back page

next page

68 Бигў: «Эй аҳли китоб! Шумо ҳеҷ оини саҳеҳе надоред, магар ин ки Таврот ва Инҷил ва он чиро аз тарафи Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпо доред». Вале он чӣ бар ту аз сўи Парвардигорат нозил шуда, (на танҳо сабаби бедории онҳо намегардад, балки) бар туғёну куфри бисёре аз онҳо меафзояд. Бинобар ин аз ин қавми кофир (ва мухолифати онҳо) ғамгин мабош.

69 Онҳо, ки имон овардаанд ва яҳуд ва собион ва масеҳиён, ҳар гоҳ ба Худованди Ягона ва рўзи ҷазо имон биёваранд ва амали солеҳ анҷом диҳанд, на тарсе бар онҳост ва на ғамгин хоҳанд шуд.

70 Мо аз Банӣ Исроил паймон гирифтем ва расулоне ба сўи онҳо фиристодем, (вале) ҳар замон пайғамбаре ҳукме бар хилофи ҳавасҳо ва дилхоҳи онҳо меовард, гурўҳеро инкор мекарданд ва гурўҳеро мекуштанд.

71 Гумон карданд муҷозоте дар кор нахоҳад буд, аз ин рў (аз дидани ҳақиқатҳо ва шунидани суханони ҳақ), нибино ва кар шуданд, сипас (бедор гаштанд ва) Худованд тавбаи онҳоро пазируфт, бори дигар (дар хоби ғафлат фурў рафтанд ва) бисёре аз онҳо кўру кар шуданд. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳанд, Биност.

72 Онҳо, ки гуфтанд: «Худованд ҳамон Масеҳ ибни Марям аст», ба яқин кофир шуданд, (бо ин ки худи) Масеҳ гуфт: «Эй Банӣ Исроил! Худованди Ягонаро, ки Парвардигори ман ва шумост, парастиш кунед. Зеро ҳар кас шарике барои Худо қарор диҳад, Худованд биҳиштро бар ў ҳаром кардааст ва ҷойгоҳи ў дўзах аст ва ситамкорон ёру ёваре надоранд.

73 Онҳо, ки гуфтанд: «Худованд яке аз се худост», (низ) ба яқин кофир шуданд. Маъбуде ҷуз Маъбуди Ягона нест. Ва агар аз он чӣ мегўянд, даст барнадоранд, азоби дардноке ба кофирони онҳо, (ки рўи ин ақида истодагӣ кунанд), хоҳад расид.

74 Оё ба сўи Худо боз намегарданд ва аз ў талаби омурзиш намекунанд?! (Дар ҳоле, ки) Худованд Омурзандаи Меҳрубон аст.

75 Масеҳ фарзанди Марям, фақат фиристода (-и Худо) буд. Пеш аз вай низ, фиристодагони дигаре буданд. Модараш, зани бисёр ростгўе буд, ҳар ду хўрок мехўрданд. (Бо ин ҳол чӣ гуна даъвои улуҳияти масеҳ ва парастиши Марямро доред?!). Бингар чӣ гуна нишонаро барои онҳо ошкор месозем, сипас бингар чӣ гуна аз ҳақ бозгардонда мешаванд!

76 Бигў: «Оё ҷуз Худо чизеро мепарастед, ки молики суду зиёни шумо нест?! Ва Худованд Шунаво ва Доност».

77 Бигў: «Эй аҳли китоб! Дар дини худ ғулув (ва зиёдаравӣ) накунед ва ғайр аз ҳақ нагўед ва аз ҳавасҳои ҷамъияте, ки пештар гумроҳ шуданд ва дигаронро гумроҳ карданд ва аз роҳи рост мунҳариф гаштанд, пайравӣ нанамоед».

78 Кофирони Банӣ Исроил бар забони Довуд ва Исо ибни Марям лаън (ва нафрин) шуданд. Ин ба хотири он буд, ки гуноҳ карданд ва таҷовуз менамуданд.

79 Онҳо аз аъмоли зиште, ки анҷом медоданд, якдигарро наҳй намекарданд, чӣ кори баде анҷом медоданд!

80 Бисёре аз онҳоро мебинӣ, ки кофирон (ва бутпарастон)-ро дўст медоранд (ва бо онҳо тарҳи дўстӣ мерезанд). Нафси (саркаши) онҳо, чӣ аъмоли бад аз пеш барои (маоди) онҳо фиристод, ки натиҷаи он хашми Худованд буд ва дар азоби (илоҳӣ) ҷовидона хоҳанд монд.

81 Ва агар ба Худо ва Пайғамаб (с) ва он чӣ бар ў нозил шудааст, имон меоварданд, (ҳаргиз) онон (кофирон)-ро ба дўстӣ ихтиёр намекарданд, вале бисёре аз онҳо фосиқанд.

