӣ маро ба он фармон додӣ, чизе ба онҳо нагуфтам. (Ба онҳо гуфтам:) Худовандеро бипарастед, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост. Ва то замоне, ки дар миёни онҳо будам, муроқиб ва гувоҳашон будам, вале ҳангоме, ки маро аз миёнашон баргирифтӣ, Ту худ муроқиби онҳо будӣ. Ва Ту бар ҳар чиз гувоҳ ҳастӣ!

118  (Бо ин ҳол) агар онҳоро муҷозот кунӣ, бандагони Туанд. (Ва қодир ба гурез аз муҷозоти Ту нестанд). Ва агар ононро бубахшӣ, Тавоно ва Ҳакимӣ. (На кайфари Ту нишонаи беҳикматӣ аст ва на бахшиши Ту нишонаи заъф)».

119  Худованд мегўяд: «Имрўз, рўзе аст, ки ростии ростгўён ба онҳо суд мебахшад. Барои онҳо боғҳое аз биҳишт аст, ки наҳрҳо аз зери (дарахтони) он мегузарад ва то абад ҷовидона дар он мемонанд. Ҳам Худованд аз онҳо хушнуд аст ва ҳам онҳо аз Худо хушнуданд, ин растагории бузург аст».

120  Ҳукумати осмонҳо ва замин ва он чӣ дар онҳост, аз они Худост ва Ў бар ҳар чизе Тавоност.

back page