82 Ба таври ҳатмӣ душмантарини мардум нисбат ба мўъминонро, яҳуд ва мушрикон хоҳӣ ёфт. Ва наздиктарини дўстон ба мўъминонро касоне меёбӣ, ки мегўянд: «Мо насоро ҳастем». Ин ба хотири он аст, ки дар миёни онҳо ашхоси олиме ва торики дунё ҳастанд ва онҳо (дар баробари ҳақ), такаббур намеварзанд.

83 Ва ҳар замон оятҳоеро, ки бар Пайғамбар (-и Ислом) нозил шудааст, бишнаванд, чашмоҳи онҳоро мебинӣ, ки (аз шавқ) ашк мерезад, ба хотири ҳақиқате, ки дарёфтаанд, онҳо мегўянд: «Парвардигоро! Имон овардем, пас моро бо гувоҳон (ва шоҳидони ҳақ дар зумраи ёрони Муҳаммад) бинавис.

84 Чаро мо ба Худо ва он чӣ аз ҳақ ба мо расидааст, имон наоварем, дар ҳоле, ки орзу дорем, Парвардигорамон моро дар зумраи солеҳон қарор диҳад?!».

85 Худованд ба хотири ин сухан ба онҳо боғҳое аз биҳишт подош дод, ки аз зери дарахтонаш наҳрҳо ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ва ин аст ҷазои некўкорон!

86 Ва касоне, ки кофир шуданд ва оятҳои моро инкор карданд, ҳамонҳо аҳли дўзаханд.

87 Эй касоне, ки имон овардаед! Чизҳои покизаро, ки Худованд барои шумо ҳалол кардааст ҳаром накунед ва аз ҳад таҷовуз нанамоед, зеро Худованд мутаҷовизонро дўст намедорад.

88 Ва аз неъматҳои ҳалолу покизае, ки Худованд ба шумо рўзӣ додааст, бихўред. Ва аз (мухолифати) Худованде, ки ба Ў имон доред, бипарҳезед.

89 Худованд шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда (ва холӣ аз ирода), муохиза намекунад, вале дар баробари савгандҳое, ки (аз рўи ирода) маҳкам кардаед, муохиза менамояд. Каффораи ин гуна қасамҳо, таом додани даҳ нафар мустаманд аз хўрокҳои оддӣ аст, ки ба хонаводаи худ медиҳед ё либос пўшондан бар он даҳ нафар ва ё озод кардани як барда. Ва касе, ки ҳеҷ кадом аз инҳоро наёбад, се рўз рўза мегирад. Ин каффораи савгандҳои шумост, дар ҳангоме, ки савганд ёд мекунед (ва мухолифат менамоед). Ва савгандҳои худро ҳифз кунед ва (нашиканед). Худованд оятҳои худро ин чунин барои шумо баён мекунад, шояд шукри Ўро ба ҷо оваред.

90 Эй касоне, ки имон овардаед! Шаробу қимору бутҳо ва азлом (як навъ бахтозмоӣ), палид ва аз амали шайтон аст, аз онҳо дурӣ кунед, то растагор шавед.

91 Шайтон мехоҳад ба василаи шаробу қимор, дар миёни шумо адовату кина, эҷод кунад ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боздорад. Оё (бо ин ҳама зиён ва фасод ва бо ин наҳйи муаккад), худдорӣ хоҳед кард?!

92 Итоати Худо ва итоати Пайғамбар кунед ва (аз мухолифати фармони Ў) битарсед. Ва агар рўй баргардонед, (мустаҳаққи муҷозот хоҳед буд ва) бидонед бар Пайғамбари мо ҷуз иблоғи ошкор, чизи дигаре нест (ва ин вазифаро дар баробари шумо анҷом додааст).

93 Бар касоне, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд, гуноҳе дар он чӣ хўрдаанд, нест (ва нисбат ба нўшидани шароб, пеш аз нузули ҳукми ҳаром будан, муҷозот намешаванд), агар тақво пеша кунанд ва имон биёваранд ва аъмоли солеҳ анҷом диҳанд, сипас тақво пеша кунанд ва имон оваранд, сипас тақво пеша кунанд ва некӣ намоянд. Ва Худованд, некўкоронро дўст медорад.

94 Эй касоне, ки имон овардаед! Худованд шуморо ба чизе аз шикор, ки (ба наздикии шумо меояд, ба тавре, ки) дастҳо ва найзаҳоятон ба он мерасад, меозмояд, то маълум шавад, чӣ касе дар ниҳон аз Худо метарсад. Ва ҳар кас баъд аз он таҷовуз кунад, муҷозоти дардноке хоҳад дошт.

95 Эй касоне, ки имон овардаед! Дар ҳоли эҳром шикор накунед. Ва ҳар кас аз шумо қасдан онро ба қатл бирасонад, бояд каффорае баробари он аз чаҳорпоён бидиҳад, (каффорае, ки) ду нафари одил аз шумо, баробар будани онро тасдиқ кунанд ва ба сурати қурбонӣ ба (ҳарими) Каъба бирасад ё (ба ҷои қурбонӣ) итъоми мустамандон кунад ё баробари он рўза бигирад, то кайфари кори худро бичашад. Худованд гузаштаро афв карда, вале ҳар кас такрор кунад, Худо аз ў интиқом мегирад. Ва Худованд Тавоно ва соҳиби интиқом аст.

96 Сайди дарё ва таоми он барои шумо ва корвониён ҳалол аст, то (дар ҳоли эҳром), аз он баҳараманд шавед, вале модоме, ки мўҳрим ҳастед, шикори саҳро барои шумо ҳаром аст. Ва аз (нофармонии) Худое, ки ба сўи Ў маҳшур мешавед, битарсед!

97 Худованд Каъба – Байтулҳаром – ро василае барои устуворӣ ва сомон бахшидан ба кори мардум қарор дода ва ҳамчунин моҳи ҳаром ва қурбониҳои бенишон ва қурбониҳои нишондорро. Ин гуна аҳком (ҳисобшуда ва дақиқ) ба хотири он аст, ки бидонед, Худованд он чӣ да осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, медонад. Ва Худо ба ҳар чизе Доност.

98 Бидонед Худо муҷозоти шадид, ва (дар айни ҳол) Омурзанда ва Меҳрубон аст.

99 Пайғамбар вазифае ҷуз расондани паём (-и илоҳӣ) надорад (ва масъули аъмоли шумо нест). Ва Худованд он чиро ошкор ва он чиро пинҳон медоред, медонад.

100  Бигў: «(Ҳеҷ гоҳ) нопоку пок баробар нестанд, ҳар чанд фузунии нопокҳо туро ба ҳайрат андозад. Аз (мухолифати) Худо бипарҳезед, эй соҳибони хирад, шояд растагор шавед.

101  Эй касоне, ки имон овардаед! Аз чизҳое напурсед, ки агар барои шумо ошкор гардад, шуморо нороҳат мекунад. Ва агар дар ҳаногоми нузули Қуръон, аз онҳо савол кунед, барои шумо ошкор мешавад. Худованд онҳоро бахшида (ва нодида гирифта) аст. Ва Худованд Омурзанда ва Бурдбор аст.

102  Ҷамъе аз пешиниёни шумо аз он савол карданд ва сипас бо он ба мухолифат бархостанд. (Мумкин аст шумо ҳам чунин санавиште пайдо кунед).

103  Худованд ҳеҷ гуна «баҳира» ва «соиба» ва «васила» ва «ҳом» қарор надодааст, (ишора ба чаҳор гуна аз ҳайвоноти аҳлӣ аст, ки дар замони ҷоҳилият истифода аз онҳоро ба иллатҳое ҳаром медонистанд. Ва ин бидъат дар Ислом манъ шуд). Вале касоне, ки кофир шуданд бар Худо дурўғ мебанданд. Ва бештари онҳо намефаҳманд.

104  Ва ҳангоме, ки ба онҳо гуфта шавад: «Ба сўи он чӣ Худо нозил кардааст ва ба сўи Пайғамбар биёед», мегўянд: «Он чӣ аз падарони худ ёфтаем, моро бас аст». Оё агар падарони онҳо чизе намедонистанд ва ҳидоят наёфта буданд, (боз аз онҳо пайравӣ мекунанд?!).

105  Эй касоне, ки имон овардаед! Муроқиби худ бошед. Агар шумо ҳидоят ёфтаед, гумроҳии касоне, ки гумроҳ шудаанд, ба шумо зиёне намерасонад. Бозгашти ҳамаи шумо ба сўи Худост ва шуморо аз он чӣ амал мекардед, огоҳ месозад.

106  Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки марги яке аз шумо фаро расад, дар вақти васият, бояд аз миёни шумо ду нафари одилро ба шаҳодат биталабад ё агар сафар кардед ва мусибати марг шуморо фаро расид (ва дар он ҷо мусулмоне наёфтед), ду нафар аз ғайри худатонро ба гувоҳӣ биталабед. Ва агар дар ҳангоми адои шаҳодат, дар сидқи онҳо шак кардед, онҳоро баъд аз намоз нигоҳ медоред, то савганд ёд кунанд, ки: «Мо ҳозир нестем ҳақро ба чизе бифурўшем, ҳар чанд дар мавриди хешовандони мо бошад ва шаҳодати илоҳиро пинҳон намекунем, ки аз гунаҳкорон хоҳем буд».

107  Ва агар хабаре ҳосил шавад, ки он ду, муртакиби гуноҳе шудаанд (ва ҳақро пўшидаанд), ду нафар аз касоне, ки нисбат ба маййит авло ҳастанд, ба ҷои онҳо қарор мегиранд ва ба Худо савганд ёд мекунанд, ки: «Гувоҳии мо аз гувоҳии он ду ба ҳақ наздиктар аст ва мо таҷовузе накардаем, ки агар чунин карда бошем, аз золимон хоҳем буд».

back page

next page